Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олими русро ба Узбакистон роҳ надоданд


Мақомоти Узбакистон антропологи шинохтаи рус Сергей Абашинро ба ин кишвар роҳ надодаанд. Абашин мегӯяд, сабаби чунин иқдоми Тошкандро намедонад.

Антропологи шинохтаи рус Сергей Абашинро рӯзи 29 август аз фурудгоҳи Тошканд пас гардондаанд. Марзбонони Узбакистон ҳангоми тафтиши шиноснома ба дасти ӯ санаде бо номи “Акт дар бораи манъи вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Узбакистон” бо имзои “капитан Ф.Худойназаров”-ро супурдаанд, ки дар он бидуни ягон шарҳу ироаи ҷузъиёт гуфта мешавад, “дархости вуруди дорандаи ин санад ба қаламрави Ҷумҳурии Узбакистон рад карда шуд, чунки ҳаққи вуруди ӯ манъ карда шудааст.”

Марзбонони узбак ҳамчунин ширкати ҳавопаймоиеро, ки Сергей Абашин тавассути ҳавопаймои он аз Маскав ба Тошканд омада буд, муваззаф кардаанд, то ӯро дар роҳи бозгашт ҳамон рӯз ба Маскав баранд.

Сергей Абашин рӯзи 31 август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои “ронда” шуданаш аз дари марзи Узбакистон гуфт, “ба ман сабабашро нафаҳмонданд ва ман ҳам сабабашро намедонам. Ман на сиёсатмадорам, на ҳомии ҳуқуқ ва на журналист. Ман олимам. Ман танҳо назарам дар бораи равандҳоеро, ки солҳои зиёд боз меомӯзам, баён мекунам. Вале на барои он ки алайҳи касе мубориза барам ваё аз касе дифоъ кунам. Ва ҳамеша кӯшиш мекунам, фикрамро бисёр саҳеҳ ва бо сабки академикӣ баён кунам. Мушкил аст бароям гуфтан, ки чаро маро аз ҳаққи вуруд ба Узбакистон манъ кардаанд. Умедворам, ин як нофаҳмӣ бошад.”

Сергей Абашин қаблан дар саҳифааш дар Фейсбук дар бораи ин саргардониаш танҳо як шарҳи кӯтоҳ гузоштааст: “Марзбони хушмуомила: “Сергей Николаевич, вуруди Шумо ба Узбакистон манъ аст.” Чаро? Ман чӣ таҳдиде ба ин кишвар дорам?”

Абашин ҳамчунин ҳадс задааст, ки шояд манъи вуруди ӯ ба Узбакистон ба фаъолияташ ҳамчун антрополог рабт дошта бошад, зеро менависад ӯ, мақомоти бархе кишварҳо ба намояндагони касби ӯ “ҳамчун ба одаме менигаранд, ки шояд ягон асрорро мехоҳад ифшо кунад.”

Сергей Абашин
Сергей Абашин

Сергей Абашин доктори илм ва профессори риштаи антропологияи Донишгоҳи аврупоии шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Ӯ муаллифи китоби “Қавмгароиҳо дар Осиёи Миёна: Дар ҷустуҷӯи ҳуввият” мебошад. Абашин асосан масоили Ислом, ҳуввияти миллӣ ва антропологияи миллатҳо дар натиҷаи муҳоҷиратро таҳқиқ мекунад. Ӯ асосан таҳқиқоти худро дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом медод.

Сергей Абашин ҳамзамон коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ низ ба шумор мерафт ва бо мавқеи нисбатан интиқодомези худ нисбат ба шеваи раҳбарии ҳокимони кунунии ин минтақа маъруф буд. Ба ин далел, дар маҳофил эҳтимоли ба маҳзи дидгоҳҳои сиёсиаш нисбат ба ҳукумати кунунии Узбакистон мамнӯъулвуруд шудани Сергей Абашинро низ ҳадс мезананд.

XS
SM
MD
LG