Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳамлаи ғоратгарон ба бонкҳо дар 4 рӯзи охир


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Танҳо дар 4 рӯзи охир дар Тоҷикистон 3 ҳамлаи ғоратгарона ба бонкҳо сабт шудааст. Дар ҳар се маврид ғоратгарон ба ҳадафи аслии худ - ғорати пул - нарасидаанд.

Шаби -уми апрел филиалҳои “Амонатбонк” дар Роғун ва Файзобод аз ҷониби афроди номаълум ғорат шудаанд.

Дар чор рӯзи охир ин севумин ҳолати ғоратгарӣ дар бонкҳои Тоҷикистон аст. Рӯзи 19-уми апрел низ дар филиали “Агроинвестбонк”-и Данғара кӯшиши ғоратгарӣ бенатиҷа анҷом ёфт, аммо дар пайи бархӯрд бо ғоратгар милисаи посбони 36-солаи ин филиал 17 зарби корд хӯрд.

Тибқи хабарҳои расида, аз филиали “Амонатбонк” дар Роғун ва Файзобод компютерҳо ва камераҳои назоратӣ рабуда шудаанд. Сафаралӣ Маҳмадиев, муовини раиси “Амонатбонк” дар шаҳри Роғун рӯзи 22-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “дузд ва ё шояд дуздон аз филиали ин бонк дар деҳаи Қалъаи Нави Роғун пул берун накардаанд, чун он замон ҳеҷ маблағе дар ин филиал маҳфуз набудааст.”

Бонки давлатии “Амонатбонк” ягона бонкест, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон намояндагӣ дорад. Тамоми нафақаҳои сокинон ва маоши бархе кормандони идораҳои давлатӣ тариқи ин Бонк пардохт мешавад.

Ҷалолиддин Садриддин, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ далели тоза дар бораи ғоратгарии филиали “Амонатбонк” рӯи даст надорад, аммо нафаре, ки қасди ғоратгарӣ ба “Агроинвестбонк” дар Данғараро карда буд, боздошт шудааст.

Ӯ гуфт: “Мақсади ин ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Данғара ғорати бонк будааст, аммо ҳангоми ба муқобилият рӯ ба рӯ шудан ва пас аз захмӣ сохтани корманди милиса аз ҷои кор фирор мекунад. Ҳеҷ чизеро наметавонад аз ин бонк берун барад. Ҳоло ӯ боздошт шудааст ва нисбаташ тафтиш идома дорад.”

Ҳамсӯҳбатони дигари Радиои Озодӣ аз ҷавоне, ки филиали “Агроинвестбонк” дар Данғараро мехост ғорат кунад, Беҳрӯз ном мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҷавон дар Қазоқистон кору фаъолит доштааст ва пас аз даст додани кор ва бозгашт ба зодгоҳаш даст ба ин кор задааст.

Ғоратгарони филиали “Амонатбонк” дар Роғун ва Файзобод то ҳанӯз боздошт нашудаанд, аммо бо далели ба ҳам наздик будани ин ду филиал тахмин зада мешавад, эҳтимол ин ду ҳодисаро як гурӯҳ анҷом дода бошад.

Ғаюр Ашрафов, корманди собиқи милиса мегӯяд, ғорати бонкҳо дар Тоҷикистон чандон зиёд мушоҳида намешуд ва ин тамоюл бештар дар Русия мушоҳида мешавад. Ғорат шудани ин бонкҳо аз ҷониби муҳоҷиронеро, ки корашонро дар Русия аз даст додаанд, Ашрафов аз эҳтимол дур намедонад.

Ӯ гуфт: “Ҳоло аниқ гуфта намешавад, кӣ ва барои чӣ дуздӣ кардааст. Аммо аз рӯи рафтори онҳо нигоҳ кунем, онҳо дуздони касбӣ нестанд. Дуздони касбӣ бо роҳҳое аввал ҷои пулро аниқ мекунанд. Инҳо зоҳиран ҷавононе ҳастанд, ки гумон мекунанд, дар ҳамаи гӯшаи ҳар бонк пул рехта шудааст. Содиркунандагони ин ҷиноятро дар миёни ҷавонони бекор, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, бояд ҷустуҷӯ кард. Дуздони таҷрибадор, ки як бор ҳабс шуда бошад, чунин рафтор намекунад.”

Дар чор рӯз талоши ғоратгарии се бонк дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи се моҳи ахир Вазорати корҳои дохилӣ беш аз сад ҳолати дуздӣ ошкор ва гумонбаронро боздошт кардааст. Аз хабарҳои сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳоло бештар дуздии ҷавоҳирот, пул ва мошинҳои шахсӣ афзоиш ёфтааст.

Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, бекорӣ дар пайи бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба афзоиши дуздиву ғоратгарӣ мусоидат мекунад.

Ӯ гуфт: “Аслан ин ҳолатҳои дуздиро дар алоҳидагӣ дидан даркор аст, аммо дар маҷмӯъ омили асли ин бекорӣ буда метавонад. Вақте одам кор дорад, андешаи кори ғайриқонунӣ кардан дар ӯ кам мешавад. Шояд ҳамаи инҳо муҳоҷир набошад, вале дар маҷмӯъ бӯҳроне, ки дар пайи бекорӣ ба вуҷуд омадааст, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон таъсир кардааст.”

Дар ин се мавриди ҳамлаи ғоратгарона ба бонҳои Тоҷикистон ғоратгарон ба рабудани пул муввафақ нашудаанд. Соли гузашта танҳо як ҳолати ғорати бонк дар Конибодом сабт шуда буд. Вале тафтиши қазия маълум кард, ки пулҳои ин бонкро як коргари он рабуда, барои пӯшондани сирри кораш онро ҳамчун ҳамлаи ғоратгарон ба тасвир даровардааст.

XS
SM
MD
LG