Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон мегӯянд, ба интихобот даъват нашудаанд


Бар хилофи интихоботҳои гузашта дар қаламрави Русия, ки бино ба иттилои расмӣ дар он ҷо ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагиянд, ҳамагӣ 3 ҳавзаи раъйдиҳӣ боз шудаасту бас.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, то кунун барои иштирок дар интихоботи парлумонии якуми март даъватнома дарёфт накарда ва дақиқ намедонанд, овоздиҳӣ дар кадом минтақаҳои ин кишвар сурат хоҳад гирифт.

Бар хилофи интихоботҳои гузашта, дар интихоботи навбатии парлумонӣ, дар қаламрави Русия, ки бино ба иттилои расмӣ дар он ҷо ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагиянд, ҳамагӣ 3 ҳавзаи раъйдиҳӣ боз шудаасту бас.​ Ин ҳавзаҳо дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва консулгарии Тоҷикистон дар Уфа воқеанд.

Нозимҷон, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Кунгур зиндагӣ ва ба мусофиркашӣ машғул аст, гуфт, бо вуҷуди он ки аз тариқи моҳвора аз интихоботи Тоҷикистон огоҳанд, аммо касе барои раъйдиҳӣ онҳоро даъват накардааст. “Дар шаҳри мо бештар аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар чанд интихоботи гузашта, махсусан дар интихоботи президентии 2013 раъй дода буданд. Аммо ин дафъа касе даъватнома нафиристодааст”,-афзуд ӯ.

Раҳматулло Мазориев
Раҳматулло Мазориев

Раҳматулло Мазориев, яке аз раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар Перм, мегӯяд, дар гузашта вай бо дархости сафорат ва бо кумаки мақомоти маҳаллии Перм интихоботҳои Тоҷикистонро дар минтақаашон баргузор мекард. Вале, ба қавли ӯ, барои интихоботи парлумонии 1 март боз кардани қитъа ё ҳавзаи интихоботӣ дар минтақаи Перм пешбинӣ нашудааст.

Дар шаҳри Санкт-Петербург низ дар муқоиса бо чанд интихоботи гузашта ин бор ҳавзаи интихоботӣ вуҷуд надорад. Назари Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар ин вилоят, изҳор дошт, “шахсони хоҳишманд ва ононе, ки имкон доранд, барои раъйдиҳӣ ба Маскав мераванд. Вале бо назардошти дурии роҳ ва мушкилоти молӣ на ҳар кас ба ин кор омода хоҳад буд.”

Раҳматулло Мазориев низ мегӯяд, “дар ҳар интихобот пешакӣ ба мо аз сафорат занг мезаданд ва баргузории интихоботро ҳамоҳанг мекарданд. Ҷамъияти мо дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ пеш аз интихобот ҳавзаи интихоботиро боз мекардем ва пулиси маҳаллиро барои таъмини амният дар рӯзи раъйдиҳӣ ба кумак мехостем. Вале дар ин интихобот чунин омодагӣ дида намешавад.”

Назари Мирзода
Назари Мирзода

Ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора, ки оё онҳо аз ворид шудани тағйир дар Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳӣ доранд, ҳамсӯҳбатони мо изҳори беиттилоӣ карданд.

Моҳи март ва моҳи июли соли 2014 ба “Қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он ҳавзаҳои раъйдиҳӣ танҳо дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ боз хоҳанд шуд. Дар ин маврид танҳо Русия дар назар нест, балки кишварҳои дигари Аврупо ва Осиёву Амрико низ дохил мешаванд.

Ҳоло дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав раиси комиссияи қитъаи овоздиҳӣ Имомуддин Сатторов - сафири Тоҷикистон дар Русия ва раҳбарии кумиcсюнҳои қитъаҳои интихоботӣ дар консулагрии Екатеринбург ва Уфаро Сафар Сафаров ва Олимхон Шамсов бар ӯҳда доранд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, “ин танҳо Тоҷикистон нест, ки қитъаҳои интихоботиро табқи тағйири ахири қонун дар намояндагиҳои расмӣ боз мекунад, балки кишварҳои дигар, аз ҷумла Арманистону Молдова низ аз ин таҷриба кор мегиранд, бо вуҷуди ин ки шаҳрвандонашон дар саросари Русия кору зиндагӣ мекунанд.”

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод

Илова ба кам будани қитъаҳои овоздиҳӣ дар қаламрави Русия, инчунин, чанд мушкили дигаре имсол аз домони муҳоҷирон гирифтааст, ки зоҳиран ба иштироки густардаи онҳо монеъ хоҳад шуд:

-Дар поёни соли 2014 муҳоҷирони мавсимӣ ба Ватан баргашатанд ва то ҳол бозгашти онҳо оғоз нашудааст ва ҳатто бозгашти баъзе аз онҳо зери суол аст, зеро баъд аз таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия даромади муҳоҷирон бештар аз 50 дарсад поин рафтааст;

-Ҷорӣ кардани патент ва имтиҳон барои муҳоҷирон мушкили изофии молиро пеш овардааст;

-Мисли солҳои пеш қонун боз кардани қитъаҳои интихоботӣ дар минтақаҳои гуногуни Русияро иҷоза намедиҳад.

Худи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам ин омилро эътироф мекунад ва тахмин мезанад, дар интихоботи кунунӣ мумкин аст камтар аз 400 ҳазор нафар ба пойи сандуқҳои раъй биёянд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Сафар Сафаров - консули Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯянд, қитъаҳои онҳо ҳамаи маводи таблиғотии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳидаро дарёфт кардаанд. Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шумораи зарурии баргаҳои раъйро низ дар се нуқтаи овоздиҳӣ дар ихтиёрашон гузоштааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, чун Русия кишвари хориҷист, ҳар шаҳрванде, ки вориди қитъаи раъйдиҳӣ мешавад, бояд бо худ шиносномаи Тоҷикистонро дошта бошад. Баъд аз сабти ҷузъиёти шиноснома ба вай ду баргаи раъй пешниҳод мекунанд, ки яке феҳристи умумии ҳизбҳо ва дигаре номзадҳои алоҳида, ки дар маҳалли иқомати онҳо дар Тоҷикистон номзад шудаанд.

Дар се намояндагии расмии Тоҷикистон раъйдиҳӣ аз соати 6-и субҳ то 20-и шоми якуми март давом мекунад ва билофосила баъд аз хатми раъйдиҳӣ аъзои кумисюн дар ҳузури нозирон ба шумориши овозҳо хоҳанд пардохт.

XS
SM
MD
LG