Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди "бурд-бурд"-и Амрико ба Эрон


Bазирони умури хориҷии Эрону Амрико Ҷавод Зариф ва Ҷон Керрӣ
Bазирони умури хориҷии Эрону Амрико Ҷавод Зариф ва Ҷон Керрӣ

Бино ба хабарҳои расида, Эрон дар баҳои ҳамкориаш дар саркӯби гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" умедвори нармиши зиёдтари Ғарб дар баҳси барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ, аз ҷумла дар масъалаи ғанисозиии уран мебошад.

Эрон дар ивази эъломи омодагиаш барои ҳамкорӣ бо Амрико ва шариконаш дар муқобили гурӯҳи “Давлати исломӣ” хостори нармиши бештари Ғарб нисбат ба барномаҳои ғанисозии уранаш шудааст.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли манобеъи баландпоя дар Ҷумҳурии исломӣ навиштааст, ки ҳамакнун дур нигоҳ доштани гуфтугӯҳои ҳастаӣ ва ширкати ин кишвар дар муноқишаи минтақавӣ барои Ғарб кори содае нест. Зеро, ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Эрон аз нуфузи густардае дар Сурия ва ҳамчунин дар Ироқ бархӯрдор аст ва ин ду давлат дар ҳоли набард бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор доранд. Таҳлилгарон ҳоло ин сулро матраҳ мекунанд, ки оё воқеъан то чӣ ҳад метавон ба амалӣ шудани нармиши Ғарб дар баробари барномаи ғанисозии урани Эрон дар ивази ҳамкориаш барои муқобила бо “Давлати исломӣ” умед баст?

Мӯҳсини Мелонӣ, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Флоридаи ҷанубӣ дар Амрико дар посух ба ин суол мегӯяд, “ин кори давлати Амрико ва кори оқои Обамаро мушкилтар хоҳад кард. Зеро тамоми созмонҳо ва афроде, ки мухолифи музокирот бо Эрон буданд, эълон хоҳанд кард, ки Эрон аз Амрико сӯиистифода мекунад ва шояд ин ба фоидаи гуфтушунид набошад.”

Аммо Мӯҳсин Мелонӣ шакке надорад, ки дар масъалаи кӯмак дар маҳви гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳеҷ кишваре дар минтақа баробари Эрон бошад. “Барои ин ки Эрон муҳимтарин кишваре дар Ироқ аст ва бисёре аз созмонҳои низомие, ки дар дохили Ироқ фаъолият доранд ва алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” кор мекунанд, бо Эрон робитаи наздику ҳасана доранд. Эрон дар Сурия низ аз чунин нуфуз бархӯрдор аст,”- мегӯяд Мӯҳсини Мелонӣ.

Ба гузориши хабаргузории Associated Press, меҳвари аслии музокироти рӯзи якшанбеи вазирони умури хориҷии Эрону Амрико Ҷавод Зариф ва Ҷон Керрӣ бар сари ихтилофот дар хусуси барномаҳои ҳастаии Эрон буда, ин дидор дар поёни сеюмин рӯзи музокироти коршиносон дар чорчӯби музокироти Эрон ва аъзои гурӯҳи 5+1 анҷом шудааст. Музокироти ахир рӯзи ҷумъаи 19 сентябр дар Ню-Йорк шурӯъ шуда буд.

Музокироти моҳҳои ахири Эрон бо гурӯҳи 5+1 бар сари таъини зарфияти Эрон дар ғанисозии уран бо бунбаст рӯ ба рӯ шудааст. Ин дар ҳолест, ки нашрияи “Ню Йорк Таймс” ва хабаргузории Associated Press рӯзи 20-уми сентябр навишта буданд, ки Амрико ба Эрон пешниҳоди тозае барои муомилоти “бурд - бурд” ироа кардааст.

Бар асоси ин гузоришҳо, Амрико пешниҳод кардааст, ки иттисол ва ё васли обшорҳои байни сентрифугаҳои ғанисозии уранашро қатъ ва урани ғанишударо ба онҳо сарозер накунад. То Амрико битавонад бигӯяд, ки фосилаи дастрасии Эрон ба бомбаи атомиро тӯлонитар кардааст ва ҳам Эрон битавонад бигӯяд, ки 19 ҳазор сентрифугаи худро ҳифз кардааст.

XS
SM
MD
LG