Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Непал - Душанбе. Даҳшати заминларза дар нақли шоҳидон (ВИДЕО)


Ҷӯрахон Маматов ҳамроҳи хонаводааш дар Душанбе. 3 майи 2015
Ҷӯрахон Маматов ҳамроҳи хонаводааш дар Душанбе. 3 майи 2015

Ҷӯрахон Маматов, корманди Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, баъди бозгашт аз Непал бо Озодӣ суҳбат кард ва он лаҳзаҳоро ба ёд оварда ва гуфт, "метарсидем, ки замин мекафаду якбора фурӯ меравем".

Ҷӯрахон Маматов -- корманди Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ки ҳамроҳи хонаводааш дар Непал буд, баъд аз заминларзаи шадид дар ин кишвар ба Душанбе бозгашт. Ин заминларза 25 апрел рух дода, ҷони 7 ҳазор нафарро гирифт ва 14 ҳазор тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Ҷаноби Маматов, ки бо мо дар хонааш дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, бозгашташон ба Тоҷикистон рӯзи 1 май сурат гирифта, ҳамроҳи онҳо як хонаводаи дигари тоҷик низ ба ватан омадааст. Ӯ афзуд, дар маҷмӯъ, дар Непал 23 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, аммо то ҳол дақиқ нест чӣ теъдодашон дар он ҷо боқӣ мондаанд.

Аммо Ҷӯрахон Маматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ лаҳзаҳои заминҷунбӣ дар Непалро ба ёд оварда ва гуфт, "ман дар берун будам ва ҳамсару фарзандонам ҳамроҳи меҳмонҳо дар дохили хона. Яку якбора садои гиряву нола ба фалак печид. Ба пой истода намешуд. Чанд бор ғалтидам. Чанд бор хостам ба пой рост шавам ва бачаҳоро ба берун барорам, аммо аз пой меафтодам."

Заминларзаи Непал дар нақли Ҷӯрахон Маматов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Ин корманди Созмони ҷаҳонии муҳоҷират заминларзаи Непалро ба киштие шабоҳат дод, ки рӯи мавҷ пайваста алвонҷ мехӯрад ва гӯё мувозинаташро аз даст додааст. "Дар назари мо ин заминҷунбӣ хеле тӯлонӣ буд ва метарсидем, ки замин мекафад ва ҳамаи мо якбора фурӯ меравем,"-​-афзуд ӯ.

Ҷӯрахон Маматов дар ин сӯҳбаташ аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон сипосгузорӣ намуд, ки барои берун оварданашон аз Непал бо онҳо дар тамос шуда, роҳнамоӣ кардаанд: "Онҳо гуфтанд, ки тавассути вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия моро берун мекунанд.

Барои ҳамин хостанд, бо сафорати Русия дар Катманду дар тамос шуда, номи худро дар рӯйхат ворид кунем. Бачаҳо гиря мекарданд ва мегуфтанд, ки бояд берун равем. Каме замин меҷунбид, духтарчаам гиря мекард ва мегуфт, ба Тоҷикистон баргардем. Кормандони сафорат зуд корро ба анҷом расонданд ва ҳоло ин ҷо ҳастем."

​Ҳамсӯҳбати мо илова кард, ки заминҷунбӣ батамом алови чашми онҳоро нагирифтааст ва ин хонавода баъд аз чанд муддат дубора ба Непал хоҳад рафт. Ҷӯрахон Маматов мегӯяд, кори ӯ бо Непал вобаста аст ва мехоҳад ба он ҷо баргардад ва рӯзии худу фарзандонро пайдо намояд.​

Нахустин гурӯҳи тоҷикон 29 апрели соли ҷорӣ ҳамроҳи шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Латвия ва Украина тавассути ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия шаҳри Катманду, пойтахти Непалро тарк карда буданд. Ин ҳавопаймоҳо аз Русия ба Непал кумакҳои башарӣ ва ҳамчунин ҳудуди 100 табиб ва мутахассиси русро интиқол доданд, то дар амалиёти наҷоти курбониёни заминларзаи вайронгари рӯзи 25 апрел ширкат кунанд.

Мақомоти Душанбе қаблан гуфта буданд, бар асоси иттилои онҳо, 18 шаҳрванди кишвар дар Непал қарор доранд. Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аммо як гурӯҳи тоҷикон бо хоҳиши худ дар Непал боқӣ мондаанд.

​Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 27 апрел дар робита ба вазъи шаҳрвандони кишвар дар Непал баёнияи расмӣ нашр карда ва аз онҳо хоста буд, эҳтиёткор бошанд. Вазорат гуфт, ки сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Русия барои таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешанд ва бо онҳо дар тамосанд.

Мақомоти Непал мегӯянд, ки таваҷҷӯҳро барои кумак ба мардуми осебдидаи мӯҳтоҷ дар манотиқи дурдаст равона кардаанд, зеро умед барои пайдо кардани зиндамондагон аз зери харобаҳо камтар мешавад. Лакшмӣ Дакал -- сухангӯи вазорати умури дохилии Непал, рӯзи 2 май гуфт, ҳоло ба масъалаи ирсоли маводи ғизоӣ ва лавозимот ба ноҳияҳои Долаа ва Синдҳупалчовк афзалият дода мешавад, ки дар натиҷаи заминаларза хароб шудаанд.

Айни замон ба гуфтаи ӯ, дар сурати гузориш дар бораи афроди зиндамонда саъй мекунанд, ки онҳоро аз зери овор наҷот диҳанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, имкони зинда мондан баъди як ҳафтаи заминларза сахт аст.

Мақомоти Непал гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 25 апрел аз 6600 нафар гузаштааст ва бештар аз 14 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Панҷоҳ хориҷӣ ҳам дар ин фалокат ҷон додааст ва сарнавишти 1000 сайёҳи аврупоӣ маълум нест. Созмони Милал мегӯяд, аз миёни аҳолии 28 миллион-нафарии Непал 8 миллион нафари онҳо дар натиҷаи заминларзаи сахттарини 80 соли ахир дар ин кишвар осеб дидаанд ва барои онҳо тақрибан 2 миллион хайма, обу ғизо ва доруворӣ лозим аст.

XS
SM
MD
LG