Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 акс аз Ҳаҷ: Омодагии зоирони тоҷик барои хайма задан дар Мино

Ин шабу рӯз роҳбаладони мавсими Ҳаҷ-2014-и Тоҷикистон барои омода кардани хаймаҳо дар Мино, ки зоирон дар арафаи Иди Қурбон чанд рӯз он ҷо хоҳанд буд, сафарбар шудаанд. Иқомат дар Мино яке аз аркони Ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 4-5 рӯзе, ки ҳоҷиён дар ин макон боқӣ мемонанд, инчунин, Арафоту Муздалифаро низ, ки аз мавзеъҳои муқаддас маҳсуб меёбанд, зиёрат хоҳанд кард. Имсол аз Тоҷикистон барои зиёрати Хонаи Худо беш аз шаш ҳазор нафар мушарраф хоҳанд шуд. То кунун теъдоди зиёди зоирони тоҷик ба он ҷо рафта, қисмати боқимондаашон 28 сентябр ба Ҷидда сафар хоҳанд кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милӣ, чанд аксеро дар ихтиёри торнамои “Озодӣ” гузошт.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG