Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба Шодӣ Шабдолов

07.12.2009

Ин нахустин рекорди гуфтугӯҳои онлайни сомонаи мост, ки ғайриинтизор ва берун аз нақша 8 (!) соат бидуни танаффус давом кард. Раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов, вақти худро дареғ надошта, талош кард ба ҳамаи саволҳои хонандагон ҷавоб диҳад.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 7
Ном: Иброхим аз: Душанбе
07.12.2009 14:33
Мухтарам Раис, Чи сабаб шуд, ки хизби коммунисти ба як хизби оппортунисту конформист мубаддал шуд? Ба фикри Шумо манфиати мардуми бесохибу бенавои точикро дар вобастаги бо хукуматдорон ки химоя карда метавонад?

Сипосгузорам.
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 14:42
Ҷаноби Иброҳим,
Ба муттаҳам кардани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва табдил шудани он ба Ҳизби оппортунистию конформист чунин посух медиҳам:
Ба назари ман, Шумо аз мафҳумҳои илмии оппортунисту конформист аслан маълумот надоред. Дуюм ин ки агар шумо ягон далели оппортунисту конформист будани ҳизби моро мегуфтед, ман ба шумо ҷавоби мушаххастар медодам.
Оппортунисту конформист ҳизбҳое ҳастанд, ки бо ҳамин мақсад дар ҳукумати сармоядорон соҳиби мақому мансаб мешаванд. Вале Ҳизби коммунист на ягон вазир ва на ягон раиси ҳукумат дорад. Яъне, конформист будани мо ягон маънӣ надорад. Агар баҳс кардан хоҳед, ҳар шанбеи аввали ҳар моҳ дар Кумитаи марказии ҲКТ мо семинар дорем, ки дар он олимон, сиёсатмадорон, мутахассисон, аъзои ҳизб аз манотиқи гуногун иштирок мекунанд. Марҳамат, мо ба баҳс омода ҳастем.

Ном: Garib аз: Avrupo
07.12.2009 15:17
Muhtaram Shodi Shabdolov. In jo savoli man oidi strukturai hizbi shumo ast. Dar davrai shuravi hizbi komunist ozodii dunyavii (ya'ne dinii) shahrvandonro poymol mekard. In allakay gayri demokrati budani hizbro nishon medod. Nazari hizbi hozirai komunisti dar in bobat chi guna ast? Oyo bobathoi oinnomai hizb doiri din digar shudaand? Agar ha dar oinnoma chi omadaast?

Bo ehtirom,
Garib
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 14:48
Бародари азиз.
ҲКТ озодии виҷдонро, аз ҷумла озодии динро поймол намекард, чунки Шӯравӣ давлати дунявӣ буд ва созмонҳои динӣ, яъне, масҷиду калисою куништ аз давлат ҷудо буданд. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи озоди интихоби мазҳабро дошт. Вале вақте дар зери шиори дин алайҳи ин давлат аксуламал сурат мегирифт, ин гуна афрод мутобиқи қонунгузории он замон ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд.
Дар оиннома ва барномаи амали мо ин мавзӯъ мушаххастар ифода ёфтааст, ки онро ман дар ҷавоб ба суолҳои дигар шаҳрвандон иқтибос хоҳам овард.

Ном: Интихобкунандаи посўхта
07.12.2009 15:24
Назари Шумо нисбати вакилоне, ки дар давраи пешазинтихоботи ба халк ваъдахои зиёде медиханду, дар асл...

Нисбати халки камбагали Точикистон кабул кардани карор дар бораи пулакки шудани рохи Хучанд-Душанберо чи тавр арзёби мекунед. Оё ин чудо намудани мардуми шимолу чануб нест?

Пулакки шудани хизматрасонии тиб чи? Албатта "дар ҳамаи кишварҳои олам хизматрасонии тиббӣ пулакӣ аст", аммо, мебахшеду, маоши мо ё даромади мо дар назар ба маоше ки онхо мегиранд "сигорпули" аст.

Магар ин карорхои бар зидди халки одди равоншуда хиёнат ба интихобкунандагон нест? Хиёнат ба халк ин хиёнат ба давлат аст. Хиёнаткор бояд чавоб гуяд. Шумо чи мегуед?
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 14:54
Ба қисми аввали суоли шумо чунин мегӯям, ки ваъдаи хушку холӣ ва подарҳаво ба интихобкунандагон - инро ман ҳамчун бевиҷдонии номзадҳо ба вакилӣ мешуморам. Чунки ин гуна афрод аз рӯи мушоҳидаи чандинсолаи ман ба порлумон ворид шуда, ба манфиати шахсии худ овора мешаванд, на ба иҷроиши ваъдаҳое, ки ба интихобкунандагон доданд.

Саволи дигаратон. Пулакӣ кардани роҳи Хуҷанд- Душанберо дар ҳолати набудани роҳи бепули алтернативӣ ман иқдоми ғайри қобили қабул мешуморам. Лекин, дар ҷойҳое, ки тавассути Эрону Чин нақбҳо сохтаанд, Анзобу Шаҳристон, ки роҳи бепул аз болои ағба вуҷуд дорад, бо мақсади саривақт баргардондани қарзҳои давлатӣ ба ин кишварҳо пулакӣ кардани гузашт аз ин нақбҳо мумкин аст. Чунин таҷриба дар ҳамаи давлатҳои дунё вуҷуд дорад. Аз Чин то Амрико.

Саволи дигар: Дар Тоҷикистон, ки аксарияти мардумаш камбизоатанд, аз рӯи барномаи интихоботии ҳизби мо ба қишри камбизоати аҳолӣ хидматрасонии тиббӣ бояд бепул бошад. Лекин, ба ашхоси сарватманд хидматрасонӣ бояд ҳатман пулакӣ бошад. Аз ҳисоби ин қишри сарватманд ва аз манбаъҳои дигар мо метавонем барои камбизоатон хидматрасонии ройгони тиббиро фароҳам орем.

Ном: Карим аз: Душанбе
07.12.2009 15:31
Саломун Алайкум муҳтарам Шоди Шабдолов
Ба ҳамагон маълум аст, ки Чумҳурии Точикистон 99% Мусалмон ҳастанд ва ин ҳизб комилан матруд ва мухолифи ақидаи 99% мусулмон мебошад шумо чигуна фаъолият мекунед? Шумо эҳсоси шармандаги намекунед дар ҳоле ки ин ҳизб ки решаш Русия буд аз байн рафт ва ҳайклоҳое бе хосияти Владимр Илич Ленин канда шуд?
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 15:05
Ба Карим, Алишер ва дигарон. Шаҳрвандони мӯҳтарам!

Пеш аз ворид шудан ба баҳси сиёсӣ шумо бояд як бор ҳам бошад Сарқонуни Тоҷикистонро дар мавриди озодии ҳуқуқҳои инсонӣ, ва аз ҷумла дар мавриди озодии виҷдон ва озодии шаҳрвандон барои таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динӣ ё дунявӣ доштаро мутолиа мекардед. Мутобиқи моддаи панҷуми Конститутсияи ҷумҳурии мо "инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯ арзиши олӣ мебошанд". "Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд". "Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро давлат риоя ва ҳифз менамояд". Моддаи 14 - "ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.".

Вақте сарқонуни мо ин ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро мушаххас кардааст, ва он дар раъйпурсӣ аз тарафи тамоми мардуми Тоҷикистон, яъне аз тарафи 99 фоизи мусалмонон эътироф шудааст, ҳеҷ кас дигар ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқҳоро эътироф накунад. Мо аз ин ҳуқуқҳои конститутсионии худ ифтихор дорем, на "эҳсоси шармандагӣ", чӣ гунае, ки шумо мегӯед.

Дуюм, шумо, шаҳрвандони мӯҳтарам, ду чизро аз ҳамдигар фарқ кардан намехоҳед, ки яке ақидаи мазҳабии шаҳрвандон ва дигаре, ақидаи сиёсии шаҳрвандон аст. Ақидаи мазҳабӣ, ки аз озодии виҷдон бармеояд ва ақидаи сиёсӣ, ки онро ҳизбҳои сиёсӣ матраҳи баҳси интихобкунандагон мекунанд. Ҳизби мо - ҲКТ, ки аслан ҷонибдори раванди рушди сотсиалистии ҷомеа мебошад, ба мардуми азизи худ барномаи гузариш ба ҷомеаи сотсиалистиро, ки шакли волои давлати иҷтимоист, пешниҳод мекунад. Дар он афзалияти моликияти давлатию ҷамъиятӣ бар моликияти хусусӣ, афзалияти сохти танзими плании иқтисодиёти ҷомеа ва тарафдори таъмини баробарҳуқуқии иқтисодӣ ва иҷтимоии тамоми шаҳрвандони заҳматкаш сарфи назар аз миллату дину нажодашон мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқи дастёбии шаҳрвандон ба мактабу касбу хидматрасонии тандурустӣ ва ҳоказо.

Аз ин рӯ, барои ҳизби мо муҳим он аст, ки шаҳрвандон барномаи иқтисодию иҷтимоии ҳизбро ҷонибдорӣ мекунанд. Лекин, дар дохили ҳизб озодии виҷдон пурра риоя мешавад - чӣ нисбат ба атеистон ва чӣ нисбат ба онҳое, ки ақидаи динӣ доранд.

Бахусус, қобили тазаккур аст, ки барномаи мо дини ислом ва дигар адёнро натанҳо ҳамчун падидаи мазҳабӣ, балки манбаъи арзишҳо ва сарватҳои таърихию фарҳангӣ мешуморад. Овардани ин иқтибосро аз барномаи ҳизби худамон дар соҳаи маънавиёт зарур мешуморам:

- "Истифода аз арзишҳои исломӣ ва динҳои дигар барои тарбияи инсони солимахлоқ, фаҳмонидани оқибатҳои зараровари ҳам таассубу хурофоти динӣ ва ҳам муносибати беэътиноёна ва душманона ба дин, дарки ин асл, ки ҳам дин ва ҳам атеизм унсурҳои муҳимми фарҳангу таъриханд".

Ҳизби мо комилан мухолифи ифротгароӣ ва тундравии динӣ ва атеистӣ мебошад. Афроди тундраву ифрогатроро натанҳо дар давраи ҳукумати шӯроҳо саркӯб мекарданд, балки дар тамоми давлатҳои дунё аз Чин то Амрико ва дар худи давлатҳои мусалмонӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои исломӣ низ саркӯб мекунанд. Ин ҳуқуқи давлат аст. Давлате, ки худро муҳофизат карда наметавонад, пойдор нахоҳад монд.

Ном: alisher аз: dushnbe
07.12.2009 16:56
janobi shodi shabdolov man yakchand suol doram va az shumo hohish mekardam ki ba suolhoi mo javob dihed
1-shumo va azoyni hizbi shumo dar kadom akida hastand ateisti yo na ?agar gued ki dar hizbi shumo musalmonon niz hastand chi guna yak musalmon azoi nizbe shuda metavonad ki baroi on hizb din afyon ast?
2-ba hamagon malum ast ki hizmi shumo dar davrai hukumronii hud sari milonho mardumi begunohro hurs milionho mardumi begunoh ba zindonho kashida shuda va digaron badarga shudand chiguna shumo bovarii mardumro ba dast meored va chu guna mardum ba shumo bovri kunand.ki dar holati ba sari kudrat omadani shumo in fojeaho taror nahohad shud.
3-mo hamashonidi on hastem ki yak guruh az azoyoni hizbi komunist ki dar davroni shuravi azoi hizbi shumo budand imruz jomai hudro ivaz karda hudro demokrat elon mekunand va kismi ziyode az azoyoni hizbi hokimi halki demokrati az hamin guruhand sar karda az rahbari on hizb,oyo chunin ashhosro shumo hamchun hoin mehisobed yo ne? ki onho dar on zamon komunist budand aknuk ba idealhoi hizbi komunist hiyonat karda hudro demokrat mehisoband , va ba hizbi shumo sangi malomat mezanand .
peshaki tashakur az shumo.
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 15:33
- Онҳое, ки дар вақти сари қудрат будани ҲКТ дар сафи мо буданд ва пас аз ҷунбишҳои шадиди сиёсии аввалҳои соли навадум ҳизби моро тарк карданд, ман чунин ҳисоб мекунам, ки қисми муайяни онҳо ақидаи коммунистӣ аслан надоштанд. Фақат афроди ҷоҳталабу мансабталаб буданд.

Вале онҳое, ки ҳизбҳои дигарро таъсис доданд, ин ҳуқуқи шаҳрвандии онҳост. Вале эҳтимоли гурехтани онҳо аз ин ҳизбҳо низ вуҷуд дорад.

Ном: Икром аз: Душанбе
08.12.2009 00:02
Бо салом,
Бо ичозати Шумо кормандони Рудои Озоди мехостам як ду сухан дар мавриди суханхои бародари мо Карим аз ш Душанбе бигуям. Ман худам коммунист нестам, вале бародар, ин В.И. Ленин ва хизби Коммунист буданд ки Шумо навистану хондаро ёд гирифтед, аз Шумо мехостам ба Давлати Афгонистони Исломи ва Чумухрии Исломии Эрон нигох кунед. Ба давлати Точикистон ба фикрам Исломе, ки дар сиёсат ва ифротгарои гутида аст, даркор нест.
Мухтарам Ш. Шабдолов, ба фикри Шумо оё асоси ичтимоии Хизби Коммунисти дар давлати Точикистон устувор аст ?
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 15:38
Аз ҷонибдории шумо миннатпазирам.

Асоси иҷтимоии ҳизби мо дар давлати Тоҷикистон воқеан устувор аст, чунки аксарияти мутлақи аъзои ҳизби моро коргарону деҳқонон ва равшанфикрони заҳматкаш ташкил медиҳанд, ки рӯзияшонро бо меҳнати ҳалоли худ ва арақи ҷабин таъмин менамоянд.

Ном: ne-komunist аз: Tojikiston
08.12.2009 01:28
Uvazhaemiy Shodi Shabdolov,
Vo pervix, xotelos bi skazat ogromnoe spasibo vam i sotrudnikam radio ozodi za to shto daete nam vozmozhnost na pryamuyu obshatsa segodnya po sredstvom etogo site-a, Vo vtorix, xochu eshe raz virazhat svoyu iskrennuyu simpatiyu lichno Vam Shodi Shabdolovich i tem kommunistam, kotorie nesmotrya ni na shto ostalis' verni svoim idealam i principam, to est' v otlichie ot mnogix drugix bivshix vashix soratnikov (komunistov), vi uvazhaemiy Shodi ne stali psevdo-demokratom ili psevdo-musulmanom,
Stoit eshe raz otkrito priznatsa, shto ne smotrya na chernie stranici sushestvovaniya SSSR, vam komunistam Sovetskogo Tajikistana za 70 let svoego sushestvovaniya udalos dostich bolshix resultatov(sozdanie sovremennogo obrazovaniya, medicini, razvitiya promishlenosti itd....) I dumayu, nikakim prodazhnim psevdo-demokratam (kotorie prodali nashi zemli) i psevdo-mulam (kotorie prevratili Islam v nekoe oruzhie dlya dostizheniya svoix gryaznix celey)ne dostigat takix rezultatov eshe za 1000 let,
ne slushayte tex kto ploxo otzivaetsa o vas i o vashix soratnikax na etom site, Eshe raz vam bolshoe spasibo i ogromnix uspexov v rabote, Xotya, ya lichno - ne komunist, ne demokrat i ne islamist, ya prostoy grazhdanin Tajikistana, kotoriy vnimatelno nablyudaet za sobitiyami proisxodyashimi u nas v strane, Spasibo

Ном: Sinojoni Tojik аз: Dushanbei Azizamon
08.12.2009 07:34
Salom ba hamai hamwatanoni azizu mehrabonam wa kor mandoni Radio Ozodi wa Mehmoni olikadramon Janobi Sohdi Shabdolow!
1. Shmo chirakam azoi in Hizb shuded shumora chi tashwik kard ki azoi digar hizbho ney azoi Hizbi Komunist shuded?
2. Harkase ki azoi Hizbi KOmunist boshad dar Tamomi mamoliki Musalmon onhoro ham chun Musalmon nameshinosand fikri shumo chist dar in bora?
3. Oeo shumo az Hizbe ki shumo shomilash asted Rozi asted wa eo Xair?
4. Agar Rozi asted charo Rozi asted chi xubiho in Hizb bari shumou bari Mardumu Milati shumo agar dar (Isolomham akida dored wa eo xuda Musalmon medoned) chi xizmate kardast?
5. Shumo chi fikr mekuned ki kase az azoi hizbi shumo dar oianda Raisi Jumhur shuda metawonad waeo xair, aga metawonad charo Metawonad chi kore in hizbi shumo kardast ki bowari Mardumu Milata badast oradu Raisi Jumhur shawad?
6. Agar az Hizbi shumo kadom nafar Raisi Jumhurshawad misli peshtar Musalmonhoro sarkub kardau badarga xohed kardu wa masjid horo ba otash xohed kashid eo kadom fikri digar dored?
Man xudam shaxsan az Hizibi shumo iane Hizbi Komunist xusham nameoiad chun ki in Komunist Milatu Mardumi moro to hola sarkub mekuand wa har dardu range ki Milatu Mardumi azizi man to ba imruz mekashand az dasti Hamin Komunistho hast Samarkandu Buxoroi Sharfi moro ham Hamin Komunisto ba Uzbakho dodand wa in hizbro hamchun Hizbi Milat parastu Mardum dustdoru Musalmon nameshinosam wa budani in Hizb dar Tojikistoni Azizam xusham nadoram wa xatarnokam meshumoram dar panohi xudo boshed.

Sinojoni Tojik Milat parast ( nationlism these is me)
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 15:41
Ман ба ин ақида аҷдодан мутааллиқам. Шириншо Шотемур, қаҳраомни халқи тоҷик, яке аз созмондеҳони ҳизби коммунист ва давлати ҷумҳурии Тоҷикистони шӯравӣ бобоям буд. Сайфулло Абдуллоев, амакам, дар солҳои сивум вазири кишвоарзӣ, вазири саноат ва баъдан котиби дуюми Комитети марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон буд. Ҳардуяшон ҳам қурбони тӯҳматҳои бардурӯғи онҳое шуданд, ки бар зидди ташкилёбии давлати миллии тоҷикон буданд. Падари раҳматии ман - Шабдолов Давлаталӣ низ ва бародаронаш низ узви ҳамин ҳизб буданд. Ман дигар ҳаққи маънавие надоштам, ки аз ин ҳизб дар солҳои мудҳиши 91-95 фирор кунам.

АЗ ҲК пеш аз ҳама барои он ифтихор дорам, ки ин ҳизб шароитро барои ташкили давлати миллии Тоҷикистон муҳайё сохт. Тоҷикистон дар соли 24-ум ҷумҳурии автономӣ ва дар соли 29 ҷумҳурии шӯравии умумииттифоқӣ эътироф шуд. Панҷуми декабр аз эътирофи давлати Тоҷикистон дар сатҳи умумииттифоқӣ расо 80 сол пур шуд.Дар тӯли 70 сол тамоми ободиҳое, ки дар Тоҷикистон мебинем, маҳсули сиёсат ва барномаҳои ҳизби мо буд. Камбудиҳо низ буданд, вале дар мизони таърих агар баркашанд, корҳои неки ин ҳизб нисбат ба камбудиҳояш ба маротиб зиёдтаранд.

Маҳз ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мо дар сентябри 1991 худро давлати комилан мустақил эътироф кунем ва аз ҷониби ҷаҳониён шинохта шавем. Ин ифтихори миллии мост.

Ба суолҳои дигари шумо қисман дар боло ҷавоб додам. Лекин агар аксарияти халқи Тоҷикистон ҷонибдори барномаи ҲКТ шавад, дар оянда президент низ аз ҳизби мо шуда метавонад.

Ном: asad аз: kulob
08.12.2009 10:49
asalomu alaikum suoli man ba shumo dar aqidai shumo namoz ruza zakot xairu xudoi ...... vujud nadorad va agar xudoi noxosta yagon komunist favtad janozaash mekuned

Ном: jafar аз: tehron
08.12.2009 10:49
ba ikromjon ki khud komunist nest vale bo jn hamosa az onho difo mekunad merasonam ki bale hamin komunistho va barodarat lenin bud navistanro ba mo yod dodand badi oki bosavodhoi moro kustand, kahramononi millati moro dushmani khalk elon kardand va tu barinho holo ham ba onho bovar dored dar hole ki khudi rusho onro khatoi tarikhii khud meisoband. anno savolam az muhtaram shodi shabdolov in ast dar safi hizbi shumo javonon chand daradro ishgol mekunand va savoli digar oyo dar hizbi shumo ruhoni va dindoron ni hastand
Дар посух

Ном: Шодӣ Шабдолов
16.12.2009 15:52
Шасту ду фоизи аъзои ҳизби мо шаҳрвандони то 50-сола ҳастанд. Аз ҷумла, 22 фоизашон ҷавонони то 30-сола ҳастанд. Теъдоди ҷавонон зиёд шуда истодааст, фақат дар соли ҷорӣ зиёда аз ҳазор нафар ба ҳизб пазируфта шуданд, ки 80 фоизи онҳоро ҷавонони то 30-сола ташкил мекунанд.

Рӯҳониён низ дар ҳизби мо ҳастанд. Агар асари В. И. Ленин "Об отношении рабочей партии к религии"-ро таҳлил кунед, дар он ҷо доҳии мо таъкид варзидааст, ки ба ҳизб ҳатто попҳо, яъне муллоҳо ворид шуда метавонанд, агар барномаи сиёсии ҳизбро, яъне барномаи сотсиалистиро ҷонибдорӣ кунанд.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 7

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил