Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби риояи ҳуқуқҳои Умаралӣ Қувватов дар Истамбул


Умаралӣ Қувватов.
Умаралӣ Қувватов.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” аз Туркия даъват кард, дар робита бо Умаралӣ Қувватов ӯҳдадориҳои худро зимни Қатъномаи ҳуқуқи паноҳандагони СММ, Маншури зидди шиканҷа ва бадрафторӣ ва қонунҳои адлияи Туркияро арҷ гузорад.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, ки дар Фаронса ҷойгир аст, мегӯяд, Умаралӣ Қувватов дар пайи як занги телефонии шахси номаълум боздошт шудааст. Дар ин бора раҳбари ин анҷуман Надежда Атаева дар блоги худ навиштааст.

Тавре Надежда Атаева хабар додааст, Умаралӣ Қувватов рӯзи 19-уми декабри соли 2014 зимни занги телефонии як шахси беном боздошт шудааст. Наздикиҳои соати ҳаштуними субҳ ба манзиле, ки Умаралӣ Қувватов дар он бо оилааш зиндагӣ мекард, 7 нафари мулкипӯш ворид шуда, пурсидаанд: “Шумоед Қувватов Умаралӣ?” ва бидуни шарҳе ӯ ва се узви дигари “Гурӯҳи 24”-ро, ки дар манзили ӯ будаанд, бо худ бурдаанд. Манзил кофтуков шуда, бе ягон рӯйхат оргтехника ва ҳуҷҷатҳои зиёди марбут ба фаъолиятҳои сиёсии раҳбар бурда шудаанд.

Худи Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гурӯҳи 24 рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо шикояти фарди номаълуме ӯву ҳамроҳонашро дастгир карданд ва сабабашро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Ӯ гуфт: “Мо ҳар рӯз ҷаласа мекунем, 11 нафар будем, дар ҷаласа, дигарон рафтанд, чаҳор нафар мондем ва чой мехӯрдем, ки мақомоти интизомӣ омада моро бурданд.”

Боздошти Қувватов дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ ба воситаи Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ аз мақомоти Туркия талаби паноҳандагӣ кардааст ва аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ташкили созмони тундгарои манъшуда ва даъватҳои тағйир низоми конститутсионии кишвар айбдор мекунанд. Умаралӣ Қувватов 23 декабри соли 2012 дар Дубай бо дастури Интерпол дастгир шуда буд. Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба дунбол изҳор доштанд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми сирқати 6 миллион сомонӣ, ё беш аз 1,2 миллион доллар аз ширкати “Фароз” парванда кушодаанд ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Пас аз раҳоӣ аз маҳбаси Дубай муддате дар куҷо будани Қувватов номаълум боқӣ монд, аммо ӯ ва тарафдоронаш бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба танқиди мақомоти Тоҷикистон ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон идома медоданд.

Тавре Атаева дар блоги худ менависад, Қувватовро корманди Хадамоти амнияти Туркия зимни як занги телефонии номаълум боздошт кардаанд. Кӣ ва аз куҷо занг задааст, маълум нест. Дар ҷараёни бозпурсӣ Қувватов шунидааст, ки аз боздошти ӯ ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия хабар дода шудааст. Консул дар гуфтугӯи телефонӣ ба Қувватов пешниҳоди кӯмак кардааст, аммо Қувватов ба ҳукумати Раҳмон изҳори нобоварӣ намудааст. То ҳанӯз боздоштшудаҳо вакили ҳуқуқӣ надоранд ва намояндаи СММ низ намудор нашудааст.

Вай афзудааст, ки Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” аз Туркия даъват кард, дар робита бо Умаралӣ Қувватов ӯҳдадориҳои худро зимни Қатъномаи ҳуқуқи паноҳандагони СММ, Маншури зидди шиканҷа ва бадрафторӣ ва қонунҳои адлияи Туркияро арҷ гузорад.

Ин анҷуман, аз ҷумла аз мақомоти Туркия хостааст, ки Умаралӣ Қувватов ҳамчун шахсе, ки барои мақоми паноҳанда ба Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ ариза додааст ва инчунин се шаҳрванди боздоштшудати Тоҷиикистон Ҳусейн Ашӯров (соли таваллудаш 1981), Сӯҳроб Тӯраев (соли таваллудаш 1978), Абдурашид Ҳомидов (соли таваллудаш 1989) бо вакили мудофиа таъмин карда шаванд. Иловҳа ба ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон талаб кардааст, ки ба намояндаи Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ имкони мулоқот бо боздоштшудаҳо фароҳам оварда шавад, зеро онҳо чунин як мулоқотро барои дастёфт ба ҳимояти байнулмилалӣ талаб кардаанд.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” ёдовар шудааст, ки дар мавриди Умаралӣ Қувватов мақомоти Туркия мебоист, талаби Қатъномаи ҳуқуқи паноҳандагони СММ-ро дар бораи махфӣ мондани номи ӯ риоят мекарданд.

Ин ниҳод ҳамчунин дар бораи боздошти раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов ва шарикони ӯ ба Вазорати умури хориҷии Туркия, намояндагии Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ дар Туркия ва Женева ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, монанди Ҳюман Райст Вотч ва Авфи Байнулмилал нома фиристодааст.

Надежда Атаева менависад, ба зудтарин фурсат боздолштшудаҳоро ба шӯъбаи умури дохилӣ интиқол хоҳанд дод, зеро ошкор шудааст, ки онҳо қоидаҳои сабти ном дар Туркияро вайрон кардаанд. Ин як қоидавайронкунии маъмурӣ шумурда мешавад. Ба гуфтаи Қувватов, кормандони хадамоти махсуси Туркия бо боздоштшудагон хуб муносибат мекунанд ва то ҳол ба ғайр аз нақзи қоидаҳои сабти ном онҳоро ба чизе айбдор накардаанд.

Мақомоти интизомии Туркия ҳамчунин гуфтаанд, ки Умаралӣ Қувватов “худро дар идораи пулиси минтақаи иқоматаш” сабт накардааст, ки хилофи қонун аст. Ба эътиқоди Умаралӣ Қувватов, дархости мазкур аз тарафи мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки мехоҳад ӯро бо ҳар роҳе дастгир карда ба Тоҷикистон баргардонад. Намояндагони Идораи пулиси шаҳри Истамбул, ки Умаралӣ Қувватов дар онҷо нигаҳ дошта мешавад, рӯзи 20-уми декабр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи сабабҳои боздошти Умаралӣ Қувватов худдорӣ карданд.

Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳарашро субҳи рӯзи 19-уми декабр аз хона омада бурдаанд. Вай афзуд: “Як гурӯҳ одамон омада, аввал кофту ков карданд, баъд паспорту худашонро гирифта бурданд. Дар хона меҳмон буд, онҳоро низ бурданд.”

Мақомоти интизомии Туркия ҳамчунин компютери Умаралӣ Қувватовро мусодира кардаанд ва ба ҳамсараш гуфтаанд, ки “мо шавҳаратонро пурсупос мекунем ва як соат баъд ҷавоб медиҳем.” Вале то ҳол ӯ дар боздоштгоҳ аст ва ба гуфтаи ҳамсараш, Умаралӣ Қувватов ба ӯ телефон карда ва гуфтааст, ки мақомоти интизомӣ бо онҳо муомилаи хуб доранд, чун “фаҳмидаанд, ки масъалаи сиёсӣ” аст.

Тарафдорони Умаралӣ Қувватов дар Фейсбук навиштаанд, ки ҳамроҳ бо ӯ Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳамидов, “мухолифони ҷавони” ҳукумати Тоҷикистон дастгир шудаанд, аммо ба онҳо то кунун иттиҳом эълон накардаанд. Тарафдорони "Гурӯҳи 24" низ бо нашри баёнияе дар Ютюб гуфтаанд, ки мақомоти Туркия Умаралӣ Қувватовро ва ҳамроҳонашро дастгир карданд ва мехоҳанд, ки онҳоро ба мақомоти интизомии Тоҷикистон бисупоранд.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз хабари боздошти Умаралӣ Қувватов дар Туркия бехабарӣ кард. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳоии дохилии Тоҷикистон дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат дар бораи боздошти Умаралӣ Қувватов ҳеҷ гуна хабари расмӣ аз Туркия нагирифтааст.

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.

Даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10-уми октябри соли равон, мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Баъдан ӯ мақомоти Тоҷикистон навори муколамаи ӯ бо Шарофиддин Гадоев, як узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро нашр карданд, ки ҳарду дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.

XS
SM
MD
LG