Намоиши “Чилчароғ” дар осорхонаи бостоншиносии Хуҷанд бинандаро бо намунаҳои чароғи бобоӣ аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо ошно мекунад. Дар як толори ҷудогона даҳҳо адад шамъдон ва чароғҳои аз рӯи сохт ва ороиш гуногун, аз шамъдону чароғҳои гилӣ то оҳаниву мисӣ ба маърази намоиш гузошта шудааст. Замони сохти нигораҳо сабт наёфтааст, ваде кӯҳнагиву фарсудагии бархе аз шамъдонҳои оҳанин ва мисини пилтагӣ ба забони ҳол моли қадимӣ будани онҳоро бозгӯ мекунад. Ба гуфтаи ходимони осорхона, шамъу чароғҳои намоишгоҳ аз дасти сокинон ҷамъоварӣ шудааст.