Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардиши нав дар парвандаи қатли сардори пулис ва 5 узви хонаводаи ӯ


Андрей Гошт
Андрей Гошт

Мақомоти Русия мегӯянд, бо иттиҳоми қатли мудҳиши афсари баландпояи пулиси вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ се нафар дастгир шуда, як гумонбари дигар ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия рӯзи 2 май дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста се нафареро, ки бо гумони даст доштан дар қатли полковник Андрей Гошт ва 5 тан аз хешовандони ӯ дастгир шудаанд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Додситони ноҳияи Сизран Евгений Ирха гуфт, ҳарсе гумонбар зодагони Озарбойҷонанд.

Шабакаи Life бо такя ба манобеаш хабар дод, ки боздоштшудаҳо Ислам Орзу-уғлӣ Бобоев, Орхан Ширалӣ-уғлӣ Зоҳрабов ва Роман Рауф-уғдӣ Фаталиев мебошанд.

Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара ҳамроҳ бо 5 тан аз наздикони ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдааш шаби 23 ба 24 апрел дар манзили падарии онҳо дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизран кушта шуданд.

Мақомоти тафтишотии Русия қаблан гуфтанд, ки шаби 30 апрел ба 1 май се гумонбар дар қатли ин афсари баландпояи пулисро дастгир кардаанд. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин се гумонбар ҳарсе зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Ӯ афзуд, гумонбари чорум як рӯз қабл аз амалиёти боздошт тавонистааст ба Тоҷикистон фирор кунад ва ҳоло таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад. Владимир Маркин гуфт, мақомоти Русия бо дархости ҷустуҷӯ ва боздошти ин гумонбар алакай бо ҳамкорони худ аз вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар тамос шудаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳои нашршуда дар робита ба ин парвандаи пурсарусадо ва эҳтимоли даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ин куштори гурӯҳӣ дар дасти таҳқиқ қарор дорад. Ӯ афзуд, инки дар сурати боздошташ ин гумонбар ба Русия истирдод хоҳад шуд ё на, ба ин бастагӣ дорад, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ваё, тавре дар хабарҳо омадааст, алакай шаҳрвандии Русияро гирифтааст.

Қонунгузории Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷиро манъ мекунад. Дар соли 2008 ду гумонбари қатли хабарнигори шабакаи телевизионии НТВ Илёс Шӯрпоев, ки дар қаламрави Тоҷикистон дастгир шуданд, ба далели шаҳрванди ин кишвар буданашон аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон ва бар асоси қонунҳои ин кишвар муҳокима ва маҳкум шуданд.

Манзиле ки Андрей Гошт ва наздиконаш кушта шуданд
Манзиле ки Андрей Гошт ва наздиконаш кушта шуданд

Додгоҳи ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия рӯзи 2 май дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста се нафареро, ки бо гумони даст доштан дар қатли полковник Андрей Гошт ва 5 тан аз хешовандони ӯ дастгир шудаанд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Додситони ноҳияи Сизран Евгений Ирха гуфт, ҳарсе гумонбар зодагони Озарбойҷонанд. Шабакаи Life бо такя ба манобеаш хабар дод, ки боздоштшудаҳо Ислам Орзу-уғлӣ Бобоев, Орхан Ширалӣ-уғлӣ Зоҳрабов ва Роман Рауф-уғдӣ Фаталиев мебошанд. Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара ҳамроҳ бо 5 тан аз наздикони ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдааш шаби 23 ба 24 апрел дар манзили падарии онҳо дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизран кушта шуданд.

Мақомоти тафтишотии Русия қаблан гуфтанд, ки шаби 30 апрел ба 1 май се гумонбар дар қатли ин афсари баландпояи пулисро дастгир кардаанд. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин се гумонбар ҳарсе зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Ӯ афзуд, гумонбари чорум як рӯз қабл аз амалиёти боздошт тавонистааст ба Тоҷикистон фирор кунад ва ҳоло таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад. Владимир Маркин гуфт, мақомоти Русия бо дархости ҷустуҷӯ ва боздошти ин гумонбар алакай бо ҳамкорони худ аз вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар тамос шудаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳои нашршуда дар робита ба ин парвандаи пурсарусадо ва эҳтимоли даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ин куштори гурӯҳӣ дар дасти таҳқиқ қарор дорад. Ӯ афзуд, инки дар сурати боздошташ ин гумонбар ба Русия истирдод хоҳад шуд ё на, ба ин бастагӣ дорад, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ваё, тавре дар хабарҳо омадааст, алакай шаҳрвандии Русияро гирифтааст.

Қонунгузории Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷиро манъ мекунад. Дар соли 2008 ду гумонбари қатли хабарнигори шабакаи телевизионии НТВ Илёс Шӯрпоев, ки дар қаламрави Тоҷикистон дастгир шуданд, ба далели шаҳрванди ин кишвар буданашон аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон ва бар аосси қонунҳои ин кишвар муҳокима ва маҳкум шуданд.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, ғоратгарон 6 узви хонаводаи Андрей Гоштро шаби 23 ба 24 апрел бо ҳадафи ғорат куштаанд. Аммо нашрияи “Комсомолская правда” аз қавли манобеаш дар мақомоти интизомӣ исми ду гумонбарро нашр кард, ки гуфта мешавад, бародарон Александр ва Евгений Нуштаев аз Узбакистон мебошанд. Александр Нуштаев, ба гуфтаи ин манбаъ, барои 13 сол бо ҷурми куштор маҳкум ба зиндон шуда, тоза ба озодӣ баромада буд.

Ҷасадҳои Андрей Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдаашро субҳи 24 апрел пайдо карданд. Гуфта мешавад, ғоратгарон ин 6 нафарро бо зарби болға зада-зада куштаанд. Аз дасти ҳамлгарон танҳо як духтари 7-сола ҷон ба саломат бурдааст. Ӯ ҳоло дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Манобеи интизомӣ мегӯянд, ғоратгарон алакай рӯзе баъд бо истифода аз корти бонкии Андрей Гошт дар мағозаҳои Самара харид кардаанд ва ин ба тафтишот имкон додааст, ки изи онҳоро бигиранд.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай дувумин мавриди ғорат ва куштор дар Русия аст, ки ба шаҳрвандони тоҷик рабт мегирад. Ҳамин шаби 24 апрле дар кишвари Перми Русия Юрий Чубаев, мудири тиҷоратии “Кирас”” – як корхонаи тавлидоти низомӣ бо зарби корд кушта шуд. Алакай рӯзе баъд бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор Юсуф Умаров ва Зоир Умаров – ду шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуданд. Рӯзе баъд гумонбари сеюм дар ин куштор бо номи Саидро, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон будааст, дар Санкт-Петербург дастгир карда, ба Перм оварданд. Додгоҳи Перм рӯзи 27 апрел ҳарсеи онҳоро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони тоҷик қаблан дар манзили Юрий Чубаев кор мекарданд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳамлагарон шаби 24 апрел корфармои собиқи худро чанд корд зада, аз манзили ӯ 120 ҳазор рубл ва як смартфонро ба яғмо бурдаанд.

XS
SM
MD
LG