Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 ВИДЕО: 9-солӣ ҳукми зиндони 2 "толиб" аз Тоҷикистон


Комилҷон Қӯлбошев ва Умаралӣ Тошпӯлотов баъди боздошт дар пулиси Қундуз
Комилҷон Қӯлбошев ва Умаралӣ Тошпӯлотов баъди боздошт дар пулиси Қундуз

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду сокини вилояти Хатлонро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Толибон ва ширкат дар “ҷиҳод” барои 9 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Умаралӣ Тошпӯлотов, сокини 29-солаи ноҳияи Шаҳритӯс ва Комилҷон Қӯлбошов, сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро дар содир кардани ҷиноёте, ки дар моддаҳои 187, қисми 2 (узвият дар иттиҳоди ҷиноӣ ) ва 307, қисми 2 (ҳамкорӣ бо гурӯҳи экстремистӣ ва террористӣ) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, айбдор дониста, ба 9 соли зиндолн маҳкум ба зиндон кард.

Нурализода Сафари Маҷид, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми ин ду нафар рӯзи 26 сентябр эълон шудааст. Додрас афзуд, Умаралӣ Тошпӯлотов ҳанӯз аввали соли 2008 аз Русия бо раҳбаладии “Иброҳим” ном шаҳрванди Узбакистон барои таҳсил ба Миср ҷалб мешавад. Дар Миср ба ӯ як шаҳрванди Тоҷикистон забони арабӣ ва аҳамияти ширкат дар ҷиҳодро омӯзонида, пас аз як сол ба Туркия мефиристад. Аз Туркия Умаралӣ ба Эрон рафта, он ҷо се моҳ омӯзиш мегирад ва тариқи Мироншаҳр ба Вазиристони Шимолии Покистон ворид мешавад. То замони боздошташ муқобили нерӯҳои амниятии афғон ҷанг мекардааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Қулбошев Комилҷон, ки дар Русия дар як ширкати туркӣ кор мекард, бо даъвати як шаҳрванди дигари Узбакистон дар соли 2011 ҳамроҳ бо ҳамсараш Ҷонбоева Гулдаста ва писари хурдсолаш Билол ба Эрон меравад. Аз Эрон ба Покистон ворид шуда, пас аз тамрини низомӣ давоми солҳои 2013-2014 муқобили нерӯҳои давлатии Афғонистон меҷангид.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон аз ҷониби кормандони амниятии афғон боздошт ва ба ҷониби Тоҷикистон дода шуданд.

Нирӯҳои пулиси Афғонистон ин ду нафарро шаби 8 ба 9 июн дар пайи як даргирӣ бо ҷангиёни толиб дар вулусволии Имом Соҳиб дастгир карданд. Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи қумандони амнияи Қундуз рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз шикасти сахти ҷангиёни Толибон дар вулусволии Дашти Арчӣ, ки рӯзи 6 июн аз толибҳо пок карда шуд, гурӯҳҳои парокандаи марбут ба ин ҷунбиши ҷангҷӯ аз тариқи манотиқи ҳамсоя рӯ ба фирор овардаанд.

Аз ҷумла, афзуд оқои Ҳусайнӣ, се ҷангӣ либосҳои афғонӣ ба тан карда, пои пиёда ба яке аз посгоҳҳои пулис дар вулусволии Имом Соҳиб наздик шудаанд. Ӯ мегӯяд: “Пулиси маҳаллӣ болои онҳо машкук мешавад ва амри истодан медиҳадашон. Вақте истода намешаванд, билохира бо ҳам даргир мешаванд. Яке аз ҷангиён болои пулис норинҷак меандозад. Хушбахтона, касе аз нирӯҳои пулис талаф наёфтааст. Аммо аз он 3 нафар якеаш, ки табааи Покистон бо номи Абдураҳмон буд, кушта шуд. Ду нафари дигар дастгир шуданд. Онҳо худро бо номҳои Комил ва Умар муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки атбои Тоҷикистонанд.”

Саидсарвар Ҳусайнӣ, ки дар рафти бозпурсии ҷангиёни тоҷикистонӣ ширкат доштааст, мегӯяд, онҳо гуфтаанд, ҳадафашон ҷиҳод дар Афғонистон буд ва ҳанӯз касе пеши онҳо амри нуфуз кардан ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистонро нагузоштааст.

Аммо бо он ки ин ду нафар бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Толибон ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд, сарнавишти Гулдаста Ҷонбоева, ҳамсари Комилҷон Қӯлбошев ва фарзанди онҳо Билол, ки пеши шавҳараш ба Покистон рафта буд, норӯшан боқӣ мемонад. Бо онки Комилҷон Қӯлбошев ҳанӯз 4 моҳ пеш дар Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуду инак ба 9 соли зиндон ҳам маҳкумаш карданд, мақомот мегӯянд, ҳамсари ӯ бо кӯдакаш то ҳол дар Покистон мондаанд.

XS
SM
MD
LG