Ҷавонон

Дӯсту душмани Рӯзи Валентин

14.02.2008

14 феврал дар саросари олам тақозо ба садбарги сурх ба маротиб бештар аст, ҳарчанд бархе ҳукуматҳо бар зидди он қарорҳо қабул мекунанд.

Ин ҷашни рӯзи Валентин аст, ки ҳамчун рӯзи ошиқон эътирофи бештару бештар касб мекунад. Дар ин рӯз ошиқон ба маъшуқонашон ба нишони муҳаббат садбарги сурх ва дигар тӯҳфаҳоро тақдим мекунанд. Дар собиқ Шӯравӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, то ҷое медонем, дар бораи рӯзи Валентин иттилоъ ҳаст ва баъзеҳо онро ҷашн мегиранд.

Дар ин бора, яъне Валентини муқаддас ва пайдоиши иди рӯзи Валентин қиссаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Аввалан, тибқи баъзе ривоятҳо иди Валентин дар давраи пеш аз Милоди Масеҳ вуҷуд дошт ва дар ин рӯз империяи Рум идомаи насли инсонро ҷашн мегирифт. Дигарон, пайдоиши ин идро бо роҳибе бо номи Валентин иртибот медиҳанд. Ба гуфти онҳо дар асри 3-уми баъд аз Милоди Масеҳ императори Рум Клавдий издивоҷро манъ кард. Ба фикри вай мардон мебоист фақат сарбоз бошанд, на шавҳару падар. Вале тибқи ин қисса, роҳибе бо номи Валентин пинҳонӣ маросими ақди никоҳи ҷавонони ошиқро доир менамуд. Вақте сирри ӯ кашф шуд, Валентинро эъдом намуданду ба ёди ӯ рӯзи Валентин боқӣ монд.

Қиссаи дуюм ин аст, ки Валентин ном шахсе бандии яке аз маҳбасҳои империяи Рум буда, ба духтари нозири маҳбас ошиқ мешавад. Духтари ҷавон ҳам ӯро дӯст дошта, ошиқи ӯ мегардад. Ҳамин тариқ дар рӯзе, ки Валентинро ба эъдом мебаранд, ӯ ба маъшуқааш карде фиристода, дар ҳошияи он бо муҳаббат менависад: «Аз Валентини ту!». Ин шиор имрӯз ҳам дар бисёре аз кардҳои ошиқона ба чашм мехӯрад.

Хуллас, қиссаҳо зиёданд, вале имрӯз ин иди ошиқон асту бештар ҷилои дунявӣ дорад. Аммо Арабистони Саудӣ хариду фурӯш ва аслан овехтани рамзҳои Валентинро манъ кардааст. Ҳафтаи равон дар ин кишвар фурӯши садбарги сурх низ ба ваҷҳи умум мутаваққиф шуд. Полиси динӣ бо номи Мусавво ба гулфурӯшиҳо дастур додааст, ки то 15 феврал аз фурӯши садбарги сурх худдорӣ варзанд.

Имсол вакилони мардумии кишвари дигари минтақаи Халиҷ: Кувайт ҳам изҳор намуданд, ки ин ид пояи оташпарастиву насронӣ дошта, ба анъанаҳои исломӣ мухолифат мекунад. Вале дар ҳар сурат, дар Кувайт дарёфти садбарги сурх ҳеҷ душворие надорад ва тарабхонаҳо низ ҷуфтҳоро ба ҷашн даъват мекунанд. Дар Баҳрайни ҳамсояи Кувайту Арабистони Саудӣ ҳар сол тақозо ба садбарги сурх афзоиш меёбад. Соли гузашта 14-уми феврал дар ин кишвар 20 000 садбарг ба фурӯш рафт. Имсол гулфурӯшиҳо 25 000 дона садбарг фармоиш додаанд.

Мухолифат ба рӯзи Валентин дар Ҳиндустон ҳам ҷо дорад. Пайравони гурӯҳи мазҳабии Шив Сена шадидан мухолифи таҷлили Валентин буда, мегӯянд, ки онҳо ҷонибдори ҳифзи анъанаҳои ҳиндӣ ва муҳаббату эҳсоси мутамаддин мебошанд. Ин гурӯҳ бо арзишҳои ғарбӣ мин ҷумла ресторанҳои Макдоналдс, барномаҳои телевизионии МТВ ва Рӯзи Валентин мубориза мебарад.

Албатта мубориза мубориза асту баъзан аз он одамони комилан бетараф азият мекашанд. Гулпарвар аз минтақаи Ғазза Зиёд Ҳиҷозӣ аз ошиқон маъзарат хоста афзудааст, ки имсол садбаргҳои парвардааш хӯроки гов хоҳанд шуд. Зеро таҳрими Ғазза имкон намедиҳад, ки садбаргҳояш ба ошиқону маъшуқон расанд.

Аз сӯи дигар, ҳукумати Бритониё бо ишора ба вазъи даҳшатноки кишвари африқоии Кения аз мардум дархост намудааст, ки ба маъшуқонашон садбарги сурхи Кения тӯҳфа кунанд. Нооромиҳои ахири Кения соҳаи кишоварзии ин кишварро дар ҳоли фавқулодда душвор қарор додааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 16)
Ном: Илхом аз: Истаравшан
10.03.2008 10:59

Ин "ид"-ро факат духтарони сабукпо ва чавонони бехае чашн мегиранд.


Ном: фарид аз: москва
04.03.2008 13:49

аввлан салом барои касе ки рохи ростро ихтиер кард ва баьдан барои Фарух ва Хуршед гуфтаниам ки чавонони Мусалмонро мутахам ба радикал вабетамиз накун ва худ фикр кун агар мусалмони ое ягон яхудй е насрони иди туро тачлил мекунад ва ту тобакай бо дутори дигарон меракси


Ном: Азамат
26.02.2008 20:43

Бисмиллохиррамонирраим.
Ба акидаи мо як гурух чавонони мусалмон ин рузро таргибгарони гарби тавонистанд дар зехни мо мусалмонон дароранд. Дар ин боб хадиси паёмбари гироми Х. Мухаммад (С)-ро гуфтан ба маврид аст."МАН ТАШАБАХА БИ КАВМИН ФА ХУВА МИНХУМ"-яъне "ХАР КАСЕ ПАЙРАВИ АЗ КАДОМ КАВМЕ КУНАД, АЗ ХАМОН КАВМ АСТ". Худованд мо мусалмононро пайрави кардан аз сахюнистхо нигахдор бошад.Омин ёрабул ъоламин.


Ном: Dilovar аз: kulob
18.02.2008 16:55

salom barodaro ma kankretni gap mezanm da peshgohi ALLOH javob metm baroi gapom inshoalloh dar ruzi kiyomat. кадом мусулмоне ки гайр аз идхои (рамазон)ва иди (курбон)ва иди чумъа, дигар идхоро ид кунад аз емон хорич мешавад.(мо хар руз модаромона дуст медорем имина як рузда не 8март)


Ном: Хуршед
18.02.2008 16:38

Офарин Фаррух!
асли гапро гуфтед!
Ба рости, чавонони мо хеле тангназар шудаанд вактхои охир. кадом мавзуе, ки набошад онро "анти" исломи маънидод мекунанд. Нмедонам ба ин васила "садокат"-и худро назди Худову бандагонаш мехоханд ошкортару фарохтар намоиш диханд ё аз дониши дини бархурдор буданашонро маълум кунанд, ки хатто мехру мухаббат ва ишку рафокатро хам тибки "ахкоми шаръи"-и худашон махкум кардаанд.
Вагарна рузи Валентин - "рузи секс" ё "бехаёи" буданашро касе намедонад. Ин рузест, ки дилдодагон бори дигар бо дастагуле ё тухфае садокаташонро гуиё исбот мекунанд. Яъне гуфтаниям, ки агар ин рузро аз таърих хам бардоред, на ягон кашфиёт мекунеду на пеши рохи бехаёгиро гирифта метавонед. Барои хамин касе мехохад, чашн гирад, касе намехохад, тавбаву надомат карда нишинад, хатман ба аъмоли хайраш сабт мешавад. Ё ин ки сахт бадаш расад, дуо кунад, ки хамон руз хама иштирокчиёни ин чашн (яъне "фосикон") ба замин фуру раванд....
Боки дар панохи Худо бошед ва бигузор номус ва хаё бо ишку мухаббат тавъам бошанд, то касе ИШК гуфта-сексро ба назар наорад ва ИМОН гуфта аз муносибату одамгари пахрез надошта бошад.
Фаромуш накунед, ки Момохаворо махз барои Одам офариданд. Чинси зану мард хам ба хамон хотир аст, ки пайванди онхо дар асоси мехру мухаббат бошад!
Як бахси кабли ишора шуда буд, ки чавонони точик тангназар шудаанд, бовар кунед, сад дар сад рост аст. Ин мавзуро сад бори дигар матрах кунед.
Баъзан, бемуболига, такводории мо рафтори хамон "Гурбаи зохид"-ро мемонад. Бо ришхои дарозу кошу кавоки гирифта ва телефонхои сабти амри маъруфдор ва гуш кардану иктибос овардани тахдидхои исломшиносон мехохем чи назар доштани худамонро собит кунем. Бубахшед дини мубини ИСЛОМ-ро аз мехр ва садокат этироф кунед. Онро арзишгузори ва кадр намоед. на аз тарсу худнамои!


Ном: Farrukh
16.02.2008 22:00

Ин ҷо ҳар як сатри шуморо мехонаму, шармам меояд, ки тоҷикони мо то чӣ андоза бетамизу дар фикрронӣ радикал ҳастанд.

О, ба шумо кӣ гуфт, ки дар дигар рӯзҳои сол дӯсториро аз хотир бароред. Ҳамеша дуст дореду эҳтиромкорӣ, лекин ҷашн ҳамоно ҷашн аст. Ин як зебоии дигареро дорад. Агар ба ононе ки нафорад, марҳамат, метавонанд, дару тирезаашонро баста, рӯзи 8-март, ё 14-феврал ва ё ин ки 1-уми май, дар таҳхонаашон аз мо "мардуми беимон" ҳазар карда нишинанд. "Мутаасифона", мо аз ҳар сонияи зиндагӣ то ба он қадре ки дорем, ҳаловат мебарем, ҳаловат хоҳем бурд ва хоҳони онем, ки дигарон низ ҳамеша ҳаловат баранд.

Бо ин гуна фикрронӣ, назарам, ягон 1000 соли дигар лозим аст, то мардуми тоҷик озод умр ба сар барад. Вой бар ҳоли бонувони мардуми тоҷик ки ҳамеша аз дасти ин гуна мардони беақлаш доим дар азоб ҳастанд.


Ном: nazarali
16.02.2008 15:06

salom barodaroni tojik shumo khud fikkr kuned
in id idimo nest idi kofiro ast shumo taklid ba evropa nakuned taklid ba dini islom kuned
kimo musulmon hastem idi mo idi kurbon va idi zamazon ast az misr


Ном: Сиёвуш
15.02.2008 23:26

Эй бехабарон!Наврузро таври зарури ид карда наметавонем,аз Мехргону Сада фаромуш кардем.Иди Валентинро барои муч-мучи кучагиву секс кабул карданиед магар


Ном: Asad аз: New-York
15.02.2008 23:26

Hammai in idho ablahi ast ruzi modaron, ruzi zanon, ruzi oshiqon. Dar ISLOM baroi modaron harruz id ast, dar ISLOM qadru qimmati benihoyat ziyod dorand zanon, dar ISLOM zanu mard sazovori ehtiromi yakdigarand, harruz na in, ki 1 ruz. Mo ham modaron, ham zanon, ham dustdoshtaamonro 1 ruz izzatu ehtirom va dustdori kunemu ammo ruzhoi digar bo hamon dagalivu johili ? ? ? ? ?


Ном: Исфандиёр аз: Душанбе
15.02.2008 15:13

Рузи мехр ва ишк бояд хама руз бошад, на як рузи муайян, ки онро кадом аблахе мукаррар кардааст. Ба фикрам ин рузро одамоне, ки аслан намедонанд, ки ИШК чист, чашн мегиранд. Ишк, ишки хакикй ҳар руз асту хар соату хар дакикаву хар сония ва умуман хар лахза!!!

Шарҳҳо 1-10 (of 16)
Ҳаҷми матн