Қурб дар ҳоли тағйир аст.
Радиои Аврупои Озод/ Радиои ОзодӣРадиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ (РАО/РО) муассисаи мустақили амрикоист, ки тавассути Конгресси Иёлоти Муттаҳида таъмини молӣ мешавад. Барномаҳои РАО/РО, ки ба 28 забон дар ҳудуди кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пахш мешаванд, беш аз 35 миллион шунаванда доранд. Радиои Озодӣ маҷмӯан ҳафтае 1000 соат барнома ва ҳамарӯза ахбори тозаву объективӣ нашр мекунад. Маркази пахши барномаҳои РАО/РО дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ва маркази идории РАО/РО дар шаҳри Вашингтон, пойтахти ИМА ҷойгир аст.
Стротежӣ ва ҳадафРАО/РО ба инъикоси ҳаёти рӯзмарраи минтақаҳои нашароти худ аҳамияти вижа медиҳад. Ҳадафи РАО/РО расондани иттилои дақиқ ва мутавозин ба шунавандагонаш мебошад.
Бо назардошти он ки аввалин қадам ба сӯи демократия дастрасии мардум ба иттилоот маҳсуб мегардад, РАО РО расидан ба аҳдофи зерро аз авлавиятҳои худ медонад.
Забонҳо Дар ҳоли ҳозир, барномаҳои РАО/РО бо забонҳои мазкур дар радио ва сомонаҳои интернетӣ дастрасанд:
Аварӣ
Албанӣ
Англисӣ
Арабӣ
Арманӣ
Белорусӣ
Босниягӣ
Бошқирдӣ
Гурҷӣ
Курдӣ
Қазоқӣ
Қирғизӣ
Македонӣ
Молдавӣ
Озарӣ
Пашту
Руминӣ
Русӣ
Тотории Қрим
Тоҷикӣ
Туркманӣ
Узбакӣ
Украинӣ
Форсӣ
Хорватӣ
Черкессӣ
Чеченӣ
Хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе, чаҳор вилояти Тоҷикистон, ҳамчунин аз Прага, Нйю-Йорк, Маскав, Бишкек, Алма-Ато ҳамвора шуморо дар ҷараёни тозатарин таҳаввулот қарор медиҳанд.
Ҳамаи барномаҳои моро мустақиман, яъне ҳангоми пахш дар саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ (www.ozodi.org ва ё www.ozodi.tj ) ва тариқи моҳвора ҳам метавон шунид. Сомонаи мо яке аз аввалин сомонаҳои интернетии хабарӣ бо забони тоҷикӣ аст, ки аз соли 1999 ба ин сӯ ҳамарӯза бо гузориш, мусоҳиба ва хабарҳои тоза нав мешавад.
Сабти барномаҳо низ қобили дастрасианд. Ба ғайр аз сабти мукаммали барномаҳо, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ матни гулчини гузоришҳо ва таҳлилҳои мухталифро ҳам дар ихтиёри шумо мегузорад. Бойгонии ғанӣ аз гузоришу таҳлилҳо доир ба Тоҷикистонро дар сафҳаи собиқи интернетии Радиои Озодӣ пайдо мекунед.