ба кор оғоз мекунад. Бо омадани ӯ дар муносиботи Русия бо Тоҷикистон таҳаввулоте хоҳад шуд?
Орзу зиёд асту умед хеч.
Ба номи Худованди МеҳрубонСалом арз мекунам ба тоамоми ширкаткунандагони ин бахши радиои озоди. Ба назари ман омадани Медведов ба сар қудрат ҳеч тағироте руй намедиҳад.Русия аз аввали вуруди ба точикистони азиз чи кори хуберо анчом дода буд, ки аз давраи Медведев ба баъд онро такмилтар кунад????
Кучост Лоик? Кучост Бобои Одина? Фикр мекунам, ки дар шароити кунуни хомуши пеша намекардан.Чояшон холист ва сад афсус,ки модари точик Лоику Одинаи дигар тавалуд накард. Рости аз арвохи гузаштахоямон шармам меояд.Бехтар мебуд,ки номи Сино,Саъди,Хофиз,Руми,Носири Хисрав ва даххо афроди бузурги дигарамонро ба забон наорем.
ба фикри ман ягон бехбуди намешавад на ба тагйир ёфтани Путин ва на ба дигараш... боядки худамон чунбем
Hami shumo yagon problemai digar nadoren? Kori mo chi bo medvedev? Dar Tojikiston problema digar namondai? Iltimos komenti maro dar saiton joigir kuned
Точикам эй кавми харгиз масоз Дасти худро суи хар нокас дароз З-онки дар дунё факат бар точикон Точикистон хаст эй дил пуштибон Аммо ва хазор аммо... ки дар шароити хол дар Точикистон хам барои точикон пуштибон нест. Хама дар гами пур кардани чайби худашон хастанд аз хисоби точики овораи бечораи бепанох. Ранчу гаму хасрату оху надомату фигону нолаву бадбахтии мо дар тули таърих на аз чаври Сикандар асту на аз касри Доро, на аз оташи мугул асту на аз шамшери араб ва на аз истисмору истеъмору истеъмори рус балки аз як чиз истибдоди хулафову амирону раисону президенхои худонатарсу худхоху бетадбир. Оре хаминхо буданду хастанд ки шароитро барои чавру зулму ситами бегонагон мухаё кардаанду мекунанд. миллати бечора ва раъияти худро бадбахту мафлуку бадчинсу бечораву овораву сарсону саргардону хору зору гарибу дармондаву бекасу факиру нодору нотавону фалач кардаанду мекунанд. Чаро хама вакт омили бегонаро чустаему мечуем. Инхоянд ки миллатро аз дарун чун муриёна мехуранд. Худоё рохбаре ки барои мардум хидмат намекуна ва баракс мардумро дар хидмати худ ба убудият(бандаги) гирифтаааст, чи раҳбар аст? Рузе дар таърих касе ба довари хохад нишаст ва муйро аз хамир чудо хохад кард. Аммо тааачуби асосии ман аз "рушанфикрони торикбин" ва "зиёиёни безиё" ва "олимони нодон" точик аст ки чаро дидаву дониста девро фаришта мегуянд ва ва чохилро султонулуламо, золимро одил ном мениханд ва харфи зиёнборро "сиёсати хирадмандона". Харгиз нобахшиданист ин барои табакаи зиёи. Таърих ин зиёиёни хучаинпараст ва маслихатгарои точикро ки хакикат ва мардумро дар пеши пои маслихат ва хучаинон зибх мекунанд харгиз нахохад бахшид. Чаро набояд мардумро вориди арсаи амал кунем? Чаро бояд мардумро дар чахолат нигох дорем? Магар бечора нестанд? Чаро бо дуруг тавсифкарданхои хукуматхо бечоратаршон кунем? Хануз дар мохи май ва авчи гармои боло 37 дарача дар ду се киломертрии атрофи шахр аз оддитарин масъала -кувваи барк мардум махруманд. Нарххои дандоншикан хар руз чанд пулеро ки барои мадару падари барчомондаи пири худ писару духтарон аз хоки гарибозори гурбат мефифристанд ба боди фано медихад. Чавон дар ватан намондааст. Гурури точик (дуруст намедонам ки буд ё не) дар пеши нокасон шикаста ва пушташ хамида аст. Чавони точик имруз гулом аст гуломи ин карн дар либос ва шакли бадтар аз замони гуломдори. Зеро аз нодори ва майли худ рафта. Ба хар хол офарин бар сабру тахаммули беш аз хади насли чавони точик ( гарчанде ки сифати хуб нест ва бояд рахояш кард) ки бо хама нокоми ранчу ситаму беадолитро тахаммул мекунад. Чун ба миллати худ менигарам аз умки дил бо Хазрати Икбол хамовоз мешавам, ки Биё тархи дигар миллат бирезем Ки миллат чахонро бори душ аст. Оре имруз мо бори души дигарон хастем. То кай ёрии башардустона, то кай карз ва то каи коса ва халтаи гадои дар даст. Ба кавли Лоик "Аз оши худои ба худо сер шудам" На, комилтараш аз оши худои басер шудем. Агар на бояд ин миллатро рахо кард ва ба домани дигарон часпид. Ба худо окилонатар хохад буд. Зеро ё мард бош ё дар хидмати мард. Ду рох дорем ё бояд истибдоди дохилиро махв кард ва дуругпардози ва ситоишхо ва таърифхои хучаинонро рахо кард ва ба домони шахси начотдиханда ва вокеъан хидматгузори миллатро гирифт Ё БОЯД ХУДИ МИЛЛАТРО РАХО КАРД ва хатто камтарин узбак шуда рохат зиндаги кард
Фикр мекнуам, Медведев бо пенсионерхои Осиеи Маркази кор кардан шояд нахохад
Medvedev parvardai Putin hast taghiri kalone naxohad omad juz tanish myoni Gharb va Rusiya ki to raft Rasiya Yn tawozyne ki dosht mexohad onro dubora zinda kunad vale nametonad, duwyman in ki dawlathoi ki dar girdy atrofash hastand to raft bad biniashon nisbati Rusho afzoish meyobad. joi akly farosat mondagi az Zur estifoda mekunad ki okibatash Sarxurie Xud meboshad. Rasia aslan dar girdobi fitnai doxili xud giriftor ast ki az on baromadan xelo dushwor hast (Mafya) inho kasone hastand ki Alokaie Rasiyaro bo Gharb va Hambastagonash ba kushtany Ghoraty Kochoki mawodi muxadir sard mesozad, agar rasia dar syosati xorijiash taghirote nayorad fikir namekunam ki alokash na tanho bo Tojikiston balki ba in kura tanishi besyboti ba myon meorad. Rassia darin awoxir ba misli Sheri Solxudai be kifoyat hasti ki digar ghair az sadoi Vahshat owarash digar chize nadorad va hatto tawoni darki masolihi ymymi va milli xudoro ham az dast dodaast. degar ba TJK on bowarie ki dosh nadorad tarson tarson muomila mekunad, Az Sher suxtasty dar Dugh Puf mekunad.
Точиккуши кам шавад, ин хам давлати калон