Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе мегӯяд, ки сел хонаашонро вайрон кард


Як сокини Душанбе мегӯяд, ки сел хонаашонро вайрон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар пайи боронгариҳои ахир манзили зисташон зери об монда, қисман хароб шудааст ва онҳо як ҳафта боз шабро дар берун ва ё хонаи наздиконашон рӯз мекунанд. Мубориз Самадови 22-сола, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар пайи омадани сел қисми зиёди ҷиҳози хонаашон низ корношоям шудааст. "Агар боз як борони сахт борад, хонаамон чаппа хоҳад шуд. Ҳавлии мо чор ҳуҷра дорад, ҳамааш корношоям шудааст. Аъзои оилаи мо 6 нафар. Ману занам дар долон зиндагӣ мекунем. Модарам, додарам ва хоҳаронам ба хонаи хешу табор рафтаанд," – нақл кард ӯ. Мубориз мегӯяд, ки падараш Ҳошимҷон Самадов дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва бинобар ин хонаводаашон барои дарёфти барои кумак ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат кардаанд. Ӯ гуфт, "ҳарчанд намояндагони кумита омада, бо вазъият ошно шуданд, вале то ҳол ваъдаи ягон кумак надоданд."

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG