Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Посухи вазири молияи Тоҷикистон ба суолҳои Шумо

11.05.2010

Сафаралӣ Наҷмиддинов дар соли 2000 вазири молия таъин гардидааст ва то он замон муддати ҳафт сол муовини вазири савдо ва захираҳои моддиву фаннӣ ва ҳамчунин муовини раиси кумитаи савдои кишвар буд. Дар замони Шӯравӣ барои даҳ сол мудири шӯъбаи назорат ва ревизия дар идораи савдои шаҳрдории Душанбе кор кардааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи 22-юми май ба шуморе аз суолҳои шумо посух дод. Суолҳои боқимонда дар аввали ҳафтаи оянда ҷавобҳои худро хоҳанд дарёфт.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
Ном: Loiq аз: Panjakent
11.05.2010 18:36
Salom ba Safarali Najmiddinov va kormandoni Ozodi!
1)Munosibati Shumo bo janobi oli Emomalii Rahmon chi guna ast?
2)Dar solhoi jangi barodarkush Shumo ham ishtirok doshted va yo ne?
3)Aqidai Shumo nisbati obkhezihoi okhir,ki dar Tojikiston Shud?
4)Tojikiston kai ba yake az davlathoi peshraft dar arsi jahon namoen meshavad?va dar in samt chi korhoro omoda kardaistodaed?
5)Dar Panjakent bore buded?Aqidai shumo nisbati khalqi in vodi?
6)Chand farzand dored va dar kujoho tahsili ilm dorand?
7)Chand Somoni maosh dored?
8)Ba kadom davlathoi jahon safar karded?
9)Munosibati Shumo bo vazironi moliyai Rossiya,Amerika,Faronsa.Angilya,Uzbakiston,Eron,va KHitoy dar kadom sath qaror dorad?
10)Dar oyanda chi naqsha dored?
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:07
Пеш аз ҳама ба кормандони Радиои Озодӣ барои иқдоми пешгирифтаашон изҳори миннатдорӣ менамоям ва ба саволҳои гузошташудаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ посух медиҳам.
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:13
Савол: Муносибати Шумо бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна аст?

Ҷавоб: Ҳамчун дигар аъзоёни Ҳукумат дар доираи вазифаҳо ва ўҳдадориҳое, ки Низомномаи Вазорати молия муайян намудааст, муносибати корӣ дорам ва барои иҷрои вазифаву ўҳдадориҳо масъул мебошам.

Савол: Ба кадом давлатҳои хориҷӣ сафар кардаед?

Ҷавоб: Дар асоси амру супоришҳои Сарвари давлат ва фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои вазифаи хизматиам ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷии дур сафарҳои хизматӣ анҷом додаам.

Савол: Чанд фарзанд доред? Онҳо дар куҷо таҳсили илм доранд ва тамом кардаанд?

Ҷавоб: Ду фарзанд дорам,ки ҳардуи онҳо Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намудаанд ва дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ мебошанд.

Савол: Офатҳои табиие,ки ба халқ зарар овард аз нигоҳи Шумо?

Ҷавоб: Оиди зарари офатҳои табий, ки дар даҳрўзаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ рух доданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст, то ки зарари он дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин бартараф карда шуда, манзили зисти аҳолии зарардида ҳарчӣ зудтар барқарор карда шавад. Оиди ҳалли ин масъала комиссияи махсуси Ҳукуматӣ бо сардории муовини Сарвазири Ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон фаъолият карда истодааст. Бо пешниҳоди комиссияи мазкур Вазорати молия маблағгузории корҳои барқароркуниро таъмин менамояд. Корҳои барқароркунӣ таҳти назорати Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Савол: Дар ҷангҳои соли 1990 Шумо ҳам аъзо будед?

Ҷавоб: Дар ҳодисаҳои соли 1990 ба ягон гурўҳ шомил набудам ва ягон рўз аз пойтахт ба ҷое нарафтаам ва вазифаи хизматиамро ҳамчун корманди давлатӣ содиқона иҷро мекардам.

Савол: Ба Панҷакент боре ҳам сафар кардаед? Кай бо кадом мақсад?

Ҷавоб: Ҷиҳати ҳалли масъалаҳо оид ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣи шаҳри Панҷакент, вобаста ба ҷашни 1100-солагии Абуабдуллоҳ Рўдакӣ ва шиносои бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ду маротиба ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом додаам. Нисбати мардуми сарбаланди ин диёри бостонӣ эҳтироми зиёд дорам.

Савол: Дар оянда чӣ нақша доред?

Ҷавоб: Дар оянда нақшаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама таъмин намудани устувории идоракунии молияи давлатӣ, боз ҳам ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагонии шаҳрвандони ҷумҳурӣ,сари вақт ва пурра таъмин
намудани маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ҳифзи иҷтимоӣ музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷуғронпулӣ, кўмакпулиҳо баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ таъмин намудани рушди бемайлони тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, инчунин мусоидат ба таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамон мебошад,ки ҳамаи ин вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Стратегии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ бармеояд.

Ном: Гумном аз: Гумномон
11.05.2010 18:54
Салом. Росташро гуед чанд пул доштед хангоме ба сари ин вазифа омадед, ва хамакнун чанд пул доред.
Чаро дар Вазорате, ки Шумо рохбариашро ба ухда доред узбакхо зиёданду, аз руи овозахое, ба точикон "ход" нест"
Рахмат.
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:20
Ба маълумоти Шумо мерасонем,ки дар Вазорати молия таносуби шумораи кормандон аз рўи миллат тоҷикон 95,5 %, ўзбекҳо 4,2%, русҳо -2 нафар, қирғизҳо- 1 нафар, тоторҳо – 1 нафарро ташкил медиҳанд,ки шаҳрвандони муқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ном: Tojik аз: TW
11.05.2010 20:28
Salom ba honandagonu shunavandagon va kormandoni somonai Ozodi va ogoi vazir!!!!!!!!!!
Ogoi vazir 100000$ ki az banki milli gum shud holo ham bedarak ast????? Andozhoi Tojikiston kay sodda karda meshavand va charo namudhoi andoz dar Tojikiston inqakar ziyod?Ba fikram kumitai andoz alohida has, vale ba vazoratu shumo niz dahl dorad.
Ogoi vazir sahmiyahoi Sangtuda gujo shudand, oyo puli mardumro barnamegardonad hukumat? Shoyad sahmiyahoi Rogun ham chun sahmiyahoi Sangtuda shavandu halki bechora boz zarar binad.
Charo rasman kafolati sodiqona sarf kardan va oyanda bargardonidani muzzdi sahmiyahoi Rogunro namedihad na Hukumatu na vazorati moliya?
Tahsakkur!!!!!!!!!

Ном: shams аз: khokiston
11.05.2010 22:50
durud bar janobi vazir va kormandoni shabaka inchunin binandagon
-DARONMADI SOLONAI JUMHURI DAR SOL, CHAND HAST? AZ CHI MANBA`HO?
-CHARO DAR TOJIKISTON ANDOZ KHELE ZIYOD HAST(AZ KHOLIBUDANI KISAI JANOBON?)??
-MOLIYOTI TJ TIBQI CHI ISTONDORTHO AMAL MEKUNAD(BOZ QORI ISHKANBAGI NABOSHAD)??

Ном: Равшан аз: Маскав
12.05.2010 00:27
Мухтарам вазир, бигуед, ки чаро аз кори вазорати молия дар ягон рузномахо хабар намерасонед?
Чаро назди мардум аз натичахои кори вазорат маълумот намедихед? Мо номи шуморо аз радиои Озоди фахмидем, ки шумо вазири молияи Точикистон хастед. Бо мардум наздик бошед ва барои онхо кор кунед, то шуморо бо хуши ед кунанд.
Буччаи давлат дар кадом холат аст нисбати профицит ва дефицит? Нафакапулии мардум дар кадом хол мебошад?
Ташаккур.
Ое ба кудакон хукумат ердампули медихад ва он чанд сомон аст?
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:21
Дар Интернет сомонаи махсуси Вазорати молия (www.minfin.tj) кушода шудааст, ки дар он фаъолияти ҳарўзаи Вазорати молия ҷойгир карда мешавад. Ҳамчунин оиди натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши буҷети давлатӣ дар асоси амру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар семоҳа дар вазорат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад,ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш мегиранд.
Ба ғайр аз ин натиҷаҳои иҷроиши қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ҳар семоҳа дар газетаҳои ҷумҳуриявӣ ба чоп расонида мешавад.
Дар баробари ин Вазорати молия бо воситаҳои ахбори омма, ки дар алоҳидагӣ барои рўшанӣ андохтан ба ин ё он паҳлўи фаъолияти мақомоти молия муроҷиат менамоянд ҳамкории доимӣ доранд.
Инчунин роҳбарият ва кормандони масъули вазорат доимо дар гуфтугўиҳои мустақими радио ва телевизион иштирок намуда, ба саволҳои сершумори шаҳрвандон оид масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақомоти молияи ҷумҳурӣ посух медиҳанд. Умуман кормандони мақомоти молия бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории судманди доимӣ доранд.

Ном: Манучехр аз: Точикистон
12.05.2010 08:22
Пеш аз хама эхтироми худро ба чаноби вазир мерасонам ва дар фаъолияти мушкил ва мухимашон барор хохонам.
Саволи ман оиди чори намудани системаи электронии пардохтхо хохад буд. Чи хеле ки маълум аст, ин системаи хеле пурсамар буда сектори молияи давлатро таракки медихад. Албатта медонам, ки дар ин равия вазорати шумо фаъолият мебарад, азчумла ба наздики ба чанд нафар нафакахурон нафака тавассути кортхои бонки дода шуд. Вале то чи дарача мо ба ин максад ноил шудем, ва кай мо гузариши пурраро ба системаи электрони, азчумла хамрохшави ба системаи пардохтхои электронии чахони, мебинем? Ташаккур.
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:22
Аз нимсолаи дуюми соли 2006 сар карда, тамоми амалиётҳои хазинадории буҷети ҷумҳуриявӣ ба тарзи нави замрнавӣ,яъне ба маблағгузории электронӣ гузаронида шудаанд. Доир ба ҷорӣ намудани ин система дар сатҳи буҷетҳои маҳаллӣ имрўз корҳо идома доранд ва автоматикунонии ҳамаи мақомотҳои молия ва омўзиши мутахассисон шурўъ карда шудааст.
Аллакай дар байни Сарраёсати хазинадории марказӣ ва Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе алоқаи электронӣ вуҷуд дорад.
Корҳои васлкунии шабакаи компютерҳо ва барқарор намудани алоқаи электронӣ дар байни Сарраёсати хазинадории марказӣ ва хазинадориҳои ноҳияиҳои шаҳри Душанбе идома дорад. Қобили зикр аст, ки дар ин ноҳияҳо аллакай системаи идоракунии автоматикии хазинадорӣ(АСУ) ҷорӣ карда шудааст.
Оид ба гузаронидани пардохти музди меҳнат, нафақа ва дигар маблағҳо ба аҳолӣ низ як қатор корҳо анҷом дода шуда, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ супориш ирсол карда шудааст, ки мувофиқи он аллакай қисми зиёди онҳо ба низоми пардохти кортҳои электронӣ гузаштаанд.
Бо мақсади боз ҳам мукаммал гардонидани ин раванд 27 майи соли 2009 Созишномаи грантӣ оид ба маблағғузории «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналхалқии Рушд дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА ба имзо расид.
Мақсади лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии молияи давлатӣ бо роҳи мустаҳкам намудани вазифаҳои банақшагирии буҷетӣ ва хазинадорӣ, коркард ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотии автоматикии идоракунии молияи давлатӣ ва афзун намудани иқтидори молияи давлатӣ дар соҳаҳои муҳими давлатӣ мебошад.
Лоиҳа барои амалӣ намудани барномаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, ки давраи солҳои 2009- 2018 –ро дар бар мегирад, пешбинӣ карда шудааст. Бо амалӣ гардидани лоиҳа низоми пардохтҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба роҳ монда мешавад.
Дар баробари ин дар ҳазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имзои электронӣ, низ ҷорӣ карда шудааст.

Ном: Фируз аз Душанбе
12.05.2010 08:38
салом Мухтарам Вазир саволи ман ин аст
1. барои чи дар вазорат кормандони чавон тез тез меояду аз кор меравад сабаб дар чи аст дастгири мекунед чавононро ?
2. барои чи дар вазорат курсхои хоричи барои забон омузи ташкил намекунед ?
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:19
Савол: Дар Вазорати молия дастгири ҷавонон дар кадом сатҳ аст? Барои чӣ кадрҳои ҷавон тез-тез аз Вазорат мераванд? Сабаб дар чист? Дар Вазорати молия барои чӣ курсҳои забони хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон курсҳои забони хориҷӣ ташкил намекунед?

Ҷавоб: Дар Вазорати молия аз рўи таносуби шумораи кормандон ҷавонон зиёда аз 55 фоизро ташкил медиҳанд. Барои таъмини кори пурсамар ва сифатнок барои онҳо тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Ҷавонон чун дигар шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран интихоб намудани ҷои корро доранд. Бинобар ин онҳо дар озмунҳое,ки барои ишғоли мансабҳои холӣ дар воситаҳои ахбори омма эълон карда мешаванд, иштирок намуда, ғолиби озмун мегарданд ва ба кори дигар мегузаранд.
Дар Вазорати молия аз соли 2000 ин ҷониб барои ҷавонон ва дигар хоҳишмандон курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забони хориҷӣ (англисӣ) ташкил карда мешавад,ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии онҳо мусоидат менамояд.
Ба ғайр аз ин дар курсҳои омўзишӣ,ки аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ, созмонҳои ҳамкорӣ ва давлатҳои мададрасон дар хориҷӣ кишвар ташкил карда мешаванд, бештар дар ин курсҳо ҷавонон иштирок менамоянд ва донишу малакаи андўхтаашонро дар фаъолияти кориашон истифода мебаранд.


Ном: ватандуст аз: Вена
12.05.2010 09:11
Ассалому алайкум Вазири мухтарам,
1.Мехохам нуктаи назари Шуморо вобаста ба сахмияхои Сангтуда, ки аз тарафаи мардум харида шуда буданд, фахмам.
-Окибати ин сахмияхо чи шуд?
-Тавре Шумо дар яке аз мусохибахоятон кайд намудед, айни хол дар вазорати молия сахмихои Сангтудаи дар дасти мардум буда, барои ташхис аз кайд гузашта истодаанд, агар чунин бошад дар ин сурати ба таври мушаххас бигуед ки ба ки бояд муроичиат кард?
-Оё Шумо ба таври дакик гуфта метавонед, ки дар хакикат хам маблагхои як замон ба ин иншоот гузоштаи мардум баргардонида мешавад?
2.Вобаста ба масъалаи схмияхои Рогун.
-Тавре маълум аст, идомаи сохтмони ин иншооти бузург бино бар сабаби омилхои субъективи ба мухлати номуаян ба таъхир расонида шуд, дар ин замина такдири маблагхои гузоштаи мардум чи мешавад?
-Айни хол ин маблагхо дар дасти кадом макомот карор доранд?
-Шумо гуфта метавонед, ки дар хакикат хам он экспетизае, ки Бонки Чахони мегузаронад, ба манфиати Точикистон мебошад?
-Агар Бонки Чахони низ ба думболи Узбакистону Русия шартхои на гузорад, вобаста ба баландии плотина дар ин сурат чи хохад шуд?
-Сахмияхои НБО Рогун бояд ба дигар давлатхо ва шахрвандони хоричи фурухта намешуданд, вобаста ба шароити имруз ба амаломада чи нуктаи назар вучуд дорад?
- Ба акидаи ман новобаста аз он ташхисе, ки Бонки Чахони мегузаронад, бояд Рогун сохта шавад ва он 100 фисад моликияти Хукумати Чумхурии Точикистон бошад,Шумо чи фикр доред?
- Агар махфи набошад Шумо чанд сомониба ба сахмия харидори намудед?
3.Вобаста ба масъалаи Рохи Душанбе Чанак ва ширкати IRS
-Шумо гуфта метавонед, ки хангоме, ки ин ширкат дар тендери ба рох мондани механизми толлинги вобаста ба ин рох голиб омад, аз руи кадом меъерхои бартари дошта пазируфта шуд?
-Тавре вактхои баъзе макомотхои давлати дар расонахои хабари иттилоъ доданд, шуруъ аз 1 май ин ширкат гайриконуни фаъолият мебарад, ва бо бахонаи ошкор накардани сирри тичорати ба Агентии зиддиинхисори хисоботи молияви пешниход наменамояд. Дар ин сурат шумо чи фикр доред?
4.Вобаст ба масъалаи баланд бардоштани музди мехнати ахоли.
- Дар Точикистон кай ба ахоли музди маоши муносиб дода мешавад? Оё дар шароити имруз шахсан Шумо метавонед бо маоши 400 сомони оилаи худро таъмин намоед? Агар не, пас чаро Шумо дар ин замина ягон кори мушаххса ба анчом намерасонед? Зеро вокеият чунин аст, ки бо ин маблаг хатта ба хизматрасонии комунали, барк, об, ва дигар пардохти хатмие ки шахрвандон барои хизматрасони месупоранд намерасад?
5. Оё Шумо дар хакикат хам худро Вазири муваффак мехисобед?
Каблан сипосзорам.
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:28
Савол: Оё Шумо худро Вазири муваффақ меҳисобед?

Ҷавоб: Ба фаъолияти кории ман ҳамчун вазир ва аъзои Ҳукумат Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳо медиҳанд.
Ман тамоми донишу малака ва таҷрибаи кориамро баҳри амалӣ намудани сиёсати Ҷаноби Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ,пешрафт ва рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ равона менамоям.

Савол: Вобаста ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнатӣ аҳолӣ. Дар Тоҷикистон кай ба аҳолӣ музди маоши муносиб дода мешавад? Оё дар шароити имрўз шахсан Шумо метавонед бо маоши 400 сомонӣ оилаи худро таъмин намоед? Агар не, пас чаро Шумо дар ин замина ягон кори мушаххас ба анҷом намерасонед? Зеро воқеъият чуни наст, ки бо ин маблағ ҳатто ба хизматрасонии комуналӣ, барқ, об ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки шаҳрвандон барои хизматрасонӣ месупоранд намерасад?

Ҷавоб: Яке аз вазифаҳои муҳимтарине, ки дар назди Вазорати молия гузошта шудааст ва оиди он Президенти кишварамон доимо таъкид менамоянд, ин беҳтар намудани вазъи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Дар ин робита баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақаву стипендия ва кўмакпулиҳо дар мадди аввал гузошта шудааст. Дар панҷ соли охир аз рўи имкониятҳои буҷети давлатӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ то чор баробар зиёд гардидааст. Агар дар соли 2005 музди меҳнати ин категорияи аҳолӣ 70- 80 сомонӣ бошад, соли 2010 ин рақам ба ҳисоби миёна 300 - 350 сомониро ташкил медиҳад. Албатта ин маблағ ҳоло ҳам ҷавобгўи талабот намебошад. Ин пеш аз ҳама ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, таъмин намудани ҷойхои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи молиявии ҷумҳурӣ вобаста мебошад.
Дар соли 2009 новобаста аз таъсири бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва коҳиш ёфтани буҷети давлатӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна 30 % зиёд карда шуд ва ин иқдом дар соли 2010 ва солҳои минбаъда давом дода мешавад.
Агар соли 2010 хароҷоти умумии фонди музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба 4,5 % -и ММД баробар бошад мо тасмим гирифтаем, ки то соли 2015 инро ба 8-9% -и ММД, яъне ду баробар зиёд намоем. Ҳамаи ин ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва беҳтар гардидани вазъи молиявии кишвар вобаста буда, он аз ҳар як узви ҷомеъа масъулияти баландро талаб менамояд.

Ном: беном аз: тч
12.05.2010 10:24
1 чаноби вазир кай шумо истеъфо медихед ?
2 шумо бо чанд маблаг сахмияхои НОБ рогунро харидед?
3 агар махфи набошад музди маоши шумо чи кадар аст ?
4 боре пора гирифтаед ё ба касе пора додаед?
5 ба фикри худатон шумо аз руи вичдон кор мекунед ва шумо дар назди вичдон хамчун инсони пок ва дасту дили пок мебошед ?
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:24
Савол: Ҷаноби вазир Шумо кай истеъфо медиҳед?
Ҷавоб: То вақте, ки Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ ба ман ҳамчун ба вазир эътимоду боварӣ доранд, ман ин вазифаи масъулиятнокро сидқан иҷро менамоям.

Савол: Шумо ба чанд маблағ саҳмияҳои НБО-и «Роғун»-ро харидаед?
Ҷавоб: Ману аҳли оилаам ва хешовандону наздиконам ба қадри имкон саҳмияҳои НБО-и «Роғун»-ро харидорӣ кардаем ва дар оянда низ ин иқдоми худро идома хоҳем дод.

Савол: Агар махфӣ набошад музди маоши Шумо чӣ қадар аст?
Ҷавоб: Чун дигар вазирон - аъзоёни Ҳукумат моҳонаи ман 1800 сомонӣ мебошад.

Савол: Боре пора гирифтаед? Ё ба касе пора додаед
Ҷавоб: Хушбахтона ман аз чунин амали ношоиста ва мамнўъ ориям ва бо дасту дил ва виҷдони пок кору фаъолият мекунам

Ном: banda аз: khoki
12.05.2010 10:48
salomu alaikum
- Vaziri muhtaram! khub bud agar megufted:daromadi solonai davlat chand somoni ast, kharji soliyona ham??
bo siposu khushboshed
Дар посух

Ном: Сафаралӣ Наҷмиддинов
22.05.2010 14:29
Ҷавоб: Вазъияити иқтисодии ҳар як давлат аз рўи афзоиши ММД баҳо доа мешавад. Дар соли 2009 новобоста аз таъсири бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши воқеъии ММД 3,4%-ро ташкил дода, ҳаҷми он ба 20,7 млрд. сомонӣ баробар гардид. Дар 4 моҳи соли ҷорӣ бошад, ин нишондиҳанда 7,2 % ё
5,9 млрд. сомониро ташкил дод,ки ин аз рушди иқтисодиёт шаҳодат медиҳад. Буҷети давлатӣ ин дар доираи як қисми ММД ташаккул меёбад.
Дар соли ҷорӣ ҳаҷми буҷети давлатӣ 6 536 799 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти он бошад 6 781 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки манбаҳои ташаккул ва самтҳои хароҷоти он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 » пура инъикос гардидааст ва он дар воситаҳои ахбори омма чоп карда шудааст.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил