Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати вирус суст шудааст, Аврупову Амрико маҳдудиятҳоро камтар мекунанд


Сокинони Испониё баъди сабук кардани карантин "нафаси сабук" кашиданд.

Бо “ақибнишинии коронавируси нав” дар қисме аз қораи Аврупо ва Амрико маҳдудияти гаштугузору карантинро бо эҳтиёт камтар мекунанд ва ба мардум иҷоза медиҳанд, баъд аз чандин ҳафта аз хона берун оянд, чун аломатҳое аз сусттар шудани сирояти коронавируси нав зоҳир шудаанд.

Қарор аст, имрӯз раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар як маҳфиле дар Вашингтон доир ба шуруи дигарбораи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Амрико сӯҳбат кунад. Теъдоди гирифторони КОВИД-19 ва талафот дар Иёлоти Муттаҳида назар ба ҳар кишвари дигари ҷаҳон зиёдтар аст. Дар инҷо коронавируси нав ба бештар аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сироят карда ва 66 ҳазор нафарро куштааст.

Дар Итолиё, ки аз назари талафот баъди Амрико дар ҷойи дуввум ва аз назари сироят баъд аз Испониё дар ҷойи саввум аст, 4 миллион нафар аз рӯзи душанбе 4-уми май ба сари кор бармегарданд, чун дар кишварашон талафот ва сирояти беморӣ дар ҳафтаҳои гузашта камтар шуд ва теъдоди камтарро ҳам бистарӣ мекунанд. Дар Испониё баъди 48 рӯзи карантин рӯзи 2-уми май мардум барои давидану дучархасаворӣ ва қадамзанӣ ба кӯчаҳо баромаданд, чун ҳукумат маҳдудиятҳоро сабуктар кард. Дар Испониё бештар аз 25 000 нафар дар чанги КОВИД-19 ҷон доданд, ки талафоти азиме ба ҳисоб меравад.

Айни замон мақомот ҳушдор додаанд, ки дар мубориза бо пандемияи вирусе, ки то ҳол 243 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон кушта ва 3.4 миллион нафарро бемор кардааст, бояд аз эҳтиёт кор гирифт. Бо онки нисфе аз аҳолии дунёро даруни хонаҳояшон “маҳкам карданд”, иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳадде рӯ ба таназзул овард, ки аз замони “Рукуди бузург” таназзули фавқуллодаи иқтисоди ҷаҳонӣ дар солҳои 30-уми қарни гузашта дида нашудааст.

Бритониёву Олмон чӣ кор мекунанд?

Дар Бритониё нахуствазир Борис Ҷонсон, ки ба КОВИД-19 гирифтор шуд ва як ҳафта дар бемористон буд, рӯзи 3-уми май ба нашрияи “Sun” гуфтааст, дар шӯъбаи эҳёи бемористон ба ӯ “чандин литр оксиген” доданд, то зинда бимонад. Бритониё, яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки аз пандемияи коронавируси нав осеби зиёд дидааст. Дар онҷо 183 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаанд ва 28 ҳазор нафар ҳам ҷон доданд, ки саввумин талафоти бузург аз ин беморӣ дар ҷаҳон аст.

Дар Олмон, ки бардоштани маҳдудиятҳо шурӯъ шуд, вазири умури хориҷӣ Ҳейко Маас ҳушдор дод, ки дар лағви маҳдудияти сафар ба хориҷ эҳтиёт кунанд. Ӯ рӯзи 3-уми май дар як шарҳе дар расонаҳои олмонӣ навиштааст: “Вақте на танҳо имкони парвози мардум ба хориҷ, балки бозгашти солими онҳо фароҳам шуд, дар он вақт маҳдудиятҳоро қадам ба қадам бардоштан мумкин аст.” Аммо гуфтааст, ӯ дар ин самт набояд ба шитобкорӣ роҳ дод. Дар Олмон 800 мавриди нави беморӣ сабт шудааст ва теъдоди гирифторон ба 162 ҳазор нафар расид. Бар асари беморӣ 6469 тан фавтидаанд.

Амрико чӣ кор карданист?

Доналд Трамп, ки хостааст, дар Амрико ба фаъолиятҳои иқтисодиву тиҷорат иҷоза дода шавад, то мардум ба кор баргарданд, рӯзи 3-уми май дар назди Маҷмаи Линколн, маҳалли раҳпаймоиҳои азим дар гузашта суханронӣ мекунад. Маҳфили дусоатаро дар инҷо телевизиони Фокс Нюс баргузор мекунад. Эндрю Куомо, раиси иёлати Ню Йорк, ки беш аз ҳар иёлати дигари Амрико аз сирояти вируси нав ранҷ мекашад, ба талаби лағви маҳдудиятҳову иҷозаи кор мухолифат карда гуфтааст, барои қабули чунин қароре, ба иттиллоот ва арзёбиҳои бештар эҳтиёҷ доранд.

Амрикоиҳои зиёде баъди эълони маҳдудиятҳо маъюс шуда ва бо баргузории тазоҳурот хостори лағви ин маҳдудиятҳо ва карантин шудаанд. Чин, ки вируси нав соли гузашта дар онҷо пайдо шуд, бо нашри як филми тасвирӣ бо номи “Буд, набуд, вирусе буд”, амалкардҳои Амрико барои муқобила бо пандемияро масхара кардааст. Амрико ва кишварҳои дигар Чинро ба он муттаҳам мекунанд, ки миқёси хуруҷи бемориро пинҳон карда ва ба густариши он сабаб шудааст. Ин кишварҳо хостори таҳқиқи рафтори Чин шудаанд.

Масхараи Амрико дар филми тасвирии Чин

Дар филми тасвирӣ, ки хабаргузории давлатии “Синхуа” нашр кард, дида мешавад, ки ҷанговарони Терракотаи Чин ниқоби тиббӣ ба рӯи худ кашидаанд ва Муҷассамаи Озодӣ, ки ниқоб надорад, хуруҷи бемориро баррасӣ мекунанд. Бо онки ҷанговарони Чин тарснок будани хуруҷи бемориро мегӯянд, Муҷассамаи Озодӣ онро камаҳамият мешуморад ва рад мекунад. Баёнияе, ки Доналд Трамп дар рӯзҳои аввали хуруҷи беморӣ дода буд.

Дар Чин ба гуфтаи мақомот, вирус ба 82 877 нафар сироят карда ва 4633 нафарро куштааст, аммо на ҳама ба ин оморҳо бовар доранд. Ҳоло дар ин кишвар маҳдудиятҳоро бардоштаанд ва зиндагӣ ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. Аммо дар Русияву Покистон теъдоди гирифторон якбора зиёд шудааст.

Дар Русия 9600 мавриди нав сабт шудааст ва нисфи беморон аз Маскав ҳастанд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико то кунун вирус дар Русия ба 124 000 нафар сироят карда 1200 нафарро куштааст, аммо ба гуфтаи коршиносон, ин омор, воқеиятро нишон намедиҳад. Дар Покистон теъдоди беморон дар як рӯз 1300 нафар афзудааст ва ҳоло 18 000 кас ба КОВИД-19 гирифторанд. Аз дасти ин беморӣ дар Покистон 400 нафар ҷон додаанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG