Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтону Маскав ба сабқати ёфтани дили Каримов пардохтаанд


Дар дидор бо ҳайати баландпояи низомии Амрико раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, гуфтааст, кишвараш аз равобит бо ИМА интизориҳои зиёд дорад.

Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, дар мулоқот бо ҳайати Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида рӯзи 28 июл гуфт, интизори инро дорад, ки Узбакистон ва ИМА “нақшаҳои муштараки худрор хушбинона амалӣ намоянд”. Дар ин дидор дар Тошканд гурӯҳе аз намояндагони баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико таҳти сарварии генерал Ллойдом Ҷеймс Остин III ширкат карданд. Дар он ҳамчунин сафири Амрико дар Узбакистон Памела Спратлен, вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ва вазири дифои Узбакистон Кобул Бердиев ҳузур доштанд.

Бино бар иттилое, ки тарафҳо нашр кардаанд, дар гуфтушунид сухан аз ҳамкориҳои дуҷониба ба хотири ҳифзи амният дар Осиёи Марказӣ рафтааст. Қаблан Ллойд Остин ду дафъа, дар солҳои 2013 ва 2014 ба Узбакистон сафар карда буд. Дар сафари ахираш вай ба Тошканд хабар дод, ки ИМА мехоҳад, бахше аз техника ва лавозимоти ҳарбии худро дар Афғонистон ба Узбакистон тақдим дорад.

Ин дидору гуфтушунид дар ҳоле итттифоқ меафтад, ки моҳи марти соли равон Ллойд Остин дар Конгресси ИМА гуфта буд, робитаҳои ҳарбии Амрико ва Узбакистон дар як соли охир “ба таври ҷиддӣ густариш ёфтаанд”.

Аввали имсол намояндагони баландрутбаи ИМА эълом доштанд, ки ИМА ба Узбакистон қариб 330 мошини зиреҳпӯши замонавӣ ҳадя мекунад. Онҳо гуфтанд, ин амал тибқи дархости ҳукумати Узбакистон сурат мегирад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳарбиёни ИМА ба таълим ва бозомӯзии низомиёни Узбакистон машғул хоҳанд шуд. Ин эъломияҳо норозигии ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ба миён оварда буд, ки мегуфтанд, Амрико дар авҷи ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки аз тарафи диктаторони дерина сарварӣ мешаванд, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро канор мегузорад.

Наздикии бештари Узбакистон ба Амрико барои Русия, ки талош дорад, бо бекор кардани қарзи азими Тошканд ва таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ таваҷҷӯҳи онро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷалб кунад, нохушоянд аст. Ҳафтае пеш ҳукумати Русия ба баррасиву тасвиби Думаи давлатии ин кишвар пешниҳод кард, ки қарзи Ӯзбакистонро дар ҳамҷи 865 миллион доллар бахшида шавад. Ҳаҷми куллии қарзи Ӯзбакистон дар баробари Русия 890 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати тасвиби қарори қонун, Тошканд танҳо 25 миллион доллари ин пулро ба Маскав бармегардонаду халос. Ин ба он маъност, ки Русия аз баҳри 97 % қарзи Ӯзбакистон мегузарад.

Хабари бахшидани қарзи Ӯзбакистон аз ҷониби Русия дар остонаи сафари давлатии президент Ислом Каримов ба Маскав сурат мегирад. Ҳанӯз санаи дақиқи сафари раҳбари Ӯзбакистон ба Русия мушаххас нест, вале омодагиҳо ба ин барнома ҳанӯз ду ҳафта пеш шурӯъ шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 15 июл вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари якрӯзааш ба Тошканд ва мулоқоташ бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов шароити ин сафарро заминагузорӣ кардааст. Сергей Лавров он вақт гуфта буд, ки мӯҳлати ин сафар дар наздиктарин фурсат мушаххас мешавад ва қарор аст дар ҷараёни ин диду боздидҳо «як бастаи калони ҳуҷҷатҳо барои баррасиву тасвиб омода шавад».

Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар чашми Кремлин яке аз кишварҳои муҳими минтақа ба шумо меравад ва ин вижагӣ пеш аз ҳама ба шахсияти президент Ислом Каримов ҳам иртибот дорад.Дар тӯли раҳбарии беш аз 20-солааш, Ислом Каримов ба ҷуз як мӯҳлати кӯтоҳи наздикиаш бо ИМА ва истиқлолияти бештар сиёсиаш, дар маҷмӯъ дар бисёр ҳолатҳо ҳамфикри Русия будааст.

Русияву Ӯзбакистон, аз ҷумла, узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд ва мавқеи Каримов ба унвони яке аз раҳбарони кӯҳансолу бонуфуз дар минтақа барои Кремлин муҳим арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG