Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Толибон барои раҳоии 4 марзбони тоҷик (ВИДЕО)


Бо он ки мақомот дар Хатлон мегӯянд, мавзӯи раҳоӣ ва баргардондани 4 марзбони тоҷик ба баррасӣ дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистону Афғонистон ниёз дорад, аммо раиси ноҳияи Панҷ талошҳоеро дар ин замина анҷом додааст.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон рӯзи душанбеи 26 январ зимни нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ изҳори бовар намуд, ки ҳафтаи равон марзбонони тоҷик озод ва ба Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд. Ҷаноби Таваккалзода гуфт, онҳо нисбати сарнавишти чаҳор сарбози қисми низомии 26 10-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави ин ноҳия бетавофут нестанд ва тамоми саъй ва талошро ба харҷ медиҳанд, то онҳо ҳар чӣ зудтар раҳо ва ба назди волидайнашон оварда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Панҷ таъкид кард, ки гуфтугӯҳои телефонӣ бо гурӯҳи гаравгонгир анҷом шуда ва қарор буд, марзбонҳои тоҷик шаби 26 январ марзро убур карда ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд, аммо ба далели нооромии вазъ дар вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, ин амр имкон надодааст:

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ.
Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ.

“Чаҳор сарбоз, барои мо, барои сарвари давлатамон фарзанд ҳастанд, бояд баргардонида мешуд, аммо дар онҷо ҷанг аст ва маслиҳатҳояшон намешаванд. Ҳар бегоҳ бо кормандони амният ва худи ман бо чаҳор сарбоз ва Толибон сӯҳбатҳо мекунем, ки онҳоро бар гардонем. Бачаҳо мегӯяд, ки шароитамон агарчи мисли Тоҷикистон нест, аммо хӯроки хуб дорем. Дар зангҳои телефони гуфтугузор кардем, ки шарт гузоштаанд ва бо садои баланд гуфтаанд, ки ба ягон тоҷикистонӣ коре надорем, танҳо шартамонро иҷро мекунем.”

Ҳарчанд ҷаноби Таваккалзода дар идомаи сӯҳбаташ ба “шарти гурӯҳи гаравгонгир” барои раҳоии марзбонони тоҷик ишора кард, аммо аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кард. Чаҳор сарбози тоҷик, ба иттилои додситони вилояти Хатлон - Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибоӣ Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меҳроҷ Шодиев, соли таваллудаш 1994 мебошанд, ки дар беш аз як моҳи пеш дар нимҷазираҳои васати рӯди Ому, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, асир гирифта шудаанд.

Анвар Назарзода, ёвари додситони вилояти Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду нафари сарбозон аз шаҳри Душанбе, як нафар аз вилояти Суғд ва як нафари дигар аз ноҳияи Қумсангир ҳастанд. Ҷаноби Назарзода афзуд, ки алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, як масъули қисми марзбонӣ ба хотири бемасъулиятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки таҳқиқи он аз сӯи додситони низомии вилояти Хатлон ҷараён дорад.

Ҳарчанд раиси ноҳияи Панҷ Абдуҷон Таваккалзода ба раҳоӣ ва баргардонидани марзбонони асирафтодаи тоҷик изҳори умед кард, аммо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарияш дар таърихи 9 январ гуфта буд, ки ин мавзӯи доғ ва ҷиддӣ аст,

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Панҷ.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Панҷ.

ки бояд дар сатҳи ду кишвар – Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ ва ҳал шавад: “Баъзе масъалаҳо ҳаст, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳал мешавад, ин масъалаи байни ду кишвар аст, ки мо наметавонем даҳолат кунем ё бо онҳо дар сӯҳбат бошем.”

Ба иттилои ҳукумати ноҳияи Панҷ, чаҳор сарбоз дар вулусуволии Имом Соҳиб дар асорати хонагӣ қарор доранд. Вулусволии Имомсоҳиби Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Панҷи Тоҷикистон воқеъ аст. Зимнан ин аввалин шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, ки дар Афғонистон асир афтодаанд. Як сокини 24-солаи вилояти Хатлон низ ахирҳои соли 2014 ба Афғонистон рафта буд, аммо баъди як моҳи бехабарӣ хабари боздошти ӯ дар Афғонистон ба хонаводааш расидааст. Наздикони ин ҷавон, ки аз бурдани ному насаби ӯ худдорӣ мекунанд, гуфтаанд, ки вай дар боздоштгоҳи амниятии ин кишвар ба сар мебарад.

Аммо қазияи ба асорат афтодани чаҳор сарбони тоҷик ба дасти гурӯҳи мавсум ба Толибон ҳоло бештар сари забонҳост, ки мақомот бо вуҷуди талошҳои пайгирона дар муддати беш аз як моҳи ахир, то ҳол барои раҳоии он муваффақ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG