Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби иштибоҳҳои Владимир Путин


Як таҳлилгари рус мегӯяд, раисиҷумҳури Русия танҳо дар чанд соли охир ба он қадар иштибоҳҳои зиёде роҳ додааст, ки як китоб мешавад.

Таниши шадид байни Русияву Туркия дар масъалаи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия бори дигар раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва хатти машши сиёсатҳои ӯро дар сархати баҳси коршиносони масоили сиёсии ҷаҳон қарор додааст. Бисёри таҳлилгарон, аз ҷумла дар худи Русия, сиёсати инзивоъгароии Кремл дар даврони Путинро ба чолиш мекашанд ва мегӯянд, Маскав бо ин сиёсатҳояш дар арсаи сиёсии дунё торафт танҳотар мемонад.

Сомонаи Газета.ру, ки дар гузашта маъмулан аз сиёсатҳои аггрессивии Кремл ҳимоят мекард, ин бора дар мақолаи таҳлилие, ки аз номи идораи он нашр шудааст, навишт, ҳоло ҳатто муттаҳидони суннатии Русия дар паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав бо як чашмони пур аз ташвишу нигаронӣ нигоҳ мекунанд, ки мабодо сардамдорони Кремл кадом рӯз тақдири Украинаро ба сурате ба сари онҳо ҳам биоранд.

Муаллифон бо ишора ба як ибораи таърихии подшоҳи асри 19-уми пеши Русия Александри сеюм, ки артиш ва флоти Русияро танҳо дӯстони содиқи кишвараш номида буд, менависанд, бо гузашти якуним аср Русия ба он ду “дӯсти содиқ”-аш танҳо як “дӯст”-и дигар изофа кардааст. Ин “дӯст”, ба навиштаи Газета.Ру, телевизиони Русия аст, ки дар зеҳни мардуми оммӣ як тасвири Русияи дар иҳотаи душманонро талқин мекунад ва чунин нишон медиҳад, ки дар ҳама ҷову ҳар ҳолат ҳақ ба ҷониби фақат Русияву Путин аст ва бақия салоҳу рафоҳи кишвари онҳоро намехоҳанд.

Як муддат ин мағзшӯӣ таъсири зиёд дошт ва рейтинги Путинро ба ҳадди боварнокардании 89 дарсад расонд ва ҳатто маҷаллаи амрикоии “Форбс” Путинро қудратмандтарин раҳбари ҷаҳон номид, ки ба навиштаи ин маҷалла, “чӣ коре ки мехоҳад, мекунад.”

Вале дар ин авохир Путин бо ин иқдомҳои қотеъонааш зоҳиран чанд бор пешпо хӯрд. Аз ҷумла нимҷазираи Қрим дар пешорӯи зимистон бе нирӯи барқ монд ва амалиёти дар тасвири телевизионҳои Русия “комёб” дар Сурия мунҷар ба суқути ҳавопаймои ҷангии русӣ дар марзи Туркия шуд ва Маскав ба ин далел бо Туркия, ки то ҳол ҳамчун кишвари дӯсту шарик тавсиф мешуд, дучори таниши шадид шудааст.

Александр Гарин
Александр Гарин

Александр Гарин, пажӯҳишгари равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва профессори ифтихории Маркази таҳқиқоти стротегии Ҷорҷ Маршалл дар Олмон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, решаи ин ҳама дар иштибоҳҳои худи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нуҳуфтааст, ки ба ақидаи ин таҳлилгар, чигуна сохта шудани низоми кунунии дунёро дарк намекунад:

А.Гарин: Рафтори ӯ дар солҳои охир як китоби иштибоҳҳост. Китоби корҳоест, ки набояд анҷом шаванд. Ва агар ба натиҷаҳои сиёсати хориҷии ӯ назар афканем, мебинем, ки ҳамаи дӯстони Русия аз байн рафтанд. Тамоми фоидаҳои хатми Ҷанги сард, ки Ғарб хароҷоти низомиашро коҳиш дод, нирӯҳои мусаллаҳашро аз ҷабҳаи мухолифаташон бо Артиши Шӯравӣ дар Аврупои ғарбӣ берун кашид, ин ҳама ҳоло ба хок яксон шуд.

Ва дар ниҳоят, рафтан ба коми оташи ҷанги шаҳрвандии Сурия бо чунин мавзеъгирӣ, ки “ман байни сунниҳову шиъаҳо фарқ намегузорам”, яъне барои ман чизи асосӣ ин аст, ки дар онҷо раҳбар ҳақ аст ва ман тарафдори раҳбарам. Ва боз талаб дорад, ки эътилофи зидди “Давлати исломӣ” бар асоси ҳамин бархӯрд сохта шавад. Ин ҳама ончунон моломоли содалавҳӣ (примитивизм) аст, ки наметавонист натиҷаи баракс надиҳад. Вақте Путин вориди Сурия шуд, тавсиф мекарданд, ки ӯ дар як рӯз кореро кард, ки давлатҳои Ғарб дар ду сол карда натавонистанд. Дар Ғарб инро ҳамчун як рафтори аҷибе қабул мекунанд, ки раҳбари давлат худ худашро инкор мекунад. Дар асри 19 вақте як кишвар мехост худро абарқудрат нишон дода, бақияро ба назар нагирад, баъди чанде дар муқобилаш як эътилоф баланд мешуд. Мо ҳоло ба ҳамин самт шино дорем.

Радиои Озодӣ: Вале Путин ҳар бор дар оғоз қартаҳои қавиеро ба бозӣ медарорад. Ӯ таъмини гази Аврупоро ба хотири фишор истифода бурд, сипас бартарии низомии Русия бар Украинаро асбоби бозӣ кард. Яъне зоҳиран ӯ бо қартаҳои зӯр ба бозӣ медарояд, вале ба натиҷаҳои баракс ноил мешавад. Газ, барои мисол, дигар аслиҳаи қавие барои бозӣ дар Аврупо нест. Украина ҳам батадриҷ тавони муқобила ба ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русияро ба даст овард. Дар Сурия маъракаи низомии Русия ба суқути ҳавопаймояш дар марзи Туркия расонд. Барои чӣ қартаҳои қавӣ Путинро ба натиҷаҳои нохоҳам рӯбарӯ мекунанд?

А.Гарин: Он ҳама чизе ки шумо мегӯяд, қартаҳои аз нигоҳ тактикӣ қавианд. Ин як кӯтоҳбинист, ки дурнамои дарозмуддати стратегиро комилан сарфи назар мекунанд. Путин аз рӯи ихтисосаш дар КГБ – мутахассиси назарияи тавтеаҳост. Барои ҳамин ӯ ҳам худаш тавтиа дуруст мекунад ва дунёро ҳамингуна мебинад. Дар айни замон набуди донишҳои интеллектуалӣ ӯро ба қафо мебаранд ва асри 19-ро бо ҳамон шиори “православие, самодержавие, народность"-аш барқарор кард. Вале дар ҷомаҳои наве, чун «демократияи мустақил», «наши» ва инки «раҳбар сояи Худост», яъне набояд аз раҳбар, манзур аз Путин танқид кард. Ин дуруст он чизест, ки Меркел гуфт: ӯ эҳсоси воқеъиятро аз даст додааст ва чунин ба назар мерасад, ки дар кадом як воқеъияти дигаре зиндагӣ дорад. Ин мумкин нест, ки вақте Украина дар вазъи душвор қарор дорад, Қримро аз он бидуздӣ ва фикр кунӣ, ки чизе нашудааст. Сиёсати Путин ба куҷо мебарад? Дар дохили Қрим ба он меорад, ки тоторҳо, ки таҳти таъқиб қарор гирифтаанд, ба ҳомии таърихиашон Туркия муроҷиат мекунанд. Туркия наметавонад посух надиҳад. Ҳамон тавре ки ба бомбборони туркманҳои мухолифи Башор Асад аз сӯи Русия, ки онҳоро бедалел ҷиҳодӣ ва тарафдори «Давлати исломӣ» меномад, посух надода наметавонад. Туркия ба ин чашм пӯшида наметавонад, чунки гурезаҳо ба тарафи Туркия фирор мекунанд.

Путин қодир нест, ба дастони тамоми мухолифони Асад завлона зада, онҳоро пушти мизи музокирот шинонад ва мутмаин созад, ки Асад раҳбари хуб асту бояд ҳама ба ӯ итоат кунанд ва интихоботе доир кунанд, ки овозҳояшро худи Асад бишуморад. Афсонаи сулҳеро, ки Путин мехоҳад фурӯшад, касе намехарад. Фикр мекунад, азбаски мо онҳоро бо нафт таъмин мекунем, Берлускони, Шрёдер ва дигару дигараш бояд дар бензоколонкаҳои Русия хидмат кунанд. Нашуд охир. Ҳатто тарҳи бо қарордод бо Туркия иваз кардани лӯлаи гази «Мавҷи ҷанубӣ» барбод рафт. Айни ҳолат бо хати дувуми лӯлаи газ дар баҳри Шимолӣ пеш омад? Барои чӣ? Чунки Путин бо сиёсати зӯргӯии худ нишон дод, ки бо Украина чӣ кард. Ва кишварҳои Ғарб батардриҷ стратегияеро сохтанд, ки чунин пешомадро комилан аз байн барад. Як сабақи талхе шуд ин ҳама. Албатта, на барои онҳое, ки манбаи донишашон танҳо таблиғоти телевизионҳои Русия аст.

Радиои Озодӣ: Оё дар таърих боз чунин мавридҳое ҳаст, ки як раҳбар бо вуҷуди бурдани сиёсати ин қадар шадиду барҷаста боз ҳам ба чунин натиҷаҳои нохоҳам дучор шавад?

А.Гарин: Мо дар як майдон давронҳои фарҳангии гуногунро мебинем. Путин ин бозгашти ногаҳонӣ ба сатҳи асри 19 аст. Давроне, ки Александри сеюм артишу флотро танҳо дӯстони содиқи Русия меномид. Мо ҳоло дар як тарафи ин майдон Ғарби баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонро дорем ва аз тарафи дигар, Русияро, ки ба қафо, ба даврони Киплинг баргаштааст. Русия иштибоҳҳои асри 19, гоҳо иштибоҳҳои режимҳои фашистиро такрор карда истодааст. Дар шароит бӯҳронӣ оммаҳо ҳаёти сода ва раҳбареро мехоҳанд, ки бо зӯрӣ барояшон чунин ҳаётро фароҳам орад. Путин зодаи ҳамин хости оммаҳост. Вале Авроупо ба ин популизм дода намешавад, чунки алакай аз он гузаштааст. Аз ин рӯ, дар онҷо изҳори ҳайрат мекунанд, ки чигуна метавон сиёсатеро пеш бурд, ки қартаҳояш аз нигоҳи стратегӣ кайҳо зада шудаанд?

Мушак андохтан аз баҳри Хазар метавонад ба одами ноогоҳ таъсир кунад, вале ин як қартаи задашуда аст. Мушкилоти ҷаҳони имрӯза бо ин роҳ ҳал карда намешаванд. Путин дар тӯли раҳбариаш он қадар ҷинҳои зиёдро аз кӯза озод кард, ки ягон раҳбари масъул ҳатто ҷуръаташро намекунад. Барои мисол, дар Украина як тӯда ҷинояткоронро сари қудрат овард ва ҳоло гурӯҳҳои вижаро мефиристад, то азҳадгузаштаҳояшро бикушанд. Ё дар як кишвари бисёрмиллат чигуна метавон созомни “Наши”-ро сохт? Ин аз кӯза сар додани ҷин аст, набояд чунин кор кард. Ӯ дар Сурия ба низои мураккаби байни шиъаҳову сунниҳо ҳамроҳ шуд ва калтакашро хӯрд. Даҳшатовар аст, вақте як инсон бо чунин сармояи фарҳангӣ ба сиёсат по мегузорад. Натиҷааш фоҷиабор аст! Гурҷистон, ки бо Русия равобити олӣ дошт, ба душман табдил ёфт. Тамоми кишварҳои соҳили Балтик душман шуданд. Беларус аз мо фосила гирифтааст, Қазоқистон фосила гирифтааст. Украина-ку маълум...

Ҳарчанд ин рафтори Путин ба мардуми оммие, ки дар назди дӯконҳои пивофурӯшии сари кӯча баҳси сиёсатҳои ӯву ҳукуматашро мекунанд, хеле хуш меояд.

XS
SM
MD
LG