Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо


Хуршед Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Берлин медали нуқра ба даст овард.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид.

Паҳлавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия) ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Инчунин ба Хуршед Маҷидов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов, ки дар ин мусобиқа ба варзишгарони тоҷик мухлисӣ кард, тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон ба Хуршед Маҷидов тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон ба Хуршед Маҷидов тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби наврасони кишвар се варзишгар шомил буд. Ҷамолиддин Абдуллоев ​ ​дар рақобатҳо дар вазни зери 69 кило баъди ду пирӯзӣ бар Амир Даян (Исроил) ва Ноаҳ Ҳеид (Швейтсария), дар даври баъдӣ аз Давид Абдуллоев (Русия) мағлуб гашт. Баъдан Мишел Мишелскии лаҳистониро шикаст дод, вале барои ҷойи севум аз Янник Ван Дер Колк (Ҳолланд) шикаст хӯрд ва дар натиҷа соҳиби мақоми ҳафтум шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), ки дар даври аввал бар Александр Бернд Габлери олмонӣ пирӯз шуд, дар даври дувум аз Ион Минайлов (Молдова) мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои медал бенасиб монд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Олмон 661 варзишгар (370 писар ва 21 духтар) аз 37 кишвар иштирок доштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Ҷопон (5-0-2) ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия (2-1-2) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум ҷойи 9-умро соҳиб шуд ва аз 28 кишвар пеш гузашт.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо:
Наврасон
50 кг
1. КОРРЕЯ Жао Пауло (Бразилия)
2. ЗАБОЛОТНЫЙ Рустам (Русия)
3. НАГУЧЕВ Казбек (Русия)
3. ЮСТИБОЙ Айболат (Қазоқистон)
55 кг
1. ГОЛОМБ Томер (Исроил)
2. АХМАРОВ Ҳамзат (Русия)
3. СИМЕОНИДИС Константин (Русия)
3. ЕРДАН Акылбек (Казахстан)
60 кг
1. БОГАТИРЁВ Аҳмад (Русия)
2. БЕДНАРСКИЙ Савелий (Русия)
3. АБДУЛЛОЕВ Давид (Русия)
3. МАРСЕЛИНО Михаэл (Бразилия)
66 кг
1. САНТОС ҶУНИОР Ҷеферсон (Бразилия)
2. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
3. БАРИС Куан (Қазоқистон)
3. ПАПИКЯН Севак (Русия)
73 кг
1. ГРИГОРЯН Арам (Русия)
2. АМОНГЕЛДӢ Маъдӣ (Қазоқистон)
3. БАРАХОЕВ Атам (Русия)
3. ПАНАИТОВ Артур (Русия)
81 кг
1. БАКАНОВ Денис (Русия)
2. КИРАКОСЯН Роберт (Арманистон)
3. БЕРЛИН Павел (Русия)
3. ҚУРБОНИСМОИЛОВ Мурод (Русия)
90 кг
1. МУТАЛИЕВ Адам Ҳоҷӣ (Русия)
2. КАТЕРИНА Симеон (Ҳолланд)
3. ТУМАЕВ Алиумар (Русия)
3. ЗОРН Даниэл (Олмон)
+90 кг
1. ТАСОЕВ Инал (Русия)
2. МАҶИДОВ Хуршед (Тоҷикистон)
3. ҲЕГЙӢ Стефан (Австрия)
3. КАИТОВ Кемал (Русия)

XS
SM
MD
LG