Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи об дар Душанбе боз боло меравад


Нархи истифодаи об дар пойтахти Тоҷикистон аз 1 январи соли 2015 боз дастикам 25 дарсад боло меравад. Ҳаққи об дар Душанбе 1 январи соли равон низ ҳадди ақал 20 фоиз афзоиш дода шуда буд.

Оҷонсии зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” (“Душанбеводоканал”) ба афзоиши нархи об барои аҳолӣ ва корхонаҳои пойтахт иҷозат дод. Нархи об дар Душанбе аз 1 январи соли 2015 боло бурда мешавад.

Тибқи ҷадвали нави тарифҳо, аз ҳар сокини пойтахти Тоҷикистон сар аз 1 январ барои истифодаи об моҳона 4 сомониву 14 дирам гирифта хоҳад шуд. То кунун ҳар сокини Душанбе барои об дар моҳ 3 сомониву 31 дирам пардохт мекард.

Ҳамин тавр, барои корхонаҳои буҷавӣ нархи истифодаи ҳар як метри мукааби об 1 сомонию 18 дирам ва барои муассисаҳои тиҷорӣ 2 сомонию 95 дирам муқаррар шудааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 20 ноябр гуфт, “тарифи об бо дарназардошти афзоиши нархи нирӯи барқ ва реагентҳое, ки барои тоза кардани об истифода мешаванд, ва ҳамчунин ба манзури баргардондани қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, ки барои иҷрои лоиҳаҳои марбут ба таъмини оби пойтахти Тоҷикистон ҷудо шуда буд, боло бурда мешавад.”

Нархи истифодаи об дар шаҳри Душанбе дар ҳоле боло бурда мешавад, ки аз 1 январи соли 2014 ҳам ҳаққи об ва шабакаҳои фозилоб (канализатсия) дар пойтахти Тоҷикистон дастикам 20 дарсад гаронтар шуда буд. Як сол пеш гуфта мешуд, ки корхонаву муассисаҳои давлатӣ барои ҳар як метри мукааби оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда, ба ҷои як сомониву 4 дирами қаблӣ 1 сомониву 36,88 дирам месупоранд.

Аммо муассисаҳои ғайридавлатӣ барои ҳар як метри мукааб оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб ба ҷои 2 сомонӣ ва 71 дирами қаблӣ, ҳамакнун бояд 3 сомонӣ ва 3,99 дирам пардохт мекунанд. Сокинони шаҳр ва биноҳои истиқоматӣ ба ҷои 32 дирам барои ҳар метри мукааб оби ошомиданӣ, ҳамакнун 41,61 дирам пардохт хоҳанд кард.

Мақомот гуфта буданд, ки бар асоси қонун “Дар бораи монополияҳои табиӣ”, сар аз якуми январи соли 2014, корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ бояд бар асоси нархномаҳои нави “хизматрасонии таъминоти оби ошомиданӣ ва системаи фозилоб” ҳаққи обу истифода аз ин системаро бипардозанд.
Дар шарҳи намояндаи корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” омада буд, ки ба ҳамаи ин қиматҳо молиёт ва ё андоз аз арзиши изофа илова шудааст.

Бори охир ҳаққи обу истифода аз системаи фозилоб дар шаҳри Душанберо соли 2011 боло бурданд.

Истифодаи бемеъёр ва зиёди обро, ки дар Душанбе "расм" шудааст, яке аз омилҳои боло бурдани қиматҳо медонанд ва дигар ин ки ба гуфтаи мақомот, бо чунин қиматгузорӣ наметавон кори дуруст шабакаҳои обтақсимкунӣ ва фозилоби Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишварро таъмин кард.

Тайи солҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳукумат аз ҳисоби миллионҳо доллар қарзи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молӣ шабакаҳои фарсудаи таъмини обу фозилобро таъмир кардааст, аммо бо вуҷуди ин на ҳамаи хонаҳо ба таври муносиб бо об таъмин ҳастанд. Сокинон то ҳол шикоят мекунанд, ки об то қабатҳои боло намебарояд ваё аз ҷумаки онҳо гоҳо моеъе чунон ғализ мерезад, ки наамедонанд, онро об биноманд ваё лой ё тавре як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе шӯхиомез мегуфт, “қаҳваи бепул” аз ҳисоби “Душанбеводоканал”.

XS
SM
MD
LG