Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Суоли Шумо ба Маликшо Неъматов

05.03.2010

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба суолҳои тақрибан 70 хонандаи торнамои Озодӣ посух дод.

Ҷаноби Неъматов бештар аз ду соли ахир сарварии ин Кумитаро бар дӯш дошта, ҳамзамон, раиси Иттиҳоди ҷавонон, раҳбари Федеросюни таэквондо (WTF)-и кишвар ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ низ мебошад.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
Ном: Ёкуб Салимов аз: Зиндон
05.03.2010 17:57
Салом чаноби Маликшо Неъматов! Номе ки худро бо он муаррифи кардаам рамзи буда, худам аслан як чавон хастам. Ва суоламро низ дар сатхи фахмишу дарки аксари чавонон мехохам матрах кунам. Каблан аз Шумо бисёр хохиш дорам, ки посухро самимона ва мушаххас бидихед. Аз интихоб шудани Рустами Эмомали ба симати муовинии Шумо наздик ба як сол сипари мешавад, оё масъулияти худро дар ин муддат хади акал 0,01% шинохтааст (намегуем ичро кардааст)? Агар ха, пас чаро боре хам уро дар ичрои умури худ надидаем? Ва ё чаро боре хам дар нишастхои матбуоти бо Шумо ширкат намекунад? Ё ширкати муовинро дар чаласахо зарурат намепиндоред? Оё замоне нарасидааст, ки аз насабсолори ба шоистасолори бигзарем? Ва дар мачмуъ агар Рустами Эмомали имруз вакил шудааст ба замми ин боз як мансаби давлатии дигар дорад, замоне нарасидааст, ки аз макоми муовинии Шумо барканор шавад? Чояшро нафаре бигирад, ки вокеан аз ухдаи умуроти худ ба хуби мебарояд...
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:16
Ассалому алейкум хамватанони азиз мехмонони сомонаи озоди, сараввал ба созмондихандагони ин сухбат изхори миннатдории худро барои ин имконияти мусоид расонида, хамагонро ба фарорасии наврузи хучастапай табрик мегуям. Аз Худованди мутаол хохиши онро дорам, ки дар ин бахор тухми пошидаи дехконро сабз намояду дастурхони мардумамонро пур аз гандум ва мову шуморо ба наврузи дигар бирасонад, омин.

Баъдан миннатдори ба хамватанони дохилу хорич барои таваччух ба ману сохахое ки ман сарпарастиашро ба ухда дорам. Аксарияти саволхо дилсузонаанд ва саволдихандагон аз руи диди худ нисбати ин сохахо пурсиш кардаанд. Ман омодаам ба саволхои ирсолгардида чавоб гуям. Танхо чанд нуктае хаст, ки онхоро мехохам иброз дорам.

Чавонони азизи даврони сохибистиклолии ватани азизу ягона Точикистон, мову шумо насле хастем, ки баъди хазор соли бедавлати ва бесарвари Худованд бузург дар даврони зиндагиамон ин неъматхои бебахоро ба мо муяссар гардонид. Сарзаминамонро аз нобуди рахо бахшид ва такдири сарнавишти ояндаи миллатамонро ба дасти худамон дод. Нафареро сари ин миллат овард, ки саропо ва хастиашро нангу номуси милли ва гурури ватанпарасти фаро гирифта, дар вучудаш тамоми орзуву омоли хазорсолаи ин миллати куханбунёд чой гирифтааст ва бо сиёсати созандаю бунёдкоронааш имруз бо дастони мову шумо хамон орзухои падарону бобоёнамонро амали менамояд.

Хамагон хуб медонем, ки давлатдори кори осон ва як рузу ду руз нест. Вале мухим онаст, ки ин давлатро худи фарзандони ватан бо дастони худ ва фарзандонаю содикона месозанд. Президенти Чумхуриии Точикистон Љаноби Оли аз рузхои аввали сарвариаш такя ба мову шумо чавонон менамояд ва ин хама корхои созандаги барои фардои имрузиён ва фардоиён аст. Хамаи давлатхои дунёро насле пойдевор гузоштааст. Мову Шумо ана хамон насле хастем, ки дар такдирамон бунёди давлати навин вогузор гардидааст. Пас агар мо намехохем ин имконияти таърихиро аз даст дихем. Биёед сиёхи ва бухсу кина ва гаразхоро аз дил барорем ва хар касе дар чойи худ аз руи имконоти мавчуда кори некеро анчом дихем. Ватанро бо мехру садокат ва нангу номус бо ватанпарастиву гурури баланди милли метавон сохт. Бале мо хама ба зиндагии шоиста ва рузгори хуш хукук дорем вале касе ин зиндагиро бояд шоиста намояд, агар мову шумо не пас ки? Имруз чанд масъулияте бар души ман аст, биёед бо хам ин масъулиятро бар душ гирем. Тули хазор сол ягон бегона барои мову шумо чизе накард ва намекунад ва инро насли мову шумо хуб медонад. Боз мунтазир шавем, ки мекунад. Чунин имкониятро Худованд ба хар як миллату давлат як бор медихад, биёед чавонони азиз дар гафлат намонем.Биёед бахри фардои дурахшони ин сарзамин ва марзу бум камари химмат бубандем. Чи тавре ки шоир фармуда: Хамон коре ки поёнаш намебинам ватандорист.
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 17:50
.Дусти арчманд, намедонам чи тавр ба шумо мурочиат намоям, чунки аз руи одоб хангоми мурочиат ному насабро мегуянд, то одоби муошират риоя гардад. Холо ки чавонед агар дер нашуда бошад, омузед. Ва хайрон мешавам, ки дар вучуди чавонатон ин кадар гаразро барои чи рох додаед, хол он ки дар чавони мебояд омухт ва кори фоидабахшеро анчом дод. Ба оянда бо уммеди нек бояд нигарист ва барои амали накшахо агар нек бошанд боаклона талош варзид. Рустам Эмомали як чавони точике хаст, ки дар баробари аксари хамсолонаш тахсил кардааст, имруз низ барои такмили ихтисосаш чахду талош меварзад, чахонбинии васеъ дорад. Дар замоне ба воя расидааст, ки падари арчмандаш Чаноби Оли Эмомали Рахмон, миллатро аз вартаи парешонию дармондаги рахо бахшида ба Точикистони азиз сулху вахдат ва зиндагии осоишта фарохам овардааст. У шохиди хамаи он сухтанхо ва сохтанхост. Хангоми сафархои кории Чаноби Оли ба тамоми гушахои ватани азизамон Точикистон рафтааст ва аз ахволи мардум хуб огох аст ва хамчун фарзанди бонангу номус нисбати имрузу фардои ин миллату ин сарзамин бетавофут нест. Фаъолияти У дар Иттифоки чавонони Точикистон кори чамъияти мебошад ва дар як муддати кутох бо кумаку мусоидати Рустами Эмомали аллакай корхои муаяне анчом дода шуданд. Рустами Эмомали аввали корашро бо аёдати иштирокчиёни чанги бузурги ватани шуруъ карда, бо чалби сарпарастон ба 50 оилаи ветеранхо маводхои гизои кумак бурда расонид. Махз бо пешниходи у баъди сафараш ба шахри Москва чихати созмон додани бахшхои Иттифоки чавонони Точикистон дар назди чамъиятхои точикон дар шахру вилоятхои Россия чорахо андешида шуда истодааст. Имрузхо талош барои чалби сарпарастон барои дастгирии варзишгарон ва рушди варзиш дорад. Алалхусус дар хайати гурухи кори оид ба тахияи барномаи рушди футболи бачагона, ки имрузхо тахия гардида истодааст, фаъолона иштирок дорад. Дар барномаи пешазинтихоботиаш бандхои асоси ба масоили мубрами имрузи чавонон ва талош дар халли онхо равона гардидаанд. Дар тахия ва кабули барномаи зиддибухронии хукумат «200 рузи ислохот» фаъолона ширкат варзида, барои дар сатхи баланд баргузор гардидани вохурии Президенти мамлакат бо сохибкорони ватани ва хамзамон халли мушкилоти сохибкории хурду миёна имрузхо талош меварзад. Хамзамон бояд кайд кард, ки дар Иттифоки чавонон самтхои фаъолият густурдаанд, агар шавки кори чамъияти дори барои пешбурди сиёсати чавонон коре кардани хасти биё бо мо хамкори кун.

Ном: Khurshed Kalandarov аз: Dushanbe
06.03.2010 06:20
Салом Маликшо Неъматов!

Man dar T.Telecom hamchun yak tekhnolog kor mekunam, va sahar az khona berun meshavam va begoh ba khona barmegardam, va maosham kam ast, mekhoham yagon kore digar kunam hamzamon, ammo vaktam namerasad, sakht monda meshavam az hamin yak kor.

1) Savolam in ast ki, shumo 5 vazifa dored va har yake az onho khele mas'uliyatnokand, vakti shumo chikhel ba hamai in vazifaho merasad?

2) Molikiyati khudro oshkoro haminjo khohish mekunam binavised, chand khona dored, chand moshin dored, chi molikiyati khususi dored va az kadom sol sohibi chunin molikiyat shudaed?

3) Vazifahoe ki dored az chi sabab bar dush giriftaed, baroi maosh, baroi vazifa yo yagon nafare digar nabud behtar az shumo?

4) Pesh az soli 1992 shumo chi vazifa doshted va dar kujo tahsil kardaed?

5) Baroi behtar kardani sharoiti Turism dar Tojikiston dar daruni kishvar chi korho kardaed?

6) Baroi chi Safedorakro obod namekuned ki mardum lischaroni ravand, va charo dar yagon istirohatgoh tualeti bo kanalizatsiya nest? Az koghazi safedi tualet namepursem. Akkalan obi toza nest baroi tahorat.

Khayr savolho ziyodandu haminash holo bas.

Tashakkur ba tavajjuhi shumo
Bo ehtirom Khurshed Kalandarov
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:19
Дустам Хуршед, чи тавре ки аз номи вазифахо маълум аст, хамаи онхо ба якдигар тавъаманд ва багайр аз вазифаи Раиси Кумитаи чавонон варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки маош мегирам, дигар хама чамъиятиянд. Ва хушбахтона имкон даст медихад, ки аз ухдаи онхо бароям ва корхоямро бо шавку шуре дар вучудам хаст анчом медихам. Натичахо низ назаррасанд.Як мисоли одди Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон хамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпии Точикистон мебошанд ва бо мусоидату дастгирии он кас дар як соли охир дар варзиши касбии мамлакат пешравихои назаррас ба даст омаданд ва ман дар ин раванд ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпи хастам ва харду аз ин сохтори чамъияти маош намегирем. Ва бо ба хам овардани имкониятхои молиявии харакати олимпи, имкониятхои молиявии бучети сохтори варзишии давлати ва хамзамон чалби сарпарастон натичахои варзиши дахчанд афзудаанд ва соли 2009 барои иштирок дар мусобикахои байналмилали бори аввал наздики 700 варзишгару мурабби фиристода шуд, ки бо 280 медал баргаштанд ва аз чумла 4 нафар унвони Чемпиони чахонро ба даст оварданд.

2) Хонаам аз даврони донишчуиам аст,ки тагои сохибкорам тухфа намуда буд. Мошин хам доштам фурухтам ва эхтичоти рузгорамро махкам кардам ва соли сеюм мешавад, ки аз мошини хизмати истифода мебарам. Имруз фарзандонам, ду писару як духтар, ки калон шудаанд, эхтиёчот барои фарохам овардани шароити хубтар пеш омадааст. Ва карзи падари хам хамин аст, ки зиндагии хуберо барои фарзандон аз руи имконот фарохам оварем. Ва худо кунад, ки имконот даст дихаду хар як хизматчии давлати шароити хуби зиндаги дошта бошад, то ки танхо гами миллату давлатро хурда, содикона ва хотири чамъ фаъолият намояд. Кашокию камбагали кахрамони нест.

3) Дар боло кайд кардам, ки танхо аз як вазифа маош мегирам. Ва хар як кореро бояд нафаре анчом дихад. Имруз ин вазифахо бар души ман вогузор гардидаанд ва ин хама баъди аз мутахасиси пешбар то ба вазифаи ёвари Президенти Чумхурии Точикистон расидан ва аз мактаби бузурги сиёсии Сарвари давлатамон гузаштан насибам гардидааст. То чое имкон дорам ва бовар мекунанд, барои пешбурди ин сохахо садокатмандона ва фарзандона ба халку диёрам хидмат менамоям.

4) Ман дар соли 1992 баъд аз хизмати харби, ки бо ихтиёри худам рафта будам, дар курси 4-и факултаи шаркшиносии он замон Университети давлатии Точикистон тахсил мекардам ва дастпарвари сиёсати замони сохибистиклолиии ватани азизамон хастам ва ба кадри ин неъмати бебахо мерасам, ки амалисозандаи хамаи орзую ниятхои фарзандони миллати точик мебошад.

5) Бунёдкорихои давлату Хукумати кишварамон ба рушди сохаи туризм мусоидат карда истодааст ва ин сохаи омехта ба хамаи сохахои хаёти чомеаи мо мебошад. Танхо дар соли 2009 масъулини Кумита дар хамбастаги бо Вазорату идорахои дахлдори кишвар, алалхусус Вазорати корхои хоричии кишвар ба конунгузорихои сохаи туризм тагйироту иловахои зарури ворид намуда, санадхои меъёрию хукукии сохаро бо тамоми кишвархои пешрафтаи туристии чахон ракобатпазир намуд. Хамзамон хамаи монеахо аз кабили бакайдгирихои иловаги ва пардохтхои хатмии иловаги, ки сабаби кам ворид гардидани туристон мегардиданд, пурра бардошта шуданд. Имруз таваччухи асоси ба ташкили инфраструктура ва баланд бардоштани хизматрасони равона гардидааст.Чанд руз пеш аз намоишгохи байналмилалии туристии ITB- Берлин баргаштем ва бо иштироки 15 ширкатхои туристии ватани дар масохати 40 метри мураббаъ маводхои таблиготии захирахои бойи туристии Точикистонро ба маърази тамошои намояндагони 187 кишвари иштирокчи ва беш 200 хазор тамошобинони намоишгох гузоштем. Аз гушаи Точикистон Котиби генералии ташкилоти чахонии туристи чаноби Толиб Рифои дидан намуда, ба он бахои баланд дода бо нишони эътироф омодаги изхор намуд, ки аввали мохи май ба Точикистон сафари кори анчом медихад.

6) Мушкилоти молиявии чомеаро медонед ва барои ба стандартхои чахони чавобгуй намудани Сафедорак маблагхои калоне зарур меояд. Лоихаи инвеститсиони барои чалби сармоя ба ин самт тахия гардида дар корбарии Вазорати рушди иктисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати карор дорад. Вале аз руи имконот барои ба талабот чавобгуй будани холати имрузаи ин мавзеъ чорахо андешида мешавад.

Ном: Ъоми аз: Душанбе
06.03.2010 08:20
салом ба кормандони радиои озоди ва ба шумо Маликшо Неъматов.
1. Барои чи дар чумхурии мо ба кадри варзишгарон намерасанд сабаби асосиаш дар чист. ?
2. Барои чи вактеки варзишгарони моро ба ягон давлат бурдани шаванд то ин ки аз номи давлату миллати точик баромад кунанд аз онхо маблаге талаб мекунанд ки фалон кадар сум биёр мо туро ба Русия ё ба Эрон ё ба дигар кишвар мебарем, магар ин шармандаги нест ки бачои мо варзишгаронро дилгарм кунем баръакс онхоро дилашонро хунук мекунем.
3. Баромаде ки шумо кардед сабаби рафтани Бокиевро зиндагиаш танг аст гуфтед ин фикр мекунам ягон асос надора суханхо бисёр баромадаанд бади баромади шумо дар ин бора хохиш мекунам аз барои Худо як бор хаккро гуед ?
4. Барои чи дар беъзе чорабинихое ки мобайни чавонони точики худам мегузароненд бади чорабини голибонро бо тухфахои кимматнок табрик мекуненд аммо голиб бехабар аз он ки дар даруни он кутии калон баръакс чизи дигар монда шудааст то каи мо ба ин рох меравем агар шумо гуед ман беасос сухан мегум асоснок мекунам гуфтахоямро чун ки чандин рафикони худам ин ходисаро аз сарашон гузарондаанд. (хамкурсам дар як чорабини 1-ум чо гирифт ба ваи Магнитфони кимат ба гуфти гапои кучаги тухфа кардаанд амо вакте ки ба хона меравад дар дарунаш Баглшкоода об гирифта мондаанд магнитафонро гирфтаанд) ?
4 Барои чи дар чумхурии мо ин кадар холи варзишгарон нохуб аст онхоро ягон кас дастгири намекунд ман шахсан бисёр одамхоро мешиносам бисёр рафикони ман ба варзиш машгуланд агар хаминхоро дастгири кунанд фикр мекунам онхо дар оянда шояд ба Расул баробар шаванд шояд аз онхам гузаранд чун ки инхо холо чавон хастаанд, хозир ман номхояшонро гирам шояд шумо шиносенд ки ин кихо хастаад ?
5. баромади Пунтинро фикр мекунам тамошо кардед барои чи онхо ин кадар ба сохаи варзиш ахамияти чидди медиханд дар боша бошад касе дар фикру хаёлаш нест ки мо бояд варзишгаронро тарбият кунем, аксари варзишгархоеро ки медонам онхо худашон худашонро таъмин кардаистодаанд 1 сол 2 сол машк мекунанд ахир зиндаги мачбурашон мекунад мепартоянд ба ягон кор машгул мешаванд то каи ва ба кучо меравем мо бо ин рохамон ?
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:24
Варзишгарон фарзандони баруманди хар як кишвару миллатанд ва расидан ба кадри онхое, ки давлату миллатро муаррифи мекунанд ва обруи онро дар чахон мебардоранд, хам карз асту хам фарз. Бале имруз он кадаре ки дил мехохад, имконот даст намдихад, ки хавасмандии онхоро таъмин намоем, вале хамаруза ин имконот зиёд шуда истодааст ва инро худи варзишгарон хуб эхсос менамоянд. Хамаги ду се сол пеш ба мусобикахои байналмилали як ё ду нафар варзишгар фиристода мешуд ва аксаран танхо бе мурабби. Имруз чи тавре ки дар боло кайд кардам танхо дар як сол 700 нафар ва аксаран бо дастахои пурра, яъне бо мураббихояшон ва дар чандин навъхо доварон низ сафарбар мешаванд, ки маблагхои зиёдеро талаб мекунад. Имрузхо наздики 70 варзишгари сатхи баланд бо идрорпулихои Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи ва Кумитаи миллии олимпи таъмин карда мешавад. Хастанд федератсияхо ва клубхои варзиши ки худ бо даъвати федератсияхои кишвархои хоричи барои иштирок ва машкхои таълими ба ин ё он кишвар сафар менамоянд. Холатхое мешавад, ки бо чалби сарпарастон ва пешниходи имкононти падару модарон сафар менамоянд. Кумитаи масъули соха бо дарназардошти имконот ва дар доираи таквими ягонаи чорабинихои варзиши амал менамояд ва ба чуз чалби имконоти молиявии сарпарастони расми аз нафаре чизе талаб наменамояд. Имрузхо тамоми чорахо дида шуда истодаанд, ки рушди сохаи варзиш таъмин ва шароити машки варзишгарон хубтару бехтар гардад. Имруз сарпарастии Кумитаи миллии олимпии Точикистонро ширкати «Талко» бар ухда гирифт ва имконият пайдо гардид, ки аввалин шартномаи касби бо варзишгари касби Расул Бокиев баста шавад ва чунин шартномахо дар сатхи баланди касби бо 20 варзишгари дигари точик баста мешавад. Ин хама бо дастгирии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон имконпазир гардида истодааст. Хамзамон чандин ширкатхои ватани ва бонкхои тичорати ба хамкори даъват шудаанд, ки мусоидати онхо барои дастгирии варзишгарон равона мегарданд.

Ном: Sarboz аз: Kurganteppa
06.03.2010 09:42
Ба фаъолиятии хуби Шумо дар сохаатон икрорам. Мансабдоре миёни мннсабдорони дигар хастед, ки хеле босаводона ва бо мантик харф мезанед. Як савол дорам; Чаро ду чавон (сини 22-23) Рустами Эмомали ва Орзуи Хамид, ки харду аз чониби шумо ва бахши Шумо ба вакили пешниход шуда буд, яке голиб ва дигаре маглуб гашт. Чи асроре дар миён буд?
Каблан барои посух сипосгузорам
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:25
Сир дар бовариии мардуми интихобкунанда мебошад, ки баъди вохури бо Рустами Эмомали ва ошнои бо барномаи пешазинтихоботии у барояш райъ доданд.

Ном: Nemat аз: USA
06.03.2010 10:05
Salom rafik Nematov! Savoli man chunin ast: Sababi tarki Tojikiston kardani Rasul Bokiev dar chist? Charo dar sohai turizm ahamiyati jiddi namedihed? Dar baze maktabho tolorhoi varzishi vayronu alangorand va charo Shumo oidi in parvoe nadored? Hohish tanho az rui Holiki yakto javobhoi rost gued!!! Tashakkur!!!
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:25
Дусти азиз Неъмат Расул фарзанди Точикистон аст ва у то бозихои Лондон аз номи кишвараш баромад мекунад. Толорхои варзишии мактабхо моли вазорати маорифанд ва солхои охир бо пайдо гардидани имконият аксаран тармиму таъмир гардида истодаанд.

Ном: Пахлавон аз: USA
06.03.2010 11:45
Салом, Маликшо Неъматов!Ман яке аз варзишгарони чавони точик хастам,ки холи хозир хорич аз кишварзиндаги ва тамрин мекунам. шумо маро бахуби мешиносед, хеч як дасгири аз тарфи шумо ман вадигар варзишгарон кариб,ки надидаанд.
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:26
Пахлавон агар маро шиноси медони ки дари ман хамеша ба руи варзишгарон боз аст, мушкилоте дори мурочиат намо.

Ном: нур аз: душанбе
06.03.2010 15:15
Саволхои Ёкубда чавоб бтен,кофист
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:27
Чавоб гуфтам..

Ном: туфаланг аз: шахри Лугур
06.03.2010 17:13
Мухтарам Маликшо мешавад бигуед,ки бучети Кумитаи Шумо дар як сол чанд аст.Чавонон,варзиш ва саёхиро бо сухан пешбурданд хеле мушкил аст.Ба назари банда бояд,ки бучаи аз хама бузургтар аз Шумо бошад.Чи гуфтед.
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:31
Аз руи имконоти бучети мамлакат барномахои сохахои Кумита маблаггузори мешаванд вале хеле басанда нест. Ва умед ба фардои нек мебандем.

Ном: МУХАММАД аз: Душанбе
06.03.2010 18:26
Салом ба Маликшо НЕЪМАТОВ!
1.Вазири Маориф Абдучаббор РАХМОНОВ 2 сол мукаддам фармоне содир намуд, ки пушиши либоси милли ( зери ибораи либоси милли хамон либосхоест, ки имруз мо онро САТР мегуем) дар макотибхои оливу хамагони МАМНУЪ ЭЪЛОН шуд ва бисер донишчу духтароне, ки бо ЛИБОСХОИ МИЛЛИ ба Донишгох мерафтанд аз ДОНИШГОХ ХОРИЧ шудаанд ва хатто кор ба Додгох кашидани Вазирии Маориф Абдучаббор РАХМОНОВ расид вале муаласаф Додгох ба манфиати ВАЗИР хал кард! Чаро Райиси Кумитаи Чавонон, Варзиш ва Сайехи САДОЕ баланд накард холо он, ки яке аз ваколатхои ин ниход дифоъ аз ХУКУКХОИ ЧАВОНОН аст!?
2.Имрузхо бисере аз чавононе, ки Донишгоххоро хатм мекунанд чои кор пайдо карданашон гайри имкон аст Шумо боре мактубе ба унвонии ПРЕЗИДЕНТ ирсол намудаед, то он ПИРОНСОЛОНе, ки дар курсии вазири, райиси, сафири ва вакили нишастаанд чойгузини ЧАВОНОН намоянд? Холо он, ки дар чомеаи МУТАМАДДИН сини ах хама баланди масъулони сатхи болои аз 40 сола то 48 сола аммо дар Точикистон рохбарони сатхи болои аз 58 то 69 мебошанд магар АЙБ нест?
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:31
1) Вазири маорифи Точикистон дар доираи конунхои амалкунандаи мамлакат фармон содир менамояд ва ичрои онхо дар муассисахои таълими хатми мебошад.
Аслан ман чонибдори сару либоси милли хастам ва сиратро мепарастам. Зидди хамагуна таклидкори ва суратпарасти хастам. Зани точикро бисёр бо симо ва сурати точиконааш, ки факат либоси милли метавонад, бозгуяш бошад бубинам ва аз аклу фарханг ва хаёи хоси точиконааш ифтихор намоям.

2) Бо дарназардошти он ки аксарияти ахолии мамлакатро чавонон ташкил менамоянд, онхо имрузхо дар тамоми чабхахои хаёти чомеа фаъолона ширкат меварзанд. Ва онхо дар хама сатххои давлатдори фаъолият доранд ва дар хама тагйиротхои хукумати мо инро мебинем. Вале барои дар сатхи баланд масъулиятро бар душ гирифтан, дар баробари мутахассиси хуб будан сатхи баланди сиёси ва тачрибаи кофи доштан зарурат дорад ва имрузхо барои тарбияи чунин кадрхо барномахои хукумати амали мешаванд ва бовари дорам, ки натичаи онхо дар мухлатхои наздик самара ба бор меоранд.

Ном: Насриддинов З.З. аз: Маскав ФР
06.03.2010 19:10
Салом, ба радиои Озодй ва мехмони бархатбуда- огои Неъматов Маликшо.
Ман корманди Донишкадаи кухи - металлургии Точикистон мебошам ва хамчунин аз паи кори илмй дар Маскав тахсил дорам. Кори илмиамро ба омузиши пурраи лаъли Бадахшон бахшидаам барои пешрафти кор ихтисоси нави сангшиносиро омухта истодаам, барои кори илмии мо чавонон ягон барномаи кумакй хаст ё на ва Шумо метавонед барои кори илмиям ичозатнома ба Конхои Лаълдори Помир ташкил намоед(шароити сару кори бо лаълхои бадахшон- манзурам аст), пешакй сипос гузорам. Имейл барои тамос: samoan@mail.ru Мунтазири чавоби хатти Шумо, бо эхтиром унвончу Насриддинов З.З.
Дар посух

Ном: Маликшо Неъматов
17.03.2010 16:32
Мухтарам Насриддинов З.З. Махз ба Шумо барин чавонон ва мутахассисон такя карда, Сарвари давлатамон Бадахшонро дар оянда дарвозаи тиллоии Точикистон хонданд. Ман ба масъулини Кумита дастур медихам, ки бо Шумо дар тамос шаванд ва дархосту пешниходи Шуморо барраси намоянд.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил