Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Саволи Шумо ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

08.02.2010

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба аксари кулли суолҳои хонандагони Озодӣ, ки то анҷоми сӯҳбати он-лайн ворид шуданд, посух дод.

Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, яке аз собиқ раҳбарони Иттиҳоди мухолифон ва ҳайати музокиракунандаи сулҳи тоҷикон, собиқ қозикалони кишвар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дар солҳои 1998-2005 ноиби сарвазири Тоҷикистон буд, бо вуҷуди он ки солҳои охир аз ширкати мустақим дар сиёсат худдорӣ мекунад, дар робита ба ин ё он рӯйдод пайваста номи ӯ сари забонҳо меафтад. Тарафдоронаш ӯро аз афроди арзанда ва саршиноси кишвар мешуморанд ва хостори бозгашташ ба сиёсати бузурганд, мухолифонаш ӯро дар қатори бисёре аз сиёсатмадорон дар бурузи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гунаҳкор медонанд. Аммо ҳарду тараф низ чандин пешниҳоди Тӯраҷонзодаро дар масъалаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва динию ахлоқӣ пуштибонӣ кардаанд.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 22
Ном: Tutiboi аз: Bulbulovich
08.02.2010 18:07
Salom ba Shumo Hoji Akbar Turajonzoda! Man mekhostam ki tanho ba yak suol posukh yobam!
Shumo dar ayni hol ba kadom kor mashgul hasted va nomzadii khudro ba vakili peshnihod kardaed!
salomatu bardamu muvvafaq boshed!
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 15:57
Ба номи Худованди Бахшандаву Мехрубон ва дуруд ба Паёмбари бузургворамон! Бо салому эхтиром ба хамаи шунавандагони мухтарами родиёи «Озоди» ва хусусан ба бародарон ва хохароне, ки вакти худро дарег надошта ба мо саволхои худро фиристоданд. Дар панохи Худо солиму хурсанд бошед.


Чавоб № 1: Аз соли 2005 то имруз бо фармони Президенти мухтарами кишвар узви катории Мачлиси Миллии ЧТ мебошам. Номзадии худро дар интихоботи Мачлиси Намояндагони 2010 пешбари накардаам.

Ном: Akbarali Qurbonov аз: Ukaraina
08.02.2010 18:14
Salum ogojun!
kheli va kheli mamnunam,hastam az rizigii Shumi,ki dar in suhbati mustaqime bo mo Shakhsoni az Vatan dur va ba qavle musofir posukhhpe khudro sdareg nameshumored! Ba rosti khele va khelo khursandu masrur gashtam az didani chunin suhbati mufassal!
Sababgori tamomi on badbakhtie,ki dar TOjikiston shuda guzasht dar chist??
salomat boshed!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 15:58
Чавоби №2: Бародар Акбарали Курбонов, бадбахтихои Точикистон дар солхои чанги шахрванди чандин сабабхо доранд ва дар ин бора маколаву китобхои зиёде бо дидгоххои гуногун нашр шудааст. Ин сухбат имкони фаро гирифтани хамаи ин чавонибхоро надорад. Аммо агар мухтасар гуем, ман бовар дорам, ки ин чанг аз берун аз тарафи кишвархои муайяне тахрези шуда, болои миллати мо тахмил шуд. Ба хотири саркуб кардани ормонхои милли ва исломии ин миллат. Албатта, хукумати номенклатураи коммунисти аз баргузории интихоботи нави парлумони дар тирамохи соли 1999 дар харос афтода буд, бо сиёх ва тухмат кардани харакати миллию исломии Точикистон дар назди доирахои муайяни кишвархои Руссия ва Узбакистон аз онхо пуштибонии моддию низоми гирифта чангро дар Точикистон шуруъ кард. Ба фикри манн, сабаби асосиаш хамин ду омил аст.

Ном: Шодруз
08.02.2010 18:17
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух.
Шумо яке аз бузургоне хастед, ки хизмататон барои пешравии дини Ислом дар Осиёи миёна хеле бузург аст. Чазокаллоху хайран касиро.

Вакто ки ман хурдсол будам, дар Точикистон чанги шахрванди мерафт. Яке аз гунахкорони асосиаш, узр, Шуморо мешумориданд. Дар майдонхо истеъфои "Кенчаев" ва дар дигаре истеъфои "Кози"-ро мехостанд. Ва аввалин хуни рехташуда (Муродуллох) аз тири думболгирони онвактаи Шумо буданд, афсус, ки ин ба хукми таърих даромад...
1. Чаро Шумо, ки хаминкадар бузург хастед, гузоштед то думболгиронатон сохибсилох шаванд ва бар зидди точик оташ кушоянд.
Ба Шумо (яъне оппозитсиун) он вактхо кадом давлат бештар ва чигуна ёри мерасонд (манзурам Амрико ё Ирон ва ё Русиё ё Узб). Хангоми ярокбадасткунии нерухои мухолифинчи?.
3. Ва аз хама саволи асоси, ки маро то имруз азоб медихад:
Чаро дар дигар давлатхои Шурави хукуматро бе хунрези иваз карданду дар Точикистон инкадар куштору дахшат?
4. Истифода бурдани мучо... (барои мучохид гуфтан забон намегардад) аниктараш наёмникхои арабу афгон дар куштори нангиги точик дуруст буд? Албатта онхо бар зидди узбаку урус дар Точикистон чангиданд вале охир чикадар точиконро куштанду дарбадар карданд...
Барои густохиам узр.
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 15:59
Чавоби №3: Бародар Шодруз! Ба як кисмати саволи Шумо болотар чавоб додам. Хуни Муродуллохи шахидро на чонибдорони мо, балки силохбадастони «Горди милли», ки гайри конуни аз афроди дар майдони «Озоди» чамъшуда дар худуди 400 нафар ташкил карда буданд, дар дохили бинои Мачлиси Оли рехтанд. Дар он шабу руз ягон нафар чонибдорони мо наметавонистанд ба Шурои Оли, ки дар назди майдони «Озоди» буд, наздик шаванд. Бинобар ин, хеч имкон надошт, ки чонибдорони мо ин чинояти мудхишро анчом диханд. Хусусан, худорахматии Муродулло бо мо хеч душмание надошт. Ман хам мисли Шумо ба котилони Муродулло лаънати Худо бод мегуям!

Савол додед, ки чаро чонибдоронамон сохибсилох шуданд… Бародари азиз, ман ба касе ичозат надодаам ва касе аз ман ичозат напурсидааст. Вакто ки чанг дар вилояти Кургонтеппа тобистони соли 1992 бо сардории Лангариев ва дигархо шуруъ шуд, мардум мачбур шуданд барои дифоъ аз худ силох пайдо кунанд. Баъзехо аз кисмхои харбии Русия хариданд, баъзеи дигар шояд аз Афгонистон харида оварданд, зеро он солхо убури марзхо хеле осон буд. Ба хар холл, чанги чонибдорони мо чанги дифо аз чону молу номусашон буд. Чонибдорони мо на ба Турсунзодаву Хисор ва на ба Кулобу ва ё чои дигар хучум накарда буданд. Онхо буданд, ки болои мо хучум карданд, насибашон рафтагихо бо азобхои дахшатнок шахид шуданд, як кисмати зиндахо мачбур шуданд, ки ба Афгонистону Туркманистон ва Казокистону Русия хичрат кунанд. Ба хотири он, ки фочиаи солхои 20-уми асри 20 такрор нашавад, то ки як умр беватан дар хорич намонем, мо мачбур шудем, ки силох ба даст гирем ва мубориза барем. Ва муборизаи мо барои кудрат набуд. Мутаасифона, дар ин дунё касе, ки нерӯ надошта бошад, агар сад фоиз хак хам бошад, бо у сухбат намекунанд. Агар ба хотир дошта бошед, то аввали соли 1994 касе бо мо хохиши сухбат кардан надошт. Факат баъд аз он, ки кишвархои зиёде миёнарав шуданд ва хукумат хам каноат пайдо кард, ки бо рохи зури масъала халли худро намеёбад, рози шуд, ки ба музокирот шинад. Худоро шукр, баъди чор соли музокирот ва мутаассифона, баъди курбонихои зиёд муваффак шудем, ки созишномаи сулхро имзо намоем. Ба хар хол, Худоро хазор бор шукр мегуем, ки чанги точикон мисли кишвархои дигар 20 солу 30 сол давом накард.

Хамчуноне, ки Фронти халки ва хукуматро Русияву Узбакистон бо силоху мухиммот таъмин мекарданд, табиист, ки моро низ баъзе кишвархои исломи ва созмонхои исломи кумак мекарданд.

Кисми саввуми саволи Шумо низ маро то имруз азоб медихад. Шояд содагии халки моро истифода бурданд, шояд вобаставу мухточи онхо будем…

Кисми чоруми саволи Шумо дар бораи мучохидони арабу афгон дар сафи нерухои опозитсион. Бародари гироми! Дар чониби хукумат тибки маълумотхое, ки баъдан ошкор шуд илова ба пуштибонии бевоситаи дивизияи 201 Русия ва хавопаймохои чангию танкхои Узбекистон 460 нафар афисерхои разведкаи харбии Росия хануз тобистони соли 1992 дар вилояти Кулобу Кургонтеппа ба фронти халки хамсангар буданд. Яъне, аз ин тараф хазорхо нафар намояндахои Русияву Узбекистон дар чанг бар зидди мо иштирок карданд. Мутаассифона, касе инро то имруз махкум намекунад, вале як чанд нафар бародархои араб, ки факат дар хучуми дидбонгохи марзии №12-и Русия якчо бо мучохидони мо иштирок доштанд, то имруз ин амалро ба мо таън мезананд. Ба хотирам хаст, дар музокироти Покистон Раиси хайати хукумат чаноби Достиев иштироки бародарони арабро бар мо таъна зада буд. Ман дар чавоб гуфтам, ки чаро Шумо иштироки афисерхои рус ва хавопаймохои Узбекистон, ки минтакахои моро бомбаборон намуда ва садхо точикро бегунох ба шаходат расониданд, конуни мехисобеду аммо иштироки чанд бародари арабро, ки факат дар соли 1993 бо мо хамкори карда буданд, таъна мезанед. Магар русхову узбекхо бо Шумо амакбача буданд, ки хаки кумак кардани Шуморо дошта будаанду…. ?!

Бародари азиз! Аз ин чанги бародаркуши мо безор хастем, хамеша дуо мекунам, ки дигар ин миллати мо гирифтори чунин фочиа нагардад ва барои ин хар чи аз дастам ояд анчом медихам. Локин, бисёр хуб мешуд, ки ходисахои чанги шахрванди бисёр мунсифона бо иштироки шохидхои ду тараф бо истифодаи далелхову хуччатхо аз сар навишта шавад. Зеро то имруз, агарчи хамаги 18 сол пеш ин вокеахо шуруъ шуданд, шохидхои зиёде зиндаву хаёт хастанд аз сабаби таблиготи яктарафаи матбуот, хусусан, телевизион кисмати зиёди мардум опозитсионро гунахкори чанги шахрванди медонанд. Умедворам рузе хакикат ошкор мешавад.

Ном: Abubakr аз: MALAYSIA
08.02.2010 18:24
salam ba hamai karmandani radiyoi ozodi voqean zahmat mikashan baroi mardum to mardum az hamachi ogoh boshand...Va salam khidmati oqoi Hoji Akbar Turajonzoda.suoli man iz ishan inast ki Chara bad az salhai jang eshon az siyosati mustaqim dast kashidan alonam ki uzvi majlisi milli TOJIKISTON hastan oyo eshon da majlis chi sahm dorad oyo metavonad baroi mardum khidmat kunad
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:03
Чавоби № 4: Дах мох баъд аз имзои созишномаи сулх бо исрори дустону бародарон дар хукумат ба хайси муовини аввали Сарвазир хафт сол хидмат кардам, аз феврали 1998 то марти 2005. Аз мохи марти 2005 то имруз узви Мачлиси Милли хастам. Хамчуноне, ки маълум аст, аз сиёсат даст накашидаам. То имруз ман хамеша андешахои худро ба хайси нома ба рахбари кишвар ё хамчун макола ё ба хайси китоб нашр намуда пешкаши мардум мегардонам. Аммо дар оянда вокеан дар чунин шароит рагбати сохиб шудан ба ягон мансаби давлатиро надорам. Ман хамеша дар хидмати мардум будам ва имруз хам ба кадри имкони худ дар хидмати мардум мебошам.

Ном: Dilshod аз: London
08.02.2010 19:03
salom!
Az nigohi Shumo hamchun rohbari mukholif dar zamoni jang Safarali Kenjaev haq bud ??
U az tarafi kadom guruh kushta shud ???
muvafaq boshed!
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:04
Чавоби № 5: Бародар Дилшод! аз нигохи мо рахматии Сафарали Кенчаев нохак буд. Зеро бо сардории он кас Фронти халки ташкил шуд ва бо хукумати Узбакистон алока баркарор карда, ёрдами низомии Узбекистонро дарёфт намуданд ва хазорон нафарро мусаллах намуданд. Аммо уро ки кушт? Ин масъаларо идорахои тафтишоти медонанд. Ман иттилои комил надорам.

Ном: HP аз: Душанбе
08.02.2010 19:07
Ассалому Алайкум устоди Азиз. Аввалан шуморо барои иштирок мувафакият аз даргохи илохи хохонам. 1. Чаро барои мусалмононе ки бе гунох ва бо чурми салафия ки тамоман пайрави ин равия набуданд холо суд шудаанду аммо шумо сухане нагуфтаед дар холе ки барои чамоатуттаблиг кушишхое бо Мухтарам Кабириву Химатзода кардаед. ?????? Худованд нигахбони шумо вассалом
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:05
Чавоби № 6: Бародари гироми! Ман аслан мухолифи он хастам, ки касеро барои акидааш, афкораш, чахонбиниаш, андешааш зиндони кунанд. Ва ба бародароне, ки бо чурми салафия зиндони шудаанд, афсус мехурам. Ман хатто гумон намекардам, ки Мулло Сирочиддин аз чумлаи салафихо хаст. Агарчи бо пайравони салафихо бахсхои зиёде доштем ва бо каноати шахсиям, кисми зиёди онхо аз доираи одоби исломи берун муомила мекарданд ва нисбат ба мазхабу пайравони мазхаби ханафи беэхтироми мекарданд ва нисбат ба шахсиятхои маъруфу машхури исломии кишвар бехурматию густохи мекарданд ва нисбат ба чашни мавлуду дуои баъди намоз ва гайра мухолифат доштанд, бо вучуди ин, ман мехостам, ки бо онхо аз тарики сухбат, муколама, нишастхои тулони кор гирифта шавад. Сабаби асосии нашри маколахои ман бар зидди онхо ба он хотир буд, ки баъзе вазоратхои кудратии кишвар эълон доштанд, ки салафихо ба амнияти кишвар ва вахдати миллат хатаре надоранд. Аз ин баёнихо ман каноат пайдо кардам, ки баъзе идорахои давлати аз ин доираи салафихо пуштибони ва рохнамои мекунанд. Аз ин ру, дар маколахои худ аз масъулин хохиш карда будам, ки пуштибонии онхо ва чанг андохтани онхо бар зидди уламохои машхури кишвар боиси чудои байни чомеа мешавад. Ман хатарро дар инчо медидам. Аз ин хотир садо баланд кардам. Агар баъзе мансабдорони кишварамон онхоро пуштибонию хаво намедоданд, онхо ин хел густохихоро намекарданд. Онхо дилпур буданд, ки доирахои муайян пуштибонашон хаст ва хамеша кумакашон мекунад. Аз ин хотир эшонхо ва уламохои машхури кишварро масхараву тахкир мекарданд ва пайравии мазхабро низ тахкир мекарданд. Ба хар хол аз худашон гузашт. Бо вучуди ин, ман намехохам, ки онхо зиндони бошанд.

Ном: Анвар аз: Москва
08.02.2010 19:11
Ассалому алейкум!
Ба фикри Шумо хукумати имрузаи Рахмонов аз хукумати Набиев бехтар аст? Чаро ягон сухани танкид аз Шумо нисбат хукумати имруза шунида намешавад?
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:07
Чавоб № 7: Бародар Анвар! Бале, хукумати имрузаи Эмомали Рахмон аз хукумати Набиев бехтар аст. Маколахои зиёди танкидии ман чоп шудааст, шояд Шумо аз онхо хабар надоред.

Ном: nurulo аз: chin sh.shanhay
08.02.2010 19:27
salom ba ustodi muhtaram hudovand nigoboni shumo va baadan savole ba shumo oe dar masalai one ki vaziri maorif hukme barovard bar zidi yke az hukmhoi alloh az tarafi hnit va shumo ygon chorae dided agar ha mehostam javobi hudro giram va nogufta namonad ki hello hushholam shudam az pushtibonii shumo oidi barodarone ki zindoni shudan.VA TAMOMI BARODARONE KI SUOL MEDIHAND GUFTANIAM BIEED HAMIN SAVOLHOI AZ DAVVRAI JANGRO NADIHEM BADGUMONI NISBATI YK BARODARI MUSULMON IN HUD GUNOH AST VA FAROMUSH NABOYD KARD KASE GUNAHKOR AST DAR RUZI KIEMAT SUDYI TAMOMI OLAMEN HUKMI URO MEBARORAD VA DUO KUNED HUDOVAND TAMOMI UMMATI RASURULLOHRO BO ROHI ROS HIDOYT FARMOYD .assalomu alaykum
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:07
Чавоб № 8: Бародари гироми Нурулло. Бо ташаккур аз дуохои некатон! Бале, банда ва рохбарони ХНИТ бар зидди карори вазорати маориф дар бораи хичоб мурочиати муштарак ба Президенти мамлакат навиштем ва хамчунин, маколахои зиёде дар ин бора дар хафтаномахо ба чоп расонидем, инчунин аз тарики родиёи «Озоди» ва «Би-Би-Си» низ баёнияхои худро эълон намудем.
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:10
Чавоб № 10: Бародари азиз Нуруллох! Аз он, ки имруз байни домуллохои Точикистон вахдат нест, ман низ ранч мебарам. Чанд сабабхое вучуд дорад, ки намегузорад ин вахдат эчод шавад. Ба фикри манн, барои эчоди вахдати уламо бояд як шурои уламои вокеъи ва раиси он аз чониби тамоми уламои машхури Точикистон бедахолати мансабдорони хукумати интихоб шавад. Факат ин шурои уламо метавонад дар оянда мавриди кабул ва эхтироми хама карор гирифта, тамоми уламои кишварро муттахид намояд. Дар гайри ин сурат эчоди вахдат байни уламо бисёр кори душвор аст. Саломат бошед!

Ном: Abulloh аз: Kulob
08.02.2010 19:29
Salom domulloi aziz va giromi!Mekhoham ba suolhoi banda javob dihed.Zamone,ki jangi shahrvandi shuru meshud banda az telvizion yak baromadi marhum Sayid Abdullohi Nuriro tamosho mekardam,on kas gufta budand,ki har tire,ki mo kholi mekunem rafta dar sinai Kulobiho mezanad.Oyod hamin sukhanro voqean on kas gufta budand yo on sukhanro bo ovozi marhum namoyandahoi KGB sokhtakori kardand?Oyo rost ast,ki Shumoro ham zahrolud karda budand?Oyo tasmim nadored az hijrati khesh yak khotirae navised?Muvadfaq boshed.
Дар посух

Ном: Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
19.02.2010 16:09
Чавоб № 9: Бародар Абдулло аз Кулоб! Ман аз устод Саид Абдулллохи Нури рахматуллох алайх чунин суханеро нашунидаам. Аз ин ру, чизе гуфта наметавонам.

Кисмати дигари саволатон, ки оё маро низ захролуд карда буданд?… Худо медонад. Ба хар хол аз соли 2003 инчониб саломатиам хуб нест. Хотироти худро навиштаам, албатта баъдтар вакташ рассад, Худо хохад, чопаш мекунем. Як кисмати хотироти худро дар китоби «Миёни обу оташ…» январи соли 1998 дар Техрон бо хатти крилли аз чоп баровардам.

Ном: nurulo аз: chin sh.shanhay
08.02.2010 19:42
assalomu alaykum ustodi muhtaram savole doram ba shumo va ba ogoi M,KABIRI.sav 1-um.oe mo jum tog hamchun rasmi mufti e kozi dorem. sav 2-um.oe tamomi domulloho nameshavad ki sari yk miz jam shavand va masalahoe ki mardum niez dorand hal karda shavad.chun ki az dahoni biser behabarho meshunavem ki meguynd, ki domulloho bayni hud soz namegirand .va dar ohir yk guftanie doram ba akidai man dar aini zamon ziede az mardumon dar payravii hodimoni dinand va hub meshud kihama hodimoni din jam shuda sar az yk girebon mebarovardan shahsan hudi man fikr mekunam ki avval hodimoni din dust va ykkagap nashavand va mardumro payravi hud nasozand bovar kuned mardum dilhunuk meshavad. UMED DORAM AZ DARGOHI ILOHI KI RASAD RUZE KI MO DASTAJAM SHAVEM VA YKDIGARRO DUST DOREM VA ITMINONI KOMIL DORAK KI BA SAVOLHOI HUD POSUH MEGIRAM HUDOVAND NIGGAHBONATO USTODI DALERU JASUR
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 22

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил