Хабарнигори "Озодӣ" бо саволи ин ки "Маҳалгароиро чӣ тавр аз байн бояд бурд?" ба сокинон муроҷиат намуд. Ҳарчанд баъзеҳо аз ҷавоб додан ба ин савол худдорӣ карданд, вале қисмати зиёди пурсидашудагон ақидаи худро дар бораи "решакан кардан"-и маҳалгароӣ дар Тоҷикистон баён доштанд. Аз ҷумла нафаре гуфт, таъйини ҷазо барои афроди маҳалгаро метавонад, маҳалгароӣ дар ҷомеаи тоҷикро маҳв кунад. Шумо чӣ мегӯед?