Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Гуфтугӯи интернетӣ бо Расул Боқиев

Расул Боқиев

31.08.2009

Варзишгари саршиноси тоҷик, Расул Боқиев, ки мегӯяд, ки ӯ барои варзиши Тоҷикистон нодаркор шудааст, ба саволҳои хонандагони "Озодӣ" посух дод.

Изҳороти ахири барандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи Пекин, беҳтарин варзишгари соли 2008-и Тоҷикистон, паҳлавони дзюдо, Расул Боқиев, ки гуфтааст, ба иллати беэътиноии мақомоти Тоҷикистон минбаъд аз кишвари дигар намояндагӣ хоҳад кард, вокунишҳои мухталиферо ба миён овард.

Бархе аз хонандагони сомонаи мо ин тасмими Расулро зери танқид гирифтанд ва бархи дигар аз он ҳимоят карданд. Ҳамзамон даҳҳо нафар ба ӯ савол доданд, ки сабаби тарки варзиши Тоҷикистон ва интихоби ояндаи хешро шарҳ диҳад.

Ҳамакнун, шарҳи Расул Боқиев ва посухҳои ӯ ба суолҳоятонро бихонед.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 12
Ном: сиёвуш аз: Душанбе
31.08.2009 16:18
Ба Расул салом мерасонам!Баъдан,ки хеле мехостам ки ба ду саволи ман посухи дакик дихед.
1-Баъди бозихои олимпи,ки шумо бо медал баргаштед аз давлатдорон чи тухфаеро интизор буд хохиш факат нагуед ман танхо барои баланд бардоштани номи Точикистон талош кардам.
2-Масалан барои омода шудани Шумо ба кадом мусобикае чи бояд мухаё бошад.
Дар посух

Ном: Расул
31.08.2009 16:18
Дар аввал мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки нома фиристодаанд, изҳори назар кардаанд ва суол додаанд, ба ҳамаи онҳое,к и ба ин мавзӯъи ман, ба сарнавишти ман таваҷҷӯҳ кардаанд, ташаккур бигӯям. Хеле ифтихор дорам, ки мухлисон нисбат ба шахсияти ман бетафовут нестанд.

Суолҳои Сиёвуш.

1. Ман варзишгар ҳастам ва чун ба мусобиқа меравам, барои ғолиб омадан меравам, барои баланд бардоштани обрӯи худ, оила ва Ватан меравам. Масъалаи тӯҳфа, тӯҳфаро бояд ҳукумат пешниҳод кунад. Ман интизори обрӯву иззату ҳурмат будам.

2. Аввал, мо бояд машқгоҳи хуб дошта бошем. Дар тамринҳо, дар сабқатҳои ҷаҳонӣ иштирок кунем ва таҷриба омӯзем. Асосан, вазифаи варзишгар ин машқ аст. Ва шароитро муҳайё кардан ин вазифаи мураббӣ мебошад. Онҳо бояд сари ин масъала фикр кунанд. Варзишгар бошад, вазифа ва ҳадафаш тамрин ва ислоҳи хатоиҳо ва дар мусобиқаҳо натиҷа нишон додан аст.

Ном: Баротали аз: Душанбе
31.08.2009 16:21
Ба фикри Шумо, ое дар сохаи варзиш низ дар Точикистон, мушахассан гуштин, махалгарои вучуд дорад? Ташаккур.
Дар посух

Ном: Расул
31.08.2009 16:21
Дар варзиш миллат, нажод, дин, мазҳаб бар асоси Хартияи олимпӣ сарфи назар карда мешавад. Вале, мутаассифона, ин чиз дар варзиши мо, аз ҷумла гуштин ба назар мерасад, ки бештар ба мураббиёну масъулини соҳа вобастагӣ дорад.

Ном: Луки аз: Хоруг
31.08.2009 16:25
Бародари азиз Расул ба фикрам пеш аз хама тарки Ватан кардани шуморо сабабаш ин бекадрии чои гирифтаи шумо дар олимпиадаи 2008 мебинам.Медонам ки ба кадри Шумо нарасиданд ва хатто овозахо хам буд ки 4 хонаги ва якчанд автомашина хам тухфа доданд ба Шумо.Лек ман хамон замон бовар накардам ки аз дасти ин онхо ба Шумо чизе расида бошад ва ё расида бошад хам 1000долар ва ё не?
Дар посух

Ном: Расул
31.08.2009 16:25
Ба суоли он ки ба ман чӣ расид, чӣ нарасид, ман дар сӯҳбати мукаммал бо акаи Нарзулло ҷавоб додаам. Метавонед ин сӯҳбатро аз сомонаи Озодӣ бихонед.

Ном: Барец аз: санкт петербург
31.08.2009 17:05
Салом Расул,шумо ягонкасро дикат надихед,Точикистон ягон вакт кадри шумора намедона,сарвароне ки дар Точикистон астан аз Раиси махала то Призидент факат фикри худашона доранд
Дар посух

Ном: Муҳаррири веб
31.08.2009 17:05
Ба қисми аксари суолҳо Расул дар сӯҳбати мукаммалаш бо Радиои Озодӣ посух додааст. Бо назардошти тангии вақт ӯ такрори он ҳарфҳоро ҷоиз нашумурд ва хоҳиш кард, то ба он мусоҳиба муроҷаит бикунанд. Линки он мусоҳиба ин аст:

http://www.ozodi.org/content/article/1812036.html

Ном: Неъматулло аз: Душанбе
31.08.2009 17:43
Расул, бо кеманои TJK неву бо кеманои навиштаи RUS кувваозмои кардан бароят шараф аст, ё аз ноилочи ба хотири бехдошти зиндаги кеманои RUS ба бар хохи кард?
Оё хис мекуни, ки ному шухрати Расул махз бо хамон кеманои TJK тавъам аст ва хам зебанда...
Факат нагуед, ки маро дилам точик аст, ифтихорам точикист,зеро дар олимпиада дили шуморо касе намефахмад, балки надписи пушти кеманоятон шуморо муаррифи мекунад ва шумо номи он давлатро...Он чо точику точикияти Расулро касе намедонад дигар....
Ман фахмидам, ки шуморо дар Русия хар мох 5000 доллар хоханд дод, ба фикри шумо вакте дар палаи тарозу 5000 доллар меистаду дар як тарафи он имичи як давлат-яъне Точикистон инро хамчу номбардор, хамчун шахрванди Точикистон чи гуна бахо медихи?

Ном: Tajik аз: IMA
31.08.2009 18:22
Salom Rasul,

Fikri az timi IMA baromad kardanro nadori? Baroi chi mother Russia? Dar IMA ba fikri man usloviya 10-15 marotiba khubtarand.

P.S. Ba har savolhoi "vatandustorhoi" inja budagi ki da hayotshon gantelya qapidagi nestan ahamiyat nate :)
Дар посух

Ном: Расул
31.08.2009 18:22
Ман, ки аз соли 2002 дар Русия истиқомат мекунам, шиносҳои зиёд, мураббиҳо дорам, аслан барои ҳамин Русияро интихоб кардаам. Мураббии ман Елчанинов аз Русия мебошад. Барои он интихоб кардам, ки ин қадар сол дар он ҷо зиндагӣ мекунам, нони он ҷоро мехӯрем, дар толорҳояш тамрин мекунем, ватани дуввум ҳисоб мекунем он ҷойро.

Ном: Muhammadjon аз: Dyshanbe
31.08.2009 18:35
Assalomu alikum va rahmatulloh.
Avvalan salomi khudro ba hama taqdim mekunam.
Soniyan mam savol nadoram faqat ba pahlavon Rasul guftaniyam ki hej parvo nakuned, ruze faro khohad rasid ki mahalchigi az vatani mo reshakan khohad shud, va shumo qadr hohed shud. Agar shumo taaluq ba mantiqai "janobi oli" meshuded, hatman shumoro qadr mekardand, holo farq nadorad az kujo namoyandagi mekuned, har mulk mulk mulki most, ki mulki khudoi most.
muvaffaq boshed.
Дар посух

Ном: Расул
31.08.2009 18:35
Ташаккур

Ном: Патриот
31.08.2009 19:19
Салом дусти азиз Расул! Ман пурра карори туро дастгири мекунам! Чунки бо чунин муносибатро аз тарафи мансабдорон худ чашидаам! Ба фикри ман ту бо ин карорат номи Точикистонро боз хам болотар мебардорию паст не чунки агар ту дар оянда медалхои баландтарро гири он гох туро на хамчун рус балки хамчун точик мешиносанд чунки ту аллакай аз номи Точикистон баромад кардаи!
Ба дигар "Ватандустон" гуфтаниам, ки Ватандусти ин маънои дар ватан пусида шиштану ман ватандуст гуфтанро надорад! Агар Расул дар Точикистон монад на танхо Точикистонро боло намебардорад балки ин ноадолатихоро дида хамчун шахс нобуд шуда меравад! Барои хамин хам бигзор дар кучое ки набошад сихату саломат бошад лекин Ватанро фаромуш накунад мо ва шумо бошем бояд Расулро дастгири намоем!
Шумо медонед, ки чи кадар маблаг барои тайёри ба олимпиадахо сарф мешавад?
Шумо оё медонед, ки бечора Расул дар Маскав такси рондаю аз хисоби он маблаг машк мекард?
Барои ташаккул ёфтани Расул хукуматдорони мо чи кор карданд?
Ин хукуматдорони мо барои тараккиёти ягон соха кушише намекунанду лекин вакте, ки ягон кас аз хисоби худаш ба дастоварде ноил шавад онро хамчун сиёсати хирадмандонаи худ мешуморанд!
Бурдборихо насибат бод дусти азиз Расул!

Ном: BAHA аз: KULOB
31.08.2009 19:39
NEMATULO HUDAT AVAL BARO GUSHTIN GIR BA IQA GAP ZAN KORAT CHI VATAN GUFTA GASHTI

Ном: Salim аз: Dushanbe
31.08.2009 23:10
Assalomu alikum va rahmatulloh.
Man tarafdori Rasul hastam, chun ki dar Tojikistoni mo shakhsone ki sohibi savodu hunar hastand, khelo dar vaziyati noguvor qaror dorand, va davlat azin shakhson istifoda namekunad, farqat bo shakhsone besavod saru kor dorad, ki in oqibati khub nadorad, mo shakhsoni bofarhangu hunarmand ziyod dorem lokin mutaasifona az onho istifoda nameshavad.
salomat boshed.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 12

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил