Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба сафири Амрико

18.12.2009

Кеннет Гросс дар моҳи октябри соли равон ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба кор сар кард, вале Тоҷикистонро хуб медонад, чунки дар солҳои 2002-2004 муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон буд. Ҷаноби Гросс рӯзи 30-юми декабр меҳмони сӯҳбати интернетии мо шуд ва ба пурсишҳои сершумори хонандагон посух дод. Вай ваъда кард, ки ба саволҳои дигар низ, ки дер расидаанд, аз коргоҳи худ посух хоҳад дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
Ном: Ismail аз: Dushanbe
18.12.2009 15:46
Salom janobi Safir!
Az shumu hohish menamoya ba in savolho javob gued:
1. Amriko baroi vusat bahshidani hamkori bo Tojikiston yagon programae mahsus dorad.
2. Nazari shumo ba loiahoi energetikii Tojikiston mahsusan Rogun
3. Vaziyati demokratiyarо dar Tojikiston chi tavr arzebi menamoed.
4. Bolo raftani nufuzi Amriko va past shudani nufuzi Russiyaro dar Tojikiston ehsos menamoed
5. Amriko hohishi huzuri nizomiro dar Tojikiston dorad
6. Mavkei Tojikistonro dar bartaraf namudani terorism dar Afganistan dar chi mebined.
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 16:40
Ассалому алайкум, шунавандагону хонандагони азизи Радиои Озодӣ! Хеле хушнудам, ки дар ин гуфтугӯи мустақими онлайн ширкат мекунам. Ин имконияти ба саволҳои шумо ҷавоб додан бароям ҷолиб аст. Аз ҳамаи шумо барои саволҳоятон ташаккур мекунам.

Исмоили азиз, барои саволатон ташаккур.

1. Имрӯзҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои мустақил дар соҳаҳои маориф, бехатарии сарҳад, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, рушди иқтисодӣ ва ғайра ҳамкорӣ мекунад, ки ҳамаи онҳо барои бунёди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳиманд. Мо ният дорем, ки онро идома диҳем ва оиди ҳамкориҳои оянда бо Ҳукумат маслиҳат хоҳем кард. Умедворем, ки он зиёда аз 50 миллион долларро ташкил медиҳад.
2. Иқтидори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ ба воситаи нерӯгоҳҳои барқии обӣ хеле бузург аст. Иёлоти Муттаҳида як лоиҳаи ба номи "Барномаи мусоидат ба рушди бозори барқии минтақавӣ" дорад, ки он ба таъсис ва пешрафти бозори шаффофу рақобатпазири барқ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Умедворем, ки ин лоиҳа барои ҷалб кардани сармоя ва тараққӣ додани иқтисод кӯмак хоҳад кард. Гарчанде, ки Иёлоти Муттаҳида худ ҳеҷ гуна лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ монанди нерӯгоҳҳои барқии обиро дар дигар кишварҳо бунёд намекунад, мо дар лоиҳаҳои инфрасохтории энергетикӣ аз тариқи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё ширкат меварзем. Мо Осиёи Марказиро ҳамчун манбаи эҳтимолии содироти барқ ба Осиёи Ҷанубӣ мебинем.
3. Тоҷикистон аз рӯзи ба даст овардани иҷтиқлолият барои бунёди институтҳои ҷомеаи демокраӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаст. Интихоботи порлумоние, ки моҳи моҳи феврали соли оянда ба нақша гирифта шудааст, як қадами дигаре дар ин роҳ хоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида дар ин самт якчанд лоиҳаҳоеро маблағгузорӣ карда истодааст, аз ҷумла оиди ташкили мубоҳисаҳои телевизионӣ байни номзадҳо ва гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои онҳое, ки бори аввал дар маъракаи овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард.
4. Иёлоти Муттаҳида бо ягон кишвар оиди Тоҷикистон рақобат надорад. Мо Осиёи Марказиро ҳамчун тахтаи шоҳмотбозӣ бо Русия ё дигар мамлакати дигар истифода намекунем. Ҳадафи мо кӯмак расонидан ба ҳамаи кишварҳои минтақа барои расидан ба мақсадҳои инкишоф ва истиқрори бардавоми онҳо мебошад Дар аксари мавридҳо манфиатҳои ИМА ва Русия ба ҳамдигар мувофиқанд. Мо бо РУсия дар бисёр соҳаҳо ҳамкорӣ мекунем. Муносиботи байни Тоҷикистону Русия таърихи қадима дорад, вале Тоҷикистон кишвари мустақил мебошад ва мо муносиботи худро бо Тоҷикистон ҳамчун бо ҳар як кишвари дигари мустақил вусъат медиҳем.
5. Тоҷикистон барои амалиёти НАТО дар Афғонистон як шарики пурқудрате мебошад. Он ба НАТО барои парвози ҳавопаймоҳояш иҷозат додааст ва ба қарибӣ барои интиқоли колои ғайриҳарбии ин паймон аз тариқи қаламрави худ низ розигӣ дод. Алоқаҳои тиҷоратӣ барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва тавсеа додани бозор чӣ барои афғонҳо ва чӣ барои тоҷикон ниҳоят муҳиманд. Аз ин рӯ пули болои дарёи Панҷ, ки бо кӯмаки ИМА бунёд гаштааст, дар эҷод кардани ин алоқаҳо нақшии ниҳоят муҳимеро мебозад. Пас аз якчанд аоҳи кушодашавии ин пул дар соли 2007 сатҳи тиҷорат байни Тоҷикистону Афғонистон се маротиба боло рафт. Мо ҳамчунин ба мардуми афғон ва тоҷик барои беҳтар кардани вазъи тиҷорати наздисарҳадӣ тренингҳо мегузаронем.

Ном: shams аз: dubai
18.12.2009 17:51
salom oqoi safir.chiguna metavonem dar donishgohhoi amriko tahsil kunem ?
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 15:36
Бино ба ҳисоботи мо, дар коллеҷ ва донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида бештар аз сесаду панҷоҳ (350) нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Дар Тоҷикистон мо якчанд марказҳои машваратии омӯзишӣ кушодаем. Ин марказҳо ба тоҷиконе, ки ҳаваси таълим гирифтан дар Иёлоти Муттаҳидаро доранд, кӯмак мерасонад. Ин гуна марказҳо дар Душанбе ва Хуҷанд ҳастанд. Аз он ҷо шумо метавонед оиди таълим дар ИМА маълумоти зарурӣ гиред.

Ном: Muso аз: Rasha
18.12.2009 20:04
Hail, mr Gross. We are very glad, that you may answer for our questions. Happy New Year mr Gross. Mr.Gross, what do you think about modern democrat-islam republic. Is it possible or impossible that structure in our country? Thanks..
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 15:39
Ташаккур, Мусо. Соли нави ШУмо ҳам муборак бошад! Ман умед дорам, ки соли 2010 ба Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ҷаҳон рушди бештари иқтисодиву устуворӣ хоҳад овард. Баъдан, бунёди демократия дар кишварҳое, ки аксари мардумонашон мусалмонанд, ҳеҷ душворие надорад - бингаред ба Туркия, Малайзия, Индонезия. Чаро дар Тоҷикистон ин кор номумкин бошад?

