Чоршанбе, Сентябр 03, 2014

Манотиқи нашаротӣ: / Садои ҳамватан

Тоҷике ба русҳо забони Шекспирро меомӯзонад

Шароити сангини зиндагӣ омӯзгори баландихтисоси забони англисиро водор кард, ки тарки Тоҷикистон карда, дар як деҳаи дури Русия маскан гирад.

Меҳрихудо Раҳматуллоев мегӯяд, "дар Тоҷикистон оянда надоштем"
Меҳрихудо Раҳматуллоев мегӯяд, "дар Тоҷикистон оянда надоштем"
Дар як рустои дури Русия, ки дар марз бо Чин воқеъ буда, пайдо кардани он дар харита чандон кори осон нест, ним сол мешавад, як шаҳрванди Тоҷикистон иқомат ихтиёр кардааст. Меҳрихудо Раҳматуллоев ин ҷо  танҳо мутахассиси забони англисӣ  аст, ки дар мактаби нӯҳсолаи деҳаи Калининои ноҳияи Ленинскии  вилояти мухтори Еврейский ё Яҳудиён кор мекунад.  Қабл аз кӯчидан ба Русия ӯ дар маркази омӯзиши забони англисии шаҳри Қӯрғонтеппа дарс медод ва замоне наздик буд бо пуштибонии бунёди Оғохон ба донишгоҳи Оксфорд барои такмили забонаш сафар кунад. Аммо шароити оилавӣ ва мушкилоти афзуни маишӣ ӯро маҷбур кард, ки ҳамроҳ бо оилаву се писараш ба Русия муҳоҷират кунад.

Ҳоло ин хонавода дар шаҳри Биробиҷан зиндагӣ мекунад, ки маркази вилояти мухтори Яҳудиён мебошад. Ин вилоятро бо  сарҳади Чин дарёи Амур пайваст мекунад.  Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Биробиҷан Меҳрихудо Раҳматуллоев гуфт, ки ӯ ба Русия аз рӯи барномаи вижаи ҳукуматӣ, ки ба даъвати мутахассисон аз ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ихтисос дорад, сафар кардааст: "Шароит вазнин буд, маоши муаллимон кам аст. Мо аз рӯи барномаи «Переселенцы» омадем, нағз қабул карданд. Ба мо хона доданд, шароитамон хуб аст. Ин як мактаби муқаррарӣ аст, камбудӣ надорад, кӯдаконам дар мактаб мехонанд, ҳама шароитам муҳайё аст."
 
Меҳрихудо Раҳматуллоев гуфт, мехоҳад,  фарзандонаш, ки 7 то 14 сол доранд, дар Русия бузург шаванд ва саводи хубе бигиранд. Вай мегӯяд, савияи дониши онҳо дар мактаби Тоҷикистон хуб набуд, чун камбуди омӯзгор ба сифати таҳсили онҳо таъсири хеле бад расондааст: "Медонед, вақтҳои охир бисёр вазнин шуд. Маош тамоман намерасид. Бояд се фарзандро калон кунем. Худам муаллим, оилаам духтур аст. Мо фаҳмидем, ки он ҷо дигар оянда надорем."

Вай мегӯяд, ки ҳоло фарзандонаш як мушкил доранд ва ин ҳам омӯзиши забони русӣ аст. Ҳанӯз ҳамсари Меҳрихудо бо далели номувофиқати баъзе санадҳо ба меъёрҳои Русия наметавонад аз рӯи ихтисосаш ба кор қабул шавад.


Тоҷик -- омӯзгори забони англисӣ дар Русияi
|| 0:00:00
...
 
🔇
X
25.10.2012 15:27
Гузориши телевизионии шабакаи "Пятый канал" (Русия) дар бораи зиндагии омӯзгори забони англисӣ дар як деҳаи дурдасти вилояти Еврейск қисса мекунад. Муаллифи гузориш: Алексей Збарский, www.5-tv.ru

 
Хабарнигори телевизиони «Пятый канал» (www.5-tv.ru) Алексей Збарский, ки махсус барои наворгирии шароити кору зиндагии Раҳматуллоев аз шаҳри Хабаровск ба вилояти Яҳудиён рафтааст, мегӯяд, баъд аз пахши  гузоришаш дар телевизион ба фикри он афтодааст, ки бо ҳал шудани мушкилоти деҳоти дури Русия, аммо Тоҷкистон аз мутахассиссони касбӣ маҳрум мешавад. Вай дар як сӯҳбат телефонӣ бо Озодӣ гуфт, айни ҳол, дар мактаби дури деҳаи Калинино, ки Меҳрихудо он ҷо кор мекунад, аз омадани як мутахассиси забони англисӣ хеле хушҳол шуданд: "Медонед, муносибат ба муҳоҷирон дар ҳар шароит фарқ мекунад. Дар ин мактаб, ки солҳо ба як омӯзгори забони англисӣ ниёз дошт, касе намепурсад, ки ӯ тоҷик аст ё ғайр. Онҳо хурсанданд, ки соҳиби як мутахассис ҳастанд ва фарзандони онҳо аз ӯ англисиро ёд мегиранд".
 
Алексей Збарский мегӯяд, дар ноҳияи Ленинский мушкили марбут ба муҳоҷирони корӣ «қариб ки вуҷуд надорад» ва агар бошад ҳам, марбут ба чиниҳо аст, ки барои кор дар соҳаи кишоварзӣ  меоянд ва гоҳо ҷои русҳои маҳаллиро танг мекунанд: «Чиниҳо бомасъулияттар буда, бо пули кам кор мекунанд ва ба фарқ аз русҳо, ба машрубот кор надоранд.»
 
Ин хабарнигори рус мегӯяд, намоиши муҳоҷирон дар симои манфӣ хоси телевизионҳои марказист ва «Наша Раша» ҳам аз он ҷо баромадааст: "Вале дар ин ҷо ингуна масъала вуҷуд надорад. Меҳрихудо як рӯшанфикр аст ва ӯ босаводу шахси босалоҳият аст, ки Русия  ба ингуна мутахассисон ниёз дорад.

Ба иттилои телевизиони русии «Пятый канал», имсол аз рӯи барномаи  давлатии «Интиқоли ҳамватанон» ба вилояти Яҳудиён  68 нафар аз  манотиқи мухталифи шӯравии собиқ кӯч бастаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои FacebookTwitter ва  Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Дилсуз аз: Сузи дил
26.10.2012 10:29
Хуб мешуд ки ин наворро вазир, раиси чумхур ва раисони шуъаботи маорифи нохияву вилоятхо бубиннду дарк кунанду ислохот ворид кунанд. Ва одамони тасодуфи аз системаи маориф берун карда ба гастарбайтари фиристода шаванд. Хуб мешуд ки худи вазир чанд муддат ба гастарбайтарӣ фиристода шавад. Бад нест агар сафири Точикистон хам ба гастарбайтарӣ фиристода шавад.
Дар посух

Ном: Фитрат аз: Душанбе
27.10.2012 09:07
Бо ин макола ба мо низ маслихат доданиед ки мо низ равем.Дилсуз кам гуфти хамаи Парлумонро ба гастарбайтерии яксола бояд равон кард.Мумкин баъд фахманд ки чи гапаст!!??

Ном: Беном
26.10.2012 12:50
Одресата бите мо хам равем.

Ном: Doro
26.10.2012 13:36
Fikr mekunam baroi makomot chi kadar zijod tojikon kuch bandand boz nuran alonur , hudashon bo sarmoyahoi duzdiashon rohat zindagi mekunand! Vakte mebined makomot kodirand tojiki hudashonro gorat kunand, fikr mekuned dar in davlat bui vafo nest , bui vatandori nest, millatdusti nest...hama gurgoni gurusna jam" omadaand.
Дар посух

Ном: Беном
26.10.2012 21:05
Al haq!!!

Ном: Tojik аз: Zamin
26.10.2012 16:56
Bale khub gufti Barodar dilsuz chunin afrodi ogoh va olim az sarzamini Tojikon muhojirat mekunand baroi ajonib ilm meomuzand vale Maorifi Tojikiston bo gadr nashnosi in afrod safi mualimoni besavod va kheshu tabori khudro ruz baruz ziyod mekunad, dar holi ki afrodi hamchun Mehrikhudo Rahmatulloev bo in ilmi ki dorad dar vatan bo mushkilot dast ba girebon meshud..... Holo dar dur tarin nugtai Russia farzandoni Russro omuzish medihad..... Nang bar in Davlati ki natavonad afrodi shoistaro baroi oyandai millati khud hifz kunad..... Mehrikhudo barodar harjo boshi Sarbaland boshi....

Ном: алома аз: мактаби 54
26.10.2012 19:21
салом мардум охир порахури руирот аст муалимони мактаб мегуянд оилаи ки пора намегирад бе ин намешавад мегуянд аз директор сар карда то полшуя порахуранд пула те дарс нае нахон хама халаст охир як расвоги талабагони мактабро ба хамин рухия тарбия мекунанд сардори синфхо пули зиед те саводи ту даркор нест талаба бади ин кушиш мекунад ино муалим нею душмани фарзандони мову шумоянд харомхурони раками 1 мактаби 54 аст озоди илтимос агар фарзанд дошта боши чопаш бикун е точик боши

Ном: Safar аз: Tabari
26.10.2012 20:02
Salom hamvatanoni aziz, kormandoni Radio-i Ozodi!

Pesh az hama Shumoro ba munosibati Idi Fitr tabriku tahniyat meguyam. Ba Shumo sihatu salomati va tamomi khushihoi zindagiro orzumandam.

Oyo medoned ki Tojike dar yake az donishgohhoi Ingliston ba Inglisho zaboni Anglisiro meomuzonad?
Дар посух

Ном: ozodi аз: Prague
28.10.2012 15:28
Мод бораи ӯ чизе нашунидаем, метавнед адресашро бифиристед?

Ташаккур,

Озодӣ
Дар посух

Ном: Safarahmad аз: Reading
29.10.2012 17:22
Salom hamvatanoni aziz!

Dar urfiyat meguyand ki khudsitoi kori khub nest lekin man khudro dar nazar doshtam.

Man muddati 7 sol ast ki dar yake az universitethoi Angliya, aniqtarash Reading College ki juzi West London University ast, ba haisi ustodi zaboni anglisi kor mekunam. Pesh az in dar BBC Monitoring ba haisi tarjumon kor kardam.

Odrasi man

7 Holyrood Close
Caversham Park
Reading
England
RG4 6PZ

Tel: 0118 9 545 918 (khona)

P.S Lutfan ba Nurmuhammad Kholzoda salomi garmu jushoni manro rasoned
Дар посух

Ном: Mohira аз: London
30.10.2012 01:16
Salom
Janobi Safarmohamad. Mo yak guruh donishjuyoni tojik dar London bisyor mekhostem bo shumo dar tamos boshem. Mumkin ba shumo zang zadan? Rahmat
Дар посух

Ном: Safarahmad аз: Reading
31.10.2012 17:01
No problem at all. You can contact me at any time either by phone or email.

Regards
Safar
Дар посух

Ном: Хатлони аз: Қӯрғонтеппа
31.10.2012 18:19
Ин омӯзгори ботаҷриба аз шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, ки камии маъош дар макоти ӯ ва хонумашро, ки яке аз духтурони ботаҷруба буд аз ватан берун кунад.Мисли ӯ омӯзгори ботаҷруба ва хонумаш табиби хубро мо оҳиста оҳиста аз даст медиҳем.

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.