Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ

Tajik - Deputy chief of the ruling People's Democratic Party of Tajikistan Davlatali Davlatzoda, 18Sept2009.

11.09.2009

Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ҳизби ҳоким буда, раҳбари он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз он ҷо ки хонандагони сомона хостаанд, дар "Гуфтугӯи онлайн" бо намояндагони ин ҳизб мулоқот кардаву аз бурду бохти ҳукумат ва президент, масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, нақши ҲХДТ дар рушди кишвар ва омодагиҳои он ба интихоботи порлумонӣ суол кунанд, муовини аввали раиси ҳизб, Давлаталӣ Давлатзода меҳмони "Гуфтугӯи онлайн"-и Радиои Озодӣ шуд.

Мулоқоти интернетӣ рӯзи ҷумъаи 18-уми сентябр, аз соати 15:00 то 17:00 ба таври мустақим ҷараён гирифт.

Чунин мулоқот бо саронми аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон низ ҷараён хоҳанд ёфт.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
Ном: Хамид аз: Регар
11.09.2009 16:46
Дар бораи хизбхои дигар чи фикр доред?
Дар посух

Ном: Давлаталӣ Давлатзода
11.09.2009 16:46
Ман аз ҳама хонандагони сайти «Ozodi» хеле миннатдорам , ки дар онлайни имрӯза иштироки фаъол доранд, саволҳои зиёде ба мо расид ва мо ҳадалимкон кўшиш мекунем, ки ба ҳама саволҳо ҷавоб гӯем. Умедвор будам, ки бисёр саволҳое мешаванд, ки онҳо барои рушди плюрализм дар Тоҷикистон, рушди бисёрҳизбӣ, пешрафти кори ҳизбҳо дар самти демократиякунонии ҷомеа ва тараққиёти Тоҷикистони азизамон нигаронида шудаанд. Аксарият ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолиятанд ва ҳанўз дорои таҷрибаи кофии сиёсӣ нестанд. Аз ин рў, фикр мекунам, ки ингуна гуфтугўи онлайн, ки радиои «Озодӣ» ташкил кардааст бешубҳа барои манфиати кор буда кўмак ба пешрафти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мерасонад.
Аз ин сабаб ман бори дигар аз ташкилкунандагон ва иштироккунандагони ин гуфтугўи онлайни имрўза миннатдории худро баён медорам.

Ба Ҳамид аз Регар --
ҲХДТ бо ҳамаи ҳизбҳое, ки дар фазои сиёсии ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда дорад, дар чорабиниҳои ҳамдигар ширкат мекунанд. Ман бори дигар таъкид мекунам, ки ҳизби мо аз ягон рақобат наметарсад. Бигузор ҳизбҳо фаъол бошанд, ки ин ба манфиати кор аст. Пешрафти кор дар рақобати солим аст. Умуман, ҲХДТ ҳама вақт омодааст, барои пешрафти рўзгори мардум ва рушди Тоҷикистон бо кулли нерўҳои созандаи сиёсии ҷумҳурӣ ва берун аз он иртиботи қавӣ дошта бошад.

Ном: Salohiddin аз: Kulob
11.09.2009 17:05
Salom muhtaram Davlatali Davlatzoda.Yakchand suo doram va umedi onro doram,ki ba suolhoyam ba tavri komil posukh medihed.1)Muallimi makotibi hamagoni,ki 28-30 sol doshta boshad metavonad az tarafi hizbi SHumo ba parlumon roh yoftan nomzadii kheshro monad?2)Har kase,ki zoi hizabton boshad badan khost az hizb ariza doda baroyad va azoi hizbi digar shavd,Shumo boloyash mushkili nameored?3)Shumo hamchun namoyanda az hizb gufta metavoned,ki intikhoboti dar pesh istoda shafof meguzarad va taqalub nameshavad?agar badi chnd sol hizbi digare sari qudrat biyoyad khudi Shumo va azoyonaton dar hamin hizb sodiq memoned yo libosi nav ba bar mekuned?4)Charo Shumo dar korkhonaho khususan makotibi miyona ba mudiron farmon medihend,ki har sol marumro bo tavri majburi dar hizbi khalqi demokrati azo kunand oyo in kor baroi hizbato zarba namezanad.Badan tuli in 10 sol hizbaton baroi peshburdi farhagi tojik chi khidmat kardaast,boyad saroyandahoro Shumo bo hamin libosi barhana ijozat dihed,ki baromad kunand.Shoyad Shumo gued kishvar demokrat ast har kas chize khohad dar sahna ozod ast,demokratiya niz yak andozai muayan dorad va in mardum musalmon ast.Khohish mekunam qudrat dar dastaton ast odilona raftor kuned,intizori javobhoyat hastam.
Дар посух

Ном: Давлаталӣ Давлатзода
11.09.2009 17:05
Салоҳиддин, бародар, ман бароятон тавсия медиҳам, ки бори дигар ба Сарқонуни ҶТ, «Қонун дар бораи интихобот ба МО ҶТ» ва Оинномаи ҲХДТ муроҷиат кунед. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 25 расидааст, новобаста аз аъзо будан дар ягон ҳизб ва дигар меъёрҳо ҳуқуқ дорад номзадии худро ба парлумони кишвар пешниҳод намояд. Агар аъзои ҲХДТ бошед, метавонед аз имкониятҳои он босамар истифода баред. 2. Аъзогӣ дар ҳизби мо худ ихтиёрист ва қатъи аъзогӣ низ ҳамчунин. Ягон кас ҳуқуқ надорад, барои чунин рафтори озодона ба касе тазъиқ орад. 3. Дар гузаронидани интихоботи шаффофу демократӣ ман шакку шубҳа надорам, чунки заминаҳои ҳуқуқӣ – меъёрӣ барои гузаронидани онҳо вуҷуд дорад. Ба замми ин Сардори давлат дар Паёми имсолаашон ба МО таъкид бар он доштанд, ки Президенти Тоҷикистон худ кафили шаффофияти интихоботҳои дар пешистода мебошад. 4. Салоҳиддин, бародар, агар Шумо чунин фактҳоро дар даст дошта бошед ба Дастгоҳи КИМ ҲХДТ роҳӣ кунед ва мо дар нисбати он созмонҳои ҳизбиамон , ки ба чунин қонуншиканӣ роҳ додаанд чора андешем. Ҳизби мо ба ягон аъзокунии иҷборӣ эҳтиёҷ надорад. Дар мавриди суоли Шумо аз соҳаи фарҳанг бошад, гуфтаниям, ки барномаи ҲХДТ пешбурди кулли соҳаҳои ҳаётиро дарбар мегирад, аз он ҷумла фарҳангро. Ҳазорҳо нафар ҳунармандони асил аъзои ҳизби моанд ва аз дастгирии ҳизб бархурдоранд.

Ном: Хабиб аз: Русия
11.09.2009 19:13
Рохбарияти кишвар имруз дар дасти хизби шумост, аммо барои чи манфиатхои миллиро дифо намекунетон? Телевзиони хусусие бо барномаи "Наша Раша" миллатро тахкир намуда онро ба оламиён чун чандапушу бефахму беакл муариффи месозад, касе аз хизби сарвари шумо садо намебарорад. Ё шумоён ба он чизе, ки дар ин барнома перомуни точикон мегуянд розиед?
Дар посух

Ном: Давлаталӣ Давлатзода
11.09.2009 19:13
ҲХДТ бо он имконияте, ки дар даст дорад ҳамеша аз манфиатҳои милливу давлатӣ ҳимоя мекунад. Мавқеи устувори Раиси ҲХДТ сардори давлат Э. Раҳмон зимни аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани он, дифоъ аз комёбиҳои таърихии миллат ва ғайра шаҳодат аз он медиҳанд, ки то кадом дараҷа ҳизби мо аз манфиатҳои давлативу миллӣ дифоъ мекунад. Дар бисёр мавридҳо нашрияи ҳизбӣ – «Минбари халқ» ва рўзномаи электронии «Tribun. tj» ягона васоити ахбор дар ҷумҳуриянд ки ба муқобили маводҳои таҳқириву истеҳзоӣ ҷавоби сазовор медиҳанд.
Дар ин бобат ман таъкид карданиам, ки ҳимоя аз манфиату арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрвандиТоҷикистон аст, то он даме ки мо аз як гиребон сар набарорем, ва ғуруру номуси тоҷиконаи худро ба кор надарорем боиси таҳқиру истеҳзои дигарон хоҳем буд.

Ном: Aбдуллох аз: кишлок
11.09.2009 20:12
Салом ба Давлатали Давлатзода лутфан мегуфтед, ки оё дар ХХДТ чараёни зуран аъзо намудан ба хизб вучуд дорад ё на чунки ба ман як дустам накл кард, вакте ман муаллими мактаби миёна шудам маро мачбуран аъзои хизб намуданд. Аз якеи дигаре шунидам, ки пас аз аъзо шудан ба хизб дигар хорич шудан нест, агар хорич шави зиндагиат халалдор мешавад. Лутфан мегуфтед, ки оё ин гапхо ягон хакикате дорад. Шояд хакикате дошта бошад чунки кисми зиёди аъзохои хизби хоким хама коркунони вазорати тандурустиву маориф мебошанд.

Ном: tojik аз: Buhoro
11.09.2009 20:14
Salom. Yak chizro hej fahmida nametavonam, davlati Tojikiston voqean demokratist????????? Yo in ki totalitari??????????????????????Agar demokrati boshad charo sarvari davlat bardavom hukmroni karda istodaast???
Dar intihoboti oyandai prezdenti boz Rahmonro peshnihod mekunad Hizbi halki demokratii TJ? nahod dar hizb va dar TJ ba gayri Rahmon digar shahsi arzandae ba makomi prezidenti naboshad????????????
Дар посух

Ном: Давлаталӣ Давлатзода
11.09.2009 20:14
Ба саволи Шумо ҷавоб дода шуд(ниг ҷавобҳо ба саволи Ватандўст).

Ном: Forsage-SD аз: TJK
12.09.2009 01:44
Якум: Мегуянд: аз дили фидой чизи боэътимодтар вучуд надорад. Оё шумо гуфта метавонед тахминан чанд фоизи аъзои хизби шумо фидой хастанд?
Дуюм: Ба хизби шумо асосан барои мансаб (карьера), маддохи ё мачбури дохил мешаванд!!! Ба хизби дигар (хусусан хизби оппозионй) аъзо шудан мушкилихои зиёд меорад: сохиби мансаб шуда наметавонанд, раиси ягон корхонаи майдаяк хам, хатто имомхатиб хам. Хар як кадами у тахти назорат аст. Ба фикри шумо барои чй бо вучуди хамин мушкилихо вактхои охир мардум ба хизбхои оппозитсиони аъзо мешаванд?
Сеюм: Шумо чй хел исбот карда метавонед, ки хизби шумо ХАЛКИ-демократй аст? Оё ягон конунро номбар карда метавонед, ки Парлумони шумо (парлумон моли шумост!) кабул карда бошаду бо ин мушкилии ХАЛКро осон карда бошад? Афсонаи танзиму расму ойинро нагуед хам мешавад.
Дар посух

Ном: Давлаталӣ Давлатзода
12.09.2009 01:44
Шумо агар ба таъсисёбии ҳизби мо назар андозед, ба равшанӣ дида метавонед, ки таъсисдиҳандагон ва аъзоёни аввалини ҳизб бо чӣ гуна мушкилиҳо рў ба рў мешуданд. Дар баъзе мавридҳо ва ҷойҳо ҳизбиёни мо ҷонро зери хатар монда, фаъолият мебурданд. Оё ин садоқати ҳизбиёнро нишон намедиҳад? Маҳз ҳамин гуна садоқат ва вафодорӣ ба ҳизб буд, ки ҳизби мо имрўз яке аз нерўҳои пешбари ҷомеа гардидааст. Албатта, мо гуфта наметавонем, ки кулли аъзоёни ҳизбамон шоистаи ҳизбанд. Барои ҳамин ногузир масъалаи ислоҳот дар миён омад ва яке аз паҳлўҳои ин ислоҳот тозакунии сафҳои он мебошад. Дар айни замон, талабот дар нисбати аъзоёни нав пурзўр карда мешавад. Имрўз мо на аз пушти зиёд намудани шумораи аъзоёни ҳизбем, балки бештар диққат ба ҷанбаи сифатии он дода мешавад. Ҳар як аъзои ҳизб соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқ аст. Ихтиёран ба ҳизб дохил мешавад ва ихтиёран тарки он мекунад. Ҳизби мо ягон сохтори ҷазодиҳанда надорад. Оне, ки мардум аъзогии ҳизбҳои дигари рақиби моро интихоб мекунад, аз инкишофи низоми демократӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад ва касе садди роҳи онҳо намешавад. Ин раванди созанда бигузор идома ёбад. Мақсади аслии ҳизби – мо ин саодати халқи кишварамон аст. Заминаи асосии иҷтимоии ҳизбамонро маҳз халқи оддӣ ва меҳнаткаш ташкил медиҳад. Тамоми қонунҳое, ки дар Парлумони кишвар қабул мешаванд, ҳама ба манфиати мардуми кишваранд. Дар сурати номувофиқатии баъзе нуқтаҳои қонунҳо ба онҳо тағйирот ворид мешавад. Аз оне ки қонунҳо мухолифи манфиатҳои баъзе ашхос ё гурўҳҳои ғаразхоҳ аст, ин айби қонун нест, балки гуноҳи ин ашхосу гурўҳост.

Ном: X
12.09.2009 01:54
Демократия ??? дар кучо??? дар Точикистон???))))

Ном: Рустам аз: Душанбе
12.09.2009 02:21
Бо салом,
Мухтарам Давлати Давлатзод,
Саволи чаноби Хамидро давом медихам, Шумо дар бораи хизбхои сиёсии дигари Точикистон чи фикр доред ? Оё хизбхои сиёси дар Точикистон хукуки доштани вохидхои низоми доранд ё не ?

Бо эхтиром
Рустам

Ном: Tajik
12.09.2009 02:26
Durud Давлаталӣ Давлатзода,

Hamin ruz dar Tojikiston hizbho yagon rol bozi mekunand yo ne? Ba hama malum ast ki davlat dar dasti yak oila va ahlu kheshu taboru yoru rafiq ast. Bad hamin kukla bozi ba ki darkor ast?

Ном: Tojik
12.09.2009 05:15
Salom Baroi chi janobi Oli tarhi intikhoboti Komunistonro rad kard ?????????????????????
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил