Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе: Хушбахтона, хабари ҳалокати 3 тоҷик дар Либия тасдиқ нашуд


Меҳмонхонаи "Коринтия" дар шаҳри Троблуси Либия.
Меҳмонхонаи "Коринтия" дар шаҳри Троблуси Либия.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хабари кушта шудани 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи мусаллаҳонаи 27 январ дар пойтахти Либия, хушбахтона тасдиқ нашуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хушбахтона, хабари ҳалокати 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 27 январ ба як меҳмонхона дар пойтахти Либия тасдиқ нашуд.

Абдулфайз Атоев, раҳбари департаменти иттилоооти вазорати хориҷа рӯзи 29 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон тавассути сафоратҳои фаъол дар Либия ва кишварҳои дигари Африқои шимолӣ, аз ҷумла аз тариқи сафоратҳои Русияву Украина қазияро таҳқиқ карда, ба хулосае расидаанд, ки қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Абдулфайз Атоев гуфт, "хушбахтона, ин хабар тасдиқ нашуд."

Бо гузашти 2 рӯз аз ҳамлаи маргбор ба як меҳмонхонаи боҳашамат дар Троблус -- пойтахти Либия, ки мунҷар ба қатли беш аз 13 нафар, аз ҷумла 5 хориҷӣ шуд, бархе аз хабаргузориҳои ғарбӣ се тан аз кушташудагони ҳамла ба як меҳмонхона дар пойтахти Либияро шаҳрвандони Тоҷикистон, вале манобеи арабӣ онҳоро табааи Филиппин ном мебаранд.

Рӯзи 28 январ сухангӯи вазорати умури дохилии Либия се тани кушташударо шаҳрвандони Тоҷикистон хонд, аммо хабаргузориҳои арабӣ ишорае ба атбои Тоҷикистон будани онҳо намекунанд ва онҳоро атбои Филиппин ном мебаранд.

Хабаргузории Ал-ҷазира ба нақл аз Исом Ан-Нуос, як мақоми амниятии Либия гуфтааст, ки кушташудагон шаҳрвандони Амрико, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ ва ду нафари онҳо аз Филиппин мебошанд, ки аз тири ҳамлаварон кушта шудаанд. Хабаргузории Ал-Арабия бошад, ба атбои кадом кишвар будани онҳо ишора накарда ва онҳоро танҳо шаҳрвандони кишварҳои "осиёӣ" хондааст.

Хабаргузориҳои РИА Новости ва Франс Пресс низ мегӯянд, дастикам ду кушташуда филлипиниҳое буданд, ки дар меҳмонхонаи "Коринтия" корҳои рӯбучинро анҷом медоданд. Дар бисёре аз кишварҳои арабӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони Филиппин дар меҳмонхонаву ресторанҳо ва хонаҳои мардум кор мекунанд ва эҳтимоли қавие вуҷуд дорад, ки онҳо атбои он кишвар бошанд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз ширкатҳои туркӣ дар Либия кор мекунад ва нахост аз ӯ ном бурда шавад, низ гуфт, аз миёни тоҷикҳое, ки дар он кишвар мешиносад, касе осеб надидааст. Дар Либия ҳоло теъдоди ангуштшумори донишҷӯёни тоҷик ба сар мебаранд ва ноамнӣ дар пасманзари суқути режими Муаммар Қаззофӣ ҷаззобияти ин кишварро барои тоҷикон костааст.

"Коринтия", меҳмонхонае, ки рӯзи 27 январ ҳадафи ҳамлаи мусаллаыона қарор гирифт, аз боҳашаматтарин меҳмонхонаҳои пойтахти Либия ба шумор меравад ва дар он мақомоти давлатӣ ва ҳайатҳои хориҷӣ иқомат мекунанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳамла аз сӯи кадом гурӯҳе сурат гирифтааст, аммо гуфта мешавад, як гурӯҳи вобаста ба "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG