Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТоҷиКистон ё Тоҷистон?


Муҳаммадназар Мирзода, Консули ифтихории Ҷумхурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи Смолнийи Санкт-Петербург, Русия.
Муҳаммадназар Мирзода, Консули ифтихории Ҷумхурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи Смолнийи Санкт-Петербург, Русия.

Ин матлабро донишманди тоҷик Муҳаммадназар Мирзода аз Петербург барои мо фиристода, дар он пешниҳод кардааст, ки номи кишвар ва миллат тағйир дода шавад, чун ин номро дигарон гузоштаанд. Навиштаи ӯро ба ҳайси як пешниҳод барои баҳсу андеша нашр мекунем.

НОМИ МАН АЗ ЗАБОНИ МИЛЛАТИ МАН ВА МИЛЛАТИ МАН АЗ КАЁНИ МАН, КАЁНИ МАН АЗ ВАТАНИ МАН, ВАТАНИ МАН АЗ БУМУ АРЗИ ХОКИ ЗОЙМОНИ ПАДАРУ МОДАРИ МАН, САРЗАМИНЕ, КИ МУЛКИ БОБОИИ МАН АСТ, АВВАЛУ АНҶОМ МЕГИРАД ВА СОЛҲОСТ, КИ МАН БО ИСМИ «ТОҶИК» ЗАБОНУ ХАЛҚИЯТИ ХЕШ, ТАЪРИХИ ПУРШӮРИ МАРДУМИ ХЕШ ВА ХЕШТАНШИНОСИРО ДАР ҲАМСОЯГИИ ДИГАР МИЛЛАТҲО, ДАР НЕКУ БАДИ ЯКДИГАР, АЗ ЗАМОНИ КУҲАН ТО БА ИМРӮЗ САНҶИДАВУ РАНҶИДА, ОМӮХТА, БА ИН АНДЕША ОМАДАМ, КИ САРИ МАВЗУИ НОМИ ХУДАМ, КИ МАЪНИИ ВОЖАИ «ТОҶИК» АСТ, БАРОИ ҲАМАГОН РУШАНИЕ АЗ ГУЗАШТАИ САЙРИ ТАЪРИХИИ ИН НОМ БА ҲАМВАТАНОНИ РУШАНФИКРУ ПИРОНИ ХИРАД ЯК НАЗАРИ СОФДИЛОНАВУ ОДИЛОНАЕРО ПЕШКАШ НАМОЯМ.

Аз таворих ва асотири куҳан калимаи «тоҷик» дар маъхазҳои ниёгон ба мисли «Мунтахаб-ул-луғот», «Доират-ул-маорифи форсӣ», «Бурҳони қотеъ», «Сироҷ-ул-луғот», «Низом-ул-латбоъ», «Фарҳанги Амид», «Фарҳанги Муин», «Луғатномаи Деҳхудо»,, «Шарафномаи Мунирӣ», «Ғиёс-ул-луғот» ёдовар шуда,ба ҳар шакл навишта шудааст.

Дар ҷамъе аз китобони номбурда исми «тоҷик» аз забони ақвоми дигар дар шаклхои «Тозӣ», «Тойӣ», «Тозик», «Тот», «Тожик», «Тожим» ва ғайра омадааст. Ховаршиносони бузург, шоирону носирони порсигӯ - Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Ҷомиву Навоии Ҳиротӣ ва дигарон ба холу хатти нигори « турку тоҷик» шеърҳо офаридаанд, устодон Садриддин Айнӣ, Эраҷи Афшор, Забеҳулло Сафо, Саид Нафисӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Бобоҷон Ғафуров ва донишмандони дигар рӯйи маънии калимаи «тоҷик» осори муҳиме нашр намудаанд. Вале ба ҳар сурат таҳлилу маънидоди устод Садриддин Айнӣ ҷамъбасти куллие буд, ки роҳи ин қавмро рӯшан ва бақои онро таъмин кард.

Устод Айнӣдар рисолаи «Маънои калимаи тоҷик» (1942) калимаи «тоҷик»-ро ба се қисм «тоҷ»- решаи калима, «и»-нисбати решаи «тоҷ» ва ҳамсадои «к» ҷудо кардааст. Вале дар осори бостонии форсии қадиму миёна, урду, балуҷӣ, пушту, курдӣ, лурӣ ва хитоӣ калимаи «тоҷик» ба шакли «Тия-ожи», «Тоҳӣ», «Тувчӣ», «Тучӣ», «Тоҷӣ», «Тажӣ», «Тачӣ» бе ҳамсадои «к» зикр шудааст. Пас ин ҳамсадо чӣ нақш доштааст?

Бархе аз пажуҳишгарон онро ишора ба хурдӣ ва навозиш донистаанд, аммо бино бар қоидаҳои порсии тоҷикӣ ин тобишҳоро пасвандҳои «ак» ва «як» ба мисли тоҷ-тоҷак, мушт-муштак, даст-дастак исму сифати хурдӣ месозанд, на «ик»-«ҷик» вагарна шакли «тоҷик» бояд«тоҷак» мешуд. Аз ин рӯ мо бояд бо талаффузи забони модарии худ калимаи «тоҷӣ»-ро ба мисли номҳои гурҷӣ, арманӣ, балуҷӣ, ҳиндӣ, олмонӣ, туркӣ, узбакӣ бояд бишиносем, бихонем, бигӯем ва бинависем.

Дар забону гуйишҳои туркӣ дар ҳақиқат калимаҳои Урус-Урусча, Узбек-Узбекча, Тожик-Тожикча ва ё ба монанди Қарчилик, Иронлик, Тоторлик, Тожик пасвандаки «лик» исму сифат месозад ва ҳамзамон дар забони мо ин калимаҳо ҳамчунин Иронӣ, Тоторӣ, Белорусӣ ва ғайра талаффуз ва навишта мешаванд. Баъзе аз мардумшиносони Ғарб ақидаи хурд нишон додани калимаи «тоҷик»-ро чунин овардаанд, ки гӯиё «То»-зер, «ҷик» хурд-кучак ва ба пиндошти онон, туркон мардуми зердасти худро «тоҷик» мегуфтаанд, ки ин чандон асоси илмӣ надорад ва ба ин монанд мисолҳоро устод С.Айнӣ дар як асараш «суханони ҳавоякӣ» номидааст.

Аз таърихи ниёгони мо бармеояд, ки пайдоиши номи «Тоҷӣ» ё «Тучӣ» ба ҳазорсолаи қабл аз милод ба мардуми Тахористон бо решаи «тоҷӣ» дар забони сакоӣ арзи вуҷуд доштааст. Ва Тахориёну Тоҳириёну Сафориён бо давлату салтанати хеш дар таърихи фарҳанги мардуми оринажод мавқеи марказӣ доранд. Таърихи Кушон ва кушониён дар ин сарзамини паҳновар дар ҳама китобҳои таърихӣ ёд мешавад. Ва дар ҳама он давру замон бо забони паҳлавӣ, ё порсӣ, ё дарӣ, ё сакоӣ «Тоҷӣ»-ро «Тоҷик» талаффуз намекарданд. Вақте сухан сари мансубияти қавмӣ мерафт, таърихнависони бостон мардуми Кушонро-Кушонӣ, Хуросонро Хуросонӣ, Эронӣ,Туронӣ, Бухороӣ, Самарқандӣ, Кобулӣ, Адамӣ ва ё Аҷамӣ номгӯ мекарданд. Дар асотири бостон ҳам, ки Ҳаким Фирдавсии Тусӣ сарояндаи безаволи он аст ва замоне, ки сухан аз забону тахту тоҷ ва фарҳанги миллати Эрониён меравад, ӯ чун Шери Жандапил бо тамоми ҳастии ойину рой, маслаку дини аҷдодиашро «Дини Биҳӣ» ном мебарад.

Зи шири шутур хурдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти Каёнро кунад оризу.
Тфу бар ту эй Чархи Гардун тфу.


Ва замоне, ки Адамийон-Аъробиён, ба сарзамини Аҷамиён-Порсоён ҳуҷум кардандва парчамашон ки дини Мубини Ислом буд, аз ин рӯ пирӯзӣ ба даст оварданд ва ғояҳои дини пешини Аҷамиёнро куфр пиндошта, мардумро бо каломи китоби муқаддаси Қуръон, ба забону алифбои арабиасос, бо қироати сурахо даъват намуда, омӯзиши забони аъробиро паҳн мекарданд. Ҳарчанд дар давоми садсолаҳо чандин салтанату мулкҳо ободу хароб гаштанд, мардуми Аҷам забонашро зинда нигоҳ дошт. Ва пас аз даврони хилофати Арабҳо дар Осиёи Миёна, ки туркон ба хоки Турон роҳ ёфтаанд, ба бисёре мардуми чодарнишини Қипчоқу Олой забони туркиро оварданд ва Узбакҳову Туркманҳову Қазоқҳо низ ба ин забон гаравидан ва тоҷиёнро бо гуйишҳои қавмии хеш, ки муғулӣ ва туркӣ омехта доштаанд, «Тожик» «Таажк» ва ё «Тозик» ном мебурданд. Пас мо бояд дар инҷо ҳамин як вожаро бояд ёдовар шавем,ки мо номи миллатамонро аз забони онҳо ба худ гирифтаем, на аз забони модарии хеш. Ҳол он ки устод Айнӣ дар асараш решаи «тоҷик»-ро аз тоҷварон, тоҷдорон, тоҷбарсарон, ки дар асл аз кулоҳи тоҷмонанд аст, медонад, пас чаро «тоҷ»-и мо бо «ик»-и туркӣ биёмезад, ки манғитиён моро чунин номгузорӣ кардаанд, на худи мо. Ва мо ҳам аз кадим онҳоро Трк, Узбак Тркман, Қазоқ, Қирғиз ё Қрғиз ном мебарем, вале онҳо худро Турок,Туркмен, Узбек, Қазах ё Қазақ ё Қрқыз меноманд. Ва ҳоло чаро мо номи худ ва номи хоку ҷои зисту Майҳани Аҷамиамонро ёд наёварем. Чаро, ки Тахору Балх, Бадахшону Зарафшон, Раштону Хуталон, Суғду Бохтар, Хуросону Варазруду Варзобу Вахшобу Панҷоб то ба ҳозир ёдгори мо бошанду ба ҷои номи «Тоҷиёну- Тоҷистон», «Тоҷикону-Тоҷи-кист-он», ба ҷои Кухшон рузи ҳафтаро номгӯйи маркази Аҷдодиамон интихоб намоем.

Дар охири асри 20-ум ҳам бадбахтиву ва ҳам хушбахтиҳое бар сари миллати мо сарозер шуд, ки баъди сулҳу оштӣ бисёре кушишҳои илмиву фарҳангӣ дар бахши забони давлатӣ ва ивази номҳои маҳаллу ҷойи зист, ноҳияву шаҳрҳо, аз сари нав ба забони модарии тоҷикӣ баргардонда шудаанд, чандин мақолаву китобҳои нав дар мавзуи таърихи пайдоиши тоҷикони ҷаҳон нашр шуданд,вале решаи аслии ин маънӣ «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…», ҳамоно бетағйир мондааст ва моро аз асли ин калима, ки дар хама давру замонҳо «Тоҷиву Тоҷиён» буда,бо як изофаи «ик»-и забони бегона моро аз асл ба фасл мебарад.

Ман дар ин гуфтору навиштори фишурда, ба ҳама паҳлуҳои илмиву сайри таърихии ин этноним дахл накардам, вале далелҳои илмии зиёд дорам ва ҳоло на танҳо аз хонандагони донишманд мехоҳам, назар диҳанд ва ҳам аз раисиҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дархост мекунам, чун масъулияту ваколати ин халқу миллатро бар дӯш доранд ва раҳбари созмони ҳамбастагии тоҷикони ҷаҳон “Пайванд” ҳастанд, боре сари ин мавзуъҳамоиши илмие бо иштироки донишмандон баргузор кунан ва бо тағйири номи миллат бори дигар худро дар таърихи он абадӣ гардонанд. Ва ончуноне ки Саъдии бузурвор мефармояд:

Ай ки дар пушти замини хамавакт они ту нест,
Дигарон дар шиками модару пушти падаранд.
Гусфанде барад ин гурги муъаввад ҳар руз,
Гусфандони дигар хира дар ӯ менигаранд.
Гули бехор муяссар нашавад дар бӯстон,
Гули бехори ҷаҳон мардуми некусияранд.
Саъдиё марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.


Ва мебояд ҳар фарди хирадпеша ёди гузашта ва фикри ояндаи миллатро рӯшан дар дил дошта бошад.

Муҳаммадназар Мирзода,
Консули ифтихории Ҷумхурии Тоҷикистон,
устоди Донишгоҳи Смолний,
Санкт-Петербург, Русия.
XS
SM
MD
LG