Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия сафираш дар Вашингтонро фаро хонд


Дар ҷавоб ба эътирофи расмии истиқлоли Косово аз тарафи ИМА Сербия сафираш дар Вашингтонро фаро хонд.
Сарвазири Сербия Войислав Коштуниста мегӯяд, эътирофи истиқлоли Косова "симои воқеии Амрико"-ро намоиш дод.
Ба қавли сарвазири серб эъломияи истиқлоли Косово амали "яктарафа, ғайришаръӣ ва зишт мебошад, ки зери ҳимояи нерӯҳои ИМА ва Нато ба вуқӯъ пайвастааст".
Ҳафтаи гузашта Белград иброз дошт, ки сатҳи равобиташ бо кишварҳои эътирофкунандаи истиқлоли Косоворо поин хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG