Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Гуфтугӯи онлайн бо Гулрухсор

21.04.2010

Гулрухсор Сафиева, шоираи машҳури муосири тоҷик, дар сӯҳбати он-лайни торнамои Радиои Озодӣ, ки рӯзи 30-уми апрел аз соати 15:00 то 17:00 ба вақти Душанбе доир шуд, ба суолҳои хонандагон посух дод.

Гулрухсор факултаи филологии Донишгоҳи миллиро дар Душанбе хатм карда, дар баробари корҳои эҷодӣ рӯзноманигорӣ низ кардааст. Ҷавонтарин (22-сола) узви Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ ва вакили мардумии порлумони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Шеърҳои ӯ ба англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, чехӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Соли гузашта як романашро бо номи «Сакарот» ба чоп расонид. Достони «Озарахш»-ашро ба Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ бахшидааст.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 7
Ном: Кова аз: Бадахшон
21.04.2010 12:11
Хонуми бенихоят гироми, Гулрухсор, салом бар шумо!
Бенихоят нигаронам, аз накзи хукукхои зан дар Точикистон.Факат чанд мисоле кофист, ки инхоянд:
Хохарону Заноне, кии мехоханд тахсили хуб ва оли бигиранд, аммо хичобпушанд.
Духтароне, ки дар рустохо зист доранд ва баъди хатми тахсили мактаби миена бо вучуди адами озодии интихоби ояндаашон,фавран ва бесавод ба шавхар дода мешаванд.
Оё мо метавонем насли бофаросату босаводро бисозем, замоне, ки хохарону модарони бесавод дошта бошем???
Шумо, хамчун яке аз бузургтарин занони вакт ва торихи Точик чи рохи начотеро аз ин бунбасти ичтимоъии ЗАНИ ТОЧИК мебинед?
Саломатии бардавом, умри неку пок ва муваффакиятхои беназирро дар чодаи пешаи волоятон, бароятон орзу дорам!
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
30.04.2010 20:07
Аз тамоми хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ барои ирсоли суолҳояшон ташаккур мекунам. Ба бародари азиз Кова ташаккур мегӯям, ки ҷавонмардӣ кардаанд ва на масоили худ, балки масъалаҳои занонро пеш оварданд. Ва ман мехоҳам бигӯям, ки аз бародарам Кова дида ман бештар аз ин масъала нигарон ҳастам. Чунки ҷамъияте, ки ба зан арҷ намегузорад, занро азиз намедорад ва барои бори души занро сабук кардан кӯшиш намекунад, он ҷамъият оянда надорад. Дар бадтарин ва сахттарин рӯзҳое, ки даврони ҷанги бародаркушӣ, ки ба сари миллати мо омад, аввал ба сари занону духтарон рехт. Шавҳаронашонро куштанд, бародаронашонро куштанд, кӯдаконашонро куштанд, хонаҳояшонро хароб карданд. Ва ин зан тавонист, ки аз ҳамин як даҳшат сар боло кунад, боз хона обод кунад, ошиқ шавад, фарзанд ба дунё биёрад. Аммо ҳамаи ин дар маҷмӯъ як сухани шоирона аст. Агар ба сари зиндагӣ баргардем, вазъе, ки зани тоҷик дорад, хеле вахим ва ташвишовар аст. Намешавад, ки зан ҳам кор кунад, ҳам бача тарбия кунад, ҳам хонадор бошад, ҳам зани хуб бошад. Ин борҳо ҳамааш дар гардани зани тоҷик аст. Ва он чи ки аз тарафи ҷомеа ва ҳукумат ҳамчун ваъда ба зан дода мешавад, кофӣ нест. Имрӯз ҳам барномаи ҷиддие барои рушду нумуъ барои беҳсозии вазъи занон бояд рӯи кор биёяд ва ин барнома аз тамоми барномаҳои ҳукуматӣ ҷудо бошад ва дар он пеш аз ҳама бояд, ки ҷиҳати иқтисод, моддӣ ва фарҳангии занон ба назар гирифта шавад.

Ном: Jom аз: Душанбе
21.04.2010 13:50
Хонум Гулрухсор.Салом.Оё шумо тахаввули фикриву андешавиро дар хаёти худ эхсос мекунеду кабул доред? Чанд даха пеш шумо ба унвони як шоири бо рисолату бо дарду суз кад алам кардед.Вале дар охири кор омадеду мисле ки хомуш шудед.Аслан чаро вучудатон камтар эхсос мешавад? Ин ба он бармегардад, ки шумо дигар он Гулрухсори ормонгарои бо рухия нестед?
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
30.04.2010 20:25
Албатта ман таҳаввули фикриву андешаро дар ҳаёти худ ва ҳаёти ҷомеа қабул дорам, чунки лаҳзае, ки аз сари мо мегузарад, лаҳзаи мо нест. Ҳар лаҳза ва ҳар рӯзе, ки аз зиндагии мо мегузарад, он як тикка умри моро бо худ канда мебарад ва мо дигар инсони дирӯза нестем. Он ормонҳое ва ватансозиҳое, ки мо дар солҳои 80-ум доштем, онҳо чизҳои содда набуданд. Ҳатто ҳамин саволе, ки шумо додед, аз ҳамон ормонҳои мо сар мезанад. Мо як вақте қиёми фарҳангӣ кардем, қиёми миллӣ кардем, қиёми инсонӣ кардем, ки то ба имрӯз омада расидем. Як вақте банда ҳам гуфта будам, ки "яке бояд бигиряд, ки дигаре бихандад". Метавонам бигӯям, ки он чи ки мо бунёдашро гузоштем, он бинои истиқлол, он бинои миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ имрӯз хушбахтона имрӯз қад мекашад. Албатта сохта нашудааст, вале қад мекашад. Ин биноро шумо месозед. Мегӯед, ки чаро хомушам, ман хомуш нестам. Албатта ман дигар дар синну соли шумо нестам, дигар аз кӯчаву хиёбон, аз минбарҳо орзуву ормонҳоямро ҷамъ кардаам ва ба хона овардаам, ба сари мизи корӣ овардаам. Дигар минбарҳоро барои онҳое вогузор кардем, ки руҳи миллиашон, иқтидори миллиашон хеле қавӣ аст. Ман ҳамон Гулрухсори пешина ҳастам ва албатта бо як синну соли дигар, ки аз он шуру қиёмҳои сари минбарҳо ин тарафтар аст. Як зарра на эҳсоси миллӣ ва на эҳсоси ватанпарварӣ ва на эҳсоси ишқам ба ватан ва ба шумо дигар нашудааст.

Ном: Мадина аз: Душанбе
21.04.2010 13:52
Салом ба хонум Гулрхсор.
Ман мухлиси шумо, мухлиси шеърхои бехамтоятн, мухлиси сухбатхои ширинатон .
Суоли ман чунин аст:
1. Чаро вактхои охир мо Гулрухсоро дар телевизион кам мебинем?
2. Чанд фарзанд доред ва онхо дар кадом сохахо фаъолият доранд?
3. Ман шуморо ба туи арусиям даъват кунам кабул мекунед?
4. Китоби охиринатонро кадом сол аз нашр баровардаед?
5. Намоз мехонед?
6. Шуморо аз кучо пайдо кардан мумкин?
7. Зиндагии имрузаи занхои точикро чи гуна бахо медихед?
Барои шумо хама хушихои зиндагиро орзу дорам.
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
30.04.2010 20:37
1. Барои он маро дар телевизион кам мебинед, ки ман майлу хоҳиши худнамоиву дар телевизион баромад карданро аз аввал ҳам надоштам. Барои чи ман тавассути телевизион ва радио сухан намегӯям, як латифаест, ки як писарак то ҳаштсолагиаш сухан намегуфт ва ҳама гумон мекарданд, ки лол аст. Вале вақте сӯхтор рух дод, ӯ фиғон баланд кард. Аз ӯ пурсиданд, ки чаро пештар сухан намегуфтӣ? Ҷавоб дод, ки то ин вақт ягон гапи кироӣ набуд. Ман ҳам агар ягон ҷиддии сазовори гуфтан бошад, ҳатман дар телевизиону радио онро мегӯям. Дар айни ҳол фикрамро метавонам бо қаламу гӯям.
2. Ман як писар дорам бо номи Азиз. Ӯ наққош аст ва се фарзанд дорад. Дар баробари кораш дар ин 15 -16 соли ахир наққошиву ороиши ҳамаи китобҳои ман аз ин ҷо то Маскавро анҷом додааст.
3. Ҳатман қабул мекунам ва бахт мехоҳам барои шумо.
4. Дирӯз китоби банда бо номи "Танҳотар аз танҳоӣ" аз Эрон расид, ки як моҳ пеш чоп шуда буд.
5. Чунин суолҳоро беҳтар аст ба касе надиҳед. Чунки намоз муқаддас ва мисли ишқ аст. Дар бораи намозгузории як нафар сӯҳбат кардан дуруст нест. Намоз муноҷот бо Худо аст ва он муноҷоте, ки ман бо ХУдо мекунам, намехоҳам, ки каси дигаре бошад.
6. Маро аз Тоҷикистон пайдо кардан мумкин, аз Маскав пайдо кардан мумкин. Аслан аз Иттиҳоди нависандагон метавонед пайдо кунед.
7. Ба ин суол ҷавоб додам. Илова мекунам, ки зиндагии зани тоҷик таҳрир мехоҳад ва зани тоҷик сазовори зиндагие, ки имрӯз дорад, нест.

Ном: Shohin аз: Moscow
21.04.2010 14:45
Сипоси бепоён аз номи Бунёди "Точикистон" (Гавхар Джураева), ки китобхои худро барои таксим кардан миёни мухочирони точик дарег надоштед. Саломат бошед
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
30.04.2010 20:53
Ташаккур аз шумо, Шоҳинҷон. Ташаккур аз Гавҳари азиз, ки дар Маскав як бунёде бо номи "Тоҷикистон" ташкил кардааст ва ба муҳоҷирони корӣ кумак мекунад. Вай дар фиристодани тобути мардикорон, ки мутаассифона шумори онҳо зиёд мешавад, модарона ва хоҳарона иштирок мекунад. Ман мехостам, ки аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ба Гавҳар, ба Шоҳин ва ба ҳамаи дӯстоне, ки беғаразона барои миллату ватан хизмат мекунанд, ташаккур бигӯям.

Ном: Fors аз: Dushanbe
21.04.2010 14:48
Cалом ва ташакури зиед ба Озоди ва хонуми ширинсухан Гулрусор, барои ташкили чунин як фазои озоди гуфтугу!
Саволхо чунинанд:
1. Вазъияти ичтимои ва хусусан фарҳангии Тоҷикистонро чи гуна арзеби мекунед ?
2. Ое Шуморо суханҳо ва навиштаҷотҳо оиди он, ки мо вориси як тамадуни бузург ( яъне вориси тамадуни Форс ва созандаи ин тамадун хаста накардааст). Чун ки ба ман гоҳе ба сарам фикр меояд, ки чи тавр имруз мо созандагон ва ворисони ин тамадуни бузург, дур ва безор аз илму фарҳанг шудаем, дар сурати ки даъвои як тамадуни бузург мекунем ? Аз давраи шурави ва то имруз мо Тоҷикон чи саҳме ба ин тамадуни бузург намудаем, ки Шумо бо боварии том гуфта метавонед, ки бад аз 100 е 200 сол як ашъори Тоҷики е ин ки дигар чизе дар вирди забони... ақалан форсизабонон мемонад ???? ва ин як саҳми мо ба ин тамадуни бузург мешавад.?
3. Муносибат ва назари Шумо ба Узбакистон ва милати узбак чи гуна аст? биеср одамоне ҳастанд ки мегуянд " гар чи Эрониҳо ва Авгонҳо бо мо ҳамзабонанд вале Узбакҳо ба мо наздиктаранд ва азизтаранд" Шумо хуб медонед, ки таомҳо ва ананаҳои мо аз назари фарҳанги низ бисер наздиканд ва имруз оилаҳои узбакию тоҷики аз олаҳои эронию тоҷики е ин ки авгонию тоҷики бисеранд ва қобили қабул низ ҳастанд.( ин саволро ба он хотир додам ки имруз нофаҳмиҳо ва душмани миени ин ду миллати бо ҳам дуст ба вуҷуд омада истодааст).
4.Ҳамчун як шоири ширисухан ва олимартаба, Гулрухсор бо кадом эҷодиети нави худ мажғул мебошад ?
Дар охир ба Шумо тани сиҳат ва дили беғамро тамано менамоям. Зиндаю ҷовид бошед шоираи ширинсухан ва дар фикри оянда бошед, зеро насли оянда ҳатман шеърҳо ва гуфтаниҳои Шуморо мехонад ва меомузад ва баҳои худро низ ба таърихи имруза медиҳад!!! вале афсус, ки мо нестем дигар ))
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
30.04.2010 20:59
1. Ман фикр мекунам, ки баъди он чи ки аз сари мо гузашт, ҳар рӯзу ҳар лаҳзаи оромро мо бояд бо шукрона истиқбол бигирем. Аммо дар маҷмӯъ бояд бигӯем, ки мо дар қарни 21 зиндагӣ мекунем ва фарҳангу вазъи иҷтимоии мо бояд пешравии чашмрас дошта бошад. Ман дар якчанд сӯҳбат гуфта будам, ки дар майдон ташкил кардани рақсу бозӣ ин ҳануз фарҳанг нест ва ду китоби пурхаторо чоп кардан ҳануз маориф нест, ё ки якчанд конфронс гузарондан ин илм нест. Барои он, ки ба сари ин масоил мо ҷиддӣ баргардем, ин масъалаҳо низ як барномаи ҷиддӣ мехоҳад. Ёдам меояд солҳое, ки аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Мирзо Турсунзода, Малика Собирова, Аҳмад Бобоқулов, Тӯҳфа Фозилова ва дигарон ҳама сари кор буданд дар соҳаҳои худашон. Фарҳанги мо, маърифати мо, фарҳанги сиёсии мо дар авҷ буд ва аз Аврупо ҳеҷ монданӣ надошт. Мутаассифона, ин вазъиятро ман имрӯз дар Тоҷикистон намебинам.
2. Хаста кардааст. Ман дар масъалаи тамаддуни пешин мегӯям, ки сангҳо аз тамаддуни мо қадимтаранд, аммо хомушанд. Аммо онҳо ҳам дар коре нафъ меоранд, дар бунёди манзиле истифода мешаванд. Мегӯянд, "гирди номи падар чи мегардӣ, падари хеш бош агар мардӣ". Вақте мо ба осмон нигоҳ мекунем ва мегӯем, ки вориси як тамаддуни бузургем, вале вақте сар поён мекунем, дар таги поямон даҳ ҷо нос туф кардаанд. Чаро барои тамаддун як шоир, як олим ва ё як рӯзноманигор фикр кунад? Бояд тамаддуни мо тамаддуни миллӣ бошад ва барои ин тамаддун тамоми миллат сарсупурда кӯшиш кунад.
3. Беҳтарин ва хубтарин ҳамсояи мо ҳамеша миллати узбек буд ва ҳаст. Ман бисёр дӯст медорам ин миллатро. Дар хонаи ҳар кадоми мо як аруси узбек дорем ва дар хонаи ҳар як узбек арус ё домоди тоҷик ҳаст. Ман фикр мекунам, ки ҳатто ин савол бояд дар миён набошад. Чунки мегӯянд, ки ҳамсоя ба ҳақи Худо баробар аст. Он нофаҳмиҳое, ки дар сиёсат мешаваду дар давлатдорӣ мешавад, ба миллат дахл надорад. Миллати узбек ва қирғизу қазоқҳо ҳамеша дӯстони миллати мо буданд ва ҳамеша дар ғаму шодии мо шарик буданд. Барои ман ғамгинкунанда аст, ки аз соли 1991, ки ба ҷашни 80-солагии Шароф Рашидов даъват шуда будам, то имрӯз ман Узбекистон нарафтаам. Як шоиру нависандаи Узбекистон ҳам ба Тоҷикистон наомадааст. Инро бояд ислоҳ кард. Мо ташнаи дидори ҳамдигарем.
4. Алъон ман ва як гурӯҳ дӯстони ман дар ҷамъугир кардани куллиёти банда машғулем, ки 22 ҷилдро дар бар мегирад. Аз шумо ва аз дигар бародарону хоҳарон хоҳиш мекунам, ки агар акси моро ва ё аксеро бо мо дошта бошанд, ба мо ҳадя кунанд ва дар ҷамъоварии ин куллиёт саҳм гузоранд.

Ном: SALAM аз: Bod kuh
21.04.2010 15:19
Bo arzi salom va kamoli ehtirom, mexostam az Shumo Khonum Gulrukhsor purson saham, ki kay dar barobari she"ri "intikomi zan", "intikomi mardro" ejod menamoed? Fikri Shumo oidi chophoi kitobi ziedi sitoishiishii Buri Karimov?
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
01.05.2010 10:18
1. Ман шеъри "Интиқоми мард"-ро наметавонам эҷод кунам. "Интиқоми зан"-ро эҷод кардам, чунки зан ҳастам. "Интиқоми мард"-ро худи мардҳо эҷод кунанд ва ба ман бубахшанд. Ин бародар шеърерро дар назар дорад, ки чунин мисраъҳо дорад: "Меравам аз ошёни мармаринат, Аввалинат, охиринат, беҳтаринат", "Меравам ҳамчун азизи бовафоят, Душманатро дӯст медорам ба ҷоят. Бисёри мардҳо ин шеърро аз ёд медонанд. Ҳатто дар Эрону Афғонистон ва дар Маскав онро бароям хонданд. Яъне хеле таъсир гузоштааст. Ва бисёр мехостам, ки як марде пайдо шавад, ки ба ин шеър ҷавоб бигӯяд.
2. Ман ягон китоби Бӯрӣ Каримовро нахондаам. Барои ҳамин чизе намедонам.

Ном: Умед аз: Душанбе
21.04.2010 17:13
салом бону Гулрухсор.
мехостам назари Шуморо дар мавриду суду зиёни НБО Рогун бифахмам !
ва дувумин Шумо аз сахмияхои Рогун харидори намудаед? агар ха ба кадом маблаг?
каблан сипосгузорам.
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
01.05.2010 10:26
Дар бораи суду зиёни Роғун ман фақам ҳаминро мегӯям, ки мо ба нерӯгоҳҳои барқӣ хеле ниёз дорем ва Парвардигор барои мо чунон рӯдхонаҳое ҳадя кардааст, ки сохтани нерӯгоҳҳо дар ин рӯдхонаҳо дар қиёс ба дигар ҷойҳо мушкиле надорад. Дар бораи Роғун ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки нерӯгоҳи Роғун бояд ҳатман ва ҳатман сохта шавад. Ман ҳеҷ вақт зидди сохтани Роғун набудам. Ман дар чандин мусоҳибаҳо гуфта будам, ки ҳар касе мегӯяд, ки ман намехостам Роғун сохта шавад, исбот кунад, ки ман ин суханонро кай гуфтаам. Ман омодаам чунин шахсонро ба додгоҳ кашам ва дар муҳокимаи рӯирост ширкат кунам.
Очеркҳои аввалини Роғӯнро бо номи "Салом Роғун" ман навиштаам. Аз ман хушбахттар барои сохтани Роғӯн каси дигар набуд. Ва ҳамаи коргарони Роғун, ки то имрӯз 30 сол аст, ки кор мекунанд ва кори Роғӯн як дақиқа ҳам намондааст ва дар давраи ҷанг ҳам идома дошт, онҳо медонанд. Соли гузашта худи онҳо даъват карда буданд, ки ҳайати нависандагон бе Гулрухсор наояд.
Одаме, ки ақлаш солим бошад, метавонад бовар кунад, ки як шоир, як зан метавонад, ки кори як истгоҳи бузурги барқиро манъ кунад.
Чунин нофаҳмиҳо дар мавриди Роғун чанд сабаб дорад. Аввал ин ки тӯҳмат ҳамеша мисли касалии сармохурдагӣ аст, зуд паҳн мешавад ва ба ҳама мегузарад. Ин тӯҳмати маҳз буд. Ҳеҷ кадоме аз мо нияте надоштем, ки Роуғнро насозанд. Роғун яке аз пайкараҳои намунаи барҷастаи аблаҳии баландсозии сохтмонҳои даврони Шӯравӣ буд, ки тарроҳони он барои он ҷоизаи ленинӣ мегирифтанд, ки пули он хеле калон буд. Он мансабҳои бисёр баландро ваъда мекард. Ва Роғун дар ҷаҳон сохтмони аз ҳама баландтарин аст.
Фикри мо, як гурӯҳи зиёиён, дар он вақт ин буд, ки барои сохтани ин нерӯгоҳи азим ягон чиз дар маҳалли сохтмон омӯхта нашуда буд, на табиат, на муҳити зист, на наботот, на гул, на гиёҳ. Ва вақте мардумро дар он вақт муҳоҷир мекарданд, на пули хонаашонро медоданд, на пули чорвояшонро. Бояд ки пули ҳар дарахти онҳоро медоданд. Мо тарафдори он будем, ки муҳоҷирон бо ҷову хонаву дару шароити хуб таъмин карда шаванд, хешутабор ба як маҳал кӯчонида шаванд, манфиати ин мардум ба назар гирфита шавад. Мардум ба мо муроҷиат мекард. Мо ҳамчун шоиру нависанда, рӯзноманигору олим чи арзише медоштем, агар хомуш менишастем, вақте мардуми муҳоҷир мегуфт, ки ба ман пул надоданд, маро аз фарзандам чудо мекунанд, маро ба ҷои гарме мебаранд ва мемирам. Ва мо ҳамаи ин масъалаҳоро дар маҷмӯъ ҷамъ кардем ва гуфтем, ки нерӯгоҳ сохта шавад, мо ба ҳам карданд, розӣ аҳм шуданд. Вале баъд ҳукумати Шӯравӣ аз байн рафт. Чунин истгоҳҳои барқӣ дар дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ якчанд то аст. Онҳо ба харобазор табдил ёфтанд. Аммо хушбахтона кори истгоҳи Роғуни қатъ нашуд. Мехоҳам бигӯям, ки ман ҳамеша тарафдори сохтани Роғун будам. Ва имрӯз ҳам мегӯям, ки Роғун ҳатман сохта мешавад, аммо ҳамчун ифтихори миллӣ бояд ба воситаи Бонки миллӣ сохта шавад.
Дар мавриди суоли дуввум, ман саҳмия нахаридаам. Шавҳарам барои ман саҳмия ҳадя кард.

Ном: Kulobi аз: Moscow
21.04.2010 19:29
САЛЛОМ ВА ДУРУДИ БЕПОЁН БА ХОНУМ ГУЛРУХСОРБОНУ
1 Хонум Гулрухсорбону як чиз маро хеле дар таачуб овардааст мехохам нигохи шуморо чун як зани равшанфикр бифахмам. Чаро имруз модари точик Хофиз, Саъди, Сайидо, Умари Хайём, Беруни, Чоми, Зебуниссо ва дигаронро ба дунё намеорад магар фарк байни модари имрузи точик ва модари пешини точик дар чист? Мо вакте ин суолхоро аз ахли уламои динн пурсон мешудем онхо бар мо 1 чавоб медоданд ки кобили кабул хам буд . Мегуфтанд модари пешини точикро муи сар ва тани барахнаашро шахси бегона намедид ин аст сабаби асоси. Ва Шумо ба ин фикр рози астед?Агар не фикри Шумо дар чист ? Агар ба ин фикр рози бошед мехохед либоси модари имрузаи точик ба мисли либоси модарони бузургони мо бошанд?
2 Чаро хонум Гулрухсорбонуро дар ягон вазифаи баланди давлати намебинем ?Ё ин ки Гулрухсорбону кобилияти пешбурдани вазифахои баландро надорад ё худи У намехохад? ё ин ки мо чавонони дур аз ВАТАН намедонем шояд У дар ягон мартабаи баланди давлати бошад
Илтмос чавоби пурра. Ва дар охир ба шумо бурдборихоро тамано дорем БО ЭХТИРОМ ЯКЕ АЗ МУХЛИСОНИ ШЕЪРХОИ ШУМО КУЛОБИБАЧА АЗ МОСКАВ
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
01.05.2010 11:12
1. Аввал ин, ки агар шумо қарни ба дунё омадани Фирдавсиву Ҳофизу Сахдиву Синоро бубинед, байни онҳо садсолаҳо фарқ аст. Ва бузургворро танҳо модар намезояд, балки миллат ба дунё меорад. Дуввум,ин ин мавзӯъро ба либоси модарони тоҷик вобаста кардан мантиқӣ нест. Инсонро парвардигор меофарад. Падару модар танҳо воситае барои ба дунё омадани инсон ҳастанд. Мегӯянд, ки як инсонро дар тӯли сад сол месозанд. Дар мавриди бузургон, агар диққат карда бошед, дар гардишҳои бисёр ҷиддӣ ва худсозии миллатҳо бузургон ба дунё меоянд. Баъди устод Рӯдакӣ чанд сол гузашт ва ҳаким Фирдавсӣ ба дунё омад ва таърихи ҳафтҳазорсолаи Ориёноро дар "Шоҳнома"-аш ҷамъбаст кард. Сино барои табобати дарду ғами ҷамъшудаи мардум омад. Вақте дар бораи бузургон сӯҳбат мекунем, мо онҳоро набояд ба либосу, як зану як асру як миллат вобаста надонем.
2. Аз соли 1992 маро на ягон кас ба ягон вазифае даъват кардааст ва напурсидаанд ва намепурсанд, ки чи хел зиндагӣ мекуни. Ман вазифа ҳам гирифтанӣ нестам ва вақти дар вазифа кор карданро ҳам надорам. Ман вақти худро барои эҷод сарф мекунам. Аммо вақте мебинам, ки баъзеҳо аслан ба ҷоҳу корашон сазовор нестанд, дилам барои ватан месӯзад.
Бунёди фарҳанг, ки то он замон дар он фаъолият доштем, бо иваз шудани раёсати он, китобхонаи бебаҳояш ва дастхатҳои он парешон шуд, маҷаллаи "Фарҳанг", ки бо пули Горбачеву Рижков дар ду сол миллатро тарбия кард, мавқеашро аз даст дод.

Ном: Мухсинчон аз: Кулоб
21.04.2010 19:38
Салом хонум Гулрухсор аввал бахшиш мепурсам ки Шуморо ташвиш медихам. Агар Шумо Раисчумхур мебудед НБО-и рогунро аз пули халки камбизоати точик месохтед ки 100%/90% аз харидани сахмия безори мечунд ё аз дигар давлатхо мадад мепурсидед ё ин ки аз бючети давлат? илтимос чавоб зарур аст чавоби хакк. Харчанд хакикат талх аст
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
01.05.2010 11:35
Азбаски истгоҳи барқии Роғун истгоҳи миллӣ аст, бояд онро Бонки миллӣ бисозад.

Ном: Sinojoni Tojik аз: Dushanbei Azizamon
21.04.2010 22:29
Salom ba shoirai Muhtaram Gulruxsor az shumo chand sawoldoram
1. Shumo hamika waxte ki dar Watan hasted kadom waxt dar borai xati FORSI kadom kore anjomdodaed eo xair?
2. Oeo shumo mexohed, ki mo ba xati FORSI xudamon bargardem agar ne charo?
3. Xudi shumo xati FORSIRO xonda wa nawishta metawonede?
4. Hamchun pisari xurdi shumo az shumo xohish mekunam ki dar borai xati FORSI korhoi nekero anjom dihed ki nasli ojandai mo tawoni xondan wa nawishtani sati FORSIRO doshtaboshand,
5. Dar borai pushidani libosi Duxtaroi Tojik chi guftaniho dored oeo in tarzi Libos pushi mo Tojikost duxtaroi imruzzai Tojik kurtahoshon az nof bolo to tai kashshon ezoroshon az zonu bolo sarhoiashon luch 100xel rangi digaram kardagi koshoshon hama tatuzadagi dar binihoiashonam nigina zadagi oeo hamin ba Rasmu Rivoju Farhangu Tamaduni mo Tojikon rost meoiad eo ki shumoham guftanied ki in asri 21ast eo mamlakati mo Demokrati ast chi jawob dored?
6. Dar borai duxtarhi satr push charo agar Duxtarho satr pushboshand dar donishgoho ijozai doxil shudanro nadorand wa agar sar luchu tanai ba rahnaboshand dar harjoi bologuzarrand?
7. Dar borai Duxtaroi hozirai Tojikiston charo ruz to ruz nufuzi duxtaroi Tojk ke ki ba xorijiho izdivoj mekunad zieod shuda istodast farke nadorad, ki Musalmo boshad eo ham zabon boshad duxtaroi hozirai mo ba Xitoihoe ki roh soz mekunan ba uno izdivoj kardestan beduni Ironiu Afgoni, Afgonihoi Tojikam ne hamun Afgonhoi Pashtun ki uno dushmani Zabonu Farhangi milati Tojik astan charo?
8. Duxtaroi hozirai Tojikisotn hama oburui Tojikhora burdan Ham Afgoniho omada dar Tojikisont (video clip) mekunand navori videoi mesozan hamrohi Duxtaroi Tojik ke ki sari luchu tanai ba Rahna ast charo sababi in dar chist wa shumo chi guftani dored baroi in Duxtarho inro boiad Dawlat chora bini kunad eo xudi shumo az tariki Rodio wa eo Telvision boiad ba in nasli jawon rasoned bari man shaxsan biser sharm owaru alam owar ast chun ki man xudam dusthoi Afgoni zieod doram waxte ki uno in gapora nakl mekunand maram nangam mebio wale hejkore az dastam bar namebio?

Sipos guzoram az shumo ki waxti xudaton dar in baxsh istifoda karded dar panohi xudoi buzurgu mehrabon boshed wa hamesha sarbalandu muwafak boshed dar hama koruboraton.

Bo ehtirom
Sinojoni Tojik
Дар посух

Ном: Гулрухсор аз: Душанбе
01.05.2010 11:36
Бунёди фарҳанге, ки аз байн бурданд, ки он вақт як бунёди ҷамъиятӣ буд, мо курсҳои омӯзиши хатти форсиро ташкил ва ҳафт ҳазор нафарро форсихон кардем.
Ман хатти форсиро аз курси якум дар Донишгоҳи миллӣ ба таври худомӯз омӯхтаам ва ҳамаи розу асрорамро ба хатти форсӣ менависам ва хеле хуб ҳам мехонам.
Ба назари ман бояд ҳатман хатти форсӣ аз синфи як дар мактабҳо омӯзонида шавад, чунки адабиёти бузурги гузаштаи мо танҳо бо ин хат аст ва он барои мо дастрас мешавад. Дар Тоҷикистон бояд ҳам хатти форсӣ ва ҳам хатти сиррилик дар маориф дар паҳлӯи ҳам ҷорӣ шавад. Чунки мо ҳардуи он ниёз дорем.
Дар мавриди либоси миллии тоҷикӣ, ҳар давру замон либоси худашро дорад, урфу одатҳои худашро дорад, вақту соатҳои худашро дорад. Ва духтарони мо имрӯз либоси давру замони худро мепӯшанд. Ман намедонам, ки либоси миллии тоҷикие, ки шумо мегуед, чист? Пас чаро шумо мукиву чоруқу яктаҳ нампӯшеду салла намебандед? Аксари духтарони мо, ки ҳоло либосҳои шишагии аз Чин овардаро, ки барои пардаи дару тиреза истеҳсол мешаванд, мепӯшанд. Бо вуҷуди он, ки бисёр гаронанд, тез медарранд ва барои занон ва насли онҳо зарар доранд. Чунин либосҳои сунъӣ дар гармиҳои Тоҷикистон одамкушанд. Агар либоси миллӣ гуфта атласро дар назар дошта бошед, он аслан номаш шоҳӣ аст. Онро дар замони пеш занони шоҳону вазирон пӯшида менишастанд ва хизматгоронашон кор мекарданд. Зани тоҷик аз кучо имкон дорад, ки ҳам куртаи шоҳӣ пӯшаду ҳам рафта кӯчарӯбӣ кунаду ҳам бачаашро тарбия кунад. Аммо агар касе бо шиками лучу бозувони луч мегардад, ман ҳам онро қабул надорам. Ва марде, ки худашро эҳтиром мекунад, бояд кораш ба либоспӯшии зану духтарони бегона набошад.
Духтарони сатрпӯш ҳам дар мо зиёд нестанд. Ман фикр мекунам, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳамранги ҷамоат бошем. Намоишкорона стар пӯшидан ҳам дуруст нест.
Дар мавриди издивоҷи духтарони бо хориҷиҳо, аввал ин ки баъзеи духтарон мехоҳанд ҷои зисташонро дигар кунанд, зиндагиашонро дигар кунанд, аз муҳити буғранҷ берун раванд. Дигар ин ки ҷавониву ишқ миллату мазҳаб надорад. Ҳамчунин фақр онҳоро ба ин кор водор мекунад.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 7

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил