Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Шевченко мегӯяд, на зуком, балки КОВИД-19 дорад


Максим Шевченко
Максим Шевченко

Рӯзноманигор ва вакили маҷлиси қонунгузори вилояти Владимири Русия Максим Шевченко мегӯяд, гирифтори коронавирус шудааст ва барои ҳаёт мубориза мебарад. Вале пизишкон ё духтурҳо бемории ӯро пневмония ё илтиҳоби шуш унвон кардаанд ва озмоиши коронаврус барои ӯ манфӣ баромадааст.

Максим Шевченко бовар дорад, ки гирифтори КОВИД-19 аст, аммо санҷишҳо натиҷаи дуруст намедиҳанд. "Дар умрам ман чунин бемор нашудаам, ки 14 рӯз боз табам 38-39 дараҷа аст! Он ҳатто ба 40 ҳам расида буд", - гуфтааст журналист ва азуда, ки ин ҳолат бисёр азиятдиҳанда аст.

Шевченко мегӯяд, ҳамеша аз эҳтиёт кор мегирифт, тоза мегашт в дастонашро мешуст, аммо намедонад, дар куҷо ин беморӣ ба ӯ сироят кардааст. Вай бар ин аст, ки табибон бемории навро ташхис карда наметавонанд. "8 рӯзи аввал ман ягон сулфа, резиш ё атса надоштам, танҳо тамоми устухонҳоям дард мекард," гуфтааст ӯ дар ҳоле ки табибон беморияшро зукоми мавсимӣ донистаанд.

Аз ӯ барои санҷиши коронавируси нав рӯзи 4 апрел намуна гирифтаанд ва натиҷаашро 7 апрел расондаанд. Лек ӯ ба ин натиҷаҳо бовар надорад.

Максим Шевченко солҳои зиёд узви Шӯрои ҷамъиятии назди президенти Федератсияи Русия буда, аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва мусалмонони Русия дифоӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG