Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба вазири корҳои дохилӣ

18.01.2010

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров, ба суолҳои сершумори хонандагон посух дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 12
Ном: Tojik аз: TW
18.01.2010 17:39
Salomu akaykum millati tojik va ogoi Vazir !!!!!!!!
1. Charo dar bozdoshtgohhoi muvaqqati yo habshonaho bozdoshtshudagon zeri shikanja qaror megirand??? Oyo qonun ijozat medihad, ki kormandoni polis bozdoshtshudagonro latu kub kunand????????
2. Nisbati margi Solehov chi andesha dored? Oyo uro kormandoni shumo kushtan va yo hudkushi kard? Zero hamsari Solehov kormandoni polis kushtan gufta bud.
3. Charo hatmkardagoni Donishkadai Andoz va Huquqro dar maqomoti prakratura va Milisa ba kor namegirand va agar dar VKD ba korgirand ham be shinosu 'taga' nameshavad? Charo hamchun mufattish va huquqshinos nevu hamchun posbon ba kor megiran, onho niz unvoni letenenti hurdro dorand ku!!!!!!!!
4. Noziri mintaqavi dar soati 12- shab huquqi ba honai shahrvandon daromadanro dorad???????be ijozati prakuror
5. Aslan tarzi kordaroi ba VazoratiKD chi tur ast??? Oyo imtihon mesuporan yo............... ???????
6. Poragirii kormandoni vazorati shumo batadrij ziyod meshavadu kam ne. Oyo maoshi onho ziyod meshavad yo ne???
Soli 2010 1 soli beporagirivu sodiqona hizmatnamudani kormandoni VKDro az dargohi Alloh orzumandem!!!!!!!!!!!! Barori kor va umedvoram, ki ba savolhoyam mufassal naboshad ham muhtasaran javob medihed, tashakkur!!!!!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 15:26
Қабл аз ҳама мехоҳам ба маъмурияти радиои «Озодӣ» барои фароҳам овардани шароити мусоид ва пешниҳод намудани саволҳои шунавандагон миннатдории хешро иброз намоям.
Ҳамзамон зарур мешуморам, ки ба шунавандагони радиои «Озодӣ» низ арзи сипос намуда, ба саволҳои сершумори онҳо, ки дар сайти «Озодӣ» чоп шудаанд, посух диҳам.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби шумо дарк намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, мушкилиҳои ҷойдоштаи мақомот эҳсос карда мешавад, ва таваҷҷуҳе, ки шумо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ зоҳир менамоед аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад.
Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки дар асоси саволу дархостҳо, пешниҳодҳои шумо мо ба нақшаҳои ҷории фаъолият доир ба камбудиҳои ҷойдошта тағйиру иловаҳо ворид намуда, тадбиқи онро дар амал ба роҳ мемонем ва самтҳои асосии мақомотро такмил хоҳем дод.
Ин нахустин мусоҳибаи ман бо шунавандагони радио нест. ВКД ҳамеша барои мусоҳиба ва ҳамсуҳбат шудан бо воситаҳои ахбори умум омода мебошад.
Бисёр ҷолиб аст, ки теъдоди зиёди шунавандагони радио фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро аз корманди қаторӣ то роҳбарон мусбӣ арзёбӣ намудаанд. Ин бори дигар нақши муҳими мақомоти корҳои дохилиро дар ҷомеа нишон медиҳад.
Мусоҳибаи имрўзаи мо дар остонаи иди милитсияи тоҷик доир шуда истодааст. Бинобарин аз фурсати муносиб истифода намуда мехостам тамоми кормандон, собиқадорони милитсия ва оилаҳои онҳо, оилаҳои кормандонеро, ки ҳангоми иҷрои вазифа ҳалок гардидаанд, табрику таҳният намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳои беназир орзу намоям.

Пеш аз он, ки ба саволҳои шумо посух диҳам, мехоҳам қайд намоям, ки Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти оперативӣ-хизматии худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои ташкиливу амалиро иҷро намуд, ки ин имкон дод вазъи крименогении ҷумҳуриро мўътадил нигоҳ дорад.

Акнун иҷозат фармоед ба саволҳои сершумори Шумо посух диҳам.
---------------------------------------------------------------------------

Ҳолатҳое, ки Шумо дар саволи худ овардаед, ин худ ҷиноят буда, қонунгузор барои ин амалҳо мувофиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар намудааст.
Аз ин лиҳоз, ҳангоми ба Шумо маълум гардидани ҳолатҳои шиканҷа додан, таҳқир намудан, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сўистифода намудан аз ваколатҳои хизматӣ ва дигар ҳолатҳо аз ҷониби шахсони мансабдор, метавонед ба мақомоти корҳои дохилӣ ва прократура барои чораандешӣ муроҷиат намоед.
(Мутобиқи Кодекси ҷиноии ҶТ ҷавобгарии ҷиноӣ оиди аз ваколатҳои хизматӣ гузаштан моддаи 314 – Сўистифода аз ваколатҳои мансабӣ, моддаи 315 – Беамалӣ дар иҷрои вазифа, моддаи 316 – Баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ, моддаи 322 – Хунукназарӣ ҷавобгарии ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст. Ягон корманди милитсия ҳуқуқи дар маҳкамаҳои муввақатӣ ва дигар ҷойхои боздошташудагон онҳоро лату куб, таҳқир ва шиканҷа карданро надоранд ва мувофиқи моддаҳои дар боло номбаршуда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.)



Доир ба марги Солеҳов Изҳороти якҷояи Прокуратураи генералӣ ва ВКД расман дар расонаҳои хабарӣ интишор гардида буд ва дар нишасти матбуотие, ки рўзи 18 июни соли 2009 бо иштироки бевоситаи шоҳидони воқеъа ва доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид, шарҳи аслии воқеъа баён гардида буд.
Аз рўи маводҳои парвандаи ҷиноӣ доир ба ин ҳодиса, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оғоз карда шудааст ва мувофиқи ташхисҳои тиббӣ, балластикӣ ва дигар намуди ташхисҳо далели худкушии Солеҳов тасдиқ карда шудааст.


Дар аввал мехоҳам зикр намоям, ки барои дар масъалаи зиёдшавии порахурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ сухан гуфтан, пеш аз ҳама далелу рақамҳо лозим ҳастанд, ки мутаасифона он аз ҷониби шумо асоснок карда нашудааст.
Дар алоқамандӣ бо ин, бештари далелҳои вобаста ба ришваситонии кормандони мақомот аз ҷониби хадамоти махсуси Вазорат муайян карда шудааст. Яъне роҳбарияти Вазорат худ дар кўшиши он аст, ки чунин ҳолатҳои номатлуб аз байн бурда шуда, сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шаванд.
Зиёдшавии маоши кормандони ВКД пешбинӣ карда шудааст.


Ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузор муқаррар намудааст, умуман кормандони милитсия ва дигар мақомотҳо баъд аз соати 22.00 ҳуқуқи ба манзили зисти шаҳрвандон даромандан надоранд. Ҳангоми думболгирӣ намудани ҷинояткор ва ба хона даромадани ў, кормандони милитсия бе назардошти вақту соат ҳуқуқи ба хона даромадан доранд ва ё дар ҳолатҳои фавқулодда.
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:08
Асосан ҷобаҷогузории кадрҳо дар макомоти корҳои дохили аз ҳисоби хатмкунандагони Академияи ВКД ва муассисаҳои махсуси таълимии дигар кишварҳо (давлатҳои ИДМ), ки барои мақомоти мо мутахасисиони соҳавиро тайёр менамоянд, роҳандозӣ шудааст.
Мувофиқи зарурият бо назардошти савияи дониш, тахассуси касбӣ хатмкунандагони дигар донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мақомот қабул карда мешаванд ва муассисаи таълимии ишоракарда Шумо истисно нест.


Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба хизмат дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 20 кам ва аз 35 зиёд намебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рўи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, таҳсилот, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз ўҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи милитсия вогузоршуда мебароянд, суд нашуда бошанд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рўи даъват (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилӣ) дар асоси ихтиёрӣ, баъд аз гузаштани озмун қабул карда мешаванд.

Ном: Bakhtiyor аз: London
18.01.2010 18:24
Salom ba janobi vazir va ahli ozodi.
Avvalan ba Shumo minnatdori bayon mekunam. OFARIN! korro hamin khel nagz pesh burdan gired, yagon lahza Khudoro faromush nakuned, Khudo nigahboni shumo bod.
Chunin savol doram:
Mumkin in ba vaziri mudofia beshtar dakhl doshta boshad, lekin az Shumo hamchun mutakhasisi asil pursidaniyam, ki ba fikri Shumo kay mo omoda meshavem ki ba khizmati shartonamivi guzarem, kay az mikdor ba sifat? kay muhlati khizmatro misli digar kishvarho to ba 1 sol farorem?
Inchunin nisbati kormandoni BDA, va "furushi" pravaho chi megued?
Tashakkur.
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 15:27
Саволи шумо дуруст аст, ман ҳам тарафдори хизмати шартномавӣ ва артиши касбӣ ҳастам. Бо назардошти вазъи молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ ҳалли ин масъаларо дар оянда мувофиқи мақсад мешуморем.
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:48
Дар мавриди фурӯши "права". Баробари ошкор кардан ё ошкор шудани ин далел ҳатман тибқи қонунгузориҳои ҷорӣ ба ҷавобгарии қатъии интизомӣ кашида мешаванд. Агар шумо далели мушаххас дошта бошед, муроҷиати Шуморо интизорем.

Ном: рас аз: санкт петербург
18.01.2010 20:34
салом!кай дар давлати мо милесахо дар рох пайса гириро бас мекунанд?агар шумо суи тавилдара рафта бошед дар рох ягон 20,25 пост карор дода пул мегиранд,ин як бехокимиятист

Ном: Хурсанд аз: Россия
18.01.2010 20:45
салому дуруди бепоён х,амватанони азиз ва ч,аноби вазир! мехох,ам бипурсам, чи чорах,ое шумо барои хариду фуруши наркотика аз сарх,ади Афгонистон мебинед? ба рости вак,те, ки дар барномах,ои гуногуни Россия халк,и точ,икро бо ин маводи шармовар медоранду мегуянд: "Гражданин из Таджикистана", мо точ,икони Руссия намедонем читавр дар ин бора ба бародарони рус фах,монем, ки аз куч,о ва барои чи шах,рванди точ,ик ба ин рох, меравад..... ташаккур.

Ном: Alisher аз: Dushanbe
18.01.2010 20:47
Чаноби Вазир чанд руз пеш ичозат барои сиёх кардани шишахои мошин ичозат дода шуд, ба ивази 2270 сомони барои 100 %.
Суол:
Намешуд ки 25% ё ин ки 50% - а ичозатхо ба микдори пули камтар ба мардум пешниход шавад...
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:34
Таклифи Шумо қобили таваҷҷўҳ аст ва оянда дар робита бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ин таклифот ба Ҳукумат пешниҳод карда хоҳад шуд. Айни ҳол қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон аз 14 январи соли 2010 № 6 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, ки тибқи талаботи он меъёри пардохт барои ҳаракат дар роҳ 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст ва фоизи нургузаронии шишаҳо (сиёҳу хира кардани онҳо), ба истиснои истифодаи пардаҳои паҳлўӣ ва яклухти ақиб дар ихтиёри соҳиби иҷозатнома мебошад.

Ном: Нусрат аз: Россия
18.01.2010 22:15
Салом ба ҳамаи ҳаммиллатон,ҷаноби вазир ва радиои Озоди.Муҳтарам вазир ташаккур ба шумо мекунам ки ҳамсуҳбати мо ҳамватанон мешавед.Ба шумо ду суол дорам:
1Чаро муҳоҷирони кориро дар аэропортҳову роҳи оҳани ватан бисёр азобу шиканҷа медиҳанд пулашонро мегиранд.Агар дар Россия ҳуҷатҳоят 100%бошад роҳи сафед мегуяд,аммо дар ватани худамон меоем,кор шакли дигар мегирад мехоҳи ё не пул медиҳи хоҳ вақти ватан рафтан ё ки вақти омадан.Ба назар мерасад гуё мо муҳоҷир дар ватани худамо ҳастем.Дар фурудгоҳҳову истгоҳи роҳи оҳан маҳалчиги ба авҷи аълост ту аз шимол,ту аз ҷануб бо лақабу ҳарфҳои тамасхуромез пули бо хуни ҷигар ҷамъ кардаи мухоҷирони кориро мегиранд.
2Суоли дуввумам шояд ба шумо дахл надорад но все таки менависам.Вақте бо поезди Тоҷикистон аз ҳудудҳои давлатҳои ҳамсоя мегузарем мардумро азоб медиҳанд бо хар хел баҳона аз проводник сар карда то коргарони гумруки давлати ҳамсояҳо пул мегиранд.Ман ин ҷо подробно ҳамашро нависам аз руӣ одоб намешавад лекин Тоҷикбачаҳоро азоб медиҳанд дар баъзе ҳолат як чизҳоро баҳона мекунанд,дар ягонҷо ин тавр намекунад бо мусофирони тронзити.Аз шумо пурсиданиаам ҷумҳурии мо оё ягон чора намеандешад?Барои ки зиёда аз 1миллион ҳамватанони мо дар давоми сол рафту омад доранд ва ними ВВПи ватанамонро ҳамин бародаро мебардоранд.Оё ба шумо ҳеҷ кас шикоят накардааст шумо ин мушкилотро намедонед?Ё инки медонеду худро ба нодони мезанед!Агар ҳарфи хатое навишта бошам узр мехоҳам.Саломат бошед!

Ном: Ramoil аз: London
18.01.2010 23:39
Durud ba janobi vazir va ahli somona!
Chand suole doshtam nisbati guruhi tablighiho.
1.oyo tabligiho misli masehiho huquq nadoran ki ozodona davat kunan ba dini islom? Dar holeki tabligiho faqat dar borai dini islom gap mezanan,ba siyosati davlat kor nadoran.chi guna mo metavonem onhoro ba ektrimisti va teroristi mahkum mekunem? Charo dar digar davlat ho huquqhoyasho ozod ast da tojikistoneki 97 foizashon musalmon astan mahdud?.
2.nisbati jurmi ruhonii maruf domulo Sirojiddin chi guftanied?.
3.Mirzo Ziyoevro kadon guruhho kushtan? nazari shumo nisbati Mirzo Ziyoev.
Tashakkuri ziyod .
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 15:49
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ҳизбу ташкилотҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф шудаанд, фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ гардидааст, аз он ҷумла «Ҷамъияти таблиғ», ки сухан дар борааш меравад.
Мувофиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо мебошад. Ба фикр ман, барои ташвиқоти дини исломро бурдан маҳз ба «Ҷамъияти таблиғ» аъзо будан шарт нест. Зеро имрўз кули мусулмонони мо аз ҳуқуқҳои худ бархурдор буда, барои қонеъ намудани талаботи динию мазҳабиашон монеае мавҷуд нест.

Ном: Mahmud аз: Moscow
19.01.2010 01:14
Господин министр!
Мы представители таджикской диаспоры в столице РФ хотели давно уточнить один момент касательно тонирования стекол автомобилей.
Насколько мне известно сегодня можно за определенную плату установить тонированные ленты на окна машины?А максимально разрешенная пропускаемость света какая?
второй вопрос,
Если действительно только в этом году разрешили, то почему по городу Душанбе очень много машин неслужебных, негосударственных и даже не машин дипломатов, а обычные машины с номерами 7000, 7777 и 8888 катались по улицам столицы до введения этого положения со 100% тонировкой? И почему сотрудники МВД (ГАИ) на вопрос почему им, т.е. этим привилегированным детям чиновников можно так, а простому гражданину нельзя? сотрудник отвечает, что не сравнивай себя с ними. Вы как министр МВД, как главных охранник прав граждан как к этому относитесь? по вашему мнению все гражданы равны перед законом, или же есть определенная неприкасаемая каста?
Не уверен, что получу ответ, но все равно заранее благодарю!
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:36
Светопропускаемость тонированных стекол не регламентировано. Ограничения касаются только передного ветрового стекла, наверхней части, которой разрешено нанесение тонирования цветной пленкой шириной 200 мм. Кроме того нельзя наносить зеркальную и цветную тонировку.

Ном: Кова аз: Бадахшон
19.01.2010 01:55
Салом, огои Вазир!
Мехостам бо изхори нигаронии беандоза руи ду проблеми мухим аз шумо суол кунам:
1. То кай ва чаро ходимони назоратии фурудгохо(манзур Душанбе ва Хучанд) аз сокинони бе ин хам чабрдидаи Точикистон пул ба хар бахонае мегиранд(баъзан тахти таъдид)?!
2. Ва чаро нозирони Бозрасии Давлатии Автомобили аз маршрутхое ки, шахрвандонро аз манотики кишвар ба пойтахт интикол медиханд, ришва мегиранд?! Барои мисол маршрути Помир-Душанбе.
Сипосгузорам!

Ном: Zee аз: usa
19.01.2010 07:33
salom janobi vazir.
1. dar davlathoi peshrafta kormandoni milisaro az baini javononi 22 to 27 soala intihob mekunan ki onho kadu komati zebo doran va choloku chakonan . milisahoi imruzai mo hair az shikami kalonu dahani vairon yagon chize nadoran hatto onho davidaham nametonan .mumkin ast ki dar onda in ishkam kalonhoro ba javononi purkuvat ivaz kuned ?
2. az rui konu agar kormandi BDA moshin ro man kunad ,milisa boyad nazdi ronanda ravad yo ronanda nazdi milisa va in chunin bo dast salom kardani onho mumkin ast?
3. bo libosi milisagi ba hona raftan bad az kor vayo sharob nushidan dar tarabhona mumkin azt ?
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:10
Дар боло мо доир ба масъалаи талаботҳои тартиби қабул ба мақомоти корҳои дохилӣ, ки аз моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бармеоянд, гуфта гузаштем. Бинобар ин ҳоҷат ба такроран зикр намудани онҳо нест. Танҳо ҳаминро илова менамоям, ки мувофиқи талаботи «Низомнома» қади довталаб барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ набояд камтар аз 1м.70 см. бошад.
Бо мақсади нигоҳ доштани ҳолати ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбию касбии ҳайати шахсӣ мувофиқи санадҳои дохилиидоравӣ ҳар ҳафта 2 мартотиба дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дар 1 моҳ 1 маротиба дави умум дар масофаи то 10 километр вобаста ба сину сол гузаронида мешавад, ки аксарияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ўҳдаи супоридани меъёрҳои муқарраргардидаи вазишӣ мебарояд.
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:22
Тибқи Кодекс «Дар бораи меҳнат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дохилиидоравии мақомот нўшидани машрубот дар либоси низомӣ ва ё бе он дар вақти хизматӣ манъ аст.
Баъд аз вақти хизматӣ низ дар либоси низомӣ нўшидани машруботро ман аз ҷиҳати меъёри ахлоқӣ ҷоиз намедонам.
Дар посух

Ном: Абдураҳим Қаҳҳоров
03.02.2010 16:39
Дар масъалаи ришваситонӣ бошад, мо дар боло ба саволҳои қаблӣ посух дода будем.
Ҳангоми манъ намудани воситаи нақлиёт кормандони БДА вазифадоранд, ки ба назди автомашина рафта, саломи низомӣ дода, худро шиносонанд ва ҳангоми шиносоӣ аниқ ва кўтоҳ вазифа, унвон ва насаби худро номбар кунанд. Баъди санҷиши ҳуҷатҳо ба таври расмӣ, меҳрубонона, кўтоҳ ва фаҳмо сабаб ва мақсади худро хабар диҳад.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 12

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил