Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Ҳамлаҳои бештари мушакӣ ба Сурия боиси нобасомониҳои байналмилалӣ мешавад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтоии эрониаш гуфтааст, ки ҳамлаҳои бештари мушакии кишварҳои ғарбӣ ба Сурия, боиси ҳараҷу мараҷи байналмилалӣ мешавад.

Хабаргузории расии "Интерфакс" рӯзи якшанбеи 15-уми апрел бо ишора ба ин гуфтугӯи телефонӣ гузориш дод, ки президентҳои ду кишвар таъкид кардаанд, "иқдоми ғайриқонунӣ"-и Амрико ва муттаҳидонаш, ба таври ҷиддӣ барномаи ҳалли сиёсии қазияи Сурияро халалдор кард.

Ҳамлаи мушакии Амрико ва муттаҳидонаш ба Сурия хашми Эрон ва Русияро барангехт ва Путин аз Шӯрои Амнияти СММ хост то онро маҳкум кунад. Вале қатъномаи пешниҳодии Русия дар рӯзи шанбе радд шуд.

Бар пояи баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Русия, Владимир Путин аз ҷумла ишора кардааст, агар чунин иқдомҳое, ки "бар хилофи санадҳои СММ аст" идома ёбад, "бидуни шак боиси ҳараҷу мараҷи байналмилалӣ мешавад."

Сайти расмии раёсати ҷумҳури Эрон низ гузориш додааст, ки Путин гуфтааст, "раванди расидан ба сулҳ дар Сурия бо ин амали Амрико душвортар шуд, аммо бояд дар ҳар сурат робитаҳои сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия идома ёфта ва барои барқарории сулҳу субот дар Сурия талош кунем."

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам дар ин тамоси телефонӣ иддао кардааст, ки "амрикоиҳо вақте эҳсос карданд дасти террористҳо аз минтақаи муҳиме монанди Ғутаи шарқӣ кӯтоҳ шуд, ин гуна аксуламал аз худ нишон доданд". Ғутаи шарқӣ минтақаест, ки ҳудуди 10 рӯз қабл ҳамлаи кимиёвӣ дар онҷо рух дода буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзудааст, ки бо ин ҳамла маълум шуд, "дар роҳи мубориза бо терроризм дар Сурия бо мушкилоти нав рӯбарӯ ҳастем ва бояд ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошем". Вай шарҳи бештаре дар ин бора надод.

Ҳамлаи мушакии Амрико ва муттаҳидонаш ба Димишқ.
Ҳамлаи мушакии Амрико ва муттаҳидонаш ба Димишқ.

Дар ҳамла ба шаҳри Думо 70 тан кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Сурия, Русия ва Эрон дар вокунишҳои худ рух додани чунин ҳамларо радд карданд. Аммо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико таъкид карда буд, "Асади ҳайвон", ки мардум ва кӯдаконро ба ин тариқ мекушад, муҷозот хоҳад шуд.

Русия ва Эрон аз пуштибонҳои аслии ҳукумати Башор Асад ҳастанд ва тайи ҷанги дохилии ҳафтсолаи ин кишвар, кӯмакҳои зиёди низомӣ ва иқтисодӣ дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор доданд, то мухолифони худро саркӯб кунад. Дар ҷараёни ин ҷангҳо то ба ҳол беш аз ним миллион нафар кушта ва миллионҳо тан низ овора шудаанд.

Ҳамлаҳои ахир ба шаҳри Думо дар Ғутаи шарқӣ, ки кишварҳои ғарбӣ онро ҳамлаи кимиёвӣ аз сӯи артиши Башор Асад медонанд, сабаб шуд, то Амрико, Фаронса ва Бритониё рӯзи шанбеи 14-уми апрел ба марказҳои низомӣ ва таҳқиқоти кимиёвии Сурия даҳҳо мушак партоб намоянд.

Ин ҳамлаҳо хашми Эрон ва Русияро барангехт ва Путин аз Шӯрои Амнияти СММ хост, то онро маҳкум кунад. Вале қатъномаи пешниҳодии Русия дар рӯзи шанбе радд шуд ва танҳо се кишвар -- Русия, Чин ва Боливия аз миёни 15 кишвари доим ва ғайридоими Шӯрои Амният, ба он раъйи мусбат доданд.

XS
SM
MD
LG