Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Ош


Фурудгоҳи байнулмилалии Ош дар Қирғизистон.
Фурудгоҳи байнулмилалии Ош дар Қирғизистон.

Дар фурудгоҳи шаҳри Оши Қирғизистон се муҳоҷири кории тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия боздошт шудаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, онҳо шиносномаҳои дохилӣ доштаанд.

Бо далели гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо муҳоҷирони кории тоҷик тариқи хатсайри Сургут-- Ош парвоз карданд, аммо дар ин ҷо мақомоти қирғиз онҳоро бо сабабҳои номаълум се рӯз боз иҷозаи берун шудан аз фурудгоҳро намедиҳанд.

Саидамир Мӯъминов, соли таваллудаш 1992 рӯзи якшанбеи 21-уми декабр аз шаҳри Сургути Росия ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 18-уми декабр як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла рафиқаш бо номи Ҳоҷизода Ҷумабек Ёқуббек, соли таваллудаш 1993 сокини вилояти Суғд, бо далели арзон будани нархи чиптаи ҳавопаймо мехостанд тариқи хатсайри Сургут -- Ош ба ватан баргарданд. Аммо бо сабабҳои барояшон норӯшан то ҳоли ҳозир дар фурудгоҳи шаҳри Ош рафиқаш ва ду ҷавони дигар нигоҳ дошта шудаанд.

Вале дар гузаргоҳи марзии фурудгоҳи Ош рӯзи 21-уми декабр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ ба Ош ворид шудаанд, аз ин рӯ иҷозаи берун омадан аз фурудгоҳро надоранд. Як масъули ин гузаргоҳ гуфт, ҳоло танҳо як нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳ мондааст. Ба қавли вай дар сурати додани санади иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистон аз тарафи консулгарии кишвар дар Бишкек, муҳоҷири тоҷик метавонад ба Тоҷикистон баргардад, дар акси ҳол бояд бозпас ба Русия равад.

Ба нақли Саидамир Мӯъминов арзиши чиптаи хатсайри Сургут -- Хуҷанд ё Маскав -- Душанбе на камтар аз 25 000 рубл аст. Арзиши чипта тариқи хатсайрҳои Ош 10 000 рубл буда, бо ин далел иддае аз муҳоҷирон мехоҳанд, аз тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон баргарданд. Аммо мегӯяд ӯ, аз рафиқаш ва ду муҳоҷири дигар, ки боздошт шудаанд кормандони фурудгоҳи Ош 30 ҳазор рубл талаб кардаанд. Вай мегӯяд: “Бечора бачаҳоро ҳатто намегузоранд ба ягон ҷо тамос гиранд. Қариби 4 рӯз аст, ки дар боздоштанд фақат дар рӯзи дуюми дар фурудгоҳ буданаш як бор тамос гирифт. Садояш хело хаста буд. пурсидам, ки чӣ гап шудааст? Гуфт ду шабонарӯз аст, ки моро дар фурудгоҳи Ош нигоҳ доштаанд, ки ҳатто намегузоранд ба раҳбарияти фурудгоҳ муроҷиат кунем. Ҷумъабек хоҳиш кард, ба падараш расонам, ки хавотир нашавад.”

Ҳамчунин ин муҳоҷири кории тоҷик гуфт, ки вай ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон низ муроҷиат кардааст, аммо кормандони сафорат ӯро сарзаниш кардаанд, ки чаро аз тариқи Ош парвоз кардаанд: “Ҷои он ки ба муроҷиатамон посухи хуб гардонад, кормандони сафорат дод зада истодаанд, ки чаро аз хатсайри Ош парвоз карданд. Чанд бор гуфтам тариқи Ош билет арзон аст гӯш намекунанд. Танҳо гуфтанд, ки се рӯз мо бояд интизор шавем. Танҳо пас аз се рӯз кормандони сафорат метавонанд ба мо посухи аниқ гардонанд.”

Телефонҳои сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи якшанбе, шояд ба иллати рӯзи истироҳат буданаш, хомӯш буданд. Ҳамчунин ҳеч қарордоди байнидавлатие дида нашуд, ки дар он аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақозо мешуда бошад, ки танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба ин Қирғизистон сафар кунанд. Бино бар асноди мавҷуда, танҳо Русия шарт мондааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон са аз 1-уми январи соли 2015 барои сафар ба Русия танҳо аз шиносномаи хориҷӣ кор гиранд.

Саидамир Мӯъминов мегӯяд, вақтҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Ош ба Тоҷикистон бармегарданд ва ин хабар аз он лиҳоз муҳим аст ки минбаъд эҳтиёт бошанд. Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии низ тасдиқ мекунанд, ки бо далели гарон будани арзиши чипта муҳоҷирони тоҷик, ба хусус аз вилояти Суғд тариқи ҳавопаймоҳои шаҳри Оши Қирғизистон бармегарданд. Аммо то ҳоли ҳозир боре мушкили нигоҳ доштани онҳо сар назадааст.

Нурулло Маҳмадуллоев, муовини вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз боздошти се муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Оши Қирғизистон изҳори бехебарӣ карда, гуфт то ҳоли ҳозир касе ба онҳо сари ин мушкил муроҷиат накардааст. Ҷаноби Маҳмадуллоев афзуд, ки эҳтимол меравад, дар ҳуҷҷатҳои ин се ҷавон, ки шахсияти ду нафарашон ҳанӯз маълум нест, камбуде ҷой дорад. Зеро бидуни ҳеҷ камбуд имкон надорад, ки давоми се ё чор рӯз як муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи як шаҳри бегона нигоҳ дошта шавад.

XS
SM
MD
LG