Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 10 миллиард сомониро аз даст дод


Тоҷикистон мебоист то соли 2015 коркарди 100 фоизи нахи пахтааш дар дохили кишварро таъмин мекард ва аз ин ҳисоб то 10 миллиард сомонӣ фоида ба даст меовард. Аммо ин барнома дар рӯи коғаз монд.

Чаро як тарҳи муҳими давлати Тоҷикистон, ки метавонист 39 000 ҷойи кор офарад ва вазъи иқтисодиро беҳбуд бахшад, иҷро нашуд?

Тоҷикистон дар соли 2005 тарҳи стратегии даҳсолаеро барои коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар қабул карда буд, ки мебоист то соли 2015 иҷро мешуд. То анҷоми ин муҳлат моҳҳои башумор мондааст, аммо ин тарҳи пуриддаои давлат иҷроношуда боқӣ мемонад.

Бино бар ин барнома, тамоми пахтаи Тоҷикистон мебоист то соли 2015 дар дохили кишвар ба нах ва сипас ба маҳсулот табдил меёфт. Дар ҳоле ки ҳосили пахта сол ба сол кам мешавад, зоҳиран, иҷрои ин тарҳ мебоист осонтар мегашт. Аммо ҳаҷми коркарди пахта дар дохили Тоҷикистон то имрӯз то ба 10 дарсад ҳам нарасидааст.

Шарофат Ҳусейнова, роҳбари шӯъбаи саноати сабуки вазорати саноат ва технологияи нав рӯзи 22 уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тимрӯз каме бештар аз ҳашт дарсади нахи пахта дар Тоҷикистон коркард мешаваду боқимондаи он ба хориҷ содир мегардад: «Соли охир дар Тоҷикистон 111 607 тонна нахи пахта истеҳсол шуда буд. Корхонаҳои нассоҷӣ аз ин миқдор танҳо 9 788 тоннаашро дар дохил коркард карданд. Яъне 8, 7 дарсади нахи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуд.»

Хонум Ҳусейнова мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, моликони пахта ва нах бештар манфиатдоранд, ки онро бо пули нақд ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯшанд. Барои онҳо муҳим нест, пахтаро кӣ коркард мекунад, балки муҳим аст, ки даромаде ба даст биоранд ва варшикаста нашаванд.

Гул Шералӣ
Гул Шералӣ

Вақте ки барномаи стратегӣ ба тасвиб расид, гуфта шуд, ки масъули асосии иҷрои он вазорати энергетика ва саноат аст. Аз соли 2006 то поёни соли 2014 Гул Шералӣ сарвари ин вазорат буд. Вай дар моҳи ноябр барканор ва вазораташ ҳам ду қисм шуд. Ҳоло иҷрои тарҳ бар дӯши вазорати саноат ва технологияҳои нав аст, ки онро Шавкат Бобозода сарварӣ мекунад.

Саноати нассоҷӣ: чӣ буду чӣ монд?

Бино бар додаҳои оморӣ, Тоҷикистон дар охири солҳои 90 солона наздик ба 30 000 тонна нахи пахтаро кор карда, аз он матову либос тавлид менамуд. Қарор буд, Тоҷикистон бо қабули барномаи "Коркарди пурраи нахи пахта то соли 2015" вазъро ба куллӣ дигар кунад ва коркарди ҳамаи нахи пахтаро дар дохили кишвар ба роҳ монад. Аммо дар вақти иҷрои ин барнома на танҳо коркарди пахта дар кишвар зиёд нашуд, балки ҳатто бамаротиб коҳиш ёфт. Барои намуна, дар соли гузашта корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон се баробар камтар аз поёни солҳои 90 -- ҳамагӣ аз зери 10 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулот тайёр кардаанд.

Барнома ба тасвиб расид ва ҳукумат ҷузве аз вазифаи худро ба бонкҳои тиҷоратӣ вогузор карда, ба онҳо дастур дода буд, барои сохтмони корхонаҳои нассоҷӣ сармояи хориҷӣ ҷалб кунанд ва ҳам сармояҳои худашонро масраф кунанд. Сарони вилоятҳои Суғду Хатлон низ дастур гирифта буданд, ки тарҳҳои сохтмони корхонаҳои ояндадори нассоҷиро ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Ҳукумат дар навбати худ мебоист ба ин гуна лоиҳаҳо сармоягузор пайдо мекард.

Оё дар ҷаласаҳои ҳукумат аз масъулин сабаби иҷро нашудани ин лоиҳа пурсиад шуд ё на маълум нест, аммо нафаре аз онҳо барои амалӣ нашудани ин тарҳ муҷозот нашудаанд.

Иллати рукуд дар чист?

Моликон ва масъулони ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон сабаби рукуди ин арсаи барои Тоҷикистон муҳимро ба ду омил: набуди дастрасӣ ба қарзҳои камбаҳра (фоизаш паст) дар бонкҳои Тоҷикистон ва зуд ба хориҷа содир шудани нахи пахта марбут медонанд.

Абдулло Муҳаммадиев, муовини раиси корхонаи нассоҷии «Нафиса» мегӯяд, рушд накардани саноати коркарди пахта дар Тоҷикистон ду омили асосӣ дорад: «Дар мо ба корхонаҳои калобаресӣ аз нахи пахта намерасад. Чунки нахи пахта бештар содир мешавад, аммо ин корхонаҳо пули изофӣ надоранд, ки нахи пахтаро барои се-чор моҳ харида, захира кунанд. Нахи пахта зуд содир мешавад. Дуввум ин ки корхонаҳои нассоҷӣ аз бонкҳо қарзҳои имтиёзнок гирифта наметавонанд. Фоизи қарзи бонкҳо хеле баланд аст.»

Ҷаноби Муҳаммадиев афзуд, ки нахи пахтаи Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ нисбат ба ширкатҳои дохилӣ арзонтар меафтад. Чунки ҳангоми фурӯши нахи пахта ба ширкати нассоҷии тоҷикистонӣ корхонаи пахтатозакунӣ бояд 10 дарсад андоз супорад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати ман, президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш гуфта буд, ки ин андози 10-дарсадӣ бояд бо боҷи гумрукӣ иваз шавад. Яъне баръакс ҳангоми содироти нахи пахта боҷ ситонида шавад, на зимни фурӯши он ба ширкати дохилӣ. Аммо ба таъкиди Муҳаммадиев, аз паёми президент то ба ҳол дар қонунҳои Тоҷикистон дар маврид тағйире ворид нашудааст.

Барномаи амал ё танҳо шиор?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳанӯз замони қабули барнома дар соли 2005 маълум буд, ки он иҷроношуданист: «Ин барномаро аслан барои ором кардани мардум таҳия карда буданд. Ҳарчанд худи ин тарҳ воқеан барои Тоҷикистон муҳим аст. Аммо дар Тоҷикистон гурӯҳҳои буржуазӣ намехоҳанд, ки коркарди нахи пахта дар дохил рушд кунад. Чунки онҳо аз содироти он ба хориҷа манфиати зиёд мебардоранд. Ҳоло шояд ҳукумат боз ба ҳамин мазмун барномаи нав таҳия кунад, аммо то замоне ки гурӯҳҳои алоҳида аз содироти нахи пахта ба хориҷа фоида мебинанд, ин гуна тарҳҳо амалӣ намешаванд.»

«Барномаи коркарди пурраи нахи пахта дар Тоҷикистон то соли 2015» сохтмони 45 корхонаи нави нассоҷиро низ дар назар дошт. Аммо дар ин муддат баръакс таҷҳизоти бархе аз корхонаҳои нассоҷии мавҷуда куҳнаву фарсуда шуда, бархеи дигар комилан аз кор монданд. Маҳз ба ҳамин далел дар се моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳое, назири «Файзи истиқлол 2011», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Хима-текстил», «Вализодаи Ниёз», «Авесто 2010», «Тоҷи Ғафуров» умуман кор накардаанд.

Мӯҳлати иҷрои ин барнома 10 солро дар бар мегирифт ва аз амалӣ шудани он бояд 39 000 ҷойи кори нав эҷод шуда, иқтисоди Тоҷикистон дар ин муддат то 10 миллиард сомонӣ фоида медид. Фурсат ва фоидае, ки Тоҷикистон барои ҳамеша аз даст дод. Ва кишваре ки бо "тилои сафед"-аш менозад, ин сарваташро то ҳол ба шакли ашёи хом ба хориҷ фурӯхта, ҳамон фурӯхтаи худро дар шакли шиму куртаву маҳсулоти дигар бозпас ворид мекунад. Аммо алакай бо нархи даҳчанд гаронтар.

Ба таъбири Иқболи Лоҳурӣ:

Қолин аз абрешими ту сохтанд,

Боз онро пеши ту андохтанд...

XS
SM
MD
LG