Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони нави дастаи «Хайр»-и Ваҳдат


Владислав Волков, дарвозабони нави "Хайр"-и Ваҳдат.
Владислав Волков, дарвозабони нави "Хайр"-и Ваҳдат.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ҳайаташро бо панҷ бозигари нав аз Эрон, Қирғизистон ва Камерун пурқувват кард.

Ба иттилои Қутбиддин Хайров, раиси бошгоҳи футоли «Хайр», бо легионерҳои эронӣ Саҷҷод ва Милод Золгхадрӣ, инчунин, бо дарвозабони 33-солаи дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон Владислав Волков, ки дар бошгоҳҳои футболи «Абдиш-Ота» (Кант) ва «Дордой» (Бишкек) бозӣ мекард, қарордод ба имзо расонда шуд.

Ба ғайр аз ин, «Хайр» ҳайаташро бо ду футболбози африқоӣ аз Камерун - ҳимоятгар Пол Роллан Бебей Кинг ва нимҳимоятгар Гок А Меканг Муҳаммад Ҳабиб пурзӯр кард.

Бояд гуфт, ки Бебей Кинги 26-сола дар ҳайати дастаи мунтахаби Камерун дар Бозиҳои олимпии соли 2008-ум дар Пекин ширкат дошт. Муҳаммад Ҳабиби 33-сола бошад, дар дастаҳои Молдова - «Нистру» (Атаки) ва «Дачия» (Кишинев), инчунин, дар бошгоҳи «Оқжайик» (Уралск, Қазоқистон) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки «Хайр» дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ феълан бо 17 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал ва «Истиқлол»-и Душанбе бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум мебошанд.

Дастаи «Хайр», ки дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 аз тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт. Бозии аввал дар Қӯрғонтеппа бо пирӯзии «Хайр» бо ҳисоби 2:1 ва бозии ҷавобӣ дар Ваҳдат бо ҳамин ҳисоб ба фоидаи «Вахш» хотима ёфт. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. «Вахш» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.

Дастаи «Хайр», ки барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мубориза мебарад, дар бозии ниҳоӣ рӯзи 31-уми август дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад. Ин бозии ҳалкунанда соати 16:30 шурӯъ мешавад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор cомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG