Ҷумъа, Май 18, 2012 Соат ба вақти Душанбе 01:17

Муҳаммадраҳими Сайдар (20.01.1952 -- 03.01.2010)

Ҳамкори мо, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия, Муҳаммадраҳими Сайдар шоми якшанбеи 3-вуми январ дар синни 57-солагӣ дар бемористони шаҳри Тулаи Русия аз ҷаҳон чашм пӯшид. Хабари шум дар ҳоле расид, ки зиёда аз ду моҳи охир Муҳаммадраҳим аз бемории диабети қанд азият мекашид ва дар бемористон зери назари пизишкон буд. Идома


Яке аз ҳазорон дарди Сайдар

Октябр 09, 2009

Марги миллат аз мурдани забон ибтидо мегирад

Забони модарии худро гум кардани ҳазорон тоҷик дар Русия андӯҳи ғамбор шудааст
Идома
Феврал 14, 2004

Шумораи тоҷикони муқими Русия афзудааст

Дар гузориши расмии Кумитаи давлатии омори Русия дар робита ба натиҷагирии саршумории соли 2002-ум гуфта мешавад, шумораи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, аз 40 ҳазори соли 1989 дар соли 2002 то 120 ҳазор афзоиш ёфтааст.
Идома

Марсия

Дар сӯгвории Устод Муҳаммадраҳими Сайдар


Дар мазори мо «ғарибон» не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.
                                               Махфӣ

Сад оҳу дареғ ровии ин маҳфили мо рафт,
Ногуфта ҳазорон сухани меҳру вафо рафт,
Дар ғурбату дар беватанӣ софу адо рафт,
Бо рангу рухи зарди зарандуда азо рафт,
Аз Ғарм сафар карду ба Раштони бақо рафт,
Озодсухангӯи дилу гӯшу садо рафт.

Он ёр, ки дидору дилаш давлати мо буд,
Неку сухану нек раву нек садо буд,
Дар илми маониву адаб дидабаро буд,
Дар ҳар хабараш васфи ғарибони Худо буд,
Дарди дили сад ҳамватани бесару по буд,
Сад захм дар он дидаву дил аз бари мо рафт.

Ӯ булбули саргаштаи сад боғу чаман буд
Ҳар ҷо ки сафар кард дилаш сӯи Ватан буд,
Ӯ марди ба фарҳангу ба номусу ба фан буд,
Ҳар рӯз ба сад хотира фарёд расан буд,
Озурда дил аз рӯзи ғарибони ватан буд,
Ҳоло ки ба анҷоми сафар сӯи Худо рафт.

Сайдар, ки дараш Шаҳринави қалъаи Исток,
Ӯро, ки «Сияҳ об» бипарвардаву ин хок,
Инҳо ҳама имрӯз ба дарди дили ғамнок,
Ёрону бародар ҳама бо синаи садчок,
Сад оҳу фиғон аз дили ёрон ба дили пок,
Сад дод, ки доди сухани сулҳу сафо рафт.

Он марди хирадпеша хирадпора забон дошт,
Дур аз Ватани хеш «ПАЁМ»-е зи Каён дошт,
Озурдаву ранҷуру хазон кори замон дошт,
Ҳар рӯз зи асрори ҷаҳон гуфту гумон дошт,
Дар сад дилу сад дидаи ҷомиа макон дошт ,
Бе савмааву ҷомиа бо дасти дуо рафт.

Муҳаммадназар Мирзода ш.Санкт-Петербург 04.01.2010

Қироати марсия бо садои худи муаллиф.

Аксҳои ками Сайдар



"Танҳо садост, ки мемонад..."

Январ 23, 2010

Видео Нишасте дар зодрӯзи Сайдар

Радиои «Озодӣ» бо мусоидати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе аз зодрӯзи Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори радиои «Озодӣ» ва нависандаи шириёбаёни тоҷик таҷлил кард.
Идома
Январ 21, 2010

Акс ва садо Шоми ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар

Дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди журналист ва нависанда Муҳаммадраҳими Сайдарро ба муносибати зодрӯзаш баргузор карданд.
Идома
Январ 09, 2010

Акс ва садо Ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар ва Маҳин Гурҷӣ

Дар бинои марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага маҳфили ёдбуди хабарнигори Бахши тоҷикӣ Муҳаммадраҳими Сайдар ва корманди Радиои Фардо Маҳини Гурҷӣ, ки бо даргузашти нобаҳангоми худ, дили ҳамкоронро хун карданд, баргузор шуд.
Идома


Муҳоҷирони тоҷик



Номаҳои ҳамдардӣ

Блогистон

Нигористон Аксҳои наве аз Муҳаммадраҳими Сайдар

Имрӯз чанд акси Муҳаммадраҳими Сайдар ба дасти мо расид ва хотираҳои... Идома

Муҳаммадраҳими Сайдар, акс аз хазина
Блогистон

Ӯ худ буд

Муҳаммадраҳими Сайдар, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар синни... Идома

Тоҷикистон

Бигзор, то бигирям...

Бо сипосгузорӣ аз ҳама Шумо, хонандагон ва шунавандагони арҷманд. Идома