Ном: Barodar аз: Almato
18.12.2009 21:16
Dear Ambassador,
I am seriously concerned about cultural and human rights of ethnic Tajiks in Uzbekistan. For 80 years + but mainly since independence Uzbek authorities suppress the rights of Tajiks, they closed most tajik schools in key Tajik cultural centers of Samarkand and Bukhara, children no longer study in their language, tajiks are being discriminated for their identity and forced to register their children as ethnic Uzbeks. Tajiks newspapers were closed, and some tajiks historical sites being renamed or closed. The list goes on and on. The state department annual report on human rights does say much about ethnic tajik discrimination I would appreciate if you could explain what is you country official position in regard to the state of ethnic minorities in Uzbekistan and if there is any role for USA to stop cultural genocide of Tajiks in Uzbekistan?
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 15:42
Салом Бародар. Ташаккур барои чунин як суоли хеле муҳим. Иёлоти Муттаҳида ба масъалаи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Он ҳисоботеро оиди риояи ҳуқуқи инсон, ки шумо зикр кардед, дар сомонаи http://uzbekistan.usembassy.gov/hr_rep022509.html пайдо кардан мумкин аст. Дар ин ҳисобот маълумот дар бораи вазъи тоҷикон дар Узбекистон ҷой дода шудааст, ки онро аз сомонаи tashkentinfo@state.gov. пайдо кардан мумкин аст. Умедворам, ки ин сомона ба Шумо барои дарёфти маълумоти зарурӣ кўмак хоҳад кард.

Ном: HN аз: Lisboa
18.12.2009 21:34
U.S. Ambassador to Tajikistan Kenneth E. Gross.
Dear Ambassador , It is suitable and politically correct to USA encouraged the countries of the region to work together to balance water and energy needs and the USA do it, since 1989. The last desperate plea of the President Rahmon to build Roghun by own efforts uncovered the USA encouragement policy in the region and showed it as failed. In fact, it is very sad that the USA limit its activity using Tajikistan as cargo transit route to Afghanistan. Please, Tajikistan doesn't need a humanitarian assisstance from the USA, Tajikistan needs true cooperation to develope Science, Technology and investements to build Roghun.
Very faithfully.
Halima Naimova
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 15:55
Салом, Ҳалима. Дар ин бора ман дар ҷавоби қаблиам баъзе маълумот дода будам. Гарчанде, ки ман ташвиши шуморо хуб мефаҳмам, мехостам қайд кунам, ки Ҳукумати ИМА дар бунёди инфрасохторҳои бузург ширкат намеварзад. Фақат илова карданиам, ки барои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ, ҳар як кишвар бояд шароитеро муҳайё созад, ки бехатарии соҳибкории онҳоро таъмин кунад. Сармоягузорон мехоҳанд бубинанд, ки дар мубориза зидди фасод кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ дода мешавад, низоми судии шаффоф вуҷуд дорад, волоияти қонун риоя ва ҳуқуқи моликият эътироф карда мешавад. Имрӯз бисёр мамлакатҳову ташкилотҳо ҳамроҳи Ҳукумати Тоҷикистон иқдоми зиёди мушаххасе гирифта истодаанд, то муҳити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардад ва сармоягузорони хусусии хориҷӣ ба сохтмони инфрасохтори энергетикӣ имкон пайдо кунанд.

Ном: Фарход аз: Исфара
19.12.2009 05:10
Салом. Чихеле ки маълум имруз зиеда аз 1 миллион мухочирони точик дар Руссия кор мекунанд. Фарз кунем ки имруз Руссия набошад Амрико кудрати кабул кардан ва ба кор таъмин кардани чунин микдори бузурги мухочирони точикро дорад е не? Ташаккур...
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 15:57
Салом Фарҳод. Агарчанде, ки низоми муҳоҷирати меҳнатии Амрикову Русия аз ҳам фарқ мекунанд, вале мо барои додани раводиди корӣ ба коргарони баландихтисосе, ки аз ҷониби ширкатҳои амрикоӣ даъват шудаанд, имконият дорем. Ҳамчунин имкониятҳое мавҷуданд барои дарёфт кардани раводиди муҳоҷиратӣ. Раводиди муҳоҷиратӣ ба касоне тақдим карда мешавад, ки тасмим гирифтаанд дар Иёлоти Муттаҳида ба мўҳлати тўлонӣ ё ба ҳамешагӣ иқомат кунанд. Роҳҳои дарёфти раводиди муҳоҷиратӣ гуногунанд, аз ҷумла аз тариқи раванди «Раводиди гуногуншаклӣ», ки бештар бо номи «Лотереяи раводид» (visa lottery ) маъруф аст, ё аз тариқи пешниҳоди дархост аз ҷониби хешовандони наздик, ки шаҳрванди ИМА мебошанд. Раводиди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон на дар шаҳри Душанбе, балки дар ш. Алмато дода мешавад. Роҷеъ ба масоили кору раводиди муҳоҷиратӣ ва «Лотереяи раводид» шумо метавонед аз сомонаи http://dushanbe.usembassy.gov/visa.html. маълумоти бештар пайдо кунед.

Ном: Фарход аз: Исфара
19.12.2009 05:10
Салом. Чихеле ки маълум имруз зиеда аз 1 миллион мухочирони точик дар Руссия кор мекунанд. Фарз кунем ки имруз Руссия набошад Амрико кудрати кабул кардан ва ба кор таъмин кардани чунин микдори бузурги мухочирони точикро дорад е не? Ташаккур...

Ном: бахти аз: москва
19.12.2009 05:59
добрый день ! Уважаемый Кеннет Гросс ! прошу вас довести до президента рахмона , что я отправил на его сайт элэктроную почту 14.12.2009 г два письма , пусть он прочитает , просто до эмомали рахмона оно не доходит , от мирзаева наимхона прошу , и жду отвас ответа и помощи !
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 16:02
Салом Бахтӣ. Ман намедонистам, ки Президент Раҳмон сомонаи худро дораду аз тариқи он метавонад саволҳоро дастрас кунад. Ин бисёр хуб аст. Мо низ дар сафорат ҳамин чизро дорем. Дафъаи дигар, агар бо ў вохўрам, ҳатман дар ин бора мепурсам. Ба шумо барои иртибот кардан бо ў барор мехоҳам.

Ном: Shamsher аз: Dushanbe
19.12.2009 08:48
Dear Mr. Ambassador

It seems me that after the beginning of the US campaign in Afghanistan, the US Government had changed its priorities in relations with Tajikistan, in particular, from supporting developing democratic institutions to military cooperation with the Tajik Government. As a result we can see an increasing authoritarian rule in Tajikistan. Could we expect any changes in the US priorities after finishing the Afghan campaign?
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
30.12.2009 16:04
Салом Шамшер. Ташаккур барои саволат, вале ИМА самтҳои асосии фаъолияти хешро дар Тоҷикистон иваз накардааст. Иёлоти Муттаҳида мехохад ба мардуми тоҷик дар бунёди ояндаи осоиштаву шукуфони хеш кўмак кунад. Барои расидан ба ин мақсад мо дар самтҳои зерин фаъолият мебарем:
• Созмонҳои экстримистӣ ва ҷиноиро пароканда карда, барои расидан ба сулҳу салоҳ ва устувориву рушди иқтисодӣ ёрӣ мерасонем.
• Дар ба роҳ мондани ҳокимияти хуб ва ҷорӣ кардани принсипҳои давлати демократӣ кўмак мекунем.
• Эҷоди як ҷомеаи солиму маърифатноки тоҷикро роҳандозӣ мекунем.
• Ба баланд бардоштани сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҷоди боварӣ мусоидат менамоем.
Иёлоти Муттаҳида дар роҳи эҷоди муносибот бо Тоҷикистон аз захираҳои зиёде истифода мебарад ва Тоҷикистон дар ин кўшишҳо моро шарикӣ менамояд. Ҳамон тавре, ки аз ҳисоботи мо оиди вази ҳуқуқи инсон, муҳити инвеститсионӣ ва вазъи озодии дин дар Тоҷикистон бармеояд, мо ташвиши худро оиди суръату самти равандҳои сиёсии Тоҷикистон баён кардаем ва гумон мекунем, ки дар соҳаҳои зиёде вазъ беҳбуӣ мехоҳад. Мо дар якҷоягӣ бо созмонҳои дигари байналхалқӣ барои эҷод кардани таѓйиротҳои мусбӣ дар ин ҷо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва гурўҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ карда истодаем.

Ном: Абдучалил аз: Душанбе
19.12.2009 10:59
Дуруди Худованд бар хама!

Дуруди Худованд бар Шумо низ чаноби сафир!
Аввалан бо таъин шуданатон дар ин мансаби фархангчуй муборак намуда ба сарзамини точикони чахон хайрамакдам мегуем!

1. Чаноби сафир, фикру эхсосхои Шумо дар бораи мо точикон, давлатдории точикон ва умуман оиди миллати точик чи фикре доред? Мехмондории точиконро чи гуна бахогузори мекунед?

2. Дар Точикистон зиндаги намудан бароятон чи гунааст? Аз ошёнахои баланду бо хашамати Ню-Йорк ва Чикаго пазмон нашудааед?

3. Чаро барои дарёфт намудани визахо ва баъзе хуччатхои лозими, шахрвандони Точикистон ба Казокистон бояд сафар кунанд ва аз ончо хуччатхои лозимиро дастраст кунанд?

4. Барои бехтаргардонии симои шахри Душанбе ва дигар шахрхои Точикистон, чи дархосту пешниходу фикрхое доред ва агар дошта бошед ба Хукумати шахри Душанбе пешниход мекунед ё на?

5. Чаро ИМА иншоотхои хаётан мухими стратегии Точикистонро ба монанди энергетика бунёди НОБ "Рогун"-ро сармоягузори намекунад?

6. Чаноби сафир! Аз самими калб ва вичдон метавонед бигуед, ки кишвари Шумо, яъне Амрико дар чанги сохтакоронаи собик президентатон Чорч Буш гунахкор аст ё на?

7. Оё Шумо Амрикоро дар чанги беадолатона бо Ирок тарафдори мекунед ё на? Мехохам хотиррасон кунам, ки хукуматдорони собик президентатон Чорч Буш бо тухматхои сохтакорона ва бо бахонаи яроки атоми дар ин кишвари осоишта чангро шуруъ карданд ва то кунун беш аз 200-300 хазор мардуми ин кишварро куштанд, захирахои иктисодии ин кишварро аз чумла нафтро ба дасти худ гирифтанд. Чаро? Адолат кучост?

8. Амрико, ки Афгонистонро низ ба чанг водор карду онро забт кард ва бо беш аз 500 хазор сарбозони худ наметавонад амниятро ба даст оварад ва чахонро аз маводи мухаддир, ки аз тарафи Афгонистон пахн мешавад пурра нобуд созад. Чаро дар ин самт Амрико ягон чорахо намеандешад? Магар Амрико барои нобуд сохтани маводи мухаддир ва заводу фабрикахои мухаддири Афгонистон талош намекунад ва дар ин самт очиз аст?

9. Фасодкорит дар сафоратхона Шумо низ вучуд дорад ва чи гуна бо ин фасодкори мехохед мубориза бубаред?

10. Дар бораи ислом ва мусулмонон чи фикре доред ва худро дар байни мусулмонон чи гуна эхсос мекунед?

11. Гирду гушаи сафоратхонаатонро чаро зебову ороста мисли шахрхои Амрико намекунед, магар сафоратхонаи Шумо имконияте дар бехтаргардонии симои шахри Душанбе надорад? Агар имконият дошта бошед хамон кучахову роххову канорхои сафоратхонаатонро мисли кучахои зеботарини Амрикову Аврупо мекардед ва мардум аз ворид шудан ба кучахои назди сафорат дар хакикат худро хамчун дар Аврупо хис мекарданд.

12. Рушд ва инкишофёбии Точикистонро дар 5 соли оянда чи гуна арзёби мекунед ва барои халку миллати точик чи таманниётхо доред?


Умедворем, ки вазифахои мансабии худро бо дурусти ичро кунед ва дар рушдёбии равобити фархангиву мадании хар ду кишвар сахми арзандае бигзоред.

I think that you will answered to all my guestions only true and whith remember of Great GOD! Thank you very much.


Худованд хамаи моро дар панохаш сихату солим нигах дорад!

Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
19 декабри соли 2009
Дар посух

Ном: Кеннет Гросс аз: Душанбе
31.12.2009 12:12
Салом Абдуҷалил. Ман мебинам, ки Шумо саволҳои зиёде доред. Инак ҷавоби ман ба ду саволи аввалаатон: Ман дар Тоҷикистон солҳои 2002 – 2004 адои хидмат карда будам ва мардуми ин ҷоро чунон хубу меҳмоннавоз дарёфтам, ки хостам ба муддати боз чанд соли дигар ба ин кишвар биёям. Албатта, баъзан ман хонаамро ёд мекунам, вале умуман аз зиндагӣ кардан дар ин ҷо ман ҳаловат мебарам.

3. Навъҳои гуногуни раводид вуҷуд доранд, аз ҷумла раводиди муҳоҷиратӣ ва ғайримуҳоҷиратӣ. Дар Тоҷикистон сафорати Иёлоти Муттаҳида танҳо раводиди ғайримуҳоҷиратӣ содир мекунад. Раводиди ғайримуҳоҷиратӣ барои муваққатан ворид шудан ба ИМА содир карда мешавад. Барои мисол, ин навъи раводидро ба касоне медиҳанд, ки барои сайру саёҳат ва ё ягон кори дигари кўтоҳмуддат ба Амрико сафар кардан мехоҳанд; ё ба донишҷўёне, ки дар ИМА таҳсил мекунанд ва ё ба иштирокчиёни барномаҳои табодулӣ. Раводиди муҳоҷиратиро бошад ба касоне медиҳанд, ки мехоҳанд ба Иёлоти Муттаҳида барои иқомати доимӣ раванд. Барои дарёфти раводиди муҳоҷиратӣ талабот гуногун аст. Алҳол ин намуди раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Алмато дода мешавад. Дар сомонаи сафорати мо бо адреси http://dushanbe.usembassy.gov/visa.html метавон тамоми маълумоти заруриро оиди ҳуҷҷатҳое, ки барои дарёфти раводид заруранд, пайдо кард. Мо ҳоло болои он кор карда истодаем, ки барои содир кардани раводиди муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо имкон пайдо кунем.

4. Ман Душанберо дўст медорам. Он санъати меъмории ба худ хос дорад. Ман ҳамчунин аз щаҳри Хуҷанд низ дидан кардаам, ки он ҳам хеле зебост. Вале ман гумон намекунам, ки тавонам ба Ҳукумати шаҳри Душанбе чизеро пешниҳод кунам. Зеро ман дониши казоие дар шаҳрсозӣ ва санъати меъморӣ надорам. Ба ақидаи ман, меъморони Душанбе беҳтару хубтар медонанд, ки чӣ тавр онро тараққӣ диҳанд.

5. Ҳамон тавре, ки ман пештар қайд карда будам, Ҳукумати ИМА кўшиш менамояд, ки ба Тоҷикистон дар беҳтар сохтани муҳит барои рушди соҳибкорӣ мусоидат намояд.

6. Ҳар як президент дар асоси маълумоте, ки дар ҳамон давру замон дорад, ҳамон кореро мекунад, ки, ба ақидаи ў, барои кишвараш суди бештаре меорад. Пас аз он, ки 11 сентябри соли 2001 кишвари мо дучори ҳамла гашт, Президент Буш ва аъзои Конгресс нақшаи амалиётеро қабул карданд, ки, ба ақидаи онҳо, барои мо зарур буд. Албатта, ҳеҷ кас ҷангу ҷанҷолро нағз намебинад, вале баъзан он воқеъияти ногузир аст.

7. Ҳамон тавре, ки ман дар боло қайд кардам, қароре, ки баъди ҳодисоти 11 сентябри соли 2001 қабул карда шуда буд, на танҳо аз нуқтаи назари мо, балки аз нуқтаи назари бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон низ барои ҳамон шабу рўз зарурӣ ҳисоб шуда буд. Мо имрўз бо Ҳукумати Ироқ ҳамкорӣ карда истодаем, то ба онҳо дар бунёди як мамлакати осуда ва демократӣ кўмак расонем, ки дар он садои мардум ҳангоми тарҳрезии ояндаи хеш шунида шавад. Ин чизест, ки онҳо дар зиндагии худ дар режими қаблӣ ҳеҷ гоҳ дошта наметавонистанд.


8. Ҳукумати Афғонистон аз НАТО хоҳиш намудааст, ки қувваҳои худро дар он ҷо нигоҳ дорад, то дар таълими аскарону пулиси афғон ва овардани субот ба ин кишвар кумак расонанд. Ин, албатта, кори осон нест, вале мо бо онҳо сари ин мақсад кор карда истодаем ва ҳамарўза ба муваффақиятҳо ноил гашта истодаем. Ҳар рўз мо корҳои зиёдеро иҷро менамоем, то тавонем теъдоди маводи мухаддиреро, ки дар Афғонистон истеҳсол карда мешавад, кам кунем. Алҳол аз 37 вилояти Афғонистон 20-тоаш эълон кардаанд, ки дар қаламрави худ кишти нашъаро иҷозат нахоҳанд дод ва деҳқонони ин манотиқ ба кишти гандум гузаштаанд, ки дар бозор харидори зиёд дорад. Роҷеъ ба кўшишҳо дар самти паст кардани сатҳи кишти нашъа дар Афғонистон Шумо метавонед аз сомонаи «Афғонистон»-и Радиои Озодӣ бо адреси http://www.rferl.org/content/article/1067737.html маълумоти бештаре пайдо кунед.

9. Шумо ҳақ ҳастед. Албатта, мо баъзан дар сафоратхона кормандонеро низ пайдо мекунем, ки фасодкор ҳастанд. Ҳамин, ки мо чунин нафарро пайдо кардем, мо фавран ўро аз кор меронем. Вале чунин ҳодисот дар мо маъмул нестанд, зеро мо аз воситаҳои пешгирии фасодкорӣ фаровон истифода мебарем. Ва мо ҳамчунин кўшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳем, то ба сафорат танҳо ҳамон нафарони покизаву боваринокеро ба кор қабул кунем, ки бо мақсадҳои мо ҳамақидаанд.

10. Ман дар бисёр кишварҳое кору зиндагӣ кардаам, ки сокинонаш мусулмонанд, аз ҷумла дар Малайзия, Ироқ, Амрико ва дар давраи пайравони ҳамаи динҳо худро бароҳату хуб ҳис мекунам. Оё шумо медонед, ки дар Амрико ҳамон миқдор мусулмонон зиндагӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳастанд? Дар Амрико қариб хафт миллион мусулмонон зиндагӣ мекунанд – айнан баробари тамоми аҳолии Тоҷикистон.

11. Дар ҳама шаҳру мамлакатҳо ҳукумат ва мардуми минтақа маҳалли зисти худро ҳамон тавре, ки мехоҳанд, ободу зебо мекунанд. Душанбе боғҳову бозорҳову тарабхонаҳои хуби зиёде дорад. Иёлоти Муттаҳида барои рушди иқтисодии кишвар кўмак мерасонад, ки он сабабгори тараққӣ кардани инфрасохтори шаҳр хоҳад шуд.

12. Ба ростӣ, танҳо аз худи мардуми Тоҷикистон вобаста аст, ки кишварашон дар панҷ ё панҷоҳ соли оянда чӣ гуна рушд мекунад. Ман сидқан мехохам, ки мардуми тоҷик сатҳи маориф, хизматрасонии тиббӣ, амният ва иқтисодашонро дар давоми солҳои наздик беҳтар созанд. Шумо меҳнат мекунед ва ояндаатонро фикр мекунед ва ман аминам, ки барои худ як зиндагии бароҳатеро бо имкониёти зиёд тарҳрезӣ хоҳед кард.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил