Шанбе, Август 23, 2014

Минтақаҳо

Ду устоди Донишгоҳи Кӯлобро ба сарбозӣ гирифтанд

Аз миёни омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи Кӯлоб, ки субҳи 2-уми май аз хобгоҳи омӯзгорони ин Донишгоҳ боздошт шуда буданд, ду нафар ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шуд.

Ҷамшед Бобохонов ва Зафари Саъдӣ, омӯзгорони факултаи физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи Кӯлоб дар ҳоле ба хидмат сафарбар шуданд, ки онҳоро тариқи «облава» ё худ зӯран ва бидуни даъват ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд.

Омӯзгорони хобгоҳи Донишгоҳи Кӯлоб, ки бинояш дар миёни додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ва Комисариати ҳарбӣ ҷойгир аст, мегӯянд, ин аҳвол, яъне бе ягон огоҳӣ ворид шудан ба бинои хобгоҳ бори аввал нест. Самариддин, исми шартии як омӯзгор аст, ки мегӯяд, дар ҳоле кӯчаҳо пур аз ҷавонони бекора ҳаст, «облава» кардани омӯзгор, ки манфиаташ ба давлат мерасад, чӣ маъно дорад.

Ин омӯзгор гуфт: «Мо зид нестем, ки ба хизмати ҳарбӣ равем. Аммо чаро моро маҷбурӣ ва тариқи облава мебаранд? Ҳар саҳар мо бо ташвиш ба дарс меравем ва аз хобгоҳ берун баромада наметавонем. Дирӯз вақте онҳо омаданд, ки мо риш тарошида ба дарс омодагӣ медидем. Ба фикри ман ин рафтор дар ягон қонун нест, ки омада омӯзгори мактаби олиро облава кунӣ. Пур аст, кӯча аз бачаҳое, ки фоидаашон ба ягон кас намерасад. Чаро онҳоро намебаранд? »

Омӯзгори дигар, ки худро шартан Намоз муаррифӣ кард, гуфт, аслан, дар хобгоҳ омӯзгороне зиндагӣ мекунанд, ки камбизоатанд ва ҳеҷ пушту паноҳ надоранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, аз камбизоатӣ ва пушту паноҳ надоштани ин омӯзгорон дар мақомоту ҳукумат кормандони комиссариат истифода мебаранд.
«Мо агар хонаву дару зиндагиамон хуб мешуд, дар хобгоҳ истода, дарс медодем. Аз ҳамин аҳволи бади мо кормандони комиссариат истифода мебаранд. Ягон бачаи мансабдорро намебаранд. Мо ҳамагӣ як сол хизмат мекунем, лекин бояд дигарон ҳам рафта хизмат кунанд.»

Масъулини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар робита ба «облава» шудани ду омӯзгоронаш хомӯширо ихтиёр кардааст. Аммо Сӯҳроб Ахмедов, комиссари ҳарбии Кӯлоб дар як сӯҳбати бидуни микрофон «облава» шудани ду омӯзгорро шарҳ надод, вале гуфт, фаъолияти онҳо дар доираи қонун ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мушкили даъвати ҳарбӣ ҳоло дар ин аст, ки аксари даъватшудагон дар ҷои зисташон ҳузур надоранд.

-Мо ба 5 ҳазор ҷавони ба сини хидмати ҳарбӣ расида, даъватнома равон кардаем, вале аксари ин ҷавонон дар ҷои зисташон ҳузур надоранд. Мушкили кори мо ҳоло фақат ҳамин аст, аммо мо ҳеҷ гоҳ «облава» намекунем ва кӯшиш мекунем, дар доираи қонун мушкилиро ҳал кунем,-гуфт, ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Саттор Ризоев, муовини комиссари ҳарбии Кӯлоб, дар як сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфта буд, ки дар ин даъват шумораи ихтиёриён хеле афзоиш ёфтааст. Ӯ дар сӯҳбати қаблиаш гуфта буд, ки имсол сафи наваскарони соҳиби маълумоти олӣ дар даъвати якум дар қиёс ба солҳои гузашта се маротиб афзоиш ёфтааст.

Ӯ гуфт: «Масалан, соли гузашта агар дар даъвати якум мо 5 ҷавони соҳиби маълумоти олиро гусел карда бошем, имсол дар даъвати якум 15 нафарро гусел кардем. Ҳоло бисёре аз ҷавонон, ки донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд, хоҳиши хизмат кардан дар артишро доранд. Дар донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ нест ва ин ҷавонон мехоҳанд, бо як соли хизмати ҳарбӣ соҳиби рутба шаванд ва оянда дар соҳаи низомӣ кор кунанд.»

Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба, баҳорон ва тирамоҳ расман ҷавононро ба сафи артиш даъват мекунанд. Аммо бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани теъдоди бузурги ҷавонон, нақшаи даъват ба артиш ба кундӣ иҷро мешавад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Ахсан аз: TJK
04.05.2013 11:03
Ahsan baroi hizmatoi shoista, komisaryati harbi. Ruirost izo nokashida durug meguyan, hama medonad ki oblava bud va memonad. Omuzgoro ba hizmat mebaran, bad maorif shikoyat meknad ki omuzgoron namerasan, boz baroi sathi savodnoki past budan shikoyat meknem. Rost nimi javononi tojik dar Rusiya, man ham az on jumla, amo 4i iloj, ne kor hast ne sharoiti soz dar xizmat, holathoe shudand bachaho xudro dar xizmat az azobu shikanjai bisyor kushtan, gushna monda, salomat raftan kasal bargashtand. boz izo nokashida dar chorchubai konun kor meknem tarif meknan,sharmandagi. Omuzgor rost meguyan yak misoli biyoren ki pisari yagon sarvartmand rafta hizmat kada boshad.? Zinda boshad pul...

Ном: Беном
04.05.2013 14:36
Салом кормандони Радиои Озоди ва ихлосмандони хушманди ин сомона, банда аз хондани ин матлаб аз амалкарди кормандони комисариатхои харби ва, умуман, аз низоми хизмати харби дар кишварамон сахт нигарон шудам. Дер боз мехостам чан фикру акидаамро рочеъ ба хамин пахлуи мушкилоти низоми хизмати аскари бигуям, вале фурсати муносиб даст намедод. Акнун ки ин матлаб руи чоп омад, фурсати муносибро бароям фарохам сохт.
Низоми хизмат дар сафи куввахои мусаллах тули 21 соли даврони Истиклолият низ бо хамон низоми кадимаи даврони Шурави амал дорад, то ба хол ягон тагйироти назаррас дар он дида намешавад. Агар дар зарфи 21 сол шуда бошад хам, он чандон назаррас нест.
Аксари кишвархои собик Шурави дар низоми хизмат дарсафи куввахои мусаллахашон кайхо тагйроти кулли ворид сохтанд. Хатто Федератсия Россия, ки худ падари ин низом буд, хизмати аскариро аз ду сол камтар кард, ки дар киёс ба дигар кишвархои собик Шурави шароти модии куввахои мусаллахи Россия садхо маротиба бехтар аст. Баъзе аз давлатхои хасмоя, ба монанди Узбакистон ва Киргизитон тарзи алтернативии хизмати харбиро ба рох монданд, ки дар натича як чавони узбак барои хизмат дар сафи куввахои мусаллах аз тамоми иконият истифода мебарад.
Дар кишвари мо пушида нест, ки шароити моддии кисмхои низоми ба таври бояду шояд нест, ки ин яке аз омилхои саркаши кардани чавонон аз хизмат дар сафи куввахои мусаллах аст. Яъне мардикориро авлотар аз хизмати харби медонанд. Фаразан агар дар ин солу замон, Худо накунад, фарзанди касе барои адои хизмат дар кисми харбие ё барои адои чазое дар калонахои ислохоти афтад, вой бар бар холи хонадони он чавон. Шуруъ аз хурду хурокаш то сару либос ва масъалаи тандурустиаш ба кулли аз хисоби хонаводаи он чавони аскар ё махбус мешавад. Ба хамаи ин мушкилот нигох накарда кормандони камисариати харби дар фикри ичрои плананду баъзе судяхои чаласаводи мо дар фикри харчи чазои сахт таин кардан. Яъне дар хондани хукм аз дахонашон чанд соле барояд, новобаста аз он ки чинояти содиршуда ба 5 солу 10 солу 20 сол арзиш дорад ё не.
Кобили зикр аст, ки дар конунгузории Точикистон рочеъ ба касби омузкорон бартариятхои зиёде дода шудааст. аз чумла дар конуни нави Маорифи, ки чанде кабл лоихаи он дар Парлумони касбии кишвар кабул гардид, барои бехтар намудани шароити моддии омузгорон тадбирхои судман андешида шудааст. Гузаштааз ин дар Конуни Чумхурии Точикистон "Ухдадории умумии хизмати харби ва хизмати харби" рочеъ ба масъалаи омузгорон низ дар яке аз моддахои он гуфта шудааст. Тибки ин конун шахсе, ки дорои дипломи омузгорист ва дар дар ягон муассисаи таълими ба хайси омузгор фаъолият мекунад, аз хизмати харби озод мебошад. Вале имруз аз чониби кормандони комиссариати харбии шахри Кулоб амале содир шудааст, ки хилофи гуфтаиин конун аст. Месазд, ки чанде аз кормандони худсари Комисариатхои харбиро ба чавобгари кашид.
Дар ин мавзу соатхо метавон гап зад, вале суханро дар хамин чо ба поён мерасонам. Бахшиш кормандони Радиои Озоди ва хонандагони гиромии ин сомона. Илтимос Озоди чоп кунед. аз хизмататон каблан сипосгузорам.
Дар посух

Ном: хукукшинос аз: душанбе
05.05.2013 11:18
Аз радиои озоди хохиш карда мешавад, ки дар ин самт иттилои прокуратураи харбиро марбут ба хамин масъла гирад. Зеро дар соли ЧБВ омузгор хизмати харби озод буд.

Дар Моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ" дар мавриди озод кардани муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон муқаррар шудааст;

1) - хонандаи муассисаи таълимии миёна, умумӣ ва миёнаи умумӣ, то гирифтани маълумоти пурра, вале то 21-солагӣ;

2) - муҳассилини шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои олии касбии таълимӣ, дар давоми таҳсил;

3) - муҳассилини бахши аспирантура, дар муддати таҳсил, аз уҳдадории хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Ном: Амина аз: Душанбе
04.05.2013 14:38
Шумо устодони донишгохро "облава" карден ба шогирдон ки дарс меомузонад? Охир ин магар дуруст аст, ки муаллимро аз шогирдонашон дур бисозен?(((

Ном: Хомид
04.05.2013 14:48
сутуни пуркувватро аз дарун кирм мехурад, Маънои сухани маро фахмидед ба фикрам. беадолатие ки сохторхои кудрати мекунанд, бовар кардани нест ки окибати онро бихоханд, чомеаи мо ба газаб гирифтор шудааст, барои хамин адлу инсоф аз байн рафта истодааст
Дар посух

Ном: Амина аз: Душанбе
04.05.2013 15:29
Рост гуфтед!!
Дар посух

Ном: абдукодир аз: тотористон
04.05.2013 22:00
хайф аст аз чунин вазоради дифоъъъ, кори дифоъъъ мекарда бошад, бехтараш дар аэропорту вокзалхо облава кунед ё ки аз вазифа равед мухтарам болонишинони вазорати бедифоъъъ...

Ном: Шоир аз: Облава
05.05.2013 00:34
Сипоҳе ки набошад дилхӯш зи шоҳ
Надорад ҳудуди вилоят нигоҳ.
Шумораи зиёди аскар чи даркор аст?Дар сурате,ки сифат набошад.О маҷбур гирифта мебарен онҳо ҳеҷгоҳ ин давлатро дар сурати ҳамлаи Узбакистон ҳимоя намекунанд.МЕГУРЕЗАНД ба АФҒОНИСТОН ё ХИТОЙ

Ном: Фируз аз: Душанбе
05.05.2013 07:59
ба чунин тарз облава кардани омузгор ин нохурмати ба омузгор аст...ин омузгори чавонро пас аз хизмат кадом донишчу хурмат мекунад? комисариати харби дигар куввате надорад, ки бачахои солими бекор ва бачахои сарватмандонро ба хизмат чалб кунад ва акнун пешаи "лошахур"-ро пеша кардааст...хастанд холатхое, ки вакти облава кардан хамон чавони облавашуда дар чояш аз 50 то 100$ дода халос мешавад...хайф аст, ки ин макомот то хол як стратегияи муаяни чалб кардани чавнонро ба хизмат руи кор наовардааст. Масалан метавонанд чунин кард:
1. Хизмати харби бояд озод бошад ва касе, ки бо хохиши худ ба хизмат меояд ба тарики контракт хизмат кунад
2. Касоне, ки хизмат кардан намехоханд як маблаги муаянеро ба хукумати чумхури ва ё вазорати мудофиа супоранд, чунки бе ин хам кариб 99%-и падару модар таёранд билети харбиро харанд ва кимати ин билет аз 500-то 1000$ мерасад. Аз хисоби облава чи кадар пули калон дар киссаи кормандони вазорати мудофиа меравад ва ин система мудати 20 сол аст, ки давом дорад. Пас чаро ин маблаг ба киссаи ким кадом як муфтхур равад, ва ё шояд худи вазорати мудофиа намехохад, ки облава азбайн равад, чунки ин як манбаи даромади калон аст. Бояд стратегиеро таёр кард, ки ин маблаг на ба киссаи кассе балки ба бучаи давлат раваду аз хисоби ин маблаг хизмати харби аз руи контракт сурат гирад.
Гиред, дар овоз монед, фикри мардума гиред...бовар дорам, ки аз тарафи мардум дастгири меёбад...хам сиёсати давлат хуб мешаваду, хам президент маъруфтар мегардаду, хам вазорати мудофиа аз облава халос мешаваду хам муфтхурони билети харбифуруш нест мешаванд ва дар охир сафи куввахои мусаллах пур аз аскарони солим мегардад...



Ном: Behruz Shokirov аз: Hamadoni
05.05.2013 11:24
Dar nohiyahoi digar mualimoi maktabi kishloka az nazdi talbaho oblava karda burdand. ki ziddi konun ast/

Ном: kmbaev аз: kulob
05.05.2013 15:46
salom aleykum va rahmatullohi va barakatu.............ba4ai prizdent xizmat kadagihai?

Ном: kmbaev аз: kulob
05.05.2013 15:51
amu 2 malimni 4eni ba4ai prizdent hak hukuk dora da dunei druza zindagiwa pew bara,ba4ai prizdent 10 sol xolda bowa uvoni xondagi9n 5 sol,ham4u ba prizdent guftaniiim ki hakkkkkki 8 million aholi da dasti tuhai,................................OZODI 4OPW K KI GANDA XAFA MEWAM

Ном: benom
07.05.2013 23:19
ma to 27 sola nasham namiyom TJK, na sharoiti xizmat doren na hichi, davay kati xizmatton, no signal

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз