Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ношунавоён: Мо оҷизем зи гуфтану халқ аз шуниданаш


Мушкили ношунавоён дар ҷомеаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Ахиран иддае аз афроди ношунаво мушкилоти худ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба чолиш кашида ва хостори кӯмаку мусоидат дар ҳалли ин амр шуданд.

Ахиран иддае аз афроди ношунаво мушкилоти худ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба чолиш кашида ва хостори кeмаку мусоидат дар ҳалли ин амр шуданд. Надонистани забони сӯҳбати ношунавоён аз ҷониби мардум аз умдатарин мушкили ин табақа унвон мешавад. Ин аст, ки онҳо дар бештари маворид худро аз ҷомеа дар канор эҳсос мекунанд.

Дар оилаи Абдуҷаббор Давлатов, сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат забони сӯҳбат асосан имову ишора аст. Зеро Абдуҷаббор, ки падари хонавода аст, аз сесолагӣ дар пайи як беморӣ лолу ношунаво ё кару гунг шудааст. Ин аст, ки ҳудуди 40 сол боз ҳамсару духтаронаш ҳамсӯҳбат ва тарҷумони ӯянд.

Худи Абдуҷаббор рӯзи панҷшанбеи 26 ноябр тавассути имову ишора, ки ҳамсараш Зебо Бидиева "тарҷумонӣ" мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар сесолагиам бемор шудам ва маро бо доруҳои гуногуну сахттаъсир табобат карданд. Ин сабаб шуд, ки ман аз шунавоӣ маҳрум шудам. Ман аслан солим ҳастам, ягона камбудиам ин аст, ки наметавонам мисли дигар одамон садо шунавам ва сӯҳбат кунам”.

Зебо Бидиева
Зебо Бидиева

Ҳоло Абдуҷаббор Давлатов, раҳбарии Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ҷаноби Давлатов ҳам мушкили аслии аксари ношунавоён зимни муроҷиат ба идораҳои давлатиро ба забони имою ишораи ин табақаи ҷомеа марбут медонад. Ба гуфтаи вай, “ҳангоми муроҷиат ба беморхона, хизматрасонии тиббӣ, милисаю прокуратура ва умуман дар сурати ягон ҳодиса шуданаш ё ин ки барои ҷои кор рафтан, ношунавоён ба тарҷумон ниёз доранд. Аз он сабаб, ки дар Душанбе танҳо се тарҷумон аст, барояшон хеле мушкил аст. Мо мехоҳем дар ин робита ҳукумат ба мо кӯмак кунад.”

Мушкили ношунавоён дар ҷомеаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Девори нофаҳмӣ байни ин қишр ва боқии ҷомеаро як мушкили умдаи ҳаёти иҷтимоиии ҳазорон тан аз ношунавоён дар Тоҷикистон мешуморанд. Зебо Бидиева, ҳамсари Абдуҷаббор Давлатов, ҳарчанд хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорат аст, аммо имрӯз ӯро ҳамчун тарҷумони ношунавоён мешиносанд ва дар тамоми чорабиниҳое, ки дар сатҳи байналмиллалӣ мегузарад, даъват мекунанд.

Хонум Бидиева мегӯяд, мушкили афроди ношунаворо дарк мекунад. Зеро ба гуфтаи хонум Бидиева, на танҳо шавҳараш Абдуҷаббор, балки волидайнаш низ ношунавоянд ва ҳангоми сӯҳбат бо одамон мушкилӣ мекашанд. Хонум Бидиева меафзояд, маҳз ношунаво будани падару модар ӯро водор кард, то забони имову ишораро омӯзад ва барои афроди ношунаво кӯмак расонад.

Вай афзуд, “Ман аз таҷрибаи худам медонам, ки барои ношунавоён тарҷумонҳо хеле заруранд. Ман медидам, ки падару модари ман, ки ношунавоянд, хеле азоб мекашиданд. Ҳатто дар оддитарин ҳолат, вақте ба идораи нотариалӣ барои ягон ҳуҷҷат мерафтанд, ба тарҷумон ниёз доштанд. Бинобар ин, ман тасмим гирифтам, ки ин забонро омӯзам ва барои ношунавоён кумак кунам”.

​Аммо мақомот мегӯянд, дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе барои афроди ношунаво мутахассисон омода мешавад, ки метавонанд мушкили ин табақаро осон намоянд. Ҳамакнун дар бахши сурдопедагогикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе беш аз 130 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аммо масъулони созмонҳои иҷтимоии ношунавоён мегӯянд, мутахассисоне, ки Донишгоҳи омӯзгориро хатм мекунанд, наметавонанд тарҷумон шаванд.

Саттор Қувватов, раиси созмони иҷтимоии кӯдакони ношунавои Тоҷикистон дар ин бора дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “масъулин намефаҳманд, ки сурдопедагог ва сурдотарҷумон тамоман касбҳои гуногунанд ва мегӯянд, ки дар ин самт корҳо рафта истодаанд. Дар донишгоҳи омӯзгорӣ асосан омӯзгор омода мекунанд, на тарҷумон. Тарҷумонҳо аслан дар Донишкадаи забонҳо омода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, зимни як ҳамоише, ки ахиран дар мактаб-интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, ношунавоён зимни матраҳ кардани мушкилоти худ, хоҳони амалӣ шудани орзуҳояшон шуданд, то битавонанд, худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа ҳис кунанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор ношунаво ба сар мебарад, ки ҳудуди 6 ҳазорашон наврасони то синни 18 сола мебошанд.

XS
SM
MD
LG