Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба Раҳматилло Зойиров

06.01.2010

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров, ки номзадии худро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи якмандата пешбарӣ кардааст ва ҳизби ӯ ба ин интихобот 22 нафарро дар рӯйхати ҳизбӣ ба сабқат ворид мекунад, ба пурсишҳои хонандагони сомона посух дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 7
Ном: Bakhtiyor аз: London
06.01.2010 18:50
Durudi khudovand ba ahli somonai Ozodi va R.Zoirov.
Man bovarii komil doram dar bayni mardum mahbubiyati hizbi Shumo nisbati hizbi hokim khelo baland ast. Lekin maro yak chiz batashvish mondaast, hizbhoi ba monandi HAT, HIIT, ki bo nom faoliyat mebarand va aslan az hukumatand mumkin shonsi beshtar dorand nisbati hizbi shumo, baroi hizbi Shumo boyad ikror shud ki shons karib nest, man harchand orzu doram ki haddi akar shumo ba porlumon roh yobed, lekin tajriba va amalhoi hukumatdoronu KMIR hamai orzuvu umedhoro allakay kushtaand. Ba har hol baroi hamin az dargohi Khudovand ba Shumo baror mekhoham.
Va injo az Shumo pursidaniyam, ki oyo ba fikri Shumo in ba shakhsiyati Shumo vobastagi nadorad?
Pas charo hamin navbat bo rakami avval da ruykhati hizbi yake az shakhsoni bovarinokatonro az azoyoni hizb namonded? khudaton metavonisted dar navbati duyum raved va boz az n. Sino niz ishtirok kuned. Okhir onho ku hamrayi shumoand mumkin ki KMIR "guzasht" mekardu akallan yak joy medod, hizbaton ba porlumon roh meyoft.
Salomat boshed.
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:15
Дуруди худованд бар Шумо ва ахли сомонаи Озоди! Миннатпазирам барои боварии комили Шумо ва дарки махбубияти мардум нисбати хизби сосиал-демократ. Аммо, оид ба масъалаи «надоштани шонси» хизби мо ман икрор шуда наметавонам, аз баски мо дар байни мардум махбубият дорем ва ин шонси, дурусттараш неруи асосии мост. Аз дигар нигох, вакте, ки новобаста аз махбубияти мардум дар интихобот иродаю овози мардум асоси натичагири набошад, яъне «шонси» гайр аз иродаи мардум вобаста бошад, ва аз нигох ба мо «шонс надоред» гуянд, маълум мешавад, ки дар Точикистон хукуки мардумро ё поймол, ё гумрох, ё аз фазилати марди берун баровардаанд. Вазифаи хизби сиёси ин рисолатро тагйир дода, мардро ба марди, хакро ба хак, сарчашмаи хокимиятро ба сазовории хидмати хокимият овардан аст. Ин рисолатро хизби сиеси танхо амалигардонида наметавонад, яъне карс аз ду даст мебарояд. Оддитар гуям, овози мардумро танхо мардум хифз карда метавонад. Хизби сиёси ин танхо як восита барои хукуки мардумро аз руи хакикат амали намудан мебошад.
Хизб бояд бо гирифтани овози мардум ба парлумон ворид гардад, на аз руи иродаи хукуматдорон ё КМИР. Агар аз хизб он шахсе, ки барои хукумат маъкул мебошад, ба парлумон, ки аксарияти он намояндахои як хизб еки гурухи хукумати чойгир хастанд, ворид намоем, чи самара медихад? Ба хизб обру ё нуфуз медихад?
Интихобот бевосита такдири мардумро хал намекунад, Аммо, интихобот шахсоне муайян мекунад, ки онхо (кихо?) такдири мардумро хал менамоянд. Аз ин ру дар руйхати хизби раками чандум будани ман ба ки лозим аст? Ин на барои мардум, на барои хизби сосиал-демократ лозим нест.

Ном: Max
06.01.2010 20:47
Ассалом, Ба фикри шумо мухтарам Р Зоиров оё ХНИТ дар вокеъият тарафдорони Исломанд? оё онхо ва ХХДТ аз якчо об мехуранд? саломат бошед!
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:16
На танхо ХНИТ, хизби сосиал демократ хам тарафдори ислом мебошад. Аммо, дар ислом исломро хамчун дин, хамчун илм, хамчун низоми хукуки, хамчун фарханг ва мароми зиндаги, шуури исломи, хамчун мафкураи сиеси ва дини ва гайра фарк кардан лозим мебошад. Исломи «экстремисти» ё «террористи» ё «ал-Каида» ва гайра ба ислом дахл надорад.
Дар умум бояд кайд намоям, ки ислом бевосита хамчун дин еки илм, низоми хукуки ягон миллият ва вобастаги ба давлат ёки хизбият надорад, бо мазмуне, ки асоси фаъолияти ягон хизб шуда наметавонад, азбаски, дар ин холат фаркият байни хизби сиёси ва созмонхои гуногуни дини ва гайра аз байн меравад. Гайр аз ин, ислом хамчун як дину фарханги умумичахони на танхо аз хизби сиеси, аз хама намуд созмонхои дини ё муассисахои илми, идеологияи давлатхои алохида садхо бор васетар ва куллан фарк дорад. Аз ин ру, вакте, исломро аз руи мафкураи сиеси ба фаъолияти хизби сиёси ё вобаста аз номгуи хизб маънидод мекунанд, бояд ин мафкура дар чахорчубаи эътирофшудаи идеологияи давлат, мисол дар Точикистон, ки дар конститутсия ва конунгузории у ифода меебад, хамчун мафкураи сиёсии хизби, на дини, амал намояд. Барои хамин, савол гузоштан, ки «оё ХНИТ дар вокеъият тарафдорони Исломанд» бе асос ва бе мантик мебошад. Кисми дуюми саволатон «оё онхо ва ХХДТ аз якчо об мехуранд?» - аз ахлоки сиеси ва салохияти ман берун мебошад.

Ном: Асрор аз: Душанбе
06.01.2010 23:33
Мухтарам Зоиров, Шумо солхо хамчун мушовири Рахмонов кор кардед ва уро хатман аз наздик мешиносед. Ба назари Шумо у шахси интикомгиранда аст?
-Магар ин интиком шахсан аз Шумо нест, ки намояндаи ХСДТ-ро ба хайъати КМИР ин Эмомали дохил накард?
-Магар алами бохташро дар интихоботи президентии соли 1994 то хол аз Абдумалик Абдуллочонов у нагирифта истодааст?
-Магар у метавонад Шуморо бахшад, вакте ки Шумо аз руи Конун исбот карда ба мардум эълом кардаед, ки хукмронии Эмомали гайрилегитими аст?
Ба Шумо ва хизбатон перузи орзумандам!
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:17
Ташаккур барои ниятхои нек! Инсонро аз нигохи хислатхои инсонии у наздик шинохтан мумкин мебошад танхо дар ду холат, ё дар асоси амали баробари, ё вакте у сохиби туст, ту бошад ё гуломи уст, ё рафтори гуломи дори. Муносибатхои мо аз хар ду холат дур буд, шиносоии ман характери хизмати дошт ва тахлили ман мукоисави, яъне Эмомали Рахмонро аз ин нигох ман наздик намешиносам.
Дар умум, бояд кайд намоям, ки ду омили асоси кувваи пешбарандаи интиком мебошад: гапи нохак ва рафтори беасос. Аз ин ду холат ман худро боз медорам. Он чизе, ки ман гуфтам ва мегуям, асоснок мекунам, шаъну шарафи шахсиятро намерасам, фаъолияту рафторро тахлил менамоям, мухимаш хатти инъикос менамоям ва рафтору зиндагии ман шаффоф аст. Ин сархади амнияти ман аст.
Аз дигар тараф, ман вакте мушовири президент шудам, аллакай шахси оммави будам, ва на танхо дар микеси дохилидавлати. Гайр аз ин, боз як чизро бояд эътироф кард: эхсосотии Эмомали Рахмон зохиран буда, ботинан у эхсосоти нест. Ин мазмуни онро надорад, ки у сухани ё рафтори беэхтиетро ё галатро содир намекунад. Ин холатхо мешаванд.
Дар фаъолияти худ ё хизби сосиал-демократ бисер махдудгарихои сунъи, хусусан бадъ аз соли 2003, хис карда мешавад, аммо ин ро интиком гуфтан аз хакикат дур мешавад. Дар бисер вакт, сабаб дар характери ман аст, ки ба муносибатхо ва рафтору коргузорихои аз бисер чихат пусидаи шаркии мо, аксарият вакт характери манфи мегирад, мутобикат намекунад. Мисол, як кори нодурустро «кори точики ё шарки» меномем, ба як чо ним соат дер карда ин рафторро «точикона ё шарки» меномим, гапи хатои «Раис» - ро дуруст мехисобем ва гайра. Бояд аз ин гуна иллатхо мо халос гардем.
Рафтору фаъолияти маро бахшидани Эмомали Рахмон лозим нест, агар аз руи мохияти кор ва манфиати ватану давлат назар андозем. Мефахфам, ки барои Эмомали Рахмон бахшидан мушкил аст, барои хамин дар хар кори ман ё фаъолияти хизб мушкилихо эчод мегарданд. Аммо, ман ба як чиз боварии комил дорам: рафтору фаъолияти ман барои ояндаи Точикистон ва наслхои нав муфид мебошад. Барои ин зистан мазмун дорад.

Ном: Чамшед аз: Душанбе
07.01.2010 07:07
Ба Мах
Салом. Чаро ба ХНИТ тухмат мезанед? Хамин хизбе набуд, ки дар мукобили хамин хукумат чангид? Хамин хизби кавитарине нест, ки дар мукобили хукумат истодаги мекунад?
Дусти азиз, хизби мо аз зиёд доду фарёд кардан зиёдтар амал мекунад. Инсон бояд бо хикмат кор кунад на як доду фарёд занаду баъд солхо хап кунад. Шумо бояд ин саволро аз раиси ХНИТ мепурсидед на аз окои Р. Зоиров ки барои эшон бисёр эхтиром коил хастем. Окои Р. Зоиров, Худованд нигахдоратон бошад.
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:18
Ташаккур! Бар Шумо хам худо хофиз! Манн рози хастам, ки иИн саволро бештар на аз раиси ХНИТ, балки аз раиси ва масъулони ХХДТ пурсидан лозим мебошад, азбаски ин хизб аз нигохи конун хукмрон нест, аммо бар зидди плурализми сиеси ва мафкурави, хокимиятдоронии ваъзиятсоз мебошад.

Ном: Кова аз: Бадахшон
07.01.2010 08:36
Салом, огои Зоиров!
Агар шумо раисчумхури Точикистон мебудед, чи маком равобитеро бо Чумхурии Узбакистон руи кор меовардед, бо такозои он муносибатхое, ки имруз ду кишвари номбурда доранд?!
Ва боз назари шумо оиди бахти ояндаи шахрхои бостонии Самарканду Бухоро, ки оё дар худуди кадом давлат бояд бошанд?!
Сипосгузорам!
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:19
Барои мо бояд фаъолияти давлатхои Скандинавия (Шветсия, Финландия, Норвегия, Дания, Исландия) ибратомуз бошад. Муносибати Шветсия ва Финландияро ба ед орем, ки чандин дахсолахо, хатто асрхо яктош мустамликаи дигараш буд. Аммо, имруз онхо давлатхою халкхои озоду нисбати як дигар бесархад, яъне онхо имруз тахаммулпазир, мустакил ва баробар мебошанд. Мо бояд гайр аз шуури ва гурури точику узбек, точикистони ва узбекистони, шуури ва гурури Осиени миенаги – вароруди ё мавароуннахриро баркарор намоем. Мо ягон самти муносибат е санъати чудогона надорем ва дошта наметавонем. Дар Осиеи миена мо чанд пойтахти меросии таърихи дорем, аз чумла Самарканду Бухоро, ки онхо «яблоко раздора» набошанд ва нашаванд. Мо аслан, ду миллият, ду забон дорем, лекин мохиятан як миллатем. Ояндаи мо на аз худуд ва шахрдории мо, балки аз шууру фарханги мо вобастааст.

Ном: Сафар аз: Душанбе
07.01.2010 09:32
Устод Рахматулло Зоиров,

1. Ба фикри Шумо барои таракки додани хизби Шумо чи монеъа мешавад. Ба гайр аз Хукумат, ки ба рушди чомеъаи шахрванди ниез надорад?
2. Ба фикри Шумо хукумати феъли(Рахмон) боз чанд сол фаъолият мекунад, агар чомеъаи шахрванди дар хамин махдудият фаъолият кунад? (Чавоби кутох бо ракам хам кифоя хаст).
3. Фикри Шумо дар бораи сиесати ИМА дар Афгонистон ва Ирок. Ое стратегияи Обама дуруст аст е не?.
4. Ман бовар дорам,ки то чанг дар Афгонистон ва Ирок то ба итмом нарасад Хукуматхои ИМА ва Аврупо сиесати худро дар Точикистон иваз намекунад , яъне ба ин хама беадолатихо чашм пушида меистанд. Шумо чи?
5. Фикри Шумо оид ба сиесати Точикстон ва Узбекистон. Ое метавонад Узбекистон ягона роххои охан ва мошингардро махдуд кунад е тамоман бандад?
6. Чаро бештари мардуми мо агар ягон корро вайрон кунанд мегуянд, ки ту инро "точики" карди? Барои чи?. Чаро хиссиети милли гум шуда истодааст?
7. Вакте,ки баъзехо Шуморо одами Узбекистон мегуянд,(албатта аз пушт). Шумо ба онхо чи гуфтани доред?
8. Шумо дар ин ваъзияти душвор бехатарии оилаи худро чи тавр таъмин мекунед ва дар оянда чи кор мекунед?
9. Барои фаъолияти муътадил ба хизби Шумо дар як мох чи кадар маблаг зарур аст? (барои мисол дар сатхи ХНИТ )

Ташаккур,
Дар фаъолиятхои оянда ба шумо сабри чамил ва пеш аз хама бурдбори таммано дорам. Худо нигахбони Шумо бошад Устод.
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:19
1. Барои таракки додани хизби сосиал-демократ монеъаи асоси ин дар бухрони низоми карор доштани идораи иктисодиет, вучуд надоштани давлати ичтимоиъ, махдуд будани ракобати сиеси. Кишри миена ташаккул ебад, мардуми пуркувват давлати пуркувватро ба миен оварад, хизби сосиал-демократ пуркувваттарин хизби Точикистон мегардад.
2. Эмомали Рахмон хукумат надорад, аз соли 1994 то имруз, сол ба сол бархам хурд. Азбаски хукумат ин як шохаи хокимият аст, аммо хукумат дар Точикистон, на маркази, на махалли шохаи хокимият нест, яъне ваколат ва салохият надорад, гайр аз ваколату салохияти Эмомали Рахмон. Бояд хукумати мустакилро дар Точикистон баркарор кард.
3. Сиесати ИМА дар Афгонистон ва Ирок ин сиесат е стратегияи Обама нест, ин танхо сафедкунии окибати сиесати хукумати Ч. Буш мебошад.
4. Сиесати ИМА нисбати Точикистон номуайян хаст. Стратегияи Иттиходи Аврупо соли 2007 кабул гардидааст, ва бояд дар соли 2010, соли раисгарии Бритонияи Кабир тагйир ебад.
5. Сиесати Точикстон ва Узбекистон, дурусттараш сиесати хукуматхои ин ду кишвар, бар зидди манфиатхои ахолии хар ду мебошад.
6. Ин худкиноя бо мазмуни манфи мебошад. Аз дарки ва ташаккули хиссиети Милли мо доимо кафо мемонем. Имруз, дар асри 21, хиссиети Милли, дарки миллат аз нигохи сиеси ва давлатдори ин миллияти точик нест, имруз миллат давлат аст, чомеаи шахрвандист, навобаста аз миллият, ин хиссиети ватандори на вобаста аз миллият, дин ва дигар фаркиятхо.
7. Зодгохи ман Богистон (макони худоен, макони мукаддас) ном дорад. Нохияи ман «Бостандик» аз забони казоки мазмуни «озодихох» дорад, ба хеч кас сар хам накардааст. Дар зодгохам аз асри 9 то имруз ягон оилаи гайр аз точик зиндагони накардааст. Ки мегуяд, ки хамкишвари манн С.Айни – кахрамони Точикистон, одами Узбекистан аст? Ёки бобокалонони ман Шайхи Умари Богистони, писари у Шайх ан Тахур, абераи у Хоча Ахрори Вали, ки устоди Абдурахмон Чоми буд, ёки аз аберагони Хоча Ахрор Накибхон Туграл одами ягон давлат буд ё номарди ба онхо хос буд. Хоча Ахрори Вали дар 24 солагиаш аз Богистон ба Самарканду Хироту Хисор омад. Ман 24 сол кабл ба Точикистон омадам, азбаски ман точикам, ватани ман аз хирад сарчашма гирифта ба адолат такя мекунад.
8. Ба худованду хирад такя мекунам.
9. Аз муьтадилии дар сатхи ХНИТ ду баробар камтар.

Ном: точик аз: Точикистон
07.01.2010 09:41
Мухтарам Рахматулло Зоиров Шумо аз интихоботи дар пеш истодаи порлумони чи умедворихо доред ?
Шонси хизби шумо дар ин интихобот барои баранд шудин чигунааст ?
Оё шумо дар хакикат узбакед ?
Назари шумо ба дурнамои муносиботи Точикистону Узбакистон
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:20
Калимаи интихоботи «дар пеш истода» нисбй мебошад, аз баски такдири интихобот холо огоз нашуда ба 80% хал шудааст.
Интизории ман – дидани хизби сосиал-демократ ба хайси хизби парламони.
Ман точикам, узбек – дусту, хамватану, бародари ман аст.
Ба дурнамои муносиботи Точикистону Узбекистон ман бовари дорам. Мо бе як дигар аз ояндаи худ дур мегардем, яъне ояндаи мо дар амали якчояи мо мебошад.

Ном: Абдучалил аз: Душанбе
07.01.2010 10:15
Дуруди Худованд бар хама!

Дуруди Худованд ба Шумо низ Раматуллох Зойиров!
Аввалан Шуморо Раиси мухтарам ва тамоми кормандони хизбро бо фарорасии соли нави 2010 табрик намуда, ба Шумо ва кормандони хизб саломати, тани сихати, хотири чамъ, дили бегам, сулху суббот, хушбахтиву имони кави ва барори корро таманно дорам. Умедворам, ки хизби Шумо ва кормандони хизби Шумо дар пойдор ва устувор нигохдоштани сулху амният ва пешравии Ватани аз дилу чон азизамон сахми арзандае мегузоред!

Саволхои ман барои Шумо:

1. Фаъолияти хизби Шумо дар 5 соли охир чи гуна буд?
2. Хизби Шумо соли 2009-ро бо кадом муваффакиятхо анчом дод?
3. Шумораи аъзоёни хизби Шумо чанд нафаранд ва маоши хизб чи гунааст?
4. Чи гуна ва бо кадом рох ба вазифаи раиси хизб расидаед ва бо фурсати вакт каме бошад дар бораи зиндагии шахсии худ, ибрози акида мекардед.
5. Фаъолияти хизбро дар 5 соли оянда чи гуна бахогузори мекунед?
6. Дар пойдор ва устувор нигох доштани сулуху суббот ва Вахдати миллии мо точикон чи сахме мехохед дошта бошед?
7. Точикистони азизамонро дар 5 соли оянда чи гуна мебинед?
8. Дар интихобти навбатии парлумони чи максад ва накшахое доред?

Барои посуххои аз самими калб иброз намудаатон як чахон ташаккур. Бароятон барори кор!

Худованд хамаи моро дар панохаш сихату солим нигах дорад!

Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
7 январи соли 2010
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:21
1. 2. 3. Фаъолияти хизби мо дар 5 соли охир аз интихобот то интихобот буд. Натичаи интихоботи соли 2005 шумораи ХСДТ аввал бисер кард, аз соли 2007 мубтадил зиед шуд. Соли 2008 ва 2009 нуфуз пайдо кард. Имруз дар сафи ХСДТ 7260 нафар аъзо амал дорад.
4. Сарчами хамакидахо. Рохбари кумитаи тадорукот. 18 марти соли 1998 – Анчумани созмондехи хизб ва интихоби Раис. Дар Казокистони чануби таваллуд шудам. Мактаби миенаро дар вилояти Тошканд хатм намудам. Дар Германия хизмати харби адо кардам. Дар Украина тахсили олии хукукшиноси гирифтам. Аз соли 1986 дар Точикистон истикомат ва кор мекунам.
5. Хизби мустакил, муьтадил ва мардуми.
6. Мутобики шиори хизб амал мекунем: Хирад. Адолат. Тараккиет.
7. Дар чараени худшиноси, худошиноси ва ташаккули чомеаи шахрванди.
8. Эътирофи хизби парламони.

Ном: Фарид аз: Хучанд
07.01.2010 11:53
Дуруд бар Шумо Чаноби Зойиров!
1.Ба фикри Шумо сабаби иваз шудани нигохи Раисчумхур ба ХНИТ чист?
2. Оё эътилоф ХСДТ бо ХНИТ имкон дорад ва агар дорад чаро нест?
3. Ба фикри банда дар навохи то дарки идеяи сотсиал - демократи чанд дахсола рох аст. Шумо ба кадом кишр такя мекунед?
4. Мардумро ба ХНИТ ангезахои диниашон мекашад ва гумон мекунам дар оянда бештар хохад кашид. Хизби Шумо ба кадом ангезаи мардум такя дорад?
5. Аслан, ки хеле кам мардум ба дарки фарки ХСДТ ва ХДТ мераванд, чаро аъзои парокандаи ин хизбро суи худ намекашед?
Саломат бошед.
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:22
1. Аз иваз шудани нигохи раиси чумхур нисбати ХНИТ хабар надорам. Бояд ба ин масъала раиси чумхур посух дихад?
2. Назарияви дорад, вокеан - имконият набуд.
3. Дарки идеяи сотсиал – демократи дар Точикистон 12 сол пеш огоз шуд. Такя мекунем ба кишри миена.
4. Адолати ичтимои, арзиши инсони, волоияти конун, худшиноси ва худошиносии мардум.
5. ХДТ хизби пароканда, аммо мустакил мебошад. Аз номи хизб ин масъаларо танхо анчуман хал менамояд. «Суи худ гирифтани» узви алохида дар асоси ихтиердории ин узви хизби сиеси амали мегардад, на аз руи хохиши ХСДТ.

Ном: Fолиб аз: Душанбе
07.01.2010 12:11
Салом чаноби Рахматулло Зоиров!
1.Мехостам назари Шуморо дар бораи ояндаи Рогун бифахмам. Чи тавре ки ба хамагон маълум Узбакистон зидди бунёди ин НБО аст, метавонад монеъ шавад, барои бунёди он! Агар садди рохи бунёди он шавад хукумат метавонад маблагхои мардумро баргардонад?
2. Дар мавриди сахмияхо чи фикр доред, хукумат метавонад мардумро фиреб дихад?
Каблан сипосгузорам.
Дар посух

Ном: Раҳматилло Зойиров аз: Душанбе
15.01.2010 15:24
1. Зарурияти сохтмони Рогун аллакай дар даври СССР асоснок карда шудааст. 8, 6, 4, 2 сол пеш хам ин мушаххас маълум буд. Мо дар ин масъала на камтар 20 сол дер кардем. Дар даври СССР ракобат байни Точикистону Узбекистон оид ба НБО набуд. Узбекистон зиедтар мехост, ки НБО – и бузурги обамбор дошта дар худуди дигар чумхурихои Осиеи миена сохта шавад. Имруз ин ракобати принсипиалист. Танхо, бояд ба ин чараен характери идеологи – хам дохили, хам беруни надода мешуд. Сохтмони Рогун пурра ба конунгузории дохили ва хукуки байналмилали мутобик карда шавад, барои ба миен омадани масъалаи баргардонидани маблагхои мардуми имконият намемонад.
2. Аз баровардани сахмия, хам барои мардум, хам барои хукумат когарзхои карз (займ) мебаровардаанд, мисол барои 10 ё 15 сол, бо фоизи минимали, бехтар мебуд. Дар ин холат конунан Рогун моликияти истисноии давлат мемонд ва аз дивиденди ояндаи Рогун давлат когарзхои карзиро аз нав харидори карда мегирифт. Имруз сахмияхоро давлат аз нав харидори намудан намехохад ва намекунад. Аз ин ру, дар сохтмони Рогун, дар муьтадилии ин сохтмон, дар такдири ояндаи ин сахмияхо номуайянихо зиед аст. Мухимаш, дар харидории сахмияхо конуншиканихо ва мачбур сохтани ахолии камбизоат, хусусан донишчуен ба чашм мерасад, ки ин боварии мардумро ба самаранокии амалиети сахмияхои Рогун шикаст медихад.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 7

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил