Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тендери либоси ягона барои зоирони тоҷик


Кумитаи дини Тоҷикистон барои омода намудани сару либоси ягона барои зоирони тоҷик дар мавсими Ҳаҷ-2014, тендер эълон кардааст.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 26-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки шартҳои тендер аз ҷумла номгӯи сару либоси зиёраткунандаи тоҷикро, ки бояд барои ҳамаи зоирон ягона бошад, ба корхонаҳои либосдӯзӣ пешниҳод кардаанд.

Зоирони тоҷик мувофиқи ин озмун бояд шалвору хилъат, кулоҳ ва сумкаи ягона ва якранг дошта бошанд Дар чаҳорчӯбаи ин тендер рӯзи 7-уми март тарҳҳои корхонаҳо ва ширкатҳои довталаб аз тарафи ҳайати комиссияи Кумитаи дин қабул карда шуда, дар таърихи 10-уми март натиҷаи ниҳоӣ эълон хоҳад шуд
Дар мавсими Ҳаҷ 2014 зоирони тоҷик бо либоси якранг ва яктарҳ ба ҳаҷ хоҳанд рафт.

Ин дар ҳолест, ки Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 14-уми январ дар нишасти ахири матбуотиаш гуфта буд, ки дар ояндаи наздик имомхатибон низ соҳиби либоси ягона мешаванд. Ӯ гуфт, ки "ороиши ё дизайни либос интихоб шуд ва ҳоло дӯхтани он идома дорад ва ояндаи наздик имохатибон соҳиби либоси ягона мешаванд." Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, дар бархе аз кишварҳо имохатибон либоси ягонаи худро доранд ва имомхатибони тоҷик, ки шахсиятҳои рӯҳонии Тоҷикистон ҳастанд, бояд дорои либоси ягона бошанд.

Кумитаи дин ва маркази исломии Тоҷикистон ахиран тарҳи ин либосро интихоб карданд ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 14 январ дар шарҳи ин тасмим гуфт: «Ин либос ранги кабуди осмонӣ дорад ва куртааш бе ёқа аст. Атрофи курта бо сари остин нақши миллии классикӣ дорад. Дар баробари ин либос имомхатибон ва сархатибон ҳатман ба сар салла хоҳанд гузошт.»

Маҷмӯъи либосҳо барои зоирини тоҷик, ду ҷуфт либос, як ҷузвдон, як ҷузвдони дастӣ як ҷуфт пойафзол, беҷик ва китобчаи “Роҳнамои ҳаҷ ва умра”-ро дар бар мегирад. Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон ба ин назаранд, ки тӯли солҳои охир сатҳу сифати хизматрасониҳо барои зоирин дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба маротиб боло рафтааст ва яке аз ин бартариҳо, бори нахуст дар баробари дигар кишварҳо бо либоси ягона ва дорои нишонаҳо ва парчами Тоҷикистон дар онҳо буда, маҳсуб меёбад.
XS
SM
MD
LG