Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ: "Ба мо мегуфтанд, мурдаро зинда кунед"


Пизишкони тоҷик мегӯянд, дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 байни захмиён фарқе намегузоштанд ва ба ҳарду тараф кӯмак мекарданд. Аммо “бо дидани ҳар захмӣ мегуфтанд, "Худоё кай ин рӯзҳо мегузарад?”

Табибони тоҷик мегӯянд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ борҳо дар байни маргу зиндагӣ қарор гирифтаанд. “ Афроди мусаллаҳ ҷисми тақрибан беҷонро меоварданд ва бо таҳдиди “агар ин бимирад, ту ҳам мемурӣ”, ба рӯи мизи ҷарроҳӣ мегузоштанд,”- мегӯянд ҷарроҳони бемористони Қарияи Боло.

Шодӣ Амонови 71-сола духтури ҷарроҳ аст, ки дар солҳои ҷанг сардухтури беморхонаи Шаҳраки тиббӣ буд. Амонов мегӯяд, ки шурӯъ аз солҳои 1992 то 99 дар Душанбе кори табибон бисёр вазнин буд. Ӯ мегӯяд, афроди мусаллаҳ, ки наҷоти бемори онҳо имкон надошт, борҳо табибонро латту куб ва таҳдиди марг карданд. Вай меафзояд, табибон маъмулан ба ҳарду тарафи ҷанг кӯмак мекарданд, дар ҳоле, ки на доруворӣ буд ва на шароит барои анҷом додани ҷарроҳӣ. Аз ҳама нигаронкунандааш даро-барои ҷангиёни мусаллаҳ ба утоқи амал буд, ба ёд меорад Шодӣ Амонов.

Ҷарроҳ Шодӣ Амонов
Ҷарроҳ Шодӣ Амонов

“Сардухтур, ки будам, масъулиятам зиёд буд. Лаҳзаҳое, ки ба утоқи амалиёти ҷарроҳӣ ҳамла мешуд, навбатдорон давида меомаданд. Баъзан яроқро ҷониби худам мегардониданд. Аммо тамоми роҳро истифода мекардам, қумандон ё дигар силоҳдоронро ором кунам. Аз ҳолати ҷаҳлу ҷаҳолат берун барорам,” -- мегӯяд Шодӣ Амонов.

Аммо таҷрубаи забонёбӣ боре ба Амонов кӯмак накард, зимистони соли 1996 як гурӯҳи мусаллаҳ соати 12 шаб ба манзили ӯ ворид шуд ва бидуни ҳеҷ шарҳу баён духтурро зери мушту лагад гирифт.

“Он қадар зада буданд, ки баъди чанд рӯз дар беморхона ба ҳуш омадам. Азбаски ҷарроҳати хеле вазнин бардоштам, худам ба худам мегуфтам набояд бимирам. Як чизро андеша мекардам, ки бояд ба дигарон кӯмак кунам. Ҳамчун табиб медонистам, ки ноумедӣ оғози марг аст. Бинобар ин кӯшиш мекардам умедамро аз даст надиҳам,” - мегӯяд Шодӣ Амонов.

Хотироти табибони тоҷик аз ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:50 0:00

Бо дуртар шудани солҳои нооромии Тоҷикистон табибон низ дигар он қиссаҳоро оромтару баъзан бо ханда ба ёд меоранд. Як ҷарроҳи ҷарроҳи дигари беморхонаи Шаҳраки тиббӣ, ки нахост, аз ӯ ном бубарем, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ 28 сол дошт ва он солҳо барояш сангинтарин давраанд. Ӯ мегӯяд, он солҳо баъзе табибон кушта шуданд. Ҳамсӯҳбати мо аз қиссае ёдовар шуд, ки ба гуфтаи худаш ҳам тарсовар аст ва ҳам хандадор.

“Соли 1996 буд, мо ҳамзамон 4-5 нафарро ҷарроҳӣ мекардем. Дар ҳамин лаҳза як гурӯҳ бо автомат вориди хонаи ҷарроҳӣ шуд. Ҷавонеро дар ҳолати хеле вазнин оварданд. Тамоми узвҳои дохилияш, ба хусус қисми шикамаш сахт осеб дида буд. Силоҳдорон болои сарамон истода мегуфтанд, агар ҳамин мурд шумо ҳам мемуред. Мо гуфтем бояд берун бароянд. Ҳама баромаду як нафараш дашному ҳақорат карда, мили автоматро тарафи ҷарроҳон рост кард. Фаҳмонидем, ки ин ҷо касе истода наметавонад. Гӯш накард. Хулоса, мо ҷарроҳиро оғоз кардем. Вақте беморро чок карда, рӯдаҳояшро ба берун баровардем, “боевик” ин ҳолро дида, дар ҳамон ҷо аз ҳуш рафт ва мо амалиётро идома додем,” – қисса кард ин ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ мегӯяд, силоҳбадастҳо он қадар сархуши қудрати худ буданд, ки агар амр карданд, ки мурдаро бояд зинда кард, бояд ҳатман ҳамин тавр ҳам шавад. “Тирамоҳи 95-ум як нафарро бо ҷароҳати сангин оварданд. Аз хунравии зиёд фишораш ба сифр расида буд. Ҳеҷ гуна имкони зинда мондан надошт. Аммо автоматро дар пешонии ҷарроҳон монда гуфтанд, агар амалиётро оғоз намекунанд, ҳозир ҳамаро мекушанд. Пизишкон ҳанӯз ҷарроҳиро сар накарда, бемор фавтид. Силоҳдорон пушти дар меистоданд. Касе ҷуръат намекард, баромада гӯяд, ки бемор мурдааст. Бинобар ин табибон аз тарси зиёд бо роҳи пинҳонӣ гурехта рафтанд,” – гуфт ин ҷарроҳ.

Духтурҳо мегӯянд, он солҳо тавре ба назар мерасид, ки ба ҷуз ҷарроҳҳо каси дигаре ба кор намебарояд. Онҳо ҳафтаҳо аз утоқи амал берун намешуданд, зеро теъдоди захмиҳо аз ҳад зиёд буд.

Муаззама Мирзоева, мудири вақти шӯъбаи қабули беморони Қарияи Боло, 48 сол боз дар ин беморхона кор мекунад. Ӯ мегӯяд дар солҳои ҷанг дар як шабонарӯз то 70 нафарро қабул мекарданд, бисёри онҳо маҷрӯҳ буданд. “Он солҳо мутахассис намерасид. Кор кардан намехостанд. Аз ҷониби дигар барои як бемор тамоми хонаводааш омада дар беморхона меистод. Лаборатория кор намекард. Одамони зиёде оамада пайвандонашонро ҷустуҷӯ мекарданд. Намеёфтанд. Гиёрну маҳзун гашта мерафтанд. Як рӯзи сиёҳ буд. Худоё дигар он рӯзҳоро ҳеҷ вақт бар сарамон наёрад” - мегӯяд Муаззама Мирзоева.

Ин пизишки тоҷик мегӯяд, он солҳо дар чеҳраи касе табассум дида намешуд: “Лаҳзае, ки ҳеҷ аз хотирам намеравад, ин ки як ҷавон ҷасади додарашро оварда, таппончаро дар пешонаам монду гуфт агар ӯро зинда намекунӣ, ҳозир туро ҳам мепаронам. Гуфтам, бачам, ҳозир ёрӣ мерасонам. Ҷасадро дар болои кати равон хобонда, дар як ҳуҷра дароварда, вай ҷавонро даъват кардем. Гуфтем, аз барои Худо, охир мо ҳеч кор карда наметавонем. Худатон дида истодаед, ки вай аллакай нобуд шудааст. Вай маро бисёр ҳақорат кард. Бачаҳо гурӯҳи "Алфа"-ро даъват карданд. Онҳо омада, ҷавонро бароварда гуфтанд, духтур бо одами мурда чӣ кор карда метавонад?! Худат дидӣ, ки бародарат мурдааст...”

Гуфтушуниди сулҳ
Гуфтушуниди сулҳ

Пизишкони бемористони Қария Боло ва Шаҳраки тиббӣ мегӯянд, вақте афроди мусаллаҳ захмиҳоро меоварданд, мегуфтанд, ки “инаш аз майдони Озодӣ аст ва инаш аз майдони Шаҳидон”. Духтурҳо ба ҳарду тараф кӯмак мекарданд. Онҳо мегӯянд, “бо дидани ҳар захмӣ мегуфтем, Худоё кай ин рӯзҳо мегузарад?”

Шодӣ Амонов, ҷарроҳи Шаҳраки Тиббӣ, ки қиссаи табибон дар солҳои ҷангро аз хотироти ӯ оғоз кардем, мегӯяд, рӯзе, ки ҳукумату мухолифон бо ҳам сулҳ карданд, барояш хушбахттарин рӯз буд. “Баъди имзо шудани Созишномаи сулҳ дар фурудгоҳ президентро интизор будем. Вақте ӯ аз ҳавопаймо поён шуд, ман аз хурсандӣ меларзидам. Хаёл кардам, ки ҳамаи мо дубора таваллуд шудем”- мегӯяд Шодӣ Амонов табибе, ки садҳо захмии ҷанги шаҳрвандиро аз он дунё баргардонидааст.

XS
SM
MD
LG