Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2015


Дастаи мунтахаби ҷавонон
Дастаи мунтахаби ҷавонон

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 шурӯъ кард.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки рӯзҳои 16-25-уми январи соли оянда дар Маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”- и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, рӯзи 17-уми декабр шурӯъ кард.

Алишер Тухтаев ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-22) 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабр идома меёбанд.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Ҳайати ниҳоии ширкаткунандагони мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст. Дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкати 16 дастаи мунтахаби ҷавонон дар назар аст. То ҳоло 11 даста, аз он ҷумла тимҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ширкати худро дар ин мусобиқа тасдиқ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби ҷавонони Украина, ки дар бозии ниҳоӣ тими Русияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, ғолиби Ҷоми Иттиҳод-2014 гаштааст.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) порсол бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва

Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев ("Истиқлол”), Фатҳуллои Иззатулло (“Равшан”), Дилшод Дадобоев (“Эсхата”);

Ҳимоятгарон: Абдулло Саидов, Фирдавс Чақалов (ҳарду – ССКА “Помир”), Бахтиёр Азимов (“Энергетик”), Саидхони Амрохон, Тоҳири Баҳром (ҳарду – “Равшан”), Самандари Хайриддин (“Истиқлол”), Алишер Шарифов (“Регар-ТадАЗ”),

Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов, Фирӯз Юсуфов (ҳарду – ССКА “Помир”), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Парвиз Ҳамидов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарду – “Хайр”), Ҷаҳонгир Алиев (“Парвоз”), Дилшод Каримов, Вайсиддин Сафаров (ҳарду – “Хуҷанд”), Шодмон Тағойзода (“Регар-ТадАЗ”);

Ҳамлагарон: Абдурасул Раҳмонов, Фирӯз Раҳматов (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашев, Меҳроҷиддин Музаффаров (ҳарду – “Истиқлол”).

XS
SM
MD
LG