Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Арзи маъзарат ва сипоси Амонулло Ашӯр

25.05.2010

Амонулло Ашӯр зимни ташаккур ва сипосгузорӣ аз ҳамаи онҳое, ки таваҷҷӯҳ карда ва суол додаанд, дар сӯҳбати хосе гуфт, ки аксари суолҳо ба масъалаи роҳи пулакии Душанбе Чаноқ ва фаъолияти ширкати "Иноватив Роуд Шолюшнс" марбут аст. Ва ӯ, албатта посухи омода ба ин суолҳоро дорад, вале дар охирин лаҳза, аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон комиссияи вижае бо сардории Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсия барои баррасӣ ва хулосабарорӣ дар қазияи роҳи пулакӣ ва ширкати "IRS" таъсис шудааст, ки оқои Ашӯр низ узви он мебошанд.

Қарор аст, ин комиссия то 10 рӯзи дигар хулосаи худро қатъӣ кунад ва натиҷаи онро зимни як баёнияи муштараки аъзояш, тавассути расонаҳо эълон ва ба ҳукумат пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, мегӯяд Амонулло Ашӯр, посух гуфтан ба суолҳои марбути ин масъала дар ҳоле, ки комиссия кори худро идома медиҳад, як навъ пешдоварӣ хоҳад буд. Ва шояд аз сӯи бархе ҳам фишор ба кори комисссия маънидод шавад.

Бинобар ин оқои Ашӯр, бо арзи маъзарат ва сипос аз хонандагони Озодӣ хоҳиш намуд, ки нашри посухҳояш ба суолҳои корбаронро то хулосаи кори ин комиссия, яъне то даҳ рӯзи дигар, мавқуф гузорем.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6
Ном: Саид аз: ДУШАНБЕ
25.05.2010 17:34
Ман ба иродаи шумо бовар дорам ОФАРИН БА ШУМО

Ном: Беном
25.05.2010 18:33
АХСАН ЧАНОБИ АМОНУЛОХ МОНАНДИ НОМАТОН АМОН ВА СОДИК ДАР НАЗДИ ХАЛК БИМОНЕД

Ном: Номдор
25.05.2010 18:45
Хайрият як мард дар Точикистон будаст. Ман саволе надорам ба Шумо. Ташаккур

Ном: ВАРЗОБИХО аз: ВАРЗОБ
25.05.2010 18:59
Хеч кас ба шумо савол надорад иншоаллох хамма минатдори баён мекунанд ХУДОВАНД ШУМОРО АЗ ДАСТИ ЗОЛИМОН НИГАХБОН БОШАД

Ном: Malika аз: Dushanbe
25.05.2010 19:01
ман ба шумо як суол дорам:

Ин ки шумо ошкоро бисер проектхоро танкид мекунед ин бо ихтиёри худатон аст ё хукумат инро ба шумо месупорад? ташаккур

Ном: Mr X аз: Dushanbe
25.05.2010 20:21
ooooo SHumo muhtaram rais e'lon karded, ki pulgirii IRS az 01 05 2010 gairikonunis...... charo gapatona nagiriftan, holo ham pula chandaistodan ku????

Ном: Чабраил аз: Бихишт
25.05.2010 20:43
Имруз кахрамонии Шумо шоистаи тахсин аст. Аз чавонмардии Шумо нагуфтан худ ночавонмардист. Вале як суол: як мох пеш кучо будед? Ширкати IRS дар сомонааш навишта аст, ки имзои Шумо дар протоколе аст, ки мазмуни он хилофи гуфтахои Шумоанд. Имруз ки дидед агар чанчоле бархезад гунахкори раками 1 Шумо хохед шуд, сукони сафинаро дигар су тоб додед. Чунин амалкард ба Шумо намезебад. Ва халк ин тарафи масъаларо низ бояд донад. Хамаи ин корхо бояд пеш сурат мегирифтанд. Хукумат ва Шумо чун намояндаи Хукумат бояд сидкан хисобу китоб мекардеду баъд хулоса мебаровардед, ки тарифхо барои халк гаронанд. Ана баъд бояд имзо мегузоштед. Ана ин аст иштибохи Шумо. Имруз гуфтан мумкин аст, ки чун ба кисаи Шумо як сикае аз ин проект нарасид валвала бардоштед. Боки казоват аз Худост.

Ном: СССР аз: Душанбе
26.05.2010 09:53
Мухтарам раис, агар аз 1.05.2010 пулчини гайри конуни бошад, барои чи ба президент ин паемпр ба таври расми пешкаш наменамоед

Ном: Азиз аз: Душанбе
26.05.2010 10:01
Чабраил ба Амонулло тухмат накун У одами пок мебошад

Ном: Абдучалил аз: Душанбе
26.05.2010 10:05
Дуруди Худованд ба Шумо мухтарам Амонулло Ашур!

Чаноби Амонуллои Ашур, вактхои охир яке аз шахсон ва ходимони шинохтаи мардум гаштаед. Эхтирому ифтихор бо чунин шахсони дилсузи мардум чун Шумо, аз рузе ба миён омад, ки Шумо нисбати фаъолияти гайриконунии ширкати Чини ISR, ки дар гузаргохи рохи Душанбе-Варзоб маблаги рохро чамъ мекунанд эътирози худро эълон намудед.

Мухтарам Амонуллои Ашур!
Саволхои дорам, ки ин саволхои додашуда посухи дурустро ва ростро талаб мекунанд. Умедворам, ки Шумо чун ходими миллати точик ва як бандаи Худованд ба саволхои сомонаи мазкур поквичдона посух хохед дод.

Саволи 1.
Шумо худро чи гуна шахсе эхсос мекунед ва хислатхои инсонии Шумо аз нигохи мардуми кишвар бо фикри Шумо чи гунаанд?

Саволи 2.
Маоши мегирифтаатон чанд аст? (хохишмандам, ки бо ракам ва он маблаге ки дар хакикат мегиред бинависед).

Саволи 3.
Аз рузе ки дар сохтори давлати кор мекунед, ба чанд оилахои камбизоат шахсан Шумо дастгири, кумак ва мадади худро расонидаед, ки онхо имруз зиндагии худро бехтар карда истодаанд?

Саволи 4.
Фарзандонатон наклиётхои худро бо маблаги шахсии худ ва ё бо маблаги шахсии Шумо харидаанд?

Саволи 5.
Фарзандонатон дар муносибат бо мардуми кишвар аз нигохи Шумо инсонхои хоксоранд ва ё на?

Саволи 6.
То кунун чанд фарзандеро аз оилахои камбизоат ба донишгоххои олии кишвар дохил намудед?

Саволи 7.
Дар вазифае ки имруз Шумо шомил гаштаед оё ухдадорихои онро Шумо ба дурусти ичро намуда метавонед ё на?

Саволи 8.
Кумитаи мазкур, ки Шумо имруз онро идора мекунед оё дар пешравии кишвари азизамон сахме арзандае гузошта метавонад ё на?

Саволи 9.
Кумитаи мазкур метавонад фаъолияти ягон корхонае ки ба конуни зидди инхисори чавобгу нест ба чавобгарии чинояти ва ё ба пурра катъ намудани фаъолияти он мусоидат намояд?

Саволи 10.
Дархои кушода, оё ин шиор дар кумитаи Шумо низ мавчуд аст ё на? (тибки фармони сарвари давлат, ки дар яке аз паёмхои он омадааст: "Рузхои шанбе дархои кушода эълон карда шавад ва бо мардуми оддии кишвар раисону вазирон ру ба ру шаванд ва мушкилоти онхоро хал намоянд")

Саволи 11.
Шумо, ки нисбати фаъолияти ширкати чинии ISR эътироз нишон додаед, пас чаро ин ширкат то хол фаъолият дорад? Пас сухани кумитаи шумо аз бинои кумита дар берун аз он чоне ва ахамияте надорад!

Саволи 12.
Мардум пулро барои рох медихад , аммо Рохи бо сифат дар кучост? Чарогхои равшандихии рохи Душанбе-Варзоб-Хушёри-Хучанд-Чанок кучост? Чаро ин масъала ба ширкати чини намегуед, маблагро ки мечинанд пас рохро бо стандарти чахони чавобгу кунанд ва тамоми ин рохи пулакиро пурра равшан кунанд бо чарогхои равшандихи (столбахои освещенияи рох).

Бояд нуктаеро кайд кард, ки: оиди таърих ва пайдоиши ин ширкати чини дар кишвари мо ба хеч кас чизе маълум нест. Чаноби сардор, Шумо, ки бехтар медонед, рохро танхо дар он холат метавон пулаки кард, ки вакте ки рохи алтернативии бепул вучуд дорад, аммо дар рохи Душанбе-Варзоб рохи алтернативи вучуд надорад, пас чаро рох пулаки шуд ва чаро то кунун фаъолияти ин ширкат баста нашуд? Ин ширкат бо гуфтаи худ он кадар маблаг барои таъмири рох харочот кардааст, аммо ин рох ба стандартхои чахони чавобгу нест. Ин рох хатто чарогхои рушанкуни надорад. Дар торикии ин рох биафтед хонаи худро мардум намеёбад.

Нуктаи дигареро бояд кайд кард, ки имруз нархи сузишвори яъне бензин аз 4 сомони боло рафта истодааст, рох пулаки, бензин гарон аст пас нархи махсулоти кишвар низ боло хохад рафт, дар он холат зиндагии бечораи мардуми кишвар вазнинтар хохад шуд дар он холат кишвари азизамонро чи гуна пешсаф хохед дид?

Саволи 12.
Пешравии кишвари азизамонро дар ояндаи наздик чи гуна тасаввур мекунед ва дар пешравии он чи сахме мехохед дошта бошед?

Барои посуххои додаатон як чахон ташаккур!

Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
26 майи соли 2010
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил