Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музди кори баландтаринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад?


Дар Тоҷикистон музди кори баландтаринро онҳое мегирифтаанд, ки фақат «коғаз» имзо мекунанд ва пасттарин музди миёнаи кор насиби онҳоест, ки кори хайр мекунанд ва ё заҳмати зиёд мекашанд.

Агар мехоҳед дар Тоҷикистон музди кори хуб ва баландтаринро бигиред, пас иқтисоду молияро хуб омӯзеду дар яке аз бонкҳо ва ё муассисаи молӣ кор пайдо кунед. Чунки соли гузашта баландтарин музди кор дар Тоҷикистонро “брокер” ва ё миёнаравҳои молӣ мегирифтаанд. Музди миёнаи ин мутахассисон, ки дар бастани созишномаву дигар муомилоти пулӣ миёнаравӣ мекунанд, тақрибан 2300 сомонӣ ва ё бештар аз 450 долларро ташкил медод.

Ба гуфтаи Оҷонси омори тобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омори нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2013 нарш кардааст, ширкатҳои мухобиротӣ ва нақлиётӣ ҳам ҷойи баде барои кор нестанд, зеро баъд аз миёнаравҳои молӣ музди кори беҳтаринро кормандони ҳамон ширкатҳо мегирифтаанд. Бар тибқи омори расмӣ, музди миёнаи кормандони арсаи нақлиёт ва алоқа дар Тоҷикистон соли 2013-ум 1800 сомонӣ ва ё наздик ба 400 доллар мерасид. Аз ин рӯ омӯзиши компютеру фанновариҳои нав ба мисли Интернет, барномасозӣ ҳам метавонад, музди кори хубро ба шумо замонат бидиҳад.

Маоши кормандони соҳаи сохтмон ҳам бар тибқи ҳисоби Оҷонси омори тобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хуб аст. Музди миёнаи кормандони ин арса, масалан онҳое, ки дар Душанбе дигар гӯшаҳои кишвар хонаҳои баландошёнаву, роҳу дигар зербунёдҳоро месозанд ва ё таъмир мекунанд, мисли музди кори муҳандисони ширкатҳои мухобиротии телефону интернет соли 2013 тақрибан 400 долларро ташкил медодааст, ки назар ба соли 2012 зиёдтар аст.

Аз назари музди миёнаи баландтарини моҳона онҳое, ки дар Тоҷикистон тиллову нуқраву дигар маъданҳои табииро истихроҷ ва коркард мекунанд, дар ҷойи чаҳорум қарор доранд, чун соли гузашта ҳар моҳ то 1500 сомонӣ маош мегирифтаанд. Шояд бигӯед, ки тоҷирони бозорҳои Корвону Шоҳмансуру дигар бозорҳои кишвар даромади хуб доранду музди миёнаашон ҳам баланд аст, вале ин тасаввури хатост, зеро аз назари даромад аз ҳисоби музди кор онҳо дар зинаи поёнтаре қарор доранд ва дар ҷойи ҳаштум.

Пеш аз онҳо кормандони он ниҳодҳое музди миёнаи баландтар доштаанд, ки дар арсаи таъмини нерӯи барқу газ ва таъминоти об дар Тоҷикистон кор мекунанд, ки шояд ин омор барои аксарият ҳайратангез бошад. Музди миёнаи кормандони ин соҳа дар Тоҷикистон соли гузашта 1200 сомониро ташкил медод.

Музди миёнаи онҳое, ки дар ниҳодҳои давлатӣ ва дар вазоратхонаҳову, ниҳодҳои дифоъу посбонии амнияти Тоҷикистон кор мекунанд, андаке бештар аз 200 долларро ташкил медод, ки аз музди “риелетрҳо” ва ё онҳое, ки ба фурӯш ва иҷора додани хонаву дигар амволи ғайриманқул машғуланд, андаке бештар аст. Музди миёнаи кормандони ин соҳа ва тоҷирони бозорҳои Саховату Корвону дигар бозорҳо ва онҳое, ки ба таъмири телефону дигар абзорҳо машғуланд соли 2013 ҳазор сомониро ташкил медодааст.

Аммо соли 2013 толеъи кормандони меҳмонхонаву пешхидматҳои ресторанҳои Тоҷикистон мисли соли 2012 баланд набудааст, зеро музди миёнаи кори онҳо дар соли гузашта аз 1000 то 900 сомонӣ поён омадааст.

Вале риққатовар ин аст, ки музди аз ҳама камтари миёнаро дар Тоҷикистон онҳое мегирифтаанд, ки кори хайр мекунанд, ё омӯзгор ҳастанд ва ё табиб, ки кори ҳама ба онҳо меафтад. Музди моҳонаи миёнаи омӯзгорон ва умуман кормандони маориф соли 2013 ба 700 сомонӣ мерасид, ки 200 доллари амрикоӣ ҳам нест. Вале онҳое бо арақи ҷабину заҳмати зиёд пул ба даст меоваранд, аз муаллимону табибон ҳам музди миёнаи камтар доштаанд. Аз ҳама музди моҳонаи миёнаи кам дар Тоҷикистонро ҳоло моҳипарварону, кишоварзону ҷангалпарварон мегиранд, ки аз аввалӣ 300 сомонӣ ва аз дуввумӣ 250 сомониро ташкил медиҳад, ки музди ҳатмии ҳадди аққал дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG