Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Посухҳои раиси Донишгоҳи исломӣ

18.06.2010

Абдуҷаллол Ализода факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда ва то соли 1995 мудири мадрасаи назди масҷиди Маволно Яъқуби Чархӣ ва аз соли 1996 то соли 1997 мудири мадрасаи исломии имом Тирмизӣ буд. Донишгоҳи исломии Тоҷикистон муҳимтарин муассисаи омодасозии мутахассисон ва донишмандони мазҳабии исломӣ дар Тоҷикистон аст.

Шогирдони ин муассиса дар аксари масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба унвони имомхатибон фаъолият мекунанд.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
Ном: Samand аз: Dushanbe
18.06.2010 14:52
пешгуи мекунанд, ки ояндаи хамаи давлатхои Осиёи Маркази ба ислом вобаста мешавад, яьне дар оянда дар ин минтака давлатхои исломи сохта мешаванд, мухим нест бо кадом рох, бо чанг бо таблигот бо терроризм. Шумо дар ин бора чи назар доред?
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:23
Ҳамду сано бар Худои яккаи Раҳмону Раҳим ва салоту дуруди бепоён бар Пайғамбарамон Муҳаммад (с), ки раҳматан лил оламин аст.
Бародар Саманд агар мо ба таҳаввулоти на танҳо минтақа, балки ба ҷаҳон нигарем, як навъи бедоршавии эҳсосоти миллиро дар рўи олам мебинем. Албатта кишварҳои минтақа низ баъд аз истиқлолият ҳар кадоме тибқи фарҳанг ва ғояҳои миллии хеш пеш рафта истодааст. Мо медонем, ки дар ташаккули фарҳанги миллии мо Ислом нақши арзандае дорад. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониаш иброз намуда буданд, ки фарҳанги миллиро бо фарҳанги исломӣ муқобил гузоштан хато мебошад.
Яъне дини мубини ислом дар тули қарнҳо сарчашмаи фарҳангӣ барои бисёре аз миллатҳо буда аст ва мебошад.
Аммо, мутаассифона, ҳастанд гурўҳҳое, ки исломро василае барои ғаразҳои шахсиашон (сиёсиашон) истифода мебаранд.
Аммо дар хусуси он, ки ба кадом роҳ давлатҳо ба ислом вобаста мешаванд, ҳаминро бояд қайд намоям, ки дар ҷомеаи имрўза, ҳар кишвари олами исломиеро, ки нагиред, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ- иҷтимоъии онҳо бо Ислом зич алоқаманд аст. Дар оянда имкон дорад, ки нуфузи Ислом боз ҳам зиёдтар шавад ва зиндагии сокинони онро бо файзи Ислом шодоб созад. Вале ин ба терроризму ифротгароӣ чандон муносибат надорад, баръакс ин ҳодисаҳои номатлуб метавонанд раванди солими баланд шудани нуфузи дини мубини Исломро коҳиш диҳанд.
Терроризм чун падидаи номатлуб ҳаргиз ба дини мубини Ислом мансуб нест, зеро Ислом динест саршор аз муҳаббат, дўстӣ, вафодорӣ ба аҳду паймон, тарғибгари таҳаммулгароӣ ва ҳидоятгари роҳи рост.
Пешрафти кишвар ва некўаҳволии мардум пеш аз ҳама ба субот ва амният марбут аст. Ҳатто барои адо намудани фароизи динӣ низ субот лозим аст. Мо мусалмонҳо имрўз ба як қатор масоил рў ба рў ҳастем, ки роҳи ҳаллашон танҳо дар дасти худи мост. Аммо, мутаассифона, мо аз паи ислоҳи ин камбудиҳо набуда, масъалаҳоро аз рўи мантиқ ҳал наменамоем ва гуноҳро ба дўши дигарон бор мекунем.

Ном: saifuddin аз: samara
18.06.2010 15:10
asalomu alaikum ustod Abdijalol ovozahi ast ki dar madrasai ba nom islomi baroi doxil shudan rishva medihi baad doxil meshavi in gapho va ovozaho asl dorad yo ne mexoham posux dihed
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:25
Дар ДИТ то ба ҳол чунин ҳодисаҳои номатлуб, мисли ришвахорӣ, рух надодаст. Роҳбарияти Донишкада пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки пеши ҳар гуна фасодро гирад ва Донишкадаро бо чунин ҳодисаҳои ғайриахлоқӣ ва ғайрииҷтимоӣ бадном насозад. Аз ҷумла корҳои зиёди тарбиявӣ, ахлоқӣ дар байни устодон ва шогирдон бурда мешавад, ки нафрати онҳо нисбати чунин ҳодисаҳо ба вуҷуд биёяд.
Ғайр аз ин роҳбарияти Донишкада бо Агентии муборизаи зидди ҳодисаҳои корупсионӣ барои пешгирии фасоди иқтисодӣ ҳамкории зич дорад.
Боқӣ ҳама ба виҷдону имони ҳар шахс вобастагӣ дорад.

Ном: Дилшод
18.06.2010 16:14
Салом алайкум.
1. Оё шумо метавонед боварона гуед, вазифаатонро хамон тавре, ки Худованд мехохад ичро карда истодаед?
2. Хидмати шумо фелан дар ин самт хаккони аст ё ........?
3. То чое, ки аз мукаррароти нави дар Донишгохи шумо чоришуда хабар дорем, гумон мекунем ба чои дарси исломи гирифтан дар ончо, дарсхои зидди исломи мегиранд донишчуён. Оё ин фикрхо хакикат дорад,
4. Шумо дар вазифааатон гуфтахои Худовандро, ки фардо баъд аз марг пешаш меравед итоат мекунед, ё гуфтахои гайри уро?
саломат бошед. Худованд шуморо хидоят ккунад.
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:26
Довари воқеъӣ Худованд аст. Ҳар як фарди мусулмон масъулияте, ки ба зимма дорад онро дар доираи имкониятҳои мавҷуда, бо тавфиқоти илоҳӣ амалӣ месозад.
Имрўз роҳбарияти ДИТ аввалан шароите барои муҳассилин дар ихтиёр гузоштааст, ки тамоми меъёрҳои шаръиро иҷро намоянд ва имконияти омўзиши улуми динӣ пурра фароҳам оварда шудааст.
Дар Донишкада аз рўи 5-ихтисос, ки нақшаи таълимии он мутобиқ ба Донишгоҳҳои олами исломӣ мебошад, сохта шудааст ва аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тибқи ин барномаҳои таълимӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон аъзои федератсияи Донишгоҳҳои олами исломӣ-Исеско мебошад.
Дар Донишкадаи исломӣ устодон аз Донишгоҳи Ал- Азҳари Ҷумҳурии Мисри Араб 5-нафар ва 1-нафар аз Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб фаъолият мекунанд. Инчунин ба донишҷўён Домуллоҳои шинохтаи Тоҷикистон ва ҷавонони тоҷике, ки донишгоҳҳои байналмилалии исломиро хатм кардаанд, таълим медиҳанд. Бо итминон гуфта метавонам, ки дар ДИТ ҳеҷ як маводи зиддидинӣ ҷой надорад ва ҷой дошта ҳам наметавонад.
Имрўз Донишкадаи исломии Тоҷикистон иртиботи худро бо донишгоҳҳо ва созмонҳои бузурги олами ислом барқарор намудааст. Масалан Робитаи олами исломӣ, Донишгоҳи исломии «Муҳаммад ибни Саъуд»-и шоҳигарии Арабистони Саъудӣ, Донишгоҳи «Умм-ул-Қурро»-и Арабистони Саъудӣ, Донишгоҳи «ал-Азҳар»-и Ҷумҳурии Мисри араб, Муассисаи фарҳангии Ҷумъа ал-Моҷид-и Аморати муттаҳидаи араб, иттиҳоди мадориси исломӣ ва арабӣ ва дигар донишгоҳҳои байналмилалӣ.
Ҳамаи мову Шумо ба умеди некиҳои охират кўшиш ба харҷ медиҳем ва Худованд дар ин ҷода моро муваффақ гардонад (Омин).

Ном: Abdurahman аз: Vahtad
18.06.2010 16:38
salom arz mekunam ba hama.
va suolhoi man hamin ast bo raisi donishgoi islomi TOJIKISTON.
1-mekhostam ikhtisosi shumoro dar ilmhoi islomi fahmam ki shumo chi ikhtisos dored dar akida vayo fiq vayo tafsir ki to in maqomi voloro bo ikhtisosaton ksb karded???
2-magar shumo hamchun yak masuli buzurgi donishgohi islomie ki dar Tojikiston yakto ast. bore ba maqomothoi boloi hukumatdoron izhori tassuf karded az vazi hoziraeki dar Tojikiston raftaistodast.misli azonho bo vositai balangu man kardan va zanhoi musalmonro az hijob man kardan chi izhorot shumo nishon dodaed ki az hama ziyod masuliyatash dar boloi shumo az jonibi khudo ast ?
3-chi monei shumo megradad ki olimoni buzurgu barjastai tojikistonro misli eshoni nuriddin va barodarash mahmudu va digar mutakhassisu tajrubadorro az dokhilu khorij ovarda dar donishgoh dars guyand va shumo dar oyanda bain tatavvuri ilmii oli dar donishgoheki rais hasted orzu vayo fikr mekuned ki inchunin mutakhassison davat karda shavad ?
4-chi ehsos mekuned az in maqomeki shumo dored va masuliyati kheshro ki dar haki voris baroni behtarin shkhasiyati olam muhammad sallalohu alayhi vasal chiboyad kuned ???.
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:27
Чи тавре, ки маълум аст банда мисли дигар устодон дар даврони Шўравӣ илмҳои Фиқҳ, Ҳадис, Тафсир ва ғайраро дар назди устодони бонуфўзи алоҳида омўхтаам ва мутахассиси соҳаи фиқҳи исломӣ мебошам. Дар донишкада бар дўши ман масъалаҳои ташкили раванди таълиму тарбия, роҳбарии фаъолияти Донишкада ҳамчун муассисаи олии таҳсилӣ гузошта шудааст. Ба ин хотир ман ва маъмурияти Донишкада на танҳо мутахассисони варзидаи улуми динии кишварро, балки мутахассисонро аз хориҷи кишвар низ даъват кардаем.
Чунон ки дар боло зикр шуд, мутахассисон аз донишгоҳҳои маъруфи олами ислом дар Донишкада таълим медиҳанд.
Агар касе аз олимони кишвар ҳоло дар ин Донишкада фаъолият надошта бошанд, ба хотири он нест, ки мо онҳоро барои таълим дар Донишкада сазовор намедонем, балки онҳо худ то ба ҳол рағбат зоҳир накардаанд ва ё ҳозир нестанд муқаррароти заруриро доир ба таълим дар муассисаи таҳсилоти олӣ иҷро намоянд. Дар акси ҳол роҳбарияти Донишкада бо камоли майл омодаи қабули чунин шахсиятҳо мебошад. Донишкада дар паи он мекўшад, ки дастуроти Пайғамбари гиромӣ (с) муаллими башариятро амалӣ созад. Пайғамбари гиромиқадр (с) фармуданд:

«Дар миёни шумо ду чизро гузоштам, ки агар ба онҳо чанг занед ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд китоби худо ва суннати ман».

Илова бар ин метавон тазаккур дод, ки раёсати Донишкадаи исломӣ дар тули фаъолияти худ ҷиҳати арҷгузорӣ ба Қуръони карим зиёда аз 15 озмуни «Ҳифз ва қироати Қуръони карим»-ро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор намудааст, ки ғолибони ин озмунҳо баъди гирифтани роҳхат дар озмунҳои байналмилалии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» бо сари баланд ба ватан баргаштаанд.
Қобил ба ёдоварист, ки соли гузашта бо сарпарастии бевоситаи Президенти мамлакат ҷаноби олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кохии бошукўҳи равобити пойтахт мусобиқаи «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» баргузор гардид, ки дар таърихи Тоҷикистони азиз назир надошт.
Инчунин озмунҳои ҳифзи аҳодиси набавӣ миёни донишҷўён ҳамасола гузаронида мешавад, ки ин ба раванди ҳифзи ҳадисҳои Пайғамбарамон Муҳаммад (с) боз ҳам тақвият мебахшад.
Нуфузи донишкада ва шўҳрати он пайваста меафзояд. Аз ҷумла имрўз Донишкадаи исломии Қирғизистон ва федератсияи Россия хоҳиши омўхтани таҷрибаи таълимии ДИТ-ро доранд.
Ногуфта намонад, ки аз лиҳози мазмуни барномаҳои таълимӣ, ДИТ миёни давлатҳои собиқ иттиҳоди Шўравӣ мақоми хосро касб кардааст. Донишкадаи исломӣ ихтисоси Улуми Қурониро бо ҷалби мутахассисон ва сарпарастии ҳайати оламии Таҳфизи Қуръони карим таъсис додаст, ки ягон донишкадаҳои исломии минтақа чунин ихтисосро надорад.

Ном: Фаррух аз: Санкт-петербург
18.06.2010 16:40
Салом окои Ализода! Ба наздики дар як сайти интернети хондам, ки имрузхо дар донишкадаи Шумо 15 нафар ирони ба донишчуён таълимоти шиъаро меомузонанд. Инчунин дар Точикистон як масчиди шииён бо номи Хочи Аъзам амал мекунад. Оё ин гуфтахо игвоанд ё вокеият доранд.
Дар посух

Ном: Абдуҷалол Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:28
Донишкадаи исломии Тоҷикистон тибқи Оинномаи худ, ки танҳо бар асоси мазҳаби ҳанафӣ мебошад, таълими улуми исломиро ба роҳ мондааст ва то ба имрўз ягон нафар аз уламо ва мутахассисони шиамазҳаб барои таълиму тарбия ба донишкада даъват нашудаанд. Бинобар гуфтан мумкин аст, ки ин овозаҳо асосе надоранд.

Ном: рузибой аз: душанбе
18.06.2010 17:26
ба шуниди ман Шумо забони арабиро он кадар хуб намедонед.пас чигуна ба чунин макони илми рахбари мекунед ва йо араби донистан чандон зарур нест.лутфан посух бигуед
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:28
Ман забони арабиро ба андозае, ки барои пешбурди фаъолиятам зарўр аст, медонам ва эҳтиёҷ ба тарҷумон надорам.

Ном: ТИЛЛО донишчу аз: misri arab
18.06.2010 18:18
Салом хамватвнони азиз
ман мехохам ба бародари ахли ислом Саманд як чанд калимаи иршоди муваччах кунам. Бародари азиз чихо мегуед ва суол ба шумо оё дар ягон гушаи китобхои исломи дидаи ки дини ислом амр ба тераризм кардабошад.
Ба мо расонед ки дар гушаи китобхои тарих дидаи ки ягон мамолики исломи ба таври тераризм фатх шуда бошад?
ё ин ки бародари азиз шумо аз маънои аслии калимаи терариз бе хабар астед?
Бародари азиз ин Дини Ислом аз тераризм ва ахли тераризм барии ва безор аст ин лалима бисёр хатост бародари азиз агар мо нисбаташ дихем ба ислом.
бародари азиз мебяд мо мусулмонон ин дини азизамонро аз ин тераризи хабис мубарро дифоъ кунем.
бародари азиз хар бахсе бошад ман ба ёрии аллох таёрам.
дар амони худо бошед.

Ном: Махди аз: Душанбе
18.06.2010 19:11
ТИлло баролар Саманд суолро ба фикрам ба тагрятон додааст на ба Шумо ё Шумо метарсед ки ин хешатон наондадар илми кофи дорад ва чавоб дода наметавонад барои хамин Шумо суоли Самандро ба чои ректор чавоб додед
СУОЛ БА МУХТАРАМ АБДУЧАЛОЛ АЛИЗОД (бигузоред худаш чавоб гуяд)
1)Устоди мухтарам Шумо дар назди кадом аз Домуллохо хонда ва муклоама кардаед? (хусусан он Домуллохое ки холо дар донишгох дарс мегуянд)
2) Шумо хиёнатро чихел мефахмед оё ба рафиконатон ё ба ягон устодатон хиёнат кардаед? ё корхои кардаатро хиёнат намешуморед?
3) мо дар солхои 2005 донишгохи Тирмизиро хатм намудем оё он дипломхо холо ба кор мераванд?
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:29
Тибқи дастуроти Худову Расул (с) хиёнат гуноҳ аст. Чунончи Худованд дар ояи 27- сураи ал-Анфол мефармояд:
«Эй мусалмонон хиёнат макунед бо Худову Расул ва хиёнат макунед амонатҳоятонро дар ҳоле, ки Шумо медонед».
Тибқи ин амри худованд, ҳар мусулмон кўшиш мекунад, ки амал намояд. Ман низ дар талоши онам, ки хиёнате аз ман сар назанад.
Албатта ман низ ҳамроҳ бо гурўҳи зиёди донишмандони улуми динии ҷумҳурӣ аз бисёр устодоне, ки имрўз дар донишкада ва берун аз он таълим медиҳанд, сабақ омўхтаам.
Нисбати дипломҳои собиқ Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ ҳаминро гуфтаниям, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо низ донишгоҳҳое ҳастанд, аз ҷониби давлат эътироф нашудаанд. Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ низ аз ҳамин қабил буд.
Хушбахтона баъди талошҳои зиёди Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишкада исломӣ мақоми давлатиро касб намуд.
Муҳассилини донишгоҳи ба номи Имом Тирмизӣ шомили ин донишкада гардиданд ва онҳое, ки донишгоҳи ба номи Имом Тирмизиро хатм карда бошанд, метавонанд аз рўи барномаи донишкада маълумоти худро мукаммал созанд.

Ном: Мухтор аз: UAE Дубаи
18.06.2010 21:34
Ассалому алаикум
мехостам инро фахмам ки оё бар акидаи шумо чамоати таблиг ва чамоати салафиро хамчун гуруххои терористи мешуморед?
хохиш мекунам назари шахсии худатро дихед ва хам аз назари мадраса ки он чамоатхоро чи тавр ба талабагон муаррифи мекунед?

ташаккур
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:30
Фикр мекунам Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва ман ҳамчун роҳбари ин донишкада ҳаргиз ваколати онро надорем, ки ба ҷамоъати Таблиғ, Салафия ё ягон гурўҳи дигар терроризмро нисбат диҳем.

Ном: Habib аз: Khatlon
18.06.2010 22:04
Salomu durud ba muhtaram,Abdujallol Alizoda.Banda ham suol ham peshnihod doram,chun dar kishvarii islomii Eron budam va sayohat karda chandin chizhoro mushohida kardam nisbati bachahoi khudamon,ki dar havzaho mekhonand.
1 Oyo rost ast,ki dar madrasai Shumo ilmhoi fanni daqiqiro yane Kimyo,fizik va gayraro ba roh mndaand?
2 Dar islom yak javone,ki az din khub ogoh boshad,ammo rishu burut nagzorad hej gape nadorad,chun bazan vaqt dar hukumat kor mekuni va majbur hasti naguzori ravshani andozed?
3 Sabab chi hast,ki az donishgohi islomi niz muallimon az tolibilmon pul megirand?
Peshnihod in ast,hozir barodaroni mo ki dar Zohidon dars mekhonan onhoro bo ahli khonavodaashon aziyat karda gufta istodaand,ki az eron baromada ravand.Nameshavad Shumo dar madarsa behtarin ustodonro ba kor gired va bishavad yak yo 2-3 ustodi arabro baroi zaboni arabi az kishvarhoi khoriji ba kor gired,chun bo bachoi Gurgon,Qum va Zohidon vaqte suhbat mekuni va mepursi,ki charo dar hamon donishgohi khudamon tahsil namekuned onho meguyand,ki ustodoni khubi zaboni arabi namerasad,va ustodoni fani ravishi tahqiq va nigorish,ki baroi maqola va korhoi ilmi kardan dars medihand namerasad,badan meguyand,ki darshoi fanni daqiq baroi mo chi lozim.Az Shumo khphish mekunam agar tavoned,fanhoi daqiqiro az madrasa bardored chun bachaho aksarash in fanhoro namedonand va dar madrasi Shumo inro sabab meorans,ustodoni zaboni arabii varzidaro ba kor gired hatto dar hamon Tj khudamon ziyod ast,ammo bekor astand,agar Shumo khohed yakeashreo man peshnihod mekunam baroyaton.Darsi ravishi tahqiq va nigorish,va torikhi islom va zabonu adabiyoti forsiro durust ba roh moned,inshoalloh javononi mo ba injo ne,balki dar hamon Tj dars mekhonand.
4 Shumo bo bachaoi Gurgon va Qum vokhurda buded oyo onhoi hadafhoi garaznok nadorand,va baroi oyandai millat zarare namerasonand,beshtari in barodarho shustushui magzi shudaand,iltimos ba suolhoyam posukhi sahe dihed/.Muvafaq boshed.
Дар посух

Ном: Абдуҷалоли Ализода аз: Душанбе
02.07.2010 16:30
Дар Донишкада танҳо фанҳои ёрирасон ва тахассусӣ аз улуми иҷтимоӣ дарс дода мешавад.
Нисбати масъалаи фатво барои риш нагузоштан бошад, хуб мешуд, ба шўъбаи фатвои Маркази исломӣ муроҷиат мекардед.
Боқӣ саволу пурсишҳое, ки аз ҷониби Шумо шудааст, дар Донишкадаи исломӣ ҳамаи пешниҳодҳоятон амалӣ шудаанд. Дар ин бора метавонед аз сайти Донишкада маълумот гиред. Аз муносибати ғамхоронаатон сипосгузорем ва кўшиш дорем, ки мутахассисони хуби соҳаи улуми исломиро тарбия намоем.
Мақсаду ҳадафи Донишкада низ маҳз аз ҳамин иборат аст.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил