Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон аз сар гирифта шуд

Корҳои бунёди роҳи оҳани самти Душанбе – Ваҳдат-Ёвон, ки давоми 12 рӯзи дар як моҳи ахир мутавақиф шуд, аз сар гирифта шуд ва масъулон инро ба боронгариҳои шадид рабт медиҳанд. Аҳмадҷон Каримов, сармуҳандиси корхонаи «Роҳсоз»-и марбут ба Идораи роҳи Оҳан гуфт, ҳоло 55 техника дар ин роҳ кор мекунад ва дар бунёди роҳ ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, танҳо лой шудани замин кори техникаҳоро душвор ва барои чанд рӯз номумкин гардонида буд. Бунёди ин роҳ дар соли 2009 дар ҳоле шурӯъ шуд, ки Узбакистон дар самти ҳаракати қатораҳо ба вилояти Хатлон мушкил эҷод мекард ва ахиран ин роҳро пурра баст, ки зарурати сохтмони ин роҳро бештар кард ва бо сохтани ин роҳи оҳан пойтахтро бо вилояти Хатлон мепайвандад. Барои бунёди нақбҳо ва иншооти обпарто як ширкати сохтмонии чинӣ ҷалб шудааст. Роҳи Оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон, ки сохтмонаш соли 2009 саршуда буд беш аз 40 километрро ташкил медиҳад, ки ҳоло ба гуфтаи раҳбарияти Роҳи Оҳан танҳо 8 километри он сад дар сад сохта шудааст. Раҳбарияти роҳ мегӯянд, пас аз сохтмони нақбҳо аз ҷониби ширкати чиниӣ мӯҳлати ба истифода додани ин роҳро эълон хоҳанд кард.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG